ДомойНақди РасонаӣАнҷоми намоиши нигораҳои тоҷик дар Париж ва захираи лимӯ дар Душанбе. Шарҳи...

Анҷоми намоиши нигораҳои тоҷик дар Париж ва захираи лимӯ дар Душанбе. Шарҳи хабарҳои муҳими ҳафта дар шабакаҳои асосии телевизиони Тоҷикистон

Ҳафтаи сипаришуда дар барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳар се шабакаи асосиии телевизионии кишвар тули қариб ним соат дар бораи ба анҷом расидани намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар осорхонаи Гимеи Фаронса хабар доданд, аммо дар бораи ҳодисаҳои  Қазоқистон ҳарф назаданд. Ҳатто дар доираи ӯҳдадориҳои СААД ба ин кишвар фиристода шудани 200 нафар низомиёни воҳиди нерӯҳои сулҳовари Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки 7 январ барои ҳифзи иншооти муҳими Қазоқистон фиристода шуданд, ҳиҷ хабаре пахш нагардид.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон» 

Хабарҳои расмӣ аз хондани барқияҳои табрикӣ миёни президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар  оғоз гардид. Барандаҳои ҳар се шабака пурра матни ду барқияро хонда, қайд намуданд, ки Тоҷикистону Эрон  дар тӯли се даҳаи гузашта  бо баҳрагирӣ аз муштаракоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва забонӣ тавонистаанд ба сатҳи бисёр болое аз муносибот дар арсаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ даст ёбанд ва идомаи талошҳои ду кишварро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки солҳои охир муносибатҳои дипломатӣ бо Эрон хуб набуданд тамоюл ба густариши муносибатҳои дӯстона, равнақи ҳамкориҳои дуҷониба дар дурнамои сиёсати Тоҷикистон падидаи хуб аст.

Баъд аз ин, гузориши муфассал аз маросими ба анҷом расидани намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар осорхонаи миллии санъати Осиёии Гимеи шаҳри Парижи Фаронса, ки 8 январ баргузор шуд,  пешкаш гардид. Бояд зикр кард, ки чунин чорабинӣ бори аввал дар минтақаи Аврупо баргузор гардид ва мардуми онро бо таърихи қадимаи халқи тоҷик ошно намуд. Ҳар моҳ (намоиш се моҳ давом кард) аз он 12-13 ҳазор нафар сокинони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо дидан карданд.

Хабар дода шуд, ки таҳти раёсати Ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ва директори осорхонаи миллии санъати Осиёии Гиме Софи Макариу маросими ҷамъбастии намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Париж баргузор гардид. Дар гузориш чанд нафар аз дастандаркорони маросим ва муштариёни осорхона аз давлатҳои гуногун баромад намуда, дар бораи арзиши намоиши мазкур ва нигораҳои қадими кишвари мо ҳарф заданд. Бархе аз синхронҳо хеле дароз буданд ва онҳоро кӯтоҳ намудан мумкин буд.

Директори осорхонаи Гиме хонум Софи Макариу ва нигоҳдорандаи коллексияҳои Чин ва Осиёи Марказии осорхона хонум Валери Залески бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса бо ордени Дӯстӣ сарфароз гардонида шуданд, ки ҳар ду дар гузориш бо ҳаяҷон баромад намуда, миннатдории худро барои қадрдонии президенти кишварамон баён намуданд.

Бо истифода аз порчаҳо аз баромади муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 ва аз сафари президент ба Фаронса дар моҳи октябри соли гузашта ва баромади иштирокчиёни маросим гузориш тӯли беш аз 25 дақиқа давом намуд, ки хеле тулонӣ буд ва мебоист онро ба шакли гузориши махсус дар алоҳидагӣ намоиш медоданд.

Гузориши дигаре, ки ҳамчунин дар шабакаи «Сафина» пешкаш гардид, ба нарху навои се бозори асосии пойтахт бахшида шуда, дар бораи бетағйир мондани нархи молу анвои ниёзи аввалия дар оғози соли нав хабар дод.

