ДомойНақди РасонаӣОби ҷави «равшану торик» ва сабзаи наврӯзӣ аз ҲХДТ. Шарҳи хабарҳои муҳими...

Оби ҷави «равшану торик» ва сабзаи наврӯзӣ аз ҲХДТ. Шарҳи хабарҳои муҳими ҳафта дар шабакаҳои асосии телевизиони Тоҷикистон аз 13 то 20 март

Муҳимтарин хабари ҳафтаи сипаришуда — сафари расмии президенти кишвар ба вилояти Хатлон мебошад, ки тариқи гузориши муфассал аз ҳама шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд. Дар баробари ин, дар оғози барномањҳо паёми шодбошии  сарвари давлат ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилаллӣ пахш гардида, дар эфир  инчунин барқияҳои табрикии сарварони як қатор давлатҳои ба мо дусту бародар хонда шуданд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон» 

Барнома аз паёми шодбошии  президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз оғоз шуд. Сипас наттоқони барнома (марду зан) бо навбат барқияҳои табрикии аз номи як қатор сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба унвони Пешвои миллат омадаро хонда доданд.

Дар ин қатор матни табрикоти наврӯзии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин,  президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва ҳатто президенти тозаинтихобшудаи Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов расидаро,  пурра хонда доданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар паёми табрикии президенти ИМА Ҷозеф Байден аз ҷумла гуфта шуд, ки вай омода аст  дар оянда дар пешбурди раванди “C5+1” ва дастгирии ҳадафҳои муштараки минтақавӣ ҳамкорӣ намояд. Президенти Қирғизистон Садир Жапаров бошад, умед аз он дошт, ки «муносибатҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвар минбаъд низ дар рӯҳияи дӯстиву некуҳамсоягӣ таҳким шаванд».

Пас аз ин аз сафари кории президент ба вилояти Хатлон гузориши муфассал пешниҳод гардид. Ҳамаи чорабиниҳо бо иштироки раиси ҷумҳур рузи 20 март баргузор гардиданд. Аз ин сана таъкидкуниҳои пай дар пай дар оғози ҳар гузориши пешниҳодгардида далолат медиҳанд.

Дар аввал Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант корхонаи истеҳсоли оби ҷави корпоратсияи «Салтанат»-ро мавриди истифода қарор дода, дар наворҳо ҷараёни гуногуни истеҳсолот намоиш дода шуда, чанд нафар аз муассисону коргарон дар бораи иқтидори истеҳсолии корхона нақл намуда, дар баробари ин, миннатдории худро ба сарвари давлат барои дастгирии соҳибкорон иброз намуданд.   Дар матни пасикадрӣ  гуфта шуд, ки дар ин коргоҳ дар як шабонарӯз 20 ҳазор литр оби ҷав,  аз ҷумла, «оби ҷави равшан, торик, шаффофшуда, ношаффоф ва оби ҷави ғайриалкоголӣ бо тамъи меваҷот»-ро истеҳсол мешавад.

Маълум аст, ки оби ҷави шаффофшуда ва ношаффоф тарҷумаи таҳтулафзии  ибораҳои русии «фильтрованное и нефильтрованное» буда, «равшану торик»  бошад,  тарҷумаи «светлое и темное пиво» мебошад. Аммо мебоист на тарҷума, балки номи муродифи дурусти ин намуди маҳсулоти ҷавиро дарёфт намуд, то боиси хандахариши ҳамзабонон нагардем.

Дар ҳамин минтақа сарвари давлат инчунин корхонаи истеҳсоли афшураи меваю сабзавот ва нӯшобаҳои “Паймонаи заррин”-ро ба истифода дод, ки он низ ба корпоратсияи «Салтанат»  дохил мешавад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Соҳибкори ҷавон Бежани Баҳром дар суҳбат иброз дошт, ки корхонаи онҳо инчунин дар оянда бо истеҳсоли иловаҳои биологӣ (истеҳсоли дорувории ёрирасон барои табобат) машғул мешавад, чунки гиёҳҳои шифобахш дар кишвари мо зиёд мерўяд.

Худи ҳамон рӯз президент дар Левакант инчунин калонтарин корхонаи истеҳсоли хишт  дар вилояти Хатлонро, ки он ҳам чуноне ки сонитар маълум гардид,  ба корпоратсияи «Салтанат» дахл дорад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, инчунин агрегати сеюми НБО «Сарбанд»-ро баъди таҷдиду навсозӣ ба кор даровард.

Лозим ба ёдоварист, ки аввалин агрегати нерӯгоҳ соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Нирӯгоҳ таърихи 60 сола дорад ва тули ин солҳо ба ҷуз аз таҷдиди як агрегат, дар он дигар ҳеҷ гуна корҳои таъмиру навсозӣ анҷом дода нашуда буд.

Ҷамшед Маҳмадхонов, роҳбари НБО «Сарбанд» иброз дошт, ки  корҳои таҷдиду таъмир 63% -ро ташкил дода, то ҷашни рузи Истиқлолият пурра иҷро мегардад.

