Солҳои ахир, хусусан пас аз он ки маъруфтарин пойгоҳи видеоии интернетӣ Youtube, барои истеҳсоли муҳтаво ё нашри матолиб пул пардохтан гирифт, яку якбора ҳаҷми матлабҳо дар ин шабака зиёд шуд. Хусусан дар бахши тоҷикии Youtube. Аммо дар баробари зиёд шудани матолиби дидорӣ (видеоӣ) дар фазои маҷозӣ, мисле, ки дар тамоми дунё аст, масъалаи сифати ин матолиб ва риоя шудани меъёру стандартҳои умумӣ ва касбӣ низ доғ шуд. Ҳатто чанд сол пеш идораи “Тоҷикфилм” — танзимгари давлатии соҳа изҳорот дода буд, ки ба Youtube муроҷиат кардааст ва мехоҳад ин пойгоҳ матолиби Тоҷикистонро бе мувофиқаи онҳо нашр накунад. Ин ниҳод далели тасмимашро пешгирӣ аз нашри матолиби пастсифат ва каммазмун номида буд.
Ҳарчанд маълум нест “Тоҷикфилм” дар ин росто то куҷо муваффақ шуд, вале дар сегменти тоҷикии Youtube видеоҳои корбарони тоҷик зиёд шуд, ки албатта масъалаи мазмуну муҳтавои онҳо мавриди баҳсу баррасиҳои ҷиддӣ ҳам қарор гирифтааст.
Дар ин баробар дар Youtube силсилаи сериалҳои тоҷикие нашр гардиданд ва нашр мешаванд, ки дар миёни бинандаҳо бо ютубсериалҳо маъруфанд ва бинандаи зиёде пайдо кардаанд. Аз сӯйи дигар расонаҳо ва киношиносону ҳунармандон ба мазмуну муҳтавои ин сериалҳо, хусусан ба дараҷаи ҳирфаӣ будани онҳо чандон баҳои хуб намедиҳанд. Соли гузашта хабаргузории “Азия-плюс” ҳам дар як матлаб ин мавзуъро пайгирӣ карда буд.
Дар ин авохир ютубсериалҳо то он ҷо бозоргир шуданд, ки як гӯрӯҳ ҳунармандони Театри давлатӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бо пуштибонии молии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон наворгирии ютубсериали “Хона”-ро оғоз кардаанд, ки дар пойгоҳи нахустини кинотеатри онлайнии “Баҳор” дар Тоҷикистон пахш мешавад.
Рӯз то рӯз сербинанда шудани ютубсериалҳои тоҷикӣ ва баҳсҳои гармро ба вуҷуд овардани мазмуну муҳтавои онҳо моро ба дунболи ин бурд, ки ба баррасии онҳо бипардозем.
Агар барои тамошои филми тоҷикӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Ютуб сар бизанем, силсилаи филмҳои тоҷикии гуногун рӯнамо мешавад. Пас аз дидани ҳар филм маълум мешавад, ки ҷаҳонбинии коргардон ва донишу диди таҳиягар дар кадом сатҳ аст ва тамошобини ин филмҳо киҳоянд.
Мазҳаб Ҷумъа ва Бобоҷон Муҳтоҷиён, ду хатмкардаи имсолаи мактаби нақди расонаии Интернеюс ин мавзуъро пайгирӣ карда ва чанде аз сербинандатарин сериалҳои ютуби тоҷикиро баррасӣ кардаанд.
Мавзуъҳои “серхаридор: ишқу пулу дарду ғам…
“Таърих”-и силсилафилмҳои ютубии тоҷикӣ аз сериали “Ишқ, пул, #Душанбе” оғоз мешавад, ки қисми аввали он тобистони соли 2020 ба Ютуб роҳ ёфтаву ҳоло беш аз 70 қисми он таҳия ва нашр гардидааст. Сериалҳои дигари тоҷикӣ аз 5 то 10 қисм нишон дода шудасту халос.