Дар гузориш намояндагони бозорҳои «Деҳқон» ва «Саховат» баромад намуда, мардумро тариқи телевизион ором намуданд, ки ҳама 52 намуди маҳсулоти рӯзмарра, аз он ҷумла, орду равған, гӯшту сабзавот дар анборҳо захира карда шудаанд.   Дар гузориш чанд нафар аз харидорони бозор низ баромад намуда, дар бораи нархҳои дастрас сухан карданд.

Намояндаи корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Саховат» зимни суханрониаш дар омади гап  таъкид намуд, ки нархи як халта орди 50-килограммаи истеҳсоли Қазоқистон ҳамоно аз 255 то 270 сомониро ташкил медиҳад ва қиммат нашудааст. Аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки чунин иқдом барои ором намудани мардум роҳандозӣ шудааст, то онҳо аз ҳаводиси 4-6 январ дар Қазоқистон рӯ  омада дар таҳлука наафтода, аз пайи харидани миқдори зиёди орди истеҳсоли Қазоқистон нашаванд.

Гузориш дар бораи рушди корхонаҳои саноатӣ аз вилояти Суғд (муаллифон Равзалӣ Амон, Маҳмуд Аҳмадзода ва Илёси Мамадҷон), ба фикри банда, яке аз гузоришҳои хуби ҳафта мебошад.

Аз гузориш фаҳмидем, ки дар вилоят 55% ҳаҷми маҳсулоти саноатии кишвар истеҳсол карда мешавад ва иқтидори он соли гузашта 2,1 баробар зиёд гардидааст. Дар панҷсолаи рушди саноати ҷумҳурӣ бошад, бунёди 500 корхонаи нав бо 10 ҳазор ҷои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино бар гуфтаи сардори шуъбаи саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озиф Шарифзода, соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардашуда ба 21 миллиард сомонӣ расид ва дар ҳудуди вилоят 7512 ҷои нави корӣ таъсис дода шуд, ки бештар ба соҳаҳои металлургия, масолеҳи сохтмонӣ ва хӯрокворӣ дахл дорад.

Гузориш аз минтақаи Кӯлоб низ ба ин мавзуъ бахшида шуда, онро Саидҷаъфари Маҳмадалӣ пешкаши тамошобинон намуд.

Мудири шуъбаи саноати МИҶДи ш. Кӯлоб Абдураззоқ Хуҷамқулов дар суҳбат иброз намуд, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаи рушди саноат ҳаҷми маҳсулот нисбат ба соли 2020  чор баробар афзуда, 48 корхона ба кор даромада, беш аз 9700 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Дар ин минтақа дар панҷсолаи рушди саноат бунёди 15 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

 «Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Барнома чуноне ки дар боло қайд намудем, асосан аз хабари ба муносибати 30-солагии густариш додани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Эрон ирсол намудани барқияҳои шодбошии роҳбарони ду кишвар, пас аз он тӯли қариб ним соат гузориш аз маросими ҷамъбасти намоиши нигораҳои таърихии  Тоҷикистон дар осорхонаи Гимеи Фаронса пешниҳод гардид.

Баъди ин, гузориш дар бораи вазъияти нарху наво дар се бозори асосии пойтахт пешниҳод шуд, ки такрори айнии гузориши барномаи «Тоҷикистон» буда маълум нашуд, ки муаллифи аслии ин мавод кадом шабака аст.

Аз маводи худии «Сафина» гузориш доир ба омодагии муассисаҳои дахлдори пойтахт ба зимистонгузаронӣ пешниҳод гардид, ки дар он  намояндаи корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» дар бораи аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе андешидани тадбирҳои муассири захиракунии хӯрока барои бе мушкилӣ гузаронидани фаслҳои зимистон ва аввали баҳор маълумот дода, дар наворҳо анборҳои махсуси захиравӣ бо нишон додани орду равған ва сабзавоту меваҷоти захирашуда намоиш дода шуданд. Аз ҷумла, мусоҳиб қайд намуд, ки барои аҳолии пойтахт ба ғайр аз картошкаву пиёзу сабзӣ боз 3,1 тонна лимӯ ва 60 тонна ангур захира карда шуда, нақша 107% иҷро гардидааст. Муаллифи гузориш низ айнан суханҳои ӯро дар пасгуфтори худ такрор намуд, аммо аниқ накард, ки ин ҳама захираҳо ба мардум дар кадом маврид дастрас мешавад ё умуман дастрас намегардаду аз эҳтиёт барои рӯзи мабодо харидорӣ мегардад.

