ДомойМедиалента«Осеби шоҳид». Тавсияҳои равоншинос ба рӯзноманигорон дар ҳолати фавқулодда

«Осеби шоҳид». Тавсияҳои равоншинос ба рӯзноманигорон дар ҳолати фавқулодда

Дар журналистика аксари вақтҳо тақсимоти мавзуъҳо вуҷуд дорад: шахсе дар соҳаи иҷтимоӣ, шахсе дар соҳаи иқтисод ва шахсе хабарнигори низомӣ аст… Аммо баъзан ҳолатҳои фавқулодда рух медиҳанд, вақте рӯзноманигоре, ки барои кор дар нуқтаи гарм омодагӣ надорад, ба нуқтаи доғи рӯйдодҳо фиристода мешавад. Ҳафтаи гузашта бисёре аз рӯзноманигорони Алмаато ва Қазоқистон дар чунин вазъият қарор гирифтанд –  аз рӯи вазифаҳои хидматӣ онҳо дар бораи кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Қазоқистон навиштанд ва наворбардорӣ карданд.

“Новый репортёр”  барои дарёфти тавсияҳо ба он рӯзноманигороне, ки бар хилофи иродаи худ хабарнигорони низомӣ шуданд ва акнун аз рӯи чизҳои дидаашон, шунидаашон ва аз сар гузаронидаашон метавонанд мушкилоти равонӣ дошта бошанд, ба равоншинос муроҷиат кард. Якҷо бо равоншинос Элина Беляева мо се корт бо тавсияҳо барои рӯзноманигорон омода кардем.

Элина Беляева, таҳлилгари муомилотӣ (транзактный аналитик) дар соҳаи психотерапияи Ассотсиатсияи байналмилалии таҳлили муомилотӣ, магистри илмҳои равоншиносӣ мебошад. Ҳоло дар Олмон зиндагӣ мекунад. Намояндаи Ассотсиатсияи Аврупо оид ба таҳлили муомилотӣ аз Қазоқистон аст.

  1. Шумо ба кӯмаки равоншинос ниёз доред, агар…

Ҳолати фавқулодда – миқдори зиёди стресс ё ногаҳон вайрон шудани тарзи муқаррарии зиндагӣ ва душвориҳои рухдода мебошад. Вақте ки одамон чунин ҳодисаро аз сар мегузаронанд, бисёриҳо аксуламали табиии физиологии баданро эҳсос мекунанд: тарс, ғам, ғамгинӣ ё эҳсоси ноумедии комил. Ҳамчунин чунин мешавад, ки онҳо умуман чизеро эҳсос намекунанд ва гӯё дар ҳолати карахтӣ қарор доранд.

Сабаби физиологии чунин аксуламалҳои гуногун вуҷуд дорад. Мо ба таври эволютсионӣ чунин офарида шудаем, ки дар ҳолатҳои ба ҳаёт таҳдидкунанда зинда монем. Аз ин рӯ, агар ба мо хатаре таҳдид кунад ё мо фикр кунем, ки ба мо хатар таҳдид мекунад, бадани мо бо сафарбаркунӣ (мобилизатсия) вокуниш нишон медиҳад. Ин раванди ноогоҳона аст. Масалан, таппиши тези дил, шиддат, афсурдагӣ ва ғайра. Ин вокунишҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки ё гурезем ё мубориза барем ва ё карахт шуда монем. Аксари вақтҳо, ин вокунишҳо бо мурури замон худ аз худ дур мешаванд. Аммо дар баъзе одамон аз рӯи хусусиятҳои инфиродӣ, вокуниш ба стресс дар бадан муддати тӯлонӣ боқӣ мемонад ва метавонад боиси тағйироти ҷиддӣ дар ҳаёт шавад.

Чунин ҳолатҳои стресс на танҳо дар одамоне, ки ҳодисаҳои осебрасонро мустақиман аз сар мегузаронанд, балки ҳамчунин дар шоҳидони мустақим ё ғайримустақим ба вуҷуд меоянд. Масалан, духтурон, кормандони хадамоти оташнишонӣ, рӯзноманигорон, равоншиносон он шахсоне, ки аз рӯи кори худ бояд дар нуқтаҳои доғ қарор гиранд ва ба дигарон кӯмак расонанд. Дар илми равоншиносӣ барои ин истилоҳи махсус вуҷуд дорад – “осеби шоҳид”.