“Ишқ, пул, #Душанбе” шурӯъ аз тобистони соли 2020 дар YouTube — канали “ZamonaviMedia” ҳар ҳафта, рӯзи якшанбе, соати 20.00 як қисмӣ нашр мешавад. Силсилафилмро коргардони ҷавон Набиҷон Пирматов ба навор гирифтааст, ки муаллифи сенария, коргардон ва бозигари нақши асосӣ ҳам худи ӯст. Ҳар як қисми филм беш аз 20 дақиқа тӯл мекашад. Сужаи он сода буда, аксари нақшҳоро блогерон, сарояндаҳо ва дигар ҳунармандони ғайриҳирфаӣ бозидаанд.
Сужаи силсилафилм чунин аст: як гӯрӯҳ мардони муҷаррад ба ҳам омадаанд. Қаҳрамони асосии филм – Шоҳрух (Набиҷон Пирматов) бо бародари бузурги худ Қурбон (Шуҷоат Ҷалолиддинов) ва падараш (Ғаниҷон Олимов) дар як хонаи хоксорона дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд. Мушкилоти асосӣ ин норасоии пул аст ва кулли сужаи силсилафилм дар атрофи ба даст овардани маблағ ҷараён мегирад.
Дар назари аввал филм сода метобад: нахуст чунин намудор мешуд, ки ҳунармандон нақшҳои худро бо як сахтгирӣ, рӯнамоии сохтакоронаву ороиши арзон, кӯшиши бо забони адабии тоҷикӣ ҳарф задан мебозиданд. Дар қисматҳои баъдӣ бошад, онҳо оромтар гардида, нақшбозиашон ранги дигар гирифт. Масалан, қаҳрамонон ба ҳазлу шӯхӣ сар карданд, ки он шӯхиҳо ба мушкилоти доғи рӯз рабт дошт. Аз ҷумла, қаҳрамони асосӣ Шоҳрух дар як лавҳаи филм мегӯяд, ки бачаҳои тоҷик барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ се усулро истифода мебаранд: онҳо барвақт издивоҷ мекунанд, ба донишгоҳҳо дохил мешаванд ва ё аз кишвар барои кор кардан мераванд.
Нуқтаи асосии пурқуввати силсилафилми «Ишқ, пул, #Душанбе» — интерактив будани он мебошад. Аз рӯйи шарҳҳо, ки бинандагон «кино от души омадагияй» навиштаанд, натанҳо интизори ҳар як қисм мебошанд, инчунин дар бораи қисматҳои мусбат ва манфии он мегӯянд ва кӯмаки худро ба эҷодкорон пешниҳод мекунанд.
Бояд гуфт, ки ҳар як қисми филм аз 200 ҳазор тамошогар бештар дошта, бархе аз он то марзи як миллион расидаанд, ки ин барои сегменти тоҷикии “YouTube” нишондиҳандаи хуб аст. Муаллифон 100 — қисми филмро барои тамошобинон ваъда додаанд.
Ҳунармандонӣ номӣ, аммо дар нақшҳои дуюмдараҷа
Тақрибан 4 сол пеш дар фейсбук баҳсу баррасиҳо дар мавриди филми «Меҳмони нохонда» сару садо ба вуҷуд оварда буд. Қисми аввали он соли 2017 рӯйи навор омада, то кунун панҷ қисми он таҳия шудааст ва теъдоди бининдааш наздик ба 1,3 миллион расидааст.
Сужаи филм дар бораи он қисса мекунад, ки духтаре барои таҳсил ба Русия рафтан намехоҳад ва падарашро фиреб дода, дар хонае ҳамроҳи ду мард зиндагӣ мекунад. Тақрибан ҳамин гуна муҳтаво дорад. Аз тамошои он равшан аст, ки филм барои доираи бинандаҳои ютуб пешбинӣ шудааст ва таҳқир, алфози бад, истифодаи калимаҳои русиву кӯчагӣ (риоя нашудани меъёри забони адабӣ-давлатӣ), бо бинӣ гап задани ҳунармандон, сужаҳои такрорӣ дар он зиёд аст. Ҳарчанд ин филм, мазҳакавист, аммо ба назар мерасад, ки мазҳака надорад. Мусиқӣ дорад, вале филм як сӯву мусиқӣ сӯйи дигар.
