Ин ҳафта низ 40% сужаҳои пешниҳоднамудаи шабакаҳои телевизионӣ ба хабарҳои расмӣ бахшида шуда бошад ҳам, беш аз ҳама, ба таври баробар дар ҳар се барнома таваҷҷуҳи зиёд намудан ба Рӯзи дави миллӣ бинандаро ба ҳайрат мегузорад.
«Сафина» ба ин мавзуъ аҳамияти бештар дода, қариб аз ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузоришҳо пешниҳод кард, ки бо ҳам монанд буданд. Он чӣ ки ҳафтаи сипаришуда дар шабакаҳои телевизионӣ гузашт, дар матлаби зер бихонед.
Бахши ахбори расмӣ: якто барои ҳама
Ахбори расмии ҳар се шабака қариб як хел пешниҳод шуд: онро хабарнигорони худи барнома омода намуда бошанд ҳам, аз рӯйи матни якхелаи ҳар се шабака маълум шуд, ки аз сӯйи Хадамоти матбуотии президент тарҳрезӣ шудааст.
Дар оғоз дар бораи сафари расмии раиси сенати Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев ба Тоҷикистон хабар доданд, ки бо даъвати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сурат гирифтааст. Дар сужаи аввал аз ҷониби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуданаш, сипас, мулоқоти хосааш бо Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида, дар анҷом аз ҷараёни музокироти васеи ҳайатҳои Маҷлиси кишвар ва Сенати Қазоқистон хабар дода шуд.
Дар гузориши дигар расонаҳои телевизионӣ сафари расмии Рустами Эмомалиро ба Туркманистон, ки пештар, 11 май сурат гирифта буд ба таври муфассал инъикос карданд. Дар ҳошияи сафари расмӣ Рустами Эмомалӣ бо раиси Халқ Маслиҳатии милли Генгеши Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ва раиси Маҷлиси миллии Генгеши ин кишвар Гулшат Маммедова мулоқот намуда, дар ҷаласаи якуми Форуми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ширкат варзида, суханронӣ намуд.
Гузоришҳо дар ҳама шабакаҳои давлатӣ ва пӯшиши иттилоотии ҳамаҷонибаи сафари Рустами Эмомалӣ ба Туркманистон бештар ҷанбаи тарғиботӣ ва шахсиятсозӣ дорад, зеро ҳангоми раиси Маҷлиси миллӣ будани Маҳмадсаид Убайдуллоев шабакаҳои телевизионӣ ба он чунин таваҷҷуҳ надошт ва ҷараёни сафарро инъикос намекарданд.
Ҳар се шабака ин гузоришҳоро якхела пешниҳод намуда, бар замми ин, «Ҷаҳоннамо» дар бораи 13 май дар Душанбе баргузор шудани ҷаласаи баҳории Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ сужа пешниҳод кард. Мутаассифона, дар ҳамаи гузоришҳо оҳанги расмӣ ва истилоҳоти дафтардорӣ (канселярӣ) истифода шуда, ҳеч навгоние аз ҷониби муаллифон дар пешниҳоди матлаб мушоҳида нагардид. Яъне чун ҳарвақта матлабҳо тулонӣ ва қолабӣ пешниҳод гардида, 40% вақти эфири барномаро гирифт.
Мавзӯи рӯз – Дави миллӣ
Рӯзи Дави миллиро низ, ки ҳамасола рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май баргузор мешавад, шабакаҳо қариб якранг инъикос карданд.
Дар сужаи аввал (муаллиф Раҳматшои Обид, ТВ «Тоҷикистон») лаҳн(интонатсия)-и рӯзноманигор ҳангоми хондани матни пушти кадр нодуруст интихоб шуда буд.
Бояд зикр намуд, ки ҳар се шабака барои худ аллакай пешфарз гузоштаанд, ки дар бораи чӣ мавзуъҳое бештар гузориш таҳия мекунанд. Ҳамин тариқ, хабари асосӣ он буд, ки аз армияи 45-ҳазорнафараи иштирокчиёни дав, 17ҳазору 524 нафарашон бонувон буданд, аммо худи бонувон дар наворҳо қариб ба назар намерасиданд. Инчунин хабар дода шуд, ки дар баробари ин дав марафони велосипедронӣ бо иштироки беш аз 1300 нафар баргузор гардид.