Мағзи сари мо, аз як тараф, бисёр пешрафта, аз тарафи дигар, бисёр содда аст. Он метавонад рӯйдодҳои воқеиро бо аксҳо ва тасвирҳо иваз кунад ва фикр кунад, ки он чизе, ки мебинад, метавонад бо он рух диҳад.

Агар шумо мушоҳида карда бошед, ки баъзе фикрҳо ё тасвирҳо дар саратон ҳамеша бармегарданд ва тоб мехӯранд ё ба таври муқаррарӣ хоб намеравед ва ё тағйирот дар одатҳои ғизохӯрӣ ба вуҷуд омадаанд, ман тавсия медиҳам, ки фавран ба мутахассисон барои дарёфти кӯмак муроҷиат кунед. Азбаски психикаи мо ноаён аст, бештари одамон мушкилоти равониро ҳамчун проблемаҳо ҳисоб намекунанд. Аммо стресс ба эҳсосоти мо таъсир мерасонад, эҳсосот ба системаи гормоналӣ алоқаманд мебошанд, системаи гормоналӣ ба тамоми бадан ва саломатии мо таъсир мерасонад. Ҳамчунин, беҳтар аст, ки дар ҳолат бурузи ҳамалоти паникӣ шумо фавран ба равоншинос муроҷиат кунед. Мутахассиси донишманд метавонад ба шумо дар марҳилаҳои аввал дар чанд машғулият кӯмак расонад.

  1. Чӣ гуна метавон дар бораи худ мустақилона ғамхорӣ кард?

Барои идома додани кор дар шароити стрессзо,  мутахассис ба тавоноии барқароршавии сареъи бадан ниёз дорад. Масалан, Уинстон Черчил чунин намуди системаи асаб дошт: ӯ метавонист дар вазъиятҳои стрессзо зиёд кор кунад ва дар айни замон хоб ва иштиҳои ӯ халалдор намешуданд, вай ба осонӣ метавонист аз як кор ба кори дигар гузарад. Генетикаи мо аксари вақтҳо барои чунин қобилиятҳо ҷавобгӯ мебошад. Баъзе одамон дорои намуди устувори системаи асаб ва одамони дигар бештар ҳассос мебошанд.

Агар шумо ба стресс вокуниши сахт нишон диҳед, пас маҳоратҳои омӯзишдидаи худтанзимкунӣ метавонанд кӯмак намоянд: қобилияти «дар ин ҷо ва ҳоло будан», қобилияти вокуниши ҳассос ба ниёзҳои бадани худ, қобилияти фаъол кардани ҳолатҳои захиравии худ, дархост намудани кӯмак ва дарёфти дастгирӣ.

Пайгирӣ намудан бисёр муҳим аст, ки шумо бо механизмҳои муҳофизатии ба саломатӣ зараровар бо стресс мубориза набаред. Масалан, бисёр одамони дар ҳолати стресс қарордошта ба нӯшидани машруботи спиртӣ барои ором шудан шурӯъ мекунанд ё барои ба чизи дигар машғул кардани диққати худ ба шабнишиниҳо мераванд, ба ҷои он ки барои худ оромӣ ва хоби хубро ташкил намоянд. Ҳамчунин, дар вақти стресс бемориҳои музмини мо метавонанд оғоз шаванд, муносибатҳо бо ҳамкорон ё наздикон бад шаванд ё мушкилоти равонӣ тақвият ёбанд.

Дар бадани инсон ҳамчунин дигар дарҳои сеҳрангез вуҷуд доранд, ки барои аз сар гузарондани чунин ҳодисаҳо кӯмак мекунанд. Ин нафаскашии мо аст. Бесабаб нагуфтаанд: руҳ, ҷон ва нафаскашӣ. Нафаскашӣ – ягона чизе аст, ки ҳамзамон тавассути системаи асабҳои симпатикӣ ва парасимпатикӣ идора карда мешавад. Системаи асаби симпатикӣ бо иродаи мо алоқаманд аст. Системаи асаби парасимпатикӣ моро бидуни огоҳии мо идора мекунад. Дили мо метапад, мардумакҳои чашм васеъ мешаванд, гормонҳо хориҷ мешаванд ва мо нафас мекашем. Идора кардани дил ва гормонҳо аз эҳтимол дур аст, аммо идора кардани нафаскашӣ ба қадри кофӣ осон мебошад. Ин роҳи мустақими худтанзимкунӣ ва устуворсозии худ аст.