Одатан коргардонҳо ва таҳиягарони филм дар филмҳои ҳирфаӣ чеҳраеро (чӣ зан ва чӣ мард) интихоб мекунанд, ки зебоии табиӣ, лаҳни бурро ва ба қавле барои бинанда худӣ бошад. Вале дар ин филм қаҳрамони зан бо чеҳраи сунъӣ (ороишоти аз ҳади зиёд) ва сахтгапӣ ба завқи бинанда мухолиф аст.
Ҷолиб ин аст, ки дар ин силсилафилм ҳунармандони номӣ, ҳам нақш мебозанд, вале дар нақшҳои дуюмдараҷа истифода шудаанд. Дар баробари нақшофарии онҳо ритми филм каме хуб мешавад, аммо замони тамом шудани нақши ин ҳунармандон филм ба ҳамон маҷрои аввала бар мегардад. Дар ин силсилафилм чеҳраҳои барҷастаи ҳунари театру синамои тоҷик, чун шодравон Назирмат Мусоев, Марям Исоева ва Қурбони Собир нақшҳои дуюмдараҷаро иҷро кардаанд.
“Умеди зиндагӣ” дар муқобили стереотипҳо ва “Метро 2067” – ҳама умед ба Абду
«Умеди зиндагӣ»- аз ютубсериалҳои нахустини тоҷикӣ аст, ки таҳиякунандагонаш 100 қисм таҳия шудани оно ваъда додаанд, аммо аз соли 2017 то имрӯз танҳо 6 серияи он дар “YouTube” дастрас асту халос.
Муаллифони филм — гӯрӯҳе аз ҷавонони тоҷик мехоҳанд чанд мушкили доғи ҳамсолонашонро ба пардаи синамо бикашанд. Ин филм аз нақз шудани ҳуқуқи духтарон зимни интихоби ҳамсари оянда, қурбони баҳсҳои хонаводагӣ шудани онҳо ва даҳҳо мушкили дигари ҷавонон қисса мекунад. Инчунин, дар филм ҳаёти имрӯзи тоҷиконеро нишон медиҳанд, ки ба хотири пешрафт ва боз ҳам пулдор шудани худ, дигаронро истифода мебаранд.
“Метро 2067”. Ин филм аслан ҳаҷвӣ буда, то ҳол 6 қисмаш дар “YouTube” чарх мезанад. Ҳаводорони филм хело зиёд буда, аксарашон ба хотири қаҳрамон ва идеяи он филмро тамошо мекунанд.
Гап сари он аст, ки гӯрӯҳи ҳаҷвии “Территория юмора” дар Хуҷанд, чанд сол пеш дар як “миниатюра” дар бораи сохтмони метро дар Тоҷикистон суҳбат кард. Дар саҳна дида мешуд, ки яке аз резидентҳои ин гӯрӯҳ — Абду (Абдуҳамид Шодиев) ба сохтмони метро машғул аст ва вақте хабарнигор аз ӯ мепурсад ки сохтмони метро кай ба охир мерасад, ӯ мегӯяд: “соли 2067”. Ин саҳна зуд байни мардум маҳбубият касб кард ва ин ибора то ҳоло вирди забони мардум аст.
Дар силсилафилм қаҳрамони он Абду зимни сохтмони метро ба мушкилиҳои мухталиф рӯ ба рӯ мегардад ва ин дар рафти филм бисёр сода ва ба таври танзомез нишон дода мешавад. Дар маҷмуъ силсилафилми “Метро 2067” аз 50 то 250 ҳазор тамошобин дорад. Бинандагон бо ҳазлу шухӣ, мисли “Абду ҳамаи умед ба ту аст“, “Абду беҳтарин филм” ва ғайра филмро тавсиф намудаанд.
