ДомойЛоиҳаҳои моРӯзноманигорон ва расонаҳои Тоҷикистон этикаи касбиро риоя мекунанд ё не?

Рӯзноманигорон ва расонаҳои Тоҷикистон этикаи касбиро риоя мекунанд ё не?

Солҳои ахир масъалаи риоя шудану нашудани меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ аз сӯйи расонаҳо ва рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ба як мавзӯи хеле доғ табдил шудааст.

Ин мавзуъро Иршод Сулаймонӣ дар подкасти нав бо коршиносони расонаӣ: Ҳуриниссо Ализода, раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва Ёқуб Ҳалимов, рӯзноманигори таҳқиқгар ва маъруф ба баҳс кашидааст.

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ нахустин ва дар миёни кишварҳои шӯравии пешин яке аз аввалин кишварҳое буд, ки кодекси касбӣ ё санади меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро пазируфт ва ниҳоди худтанзимкунандаро таъсис дод. То замоне, ки ин меъёрҳо пазируфта шуданд, баҳсҳои доманадоре дар ҷомеаи рӯзноманигорӣ сурат мегирифт, ки ин санад метавонад озодии баёнро маҳдуд кунанд. Аммо дар соли 2009 ҷомеаи рӯзноманигорӣ ин меъёрҳоро пазируфт ва ваъда доданд, ки риоя мекунанд. Умедворӣ мерафт, ки минбаъд дар расонаҳо меъёрҳои ахлоқи касбӣ камтар нақз мешаванд. Аммо оё чунин шуд?

Оё дар кишварҳое, ки озодии баён гирифтори мушкил аст, имкон дорад, ки меъёрҳои касбии ахлоқӣ риоя шаванд? Оё таъсиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон пеши роҳи вайрон шудани этикаи касбиро гирифта тавонист? Чаро бисёриҳо ин ниҳодро ниҳоди муваффақе намедонанд? Чаро аксари рӯзноманигорон ва расонаҳо “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро ба эътибор намегиранду камтар риоя мекунанд? Ҳатто он рӯзноманигорон, сармуҳаррирон ва соҳибрасонаҳое, ки узви Раёсати Шӯрои ВАО буданд, ҳастанд ё замоне раиси он будаанд. Чӣ гуна мешавад ин меъёрҳоро дар ҷомеаи журналистӣ ниҳодина кард? Бо чӣ роҳе мешавад аз бесифат шудани расонаҳо пешгирӣ кард ва журналистикаи босифатро ниҳодина кард? Чарои барои бархе аз рӯзноманигорон риоя кардани меъёрҳои касбӣ нанг аст? Ниҳоят, роҳи ҳалли масъала кадом аст?

Ин ва дигар ҷанбаҳои нозуки мавзуъро меҳмонони мо баҳс кардаанд.

Ҳуриниссо Ализода мегӯяд, барои ӯ мантиқи амалкарди бархе рӯзноманигорон равшан нест, ки чаро мехоҳанд дидаву дониста этикаи касбиро риоя накунанд. Нуқтаназарҳои дигари раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон:

  • ҳадафи таъсиси Шӯрои ВАО ва пазируфтани “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” на танҳо кам кардани нақзи меъёрҳо дар расонаҳо, балки аз миён бурдани мавридҳои вайрон шудани этикаи касбии рӯзноманигорӣ буд ва ҳаст;
  • ман фикр намекунам, журналистони касбӣ, ба он ҳадде, ки мо бонги хатар бизанем, дар риоя кардани меъёрҳои касбӣ бетараф бошанд;
  • ахлоқ дар ниҳоди инсон аст, бархеҳо ахлоқро надошта бошанд, агар ҳазор кодекси дигар ҳам қабул кунем, онро риоя намекунанд;
  • бадтарин ҷазо барои журналист ҳамин аст, ки ӯро ҳамчун риоянакунандаи ахлоқи касбӣ муаррифӣ кунанд;
  • дар замони шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои нав имкони таҳқиру туҳмату дурӯғу кори беахлоқӣ зиёд аст. Агар мо мавзӯи риояи этикаи касбии журналистиро ҷиддӣ нагирем дар идома нигарониҳо зиёд мешавад ва ба мушкилоти фаровон сар ба сар мешавем.

Ёқуб Ҳалимов мегӯяд, онҳое фикр мекунанд, ки риоя кардани меъёрҳои ахлоқӣ монеи кори онҳо мешавад хато мекунанд, зеро як журналисти касбӣ метавонад бо риояи комили ин меъёрҳо ҳарфи рӯз ва воқеиятҳоро матраҳ кунад. Андешаҳои дигари Ёқуб дар ин баҳс:

  • ман фикр мекунам, матолиби хонданӣ пешниҳод карда натавонистани қисме аз расонаҳо ва пул кор карда натавонистани бархе аз онҳо, ба он бастагӣ дорад, ки ҳунари рӯзноманигории онҳо мушкил дорад;
  • шояд аксарият журналист нестанду худро масъули риоя кардани меъёрҳо намедонанд, шояд зарур аст, то мушаххас шавад, ки кӣ журналист асту киро бояд рӯзноманигор эътироф кунем;
  • хабарнигор ё рӯзноманигор вақте матлаб менависад, бояд мавзуъ дар меҳвар бошад, худи хабарнигор ё шахси рӯзноманигор не. Як қисм рӯзноманигорон худро дар меҳвар қарор медиҳанду мавзуъ дар атрофи онҳо мечархад. Бояд посухи ин суолро ҳам дошта бошем, ки ман кӣ ҳастам, ки мавзуъ бояд дар гирди ман бичархад?!
  • шояд як далели таъсиргузор нашудани “Меъёрҳо” он бошад, ки ҳеч чораи ҷазодиҳӣ надоранд.

Шакли комил ва баҳсҳои ҷолиби дигарро метавонед дар видеои ин подкаст бибинед.

iTunes

Google подкасты

Яндекс.Музыка

Иршод Сулаймони
Иршод Сулаймони
Таджикский журналист, член правления Совета по СМИ Таджикистана, член международного Союза журналистов, лауреат премии имени Абулкосима Лохути — это самая престижная награда в области журналистики в Таджикистане — и премии имени Мазхабшо Мухаббатшоева «За смелость» в журналистике. Автор одной книги и более 250 научных и журналистских статей.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