Баъди ин президентро дар маъракаи кишти пахта ва намоишгоҳи тухмии зироатҳо дар кооперативи тиҷоратии «Боҳтуробод» нишон дода, сипас наворҳо аз маъракаи дарахти тутшинонӣ дар хоҷагии деҳқонии «Хурсандӣ-2»-и ноҳияи Кӯшониён пешниҳод гардиданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён бинои маркази таълимӣ-фароғатии кӯдаконаи «Зарринтоҷ»-ро низ ба истифода дода, дар наворҳо кудакони зебову ороста Пешвои миллатро бо се забон «Хуш омадед» гуфтанд.

Чун дар маводҳои дигар муаллифони гузориш ба ҷузъиёт аз меъёр бештар аҳамият дода, то ҷузъиёти хурдтарин ба монанди дар саҳни ҳавлӣ  мавҷуд будани ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонавии халқи тоҷик ва ҳайвоноти гуногунро таъкид намуданду намоиш доданд. Охир, рафиҷон ҳамкасбон, мавҷудияти чунин ҳайкалчаҳо дар муасиссаҳои кӯдакона як чизи ғайриодӣ нест ва буда ҳам наметавонад. Ба гузоришҳои шабакаҳои давлатии расонаҳои  дигар кишварҳо як бор назар кунед: оё дар онҳо чунин нуктаҳое, ки шумо таъкид мекунед, дида мешаванд?

Инчунин он рӯз Пешвои миллат бинои баландошёнаи истиқоматиро, ки бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Давлатов  сохта шудааст,  ба истифода дода, дар вазъияти тантанавӣ ба ду оилаи эҳтиёҷманд калиди хона тақдим карданд. Дар наворҳо ду соҳибхонаи хушбахт  баромад намуда,  миннатдории худро ба сарвари давлат баён намуданд.

Дар ҳамин бино президенти муҳтарам ба 150 нафар ятимону бепарасторон аз  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуда, чун анъана тӯҳфаҳои наврузӣ тақдим намуданд, ки аз сару либос ва ширинӣ иборат буд.

Дар гузориш чанд духтараки наврас баромад карда, миннатдории худро ба сарвари давлат баён доштанд. Ростӣ, ҳангоми  «мо, ятимон, шукрона аз он мекунем, ки…» гуфтани духтарак, кас худро ноҳинҷор ҳис мекунад, чунки чунин баромадҳо маълум аст, ки сохтаанд ва ин маротиба намунаи барҷастаи онро нишон доданд. Журналистонро мебояд, ки ҳангоми суҳбат бо чунин ашхос аққалан кӯшиш намоянд, ки суханҳои соддаву самимии  онҳоро истифода баранд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Пас аз анҷоми бахши расмӣ, дастандаркорони барнома гузоришҳои идонаро аз шаҳри Ҳисору ноҳияҳои Айнӣ ва Варзоб пешниҳод намуданд.

Дар гузориши аввал зикр гардид, ки кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Суманак — пайки Наврӯз» иқдоми идона баргузор намуда, сабзаи суманаки пешакӣ парвардаашонро ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва идораю муассисаҳои ҳудуди шаҳр тақдим карданд.

Дар гузориши дигар аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон» — и ноҳияи Варзоб хабар доданд. Дар он инчуни наворҳо аз намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ороиши дастурхони идона пешкаш гардид. Дар анҷом роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ собиқадорони ҷангу меҳнатро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонд.

Дар интиҳои барномаи дусоата шореҳи варзиш оиди дар Қасри теннис ва маҷмааи намудҳои варзиши обӣ баргузор шудани 11-умин чемпионати Осиё доир ба кураш хабар дод, ки дар он варзишгарон аз 24 давлат иштирок мекунанд.

«Навид», ТВ «Сафина»

Бояд зикр намоем, ки ин ҳафта дар вақти муқаррарӣ ба ҷои барномаи «Ҷамъбасти ҳафта» дар телевизиони «Сафина» барномаи итилоотии «Навид» пахш шуда, гузоришҳои расмиро аз сафари кории сарвари давлат ба шаҳри Леваканту ноҳияи Кушониён ба таври пурра пешкаш намуданд. Инчунин дар оғоз паёми шодбошии сарвари давлат ва табрикоти президентони дигар кишварҳо ба муносибати ҷашни Наврӯз шунавонда шуданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Сипас гузоришҳои хабарнигорони барнома аз иншооти идонае, ки бе иштироки сарвари давлат дар Левакант ва Кушониён ба кор оғоз намуданд, пешниҳод гардид.

Масалан, соҳибкор Фарҳод Ҷалилов дар яке аз деҳоти Кушониён бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дод.

Дар шаҳри Левакант бошад, ду майдончаи варзишӣ бо ибтикори соҳибкор Салоҳиддин Азизов ба мавриди истифода қарор гирифт. Боз дар ин шаҳр баъди таъмир беморхона ва пойгоҳи нави обтаъминкунӣ ба кор даромада, дар деҳаи Истиқлол бошад, кошонаи ҳусн кушода шуд. Баромадкунандагони зиёде аз президенти кишвар барои чунин шароит фароҳам оварданашон миннатдорӣ намуданд.

«Ҳафт рӯз», ТВ «Ҷаҳоннамо»

Дар ин барнома низ аввал паёми шодбошии сарвари давлат ва табрикоти президентони дигар кишварҳо ба муносибати ҷашни Наврӯз шунавонда шуда, ҳама гузоришҳои расмии омоданамудаи хадамоти матбуотии президент аз сафари кориаш ба Леваканту Кушониён ба шакли пурра пешкаш шуданд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