Дар оғози силсилафилм гуфта мешавад, ки дар дунё иншооти бузург зиёд сохта шудааст: Пирамидаҳои Миср, Бурҷи Халифа, Девори бузурги Чин, вале дар Хуҷанд бошад, Абду Метро сохта истодааст.
— Дар сохтмонҳои дигар метроҳо агар дар як рӯз 500 ҳазор сомонӣ сарф шавад, дар сохтмони Абду бошад, 9 сомониву 60 дирам. Аз он 5 сомонӣ барои карамшурбо, 2,6 дирам пасандоз барои бел ва 2 сомонӣ барои хароҷоти майда чуда сарф мешавад.
Аксари ҳунармандони филм резидентҳои лоиҳаи ҳаҷвии “Территория юмора”-и шабакаи телевизиони “Азия” дар Хуҷанд мебошанд. Дар нақши асосӣ Абду- Абдуҳамид Шодиев, муаллифони сенария ва коргардонҳо Ҳабиб Баҳриддинов, Халил Ҷӯраев ва Абдуҳамид Шодиев мебошанд. Қисми якуми филм 9 августи соли 2020 дар саҳифаи “Tamoshow” нишон дода шуда, то ба ҳол беш аз 211 ҳазор нафар онро тамошо кардаанд.
Мавзуъҳои осону камхарҷи ютубсериалҳо – иҷтимоӣ
Аз тамошои филмҳои тоҷикии Ютуб равшан мешавад, ки аксари онҳо дар мавзӯи иҷтимоӣ таҳия шудаанд. Мутахассисони соҳаи синамо мегӯянд, сабти филмҳо дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ осону камхарҷтар аст ва аз ин рӯ, аксар филмсозони ҷавон имрӯз ба ин масоил рӯ меоранд.
Силсилафилми «Хиёнати ишқ» (номи дигараш “Дӯсти ҷонӣ ва хиёнат аз ишқ”) ҳам ба ҳамин гуна мавзуъ бахшида шудааст. Ин филм соли 2021 нашр шуда, то кунун 4 қисмаш дар Ютуб дастрас аст. Ин филм аз шабакаи коргардони он Аҳлиддин Фархриддин дар ютуб пешниҳод мешавад. Филм бо як ритми кунд ҳаракат карда, чун дигар филмҳои ютубӣ камбуди филмнома, надоштани сужаи мушаххас ва диалогу забон дорад.
Бештари филмҳо дар баробари истифодаи жаргон ва калимаҳои тунду овозҳои гӯшхарош бегона будани забони адабӣ барои ҳунармандони онҳо мебошад. Яъне забони ҳунармандон ба забони адабӣ одат накардааст ва бори аввал дар филм ба ин забон гап мезананд ва чунин ба назар мерасад, ки гӯё кадом хориҷие тоҷикӣ ҳарф мезанад. Яке аз мушкилиҳое, ки филмофаронро дар ҷомеаи мо домангир шудааст, ин забони филм аст. Агар дар филм бо забони омиёна ё лаҳҷа ҳарф зананд, хоси як маҳали Тоҷикистон мешавад ва аз ҷомеаи огоҳ барои истифода накардани забони адабӣ вокуниш мешунаванд. Коргардонҳо маҷбуранд, ки забони одатнакардаро бо адабӣ мутобиқ кунонанд ва он ҳам бошад, дар майдони наворбардорӣ ё дар студияи овоз сурат мегирад. Албатта дар ин гуна маворид ҳунармандони асили театру синамо, ки ҳарф гуфтан бо забони адабӣ барои онҳо кори маъмулӣ аст, истисно мебошанд. Мушкилии забонӣ дар филмҳои истеҳсоли ниҳоди эҷодии “Тоҷикфилм” ва ҳам студияҳои дигар низ ба назар мерасад.
