ДомойНақди РасонаӣДаъвати якрӯза ба артиш ва зиндакунии кирмакҳо: шарҳи барномаҳои ҳафтаӣ дар телевизионҳои...

Даъвати якрӯза ба артиш ва зиндакунии кирмакҳо: шарҳи барномаҳои ҳафтаӣ дар телевизионҳои Тоҷикистон — 17-24 апрел

Ҳафтаи сипаришуда барномаҳои ҷамъбастӣ мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла мушкилоти соҳаи кишоварзиро матраҳ карда, бори чандум перомуни вазъи китобхонаҳо гуфта гузаштанд. Аммо  принсипҳои асосии меъёрҳои фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон дар мавриди риояи гуногунандешӣ ва тавозуни назарҳо ба инобат гирифта нашуд.

Дар мавриди ахбори расмӣ

Ин ҳафта блоки иттилооти муҳими ҳафта дар ҳар се шабакаи телевизионӣ  ба як хабар – паёми видеоии раисиҷумҳур дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (18 кишвар) бахшида шуда буд, ки дар Ҷопон баргузор гардид. Паёми видеоии президент дар ин барномаҳо  тақрибан тӯли 8 дақиқа пешниҳод гардида, дар он талошҳои  Тоҷикистон  тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об  номбар гардид.

Гуфта шуд, ки бо ибтикори Тоҷикистон аз ҷониби СММ ҳашт қатънома қабул гардида, кишвари мо борҳо мизбони ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ дар мавриди баррасии масъалаҳои муҳими об гардид.

Дар иртибот бо ин мавзуъ, дар шабакаи «Тоҷикистон» мавриди масъалаи об ва рушди устувор, инчунин моҳи июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор намудани чорабинии муҳими сиёсӣ — Конфронси дуввуми сатҳи баланд шарҳи телевизионӣ пешниҳод гардид, ки дар он ду намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҶТ Зафар Раҳим ва Фазлиддин Шарифзода изҳори назар карданд.

Бояд зикр намуд, ки дар барномаҳои иттилоотӣ борҳо чунин таҷриба истифода шудааст, ки аз як ниҳод ду-се намоянда изҳори назар мекунанд, ки умдатан гапи якдигарро такрор менамоянд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳолат ҳам, изҳори назари ин ду коршинос якхела буда, ҳеч пешниҳоди мушаххасе ироа нашуд ва умумигуйие беш набуд.

Дар «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо» низ баъди суханронии президент сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар Тағоймурод Ғафурзода назар дода,  роҷеъ ба  фаъолияти ин ниҳод барои рушди устувори соҳа гузориш дод.

Ҳангоми сабти изҳори назари ин масъул наворгирандагон зовияи нодурустро интихоб карда буданд, ки замони истифода аз телесуфлер дар кадр каллаи мусоҳиб аз чап ба рост беист ҳаракат мекард ва ин лаҳзаҳо ногувор ба назар мерасиданд.

Дар бораи раванд ва ташаббуси даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» пас аз ин, дар «Ҳафт рӯз» шарҳи Азизбек Мавлонзода пешкаш гардид, ки ҷанбаи ҳисоботӣ дошта, таҳлили мавзуъ  набуд.

Рушди саноат ва кишоварзӣ: рақам бисёр, далел кам

Дар бораи рушди саноат дар кишвар дар барномаи «Тоҷикистон» шарҳи телевизионии Зоҳиршоҳи Тағоймурод пешниҳод гардид. Шореҳ таъкид кард, ки дар кишвар баъди эълон намудани панҷсолаи рушди саноат тӯли се моҳи аввали соли равон 63 коргоҳи нав таъсис дода шуда, ҷамъулҷамъ 1700 нафар соҳиби ҷойҳои нави корӣ гардиданд. Ин рақамҳо боиси хурсандии ҳар фарди ватандӯст бояд бошанд,- таъкид кард ӯ.

Аммо чун дар нашри пештара бори дигар таъкид карданием, ки мавзуъ то охир таҳлил нашуда, муаллиф ҳарчанд аз мусоҳибаи коршинос – номзади илми иқтисодӣ Бобоҷон Мирзоев истифода бурда бошад ҳам, дар он масалан, дар бораи чанд корхона бо кадом ҳаҷм ва чӣ гуна маҳсулот истеҳсол мекунанд, гуфта нашуд.

Аксаран аз минтақаҳо хабар мерасад, ки корхонаҳои ифтитоҳшуда баъди чанде аз сабаби надоштани маҳсулоти хом ва ё сабабҳои дигар аз фаъолият боз мемонанд. Дар ҳолатҳои дигар ин корхонаҳо миқдори хеле ками маҳсулот истеҳсол мекунанд, яъне сехҳои хурд (мини-сех) ҳастанду вале чун корхонаи калони саноатӣ муаррифӣ мешаванд. Ба ин тарафи масъала дар гузоришҳо аҳамият дода намешавад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузориши Хуршед Ҳалимов дар ТВ «Сафина» аз шаҳри Турсунзода дар бораи «ба ҷашни навбатӣ» омода намудани иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ буда, пурра характери ҳисоботӣ дошт. Яъне бо истифода аз суханони шахсони маъсул дар гузориш аз рафти корҳои сохтмонӣ дар ин минтақа хабар дода шуд. Барои эҳтиёт мусоҳиб иншооти сохташавандаро «ба муносибати ҷашни навбатӣ» ном бурда, иброз дошт, ки онҳо садсолаҳо ба мардум хизмат хоҳанд кард.