Ҳоло кӯшиш кунед, то ба нафаскашии худ тавре диққат диҳед, ки шумо ҳаракати ҳаворо дар лабони худ эҳсос намоед. Чуқур нафас гиред ва оҳиста нафас бароред. Ин машқи оддӣ метавонад ба бадани шумо барои коркард кардани таассуроти стресс ба таври назаррас кӯмак кунад ва мағзи сар фарқияти байни шумо ва ҳодисаҳоро дарк намояд. Ин якум аст.

Тавсияи асосӣ – дарк намудани он аст, ки ҳаёт ва саломатии шумо аз ҳама  арзишманд мебошанд ва ҳоло ҳамаи чизе, ки ба дохили шумо ворид мешавад ва дар атрофи шумо қарор дорад, метавонад ё стресси бештарро илова кунад ё баръакс, метавонад муътадил шавад. Яъне, шумо бояд як чизи ҳамвазн бо стрессро эҷод кунед.

  • Ин ҳаракати бештар аст: варзиш, роҳ рафтан.
  • Хоби солим: шумо метавонед аз кӯрпаи вазнин барои хоб кардан истифода баред, ҳавои хонаро тоза кунед.
  • Хӯроки босифат: миқдори сафеда дар як рӯз, витаминҳоро назорат кунед.
  • Муносибат бо наздикон: овози шахси наздик ором мекунад, ба оғӯш гирифтан кӯмак мекунад, дастгирии эмотсионалӣ ва дарк намудани он муҳим аст, ки ба шумо мумкин аст осон нест.

Яке аз принсипҳои асосии аз сар гузаронидани стресс ва барқароршавӣ барои инсон – муттаҳид шудан бо одамони дигар аст. Муоширати зинда, дастгирӣ ва овоз муҳим аст. Аз ин рӯ, беҳтар аст, ки ба таври фаъол кӯмак ҷустуҷӯ намоед, бо одамони дигар бошед ва кӯмаки мутахассисонро дархост намоед. Ҳоло равоншиносон-шахсони ихтиёрӣ, ҳамкорони ман психотерапевтҳо ва хадамоти гуногун ба таври фаъол кӯмак пешниҳод менамоянд.

  1. Дар мавзуъи аз сар гузаронидани ҳолатҳои стрессзо чиро бояд гӯш кард/тамошо кард/хонд?

Рӯзи душанбе, 17-уми январ, аз соати 16:00 то 17:30 бо Надежда Зуйкова (психотерапевт, pTSTA-p-EATA), ки дорои таҷрибаи калон дар расонидани кӯмак ба аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда мебошад, семинар барои равоншиносон дар мавзуъи «Психология ва психотерапияи ҳолатҳои фавқулодда» баргузор мешавад. Дар тӯли семинар шумо ҳамчунин метавонед саволҳои худро пурсед. Шумо метавонед барои иштирок дар семинари Zoom дар ин ҷо сабти ном кунед.

Ҳамчунин, барои худкӯмакрасонӣ мавридҳои зерин тавсия дода мешаванд:

Краткий гид восстановления при попадании в стрессовую ситуацию (Роҳнамои мухтасар оид ба барқароршавӣ ҳангоми қарор гирифтан дар вазъияти стрессзо), ки дар сайти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Россия ҷойгир карда шудааст.

Полное руководство по поведению при чрезвычайных ситуациях (Дастурамали мукаммал оид ба рафтор дар ҳолатҳои фавқулодда). Ин тавсияҳо аз ҷониби мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) омода карда шудаанд.

Упражнения по управлению тревогой с помощью практики майндфулнесс (Машқҳо оид ба идоракунии изтироб тавассути таҷрибаи майндфулнесс). 

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