 «Ҳафт рӯз», ТВ «Ҷаҳоннамо»

Ин шабака низ чуноне дар боло қайд кардем, дар бораи 30-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Эрон ва  маросими ҷамъбастии намоиши нигораҳои Тоҷикистон дар Фаронса гузориши муфассал пешниҳод намуда, сипас гузоришҳои худро пешкаши тамошобинон гардонд.

Шарҳи телевизионии аввал ба обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим бахшида шуда, такрори чандин гузоришҳои қаблии барнома буд. Муаллиф дар бораи ихроҷи газҳои гулхонаӣ ба фазо, обшавии пиряхҳо ва вобаста ба ин баромади президенти кишвари мо дар конфронсҳои байналмилаллӣ ва пешниҳоди ӯро ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 бори дигар ёдрас намуд. Наворҳо асосан характери  умумӣ ва аз шабакаҳои ҷаҳонӣ гирифта шуда, тибқи мавзуъ пешниҳод гардиданд.

Гузориши Муҳаммадшарифи Темур ба рушди соҳаи паррандапарварӣ бахшида шуда, аз корхонаи «Мурғи Хуросон» пешниҳод гардид. Оғози сужетро муаллиф  аз нишон додани қаҳрамон  — роҳбари корхона Лутфулло Зикиров ва сонӣ —  стендап аз корхона оғоз намуда,  зери садои паррандагон суханони муаллиф ҳусни дучанд гирифт,  чунки эътимоднокӣ ба факт афзуд.

Муаллиф дар бораи имтиёзҳои андозиву гумрукӣ барои рушди соҳаи паррандапарварӣ ва бо истеҳсоли гӯшти парранда таъмин намудани бозорҳои кишвар ҳарф зада, афзуд, ки дар солҳои охир шумораи корхонаҳои паррандапарварӣ 9 баробар зиёд гардида, шумораи умумии онҳо дар кишвар ба 200 адад расидааст.

Директори ҶДММ «Мурғи Хуросон» Лутфулло Зикиров гуфт, ки соли гузашта корхона зиёда аз 3 миллион тухм истеҳсол намудааст.

Шарҳи телевизионии  Нилуфари Маҳмуд аз ноҳияи Рашт  ба мавзуъи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бахшида шуда, дар он дурнамои  сохтмони то 1000 километр роҳҳои нав дар панҷсолаи наздик зикр карда шуд. Вай дар бораи лоиҳаи  сохтмони роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод низ гуфта гузашта, бе истифодаи ҳамсуҳбатон, ки метавонистанд суханашро тақвият диҳанд, маводро дар ҳамин руҳия ҷамъбаст намуд.

Гузориши навбатии Мирзоалӣ Раҳмон  ба мавзуъи саҳми соҳибкорону сокинони маҳаллӣ дар таъмиру сохтмони мактабҳо ва синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаҳои Сафедтеппа ва Тағояки ноҳияи Спитамен бахшида шуда,  гузориши охири барнома оиди  зарари тамоку ба саломатии аҳолӣ пешниҳод гардид. Дар гузориш номзади илми тиб Ҳаким Қурбонзода, табиб Ҷовид Шамсиддинов ва омӯзгори коллеҷи тиббӣ  аз Бохтар Дилбар Самадова дар бораи зарари тамокукашӣ ва оқибатҳои он барои организми инсон ва инчунин таъсири иҷтимоӣ ва иқтисодии он ба оила сухан карда, ҳар се бар он буданд, ки  дар ин самт баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, алалхусус тарбия дар оила зарур аст.

Бо назардошти гузоришҳои расмӣ барнома тули як соат давом кард.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