Дар омади гап, метавон чунин гузоришҳои «куҳнанашавандаро» барои ҷашни 35-солагии Истиқлол ё дигар муносибат муаррифӣ намуд.

Мавзӯи гузориши Мирзоалӣ Раҳмон аз ТВ «Ҷаҳоннамо» бошад, ба таъмиру навсозии шабакаҳои барқии вилояти Суғд бахшида шуда буд, ки барои сарфаи қувваи барқ ба системаи биллингӣ гузаштанд. Камбудии ин гузориш дар истифодаи як ҳамсуҳбат буд – сардори техникии филиали ШСК «Барқи Тоҷик» дар вилояти Суғд Ҷумъа Воҳидов се маротиба баромад кард (дурустараш, суҳбати уро ба се қисм ҷудо намуда истифода карданд).

Аммо агар нафаре аз истифодабарандагони бевоситаи системаи нав, аз мардум изҳори назар мекарду дар бораи фоидаи чунин навгонӣ ҳарфе мезад, эътимод ба факт ба маротиб меафзуд.  Охир муаллиф таъкид дошт, ки сарфаи қувваи барқ аз ҷониби аҳолӣ зиёд гардида, давоми ду моҳи соли равон маблағи хизматрасонии барқро аҳолӣ 108-110% пардохт намудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар ду соли ахир, баъди роҳандозии низоми нав дар Суғд мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гарон ҳисоб шудани ҳаққи истифодаи барқ шикоятҳо доранд ва дар ин бора расонаҳои зиёде ҳам матлаб нашр карда буданд. Аммо гузориш яктарафа, бидуни пешниҳоди назари ҷониби дигари масъала – мардум пешкаш гардид.

Дар мавриди риояи принсипи асосӣ

Пас аз блоки хабарҳои иқтисодӣ дар ТВ «Тоҷикистон» гузориши хабарнигори минтақавӣ Тоҷиниссои Файзуллобекро аз ВМКБ пешниҳод карданд, ки аз 100% иҷро шудани нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи артиш дар рӯзи якуми даъвати баҳорӣ ҳисобот дод.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Бо вуҷуди ин ки ин мавзуъ хеле дер, баъди 24 рӯз пешниҳод шуд, аммо чун аксар маводи ин шабакаҳои давлатӣ дар ин ҷо низ муқаррароти “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” — принсипҳои асосии кори журналист, ки мебояд ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсонро  ҳамчун усули (принсипи) фаъолияти ВАО ва журналистон риоя кунад, то ки бо ин усул онҳо обрӯ ва эътибори касби журналистиро ҳифз намоянд, нақз шудааст.  Принсипи дигари ин меъёрҳо сареҳияти ахбор аст.

Тибқи муқаррароти қабулшуда, «ВАО ва журналист бояд назару андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд, дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гарданд», аммо дар мисоли ин гузориш мебинем, ки далелу арқоми он ба ҳақиқат хеле кам монанд аст. Охир, худ қазоват кунед: дар куҷо дидед, ки нақшаи даъват ин қадар зуд иҷро шуда бошад?

Ҳадди ақал, дар баробари изҳори назари наваскар Сиёвуш Сабриддинзода, ки гуфт бо хоҳиши худ ба артиш дохил шуда, 5 моҳ боз дар Бадахшон хидмат мекунад, гузоришгарон бо онҳое, ки намехоҳанд  хидмат кунанд ё ҳадди ақал аз хидмати пулакӣ мехоҳанд истифода кунанд, ҳамсуҳбат мешуданду фикри онҳоро дар мавриди хидмат дар сафи артиш манзур мекарданд, принсипҳои ишорашуда иҷро мешуд. Ҳамчунин шакку шубҳаҳои бинандаро дар мавриди шеваҳои ҷалб ба артиш аз миён мебурд.

Пешниҳоди назарҳои гуногун ба кам шудани шумораи даъватшудагон ҳеч таъсире намерасонд, зеро воқеият чунин аст, ки  мардум аз маҷбурӣ будани  худи даъват норозӣ ҳастанд.

Дар мавриди матолиби танқидӣ

Дуруст аст, ки нисбат ба матлабҳои соле пеш, ҳоло дар шабакаҳои телевизионӣ масъалагузорӣ зиёдтар ба назар мерасад. Мо дар маводи пештараамон дар ин бора ишора ҳам карда будем, аммо вазъият чунин аст, ки аксари маводи танқидӣ  дар ҳар се шабака такрор ба такрор баррасӣ мешавад. Зоҳиран ба назар мерасад, ки мавзуъҳо барои танқид ҳам интихобиянд.