Дар сужаи «Тоҷикистон» чанд нафар ширкаткунанда ва ғолибони марафон суҳбат карданд. Аз ҷумла, соҳиби ҷойи аввал Зуҳуршо Наҷмиддинов иброз дошт, ки дар оянда орзу дорад, ки мақоми аввалро дар Осиёи Марказӣ сазовор шавад. Дорандаи ҷойи саввум Худойбердӣ Алиназар бошад, бо лаҳҷа суҳбат карду гуфт, ки «ман бори аввал дар чунин чорабинӣ иштирок кейсам».
Дар телевизиони «Сафина» тасмим гирифтанд мавзӯи дави миллиро бештар баррасӣ намоянд, аз ин сабаб қариб аз ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар (Бохтар, Хоруғ, Ҳисор, Шаҳринав, Кӯлоб, Данғара, Ҳамадонӣ, Темурмалик, Восеъ, Муъминобод, Ховалинг, Тоҷикобод) гузоришҳои ҳисоботӣ пешниҳод шуд.
Дар гузориш аз Хоруғ гуфта шуд, ки 5 ҳазор нафар дар чорабинии расмии Дави миллӣ иштирок доранд, аммо аҷибаш он буд, ки 14-15 май дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар паҳн шуд, ки дар он рӯз ҷавонони зиёде дар майдони марказии шаҳр барои эътирозҳо ҷамъ омаданд.
Дар гузориш аз шаҳри Ҳисор таъкид шуд, ки аз 4 ҳазор иштирокчии Дави миллӣ 1800 нафарашон занону духтаронанд, аммо бо нафаре аз онҳо ҳамсуҳбат нашуданд. Фазои чорабиниро тавсиф намуда, муаллиф иброз кард, ки он бо «эҳсоси гарми миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ идома ёфт».
Дар «Ҷаҳоннамо» аз чорабиниҳои Дави миллии пойтахт шореҳи варзиш Таҳминаи Раҳмонхӯҷа гузориш дод. Бино бар гуфтаи ӯ, «Дави миллӣ фарҳанги варзишдӯстии мардуми моро хуб муаррифӣ мекунад». Бо вуҷуди баъзе камбудиҳо ин яке аз хубтарин гузориши варзишӣ дар ин мавзуъ буд, чунки дар он ҳаракат — динамика, матн ва стендапу овози пасикадрии муаллиф мувофиқ омада, ба талаботи жанр ҷавобгӯ буданд.
Иқтисодиёт: мавзуъҳои такрорӣ
«Тоҷикистон» дар ин бахш шарҳи телевизионии Зоҳиршои Тағоймуродро дар бобати дӯзандагӣ – соҳаи ба гуфтаи муаллиф «камхарҷу сердаромад» пешниҳод намуд. Дар гузориш таъкид шуд, ки дар солҳои охир ба шарофати ин ҳунар 11 ҳазор зан соҳиби кор шуданд.
Ба воситаи телеграфика муаллиф нишон дод, ки ҳоло дар кишвар 126 корхонаи дӯзандагӣ дар вилояти Хатлон, 183 дар Суғд, 24 дар ВАБК, 53 дар ноҳияҳои тобеи марказ ва 42 корхона дар Душанбе фаъолият доранд.
Намояндаи вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар суҳбат иброз дошт, ки Тоҷикистон аксарияти моли истеҳсолнамудаи хешро ба хориҷ интиқол медиҳад, аммо аз чӣ бошад, эътимоднокӣ ба ин гуфта кам аст. Чунки таҷриба нишон медиҳад, ки аксари маҳсулоти дӯхтаи корхонаҳои мо бозоргир нестанд ва бо молҳои Қирғизистону Ӯзбекистон, ки мисол дар Русия харидор доранд, рақобат карда наметавонанд.
Дар сужа чанд нафар дӯзандаҳо баромад намуда, барои соҳиби кор шуданашон изҳори миннатдорӣ карданд.
Яке аз падидаҳои хуб дар ин матлаб – нишон додани намояндагони ҳама қишри ҷомеа буд ва дар эфир Манижа ном духтараки дорои имконияти маҳдуд (яъне маъюб)-ро нишон доданд, ки аз корхонаи дӯзандагии Данғара буда, миннатдории худро барои ройгон омӯзониданаш иброз кард.
Дар ин бахш инчунин сужаеро аз вилояти Суғд дар бораи саноатӣ кардани мамлакат пешниҳод намуданд, ки тақрибан дар чунин формат бо истифодаи як коршинос – сардори шуъбаи саноат ва энергетикаи вилоят Осиф Шарифзода чандин бор истифода шудааст.
Инчунин дар бораи рушди соҳаи кирмакпарварӣ аз вилояти Хатлон гузориши Худойдоди Раҷаб пешниҳод гардид.