Дар филми «Хиёнати ишқ» чун дигар филмҳои ютубӣ, ки филмномааш мушкил дорад, нақшҳои асосиро ҳунармандони ғайрикасбӣ иҷро кардаанд ва ҳамчунин забони адабии сохта истифода шудааст, ки барои бинанда хастакунанда аст.
“Қасри ғам”, “Маска” ва ё “Водии гӯргон”-и тоҷикӣ
Силсилафилми “Қасри ғам”, ки дар худ ҳаёти як оила, бархӯрд ё нофаҳмии хушдоман бо келин ва дигар паҳлуҳои зиндагии рӯзмарраи як оилаи ҷавонро бозгӯ мекунад, дар давоми 1,5 соли нашр 1,4 миллион тамошобинро гирд овардааст. Аммо дар он ҳеҷ реклама вуҷуд надорад. Таҳиягарони силсилафилм тавонистан бо илова кардани саҳнаҳои ғамангез ба эҳсоси бинанда таъсири худро расонанд ва ба ин восита тамошобини бештареро ҷалб намоянд. Ин филмро шабакаи Peshsaf TV пешниҳод мекунад, ки то кунун бештар аз 10 қисми он нашр шудааст.
Қисми аввали силсилафилми “Маска” ҳанӯз 10 моҳ пеш дар “YouTube” гузошта шуд. Вале эҳсос мешавад, ки он байни тамошобинони сегменти тоҷикӣ маҳбубият касб кардааст. Давомнокии филм ҳудуди 22 дақиқа буда, дар канали “Shomi Dushanbe” нашр шудааст ва аллакай, онро беш аз ним миллион нафар тамошо карда, ба 7,9 ҳазор нафар писанд омадааст.
То кунун 12 қисми филм дар “YouTube” мечархад ва тақрибан муҳтавои асосии филм маълум нест. Филм бештар дар бораи мафия, пул ва ҳимоят аз ватан баҳс мекунад.
Муҳтавои он чунин аст, ки гӯрӯҳе ҳамсари роҳбари мафияро ба қатл мерасонад ва ин ҳодисаро муаллими роҳгузар мебинад. Дар ин миён қотилон пай мебаранд, ки муаллим кори онҳоро назора дорад ва ба хонааш омада, ӯ ва ҳамсарашро ба қатл мерасонанд. Кӯдаки онҳо пинҳон шуда, шоҳиди ҳодисаи куштори волидайнаш мешавад ва бо қасди интиқом аз хона берун меравад. Баъдан ӯ бо яроқ ба хонаи марде меояд, ки ҳамсарашро зердастонаш ба қатл расонида буданд. Ӯ ҳодисаро ба ӯ нақл мекунад ва мард кӯдакро ба фарзандӣ мегирад. Ҳамин тариқ, дар кадри дигар кӯдак калон мешавад ва дар идома филм дар бораи таъсиси гӯрӯҳе бо номи Х суҳбат мекунад, ки онҳо дар бораи боздошти ҷинояткорон ва мубориза бо онҳо амал мекунанд. Ин филм бештар ба силсилафилми маъруфи туркии “Водии гӯргон” монанд аст.
Дар филм ба ғайр аз ҳунармандони шинохта Қурбони Собир, Моҳпайкар Ёрова, ҳамчунин моделу блогнависон, овозхонҳо, аз ҷумла Фарзонаи Хуршед, Барон ва дигар нафарони ғайрикасбӣ ширкат мекунанд.
Бо тамошои “Бешаи палангон” ва ё ба қавли шаҳрнависон “Водии гӯргони тоҷикӣ”-и дигар ҳаминро дар ёфтан мумкин аст, ки филмҳои ютубӣ сатҳи касбияташон каме боло рафтааст. Дар “Бешаи палангон”, ки коргардонаш Асад Ҳомидов мебошад, ҳунармандони касбӣ дар филм ҷалб шуда, макону замон ҳамҷоя бо ҳунарманд ҳолатро дода метавонанд. Ҳис карда мешавад, ки филмномаи онро мутахассис навиштааст ва коркарди садо низ хуб аст.