Масалан, дар бораи ҳолати мелиоративии заминҳо, мушкилоти шӯршавии заминҳои обӣ, тоза накардани заҳкашу заҳбурҳо ду маротиба гузориш карда буданд. Ин навбат низ дар ТВ «Тоҷикистон» ба ин масъала аҳамият дода,    дар бораи чунин мушкилот дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Носири Хусрав гуфтанд. Муаллиф Худойдоди Раҷаб бо масъулин ҳамсуҳбат шуда, мушкилии асосиро дар набудани маблағ барои таъмири таҷҳизоту пойгоҳҳои обкашӣ мебинад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар ТВ «Сафина» бошад, бори дигар ба мавзӯи ҳолати 13 китобхонаи деҳот дар ноҳияи Дустӣ даст заданд. Чор моҳ пеш дар барномаи «Ҷамъбасти ҳафта» ин мавзуъ баррасӣ гардида буд ва журналистон хостанд бифаҳманд, ки оё камбудиҳо бартараф шуданд ё не.

Бино ба гуфтаи муаллиф Таваралии Соҳибназар, баъди танқид ягон тағйироти ҷиддӣ мушоҳида нашуд. Бино бар гуфтаи масъулин, аз тарафи давлат барои таъмири косметикии ду китобхонаи деҳотӣ ба миқдори 2 ҳазор (!) сомонӣ  маблағ ҷудо шуда, онҳо чанде тавонистанд бинои фарсударо «шпаклевка» намуданд.

«Гузориши таҳлили-танқидӣ моро бетараф намонд ва дар аксари филиалҳои китобхонаи марказии ноҳия таъмири ҷорӣ рафта истодааст. Набудани маблағ даст намедиҳад, ки пурра камбудиҳоро бартараф намоем», — мегӯяд директори китобхонаи марказонидашудаи ноҳия ва дар интиҳои гузориш аз соҳибкорони ватан даъват мешавад, ки китобхонаҳоро дастгирӣ намоянд.

Дар мавриди рангорангии мавзуъ

Дар баробари ин, чанд мавзӯи нав дар нашри инҳафтаинаи барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ низ дар баробари масоили доимо такрор шаванда пешниҳод шуд.

Масалан, дар ТВ «Тоҷикистон» дар бораи ҳуқуқи истифодабарандагони замин (Гулчеҳраи Саттор), маъракаи бақайдгирии довталабон барои дохилшавӣ (Равзалӣ Раҳмон) ва дар бораи бемории фарбеҳшавӣ (Бобокалон Аминзода) гузориш пешниҳод шуд.

Дар ТВ «Сафина» мавзӯи кишоварзӣ зиёдтар матраҳ шуда, ин маротиба дар бораи ташкили гармхона (мавзӯи забонзада тайи чандин нашрҳои имсола) аз ҷониби оилаи Бердиевҳо дар ноҳияи Ҷайҳун, мутолиаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон ­­Ғафуров дар  оилаи Раҳимовҳо аз шаҳри Кӯлоб, нигоҳ доштани ёдгориҳои таърихӣ дар Хуҷанд  гузоришҳо пешниҳод гардид.

Дар «Ҳафт рӯз»-и ТВ «Ҷаҳоннамо» бошад, боз ҳам дар бораи кишоварзӣ дар гузоришҳои пешниҳоднамудаи Сулаймони Саид аз вилояти Хатлон ва Каримҷон Амроқулзода аз Кӯлобро тамошо кардем.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар мавриди ривоҷ додани сайёҳии моҳигирӣ шарҳи телевизионии Ҳофизи Маҳмадалӣ пешниҳод гардид. Муаллиф иброз дошт, ки аз 366 хоҷагии моҳипарвар 22-тоаш ба талаботи ин намуди сайёҳӣ ҷавобгӯ мебошанд, яъне мо метавонем бо ин восита меҳмонони хориҷиро ба кишвар ҷалб намоем. Беҳтар мебуд, ки муаллиф пешниҳодоти ду-се хоҷагиро муқоиса намуда, дар бораи бурду бохти онҳо як тадқиқоти журналистӣ мекард. Чунин ҳолат рақобатпазирии хоҷагиҳоро ба миён оварда, барои рушди соҳа кӯмак менамояд.

Матлаби охири ин барнома ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ бахшида шуда, муаллиф Қурбон Қурбонзода талош намуд дар бораи мавзуъ ба тамошобин маълумоти бештаре диҳад. Барои банда, махсусан ҷараёни зинда кардани кирмаки чинӣ (яъне сунъӣ?)  аҷиб тофт. Афсӯс, ки дар гузориш дар ин бора танҳо ишора карданд. Барои бинандаи шаҳрӣ ва ё меҳмони хориҷӣ бо навор нишон додани ин паҳлӯи номаълуми соҳаи кирмакпарварӣ мумкин аст, ҷолиб бошад ва бинандаи гузоришро бештар кунад.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