Абдуғаффор Қурбонов — намояндаи ҶСК «Пиллаи тоҷик» иброз дошт, ки аз андозҳо озод намудани соҳибкорони соҳаи пилла ҳавасмандии онҳоро чанд маротиба афзуда, ҳоло барои гирифтани кирмак мардум навбат меистанд.
Ҷолибии ин гузориш дар он аст, ки дар баробари тавсиф намудани дастовардҳо, инчунин мушкилиҳои соҳаро низ нишон доданд. Ҳамин мусоҳиб (Абдуғаффор Қурбонов) гуфт, ки барои кирмакпарварӣ асос – шумораи тутзорҳоро зиёд намудан лозим аст ва ҳоло мушкил сари он аст, ки аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ тутҳоеро, ки дар лаби ҷуйбору майдони замини онҳо ҷойгир аст, аз худ карда, барои кандани баргу шохи он иҷозат намедиҳанд.
«Хуб мешуд, ки вазоратҳои дахлдор вазъиятро таҳлил намуда, тутзорҳоро аз тавозуни хоҷагиҳо бароварда, ба идораи «Пиллаи тоҷик» гузаронанд, то ки ба кирмакпарварон дарахтони тутро тақсим карда тавонем», — гуфт коршинос.
Дар масъалаи тағйирёбии иқлим, сипас вобаста ба ташаббусҳои Тоҷикистон доир ба об шарҳи дигари телевизионӣ пешниҳод гардид, ки умумигӯйӣ дар он зиёд буд.
Бе кишоварзон намешавад
“Ҳафт рӯз” (ТВ “Ҷаҳоннамо”) ин ҳафта ягона барномае буд, ки дар мавзӯи кишоварзӣ гузоришҳо пешниҳод кард.
Дар аввал аз хоҷагиҳои вилояти Хатлон Абдусамад Гулаҳмадзода ва сипас аз вилояти Суғд Мирзоалӣ Раҳмон гузориш доданд, ки мавзӯи парвариши сабзавот ва интиқоли онро баррасӣ намуданд.
Мавзуъҳои дигар — каму нишонрас
Ҳамчунин дар нашри инҳафтаинаи «Тоҷикистон» дар бораи никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он гузориши Оишаи Саттор пешниҳод шуд. Дар он коршиносон, аз ҷумла ҳуқуқшиносону корманди шуъбаи бақайдгирии ақди никоҳ ва табибу олими генетик суҳбат карда, дар бораи Кодекси оила ва уҳдадориҳои зану шавҳар дар умум ва таваллуди кӯдакони ноқисулақл ҳарф заданд.
Дар “Ҷамъбасти ҳафта”-и ТВ “Сафина” мавзӯи бақайдгирии симкортҳо аз рӯйи шиносномаҳои навро пайгирӣ намуданд. Намояндагони ВКД- и ҷумҳурӣ суҳбат карда, хабар доданд, ки то ҳол 1,6 миллион нафари шиносномаи куҳнадошта сабти ном нашудаанд. Муаллифи матлаб ишора намуд, ки ҳарчанд қарори Ҳукумат дар бораи бақайдгирии симкортҳо то 15 феврали соли 2023 тамдид карда шуд, раванди азнавбақайдгирӣ дар ҳолати номуайянӣ қарор дорад. Яъне эҳтиёҷ барои кор андохтани механизми муайян вуҷуд дорад, то мардум ба ин масъала таваҷҷуҳ намоянд.
Дар бобати мушкилоти сохтмони пулу роҳи автомобилгарди Абдураҳмони Ҷомӣ-Ёвон, ки соли гузашта таъмираш оғоз шуда буд, гузориши проблемавии Сулаймони Саид пешниҳод гардид. Муаллиф сабаби ба таъхир афтодани таъмирро баррасӣ карда, масъулин – вазорати нақлиёти кишварро танқид мекунад, ки то ҳол баъзе корҳои сохтмонӣ – масалан, поядеворҳои бетонии пули навро гузошта, дигар аз пайи анҷоми корҳо нашуданд. Дар натиҷа селҳои вақти ахир ин иншооти нимсохтаро низ вайрон карда, он дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтааст.
Дар бораи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаи Кӯлоб муаллиф Каримҷон Ҳамроқулзода гузориш дод, ки дар он фаъолияти муштараки зерсохторҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои Темурмалику Восеъ ва шаҳри Кӯлоб дар мавриди амн кардани соҳилҳои дарё дар ин минтақаҳо инъикос гардид.