Дар “Бешаи палангон”, ки жанраш драма ва ҷиноӣ аст, нақши марказиро Ташриф Халилов меофарад. Вале Ташриф Халилов (продюсер ҳам ҳаст) дар жанри мазҳака муваффақ аст. Дар ин ҷо коргардон бо гузоштани айнак ба чашмони Ташриф Халилов образшиканӣ кардааст. Вале аз шарҳҳои навиштаи зери филм дар Ютуб маълум мешавад, ки бинанда филмро он қадар ҷиддӣ нагирифтааст. Агар ҳунарманд риш медошту садояш дубляж мешуд шояд ин образшиканӣ муваффақтар меомад.
Дар филми “Бешаи палангон” ҳам чун дигар ютубсериалҳо реклама зиёду дилгиркунанда аст, мусиқӣ бо ритми филм якҷо нест. Аз рекламаҳои пӯшида кор гирифтан шояд хубтар буд, то ҳунарманди номдоре чун Исфандиёр Ғуломов оби Файзобод намегуфту навор аз тамға ба чеҳраи ҳунарманд мерафт ва ҳунарманд навиштаи рӯи зарфи обро назар карда ба гуфтан шуруъ мекард. Дар бештари ҷо рекламаҳои ҳадафманд истифода шудаанд, ки бинандаро дилгир мекунанд.
Камбудҳои умдаи ютубсериалҳо
Чуноне гуфтем сужаҳои филмҳои ютубӣ қариб ҳамсон буда, дар онҳо хиёнат ба муҳаббат, лутфи сохта, гиряҳои бемаврид, иродаҳои шикаста, ороиши ғайрикасбӣ, хонаи барҳаво, мошини гарон ва амсоли ин дида мешавад, ки бинанда ба ҷуз аз вақтгузаронӣ аз ин мавзуъҳои такрорӣ чизи каме бардошт мекунад.
Бояд ёдовар шуд, ки таҳиягарони ютубсериалҳо ба чанд хатои умда роҳ медиҳанд: Якум ин ки филмномаи онҳоро фарди касбӣ наменависад. Дуюм худи продюсерон ва коргардонҳо нақшҳои асосиро иҷро мекунанд. Сеюм бе омодагии комили пешакӣ ба наворбардорӣ шуруъ мекунанд. Чаҳорум кори нурпардоз (свет), рассом, пардозгар, рассоми либос дида намешавад. Панҷум интихоби макон нодида гирифта мешавад. Шашум ҳадафҳои бузургро бо буҷети кам мехоҳанд рӯйи навор биоваранд, ки дар натиҷа филм неву силсилалавҳаи камкайфияти телевизионӣ ҳосил мешавад. Ҳафтум коркарди садову эффектҳои овозӣ заъиф буда, ҳатто ба назар гирифта намешаванд.
Албатта аз ютубсериалҳои тоҷикӣ бӯйи тақлиди филмҳои ҳиндӣ ва туркӣ ба машом мерасад. Вале тақлид бояд ба муҳит ва минтақаи Тоҷикистон мутобиқ карда шавад. Яъне ҷавҳари филм бояд рӯҳи тоҷикӣ дошта бошад.
Дар филмҳои ютубӣ бошад хонаву дар, мошину пул ҳама ҳаст, вале зиндагӣ нест. Зиндагии воқеӣ нест. Силсилафилми ютубии “Санге ба гӯри Лайлӣ” бо коргардонии Баҳриддини Сабур чун дигар филмҳо дарду ғам, хонаи барҳаво, мошини қиматбаҳо ва ғайраро дорад. Вале ҳамаи ин дар якҷоягӣ бо бозии ҳунарманд ҳолатро расонда наметавонанд.
Дар мавриди нури гарму сард, ашё, ранг ва аз ҳунармандони шинохтае образи дигар сохтан ҳоҷати ҳарфу сухан нест. Зеро ин ҷанбаҳои ҳунарӣ на дар ҳамаи филмҳои ютубӣ ба назар мерасанд. Моҳпайкар Ёрова, Қурбон Собир, Лутфулло Давлат ва дигар ҳунармандони хушноми мо дар бештари филмҳо як хел ҳолат ва типаж доранд. Коргардонҳое зарур аст, ки типажшиканӣ кунад ва як чеҳраи нав бисозанд. Дар баробари ин баҳсу баррасиҳои зиёде дар мавриди ин ҳунармандон зиёд аст, ки набояд дар чунин филмҳои каммазмун нақш биофаранд ва ин филмҳо дар сатҳи ҳунар ва шахсияти онҳо нестанд. Ин фикр қобили қабул аст, вале бояд як чиро ба инобат бигирем, ки ба ҷуз “Тоҷикфилм”, “Суғдсинамо”, “Хатлонсинамо” ниҳодҳои эҷодӣ кам дорем, ки кори ҳазору як лоиҳаи филмгирӣ дар гардиш бошаду гӯруҳи эҷодӣ ва ҳунарӣ аз ин лоиҳа ба он лоиҳа дар давоми сол банд бошанд. Пайдо шудани студияҳои хурд, ки ба формати ютуб филм истеҳсол карда, гӯруҳҳои ҳунарӣ — эҷодиро бо кор таъмин мекунанд, қобили қабул аст. Бо ин сатҳи ҳирфаии ҷавонони навроҳро боло мебаранд ва ҳам ҳунармандонро соҳиби ҳаққи қалам мекунанд, ки дар шароити имрӯз чизе аст, ки ҳунармандони мо ба он сахт ниёз доранд.
Нуқтаи дигаре, ки таъкид шуд филмҳои ютубӣ аз ҳунармандони касбӣ барои нақшҳои марказӣ кам истифода мебаранд. Ин кор дар ҳама филмҳо дида мешаад. Масалан Набиҷон Пирматов дар филми “Ишқ, пул, Душанбе”, Баҳриддин Сабурӣ дар филмҳои “Қасри ғам” ва “Санге ба гӯри Лайлӣ” ва Ташриф Халилов дар филми “Бешаи палангон” ва дар филмҳои дигар истифода кардаанд. Дар ин филмҳо аз ҷавононе, ки мактабу риштаҳои актёриро хондаанд ва аз паҳлуҳои нозуки кори ҳунарӣ огоҳанд низ хеле кам истифода мешавад. Ин васила бинанда ва ҳаводорони филмҳоро зиёдтар карда метавонад. Кашфи чеҳраҳои нав ва рӯнамоӣ кардани ҷавонони ҳунарманд дар филмҳои ютубӣ низ бисёр кам ба назар намерасад. Албатта чеҳраҳои ҷавоне чун Гулмира Аҳрорзод дар “Санге ба гӯри Лайлӣ” ва Амина Ҳафизова аз филми “Ишқ, пул, Душанбе” кашф ва муаррифӣ шуданд, вале ин ба назарам кам аст.
Дар аксари филмҳои Ютуб ҳамон камбуди калони овозхонҳо — “шеъри худам, оҳанги худам, худам месароям” такрор шудааст. Худам коргардон, худам продюссер ва худам ҳунарманд ва чеҳраҳои барои худам маҳқулро истифода мебарам – ин манзара дар аксари филмҳо дида мешавад.
Аммо аз нахустин ютубсериалҳои тоҷикӣ то “Бешаи палангон” дида мешавад, ки рақобат барои ҷалби бештари бинанда ба миён омадааст. Ин рақобат, агар солим идома кунад метавонад ба сифат ва шуҳрати ютубсериалҳо таъсири мусбат бигузорад.
Муаллифони матн: Мазҳаб Ҷумъа ва Бобоҷон Муҳтоҷиён