ДомойМедиалента"Дар бораи ӯ дар замони гузашта гуфтан дардовар аст." Ба ёди рӯзноманигор...

«Дар бораи ӯ дар замони гузашта гуфтан дардовар аст.» Ба ёди рӯзноманигор Фаридун Хайруллозода.

Шоми 11 уми август дар синни 27-солагӣ Фаридун Хайруллозода, рӯзноманигор, ровии радио ва роҳбари «Авторадио» дар Тоҷикистон дар Душанбе даргузашт.

Марги Фаридуни хушҳол, меҳнатдӯст ва масъулиятшинос натанҳо барои наздиконаш, балки барои ҳамкорону ҳар касе, ки боре ҳам бо ӯ рӯбарӯ шуда буд, фоҷиа аст.

“Новый репортер” хотираҳои ҳамкасбони Фаридунро дар ин мавод ҷамъ овард.

Анна Каситсина, ровӣ, дӯсти наздики Фаридун

Фаридун зиндагӣ, оила ва кори худро хеле дӯст медошт ва ҳама чизро ба он мебахшид. Ба дигарон ҳамавақт боэҳтиромона рафтор мекард.  Фаридун аз ҷумлаи афродест, ки омода буд рӯзҳои истироҳати худро ба хотири касби дӯстдоштааш қурбон кунад. То даме, ки ман ӯро мешинохтам, шабу рӯз кор мекард. Масъулияти аз хад зиёд, одоб дар ҳар кор, ҳисси адолат барин хислатҳо дар ӯ ҳукмфармо буданд.

Вай бо меҳнатдӯстии худ нишон дод, ки дар синни 27-солагӣ дар ҷомеа шахси одӣ хоксор, вале муҳиму маъруф шудан мумкин аст. Ӯ худро мустақилона ҳамчун шахсият офаридааст. Фаридун нисбати падару модари худро иззату эҳтиром мегузошт. Модараш барои ӯ ҳама чиз буд. Ду сол пеш Фаридун хонадор шуд ва як сол баъд духтараш ба дунё омад, ки ба ӯ зиёд дилбастагӣ дошт.

Фаридун ба Аллоҳ имон дошт ва чунон зиндагӣ мекард, ки ба касе зиён нарасонад, бо гуфтору амал ёрӣ мекард. Ҳамеша ба некӣ боварӣ дошт ва ҳангоми дидани беадолатӣ нисбат ба худ ё атрофиён нигарон буд. Ӯ бо роҳи худ мерафт ва андешаҳои худро дошт. Пеш аз оғози лоиҳаҳо зиёд ҳаёҷон мекашид, вақте ки ҳама чиз бомуваффақият анҷом меёфт, мисли кӯдак шодӣ мекард. Ва ман ба ӯ мегуфтам, ки албатта дигар хел ҳам буда наметавонист.

Мо аз соли 2018 дӯст будем. Вақте ба ӯ пешниҳод карданд, ки Роҳбари радиои «Ҳамсадо» шавад, ба ман гуфт, ки хеле метарсад. Зеро дар вазифаи рохбарӣ таҷриба надорад. Он вақт ман ба ӯ гуфтам: «Бирав, аз ӯҳдаи ин кор мебароӣ. Ман дар ҳақиқат ба ту боварӣ дорам”… Ин комилан самимӣ буд.

Ман ҳамеша дар ӯ имконият барои рушди шахсӣ ва касбиро медидам. Ва шумо медонед, ки ба ӯ ин муяссар омад. Ӯ тавонист. Сипас аз ӯҳдаи ин кор баромада, мақоми роҳбари «Авторадио»-ро дар платформаи расонаҳои кишварамон боло бурд. Пас аз оне, ки ӯ ба фаъолият дар ин радио шурӯъ кард, радиошунавонӣ беҳтар гардид, майдони пахши радио васеъ шуд. Доимо аз нақшаҳои лоиҳаҳо нақл мекард. Вай бисёр идеяҳо дошт…

2 рӯз пеш аз рафтани ӯ якҷоя маросими тӯйро якҷоя гузаронидем. Вай хеле хурсанд буд, нақшаҳои худро барои соли оянда нақл мекард ва мегуфт, ки соли оянда мо бори дигар лоиҳаи “AISH MUSIC AWARDS”-ро якҷоя баргузор хоҳем кард. Соли оянда ин маросимро боз ҳам калонтар доир хоҳад кард.

То ҳол дар ёдам ҳаст, ки барояш гуфта будам: «Фаридун, истироҳат кун, илтимос, дилатро сербор накун. Хеле заҳмат кашида истодаӣ”. Ҷавоб дод: “Анечка, ман масъулият дорам, набояд коргаронамро ноумед кунам, бояд маоши ҳамаро сари вақт диҳам”.

Фаридун дар авҷи умри худ, дар авҷи маҳбубияташ, ки мавриди эҳтирому маъруфият буд, рафт. Мехоҳам аз ҳар касе, ки ӯро мешинохт ва аз онҳое, ки ҳоло ин дархостро мехонанд, хоҳиш кунам, ки барои ӯ дуъо кунед, барои оромиши руҳаш. Ӯ хеле миннатдор хоҳад буд …

Парвона Аҳрорӣ

Чанд сол қабл бо Фаридун ном ҷавоне шинос шудам, ки аз аввалин ҳарфҳои муроҷиаташ ба ман, аз зебоии овозаш ва баъдан аз рафтору кирдори ӯ дар ҳайрат мондам. Вай бо одамон ба осонӣ муомила мекард, аммо боз бо осонӣ хайрухуш карда метавонист. Мо якдигарро зуд-зуд намедидем, вале ҳар як вохӯрии мо ҳамеша бо ханда оғоз мешуду бо қиссаҳои ӯ дар бораи касе, ки наздику пуштибон аст ё нисбаташ хиёнату фиреб кардааст, анҷом меёфт.

Ҳамеша дар бораи меҳри модараш сӯҳбат мекард, хеле наздик буданд. Ҳоло ман худам намехоҳам, ки дар бораи ӯ дар замони гузашта бинависам …

Фаридун, мисли тамоми одамони эҷодкор, одами эҳсосӣ буд. Гоҳе ғамгину дилгир, гоҳе хушу хандон буд. Як ят табъ ба табъи дигар худ гузашта, дар ҳолатҳои ғайриинтизор шикаста намешуд.

Фаридун пешниҳоди роҳбарии радиоро ба ӯҳда гирифта, эътироф мекард, ки барояш адои вазифа осон нест. Ҳар саволе ҳангоми адои вазифа рӯ ба рӯ мешуд, шарм накарда пешниҳод мекард. Эътироф мекард, ки намедонад аз куҷо сар кунад, кор бо мафҳуми техникӣ ва коллективиро чӣ гуна ба роҳ монад. Гоҳе худаш ба саволҳояш ҷавоб медод ва аз ин хеле фахр мекард.

Барои ман Фаридун хеле самимӣ ва зудбовар менамуд. Мехост аз синну солаш калонтар бошад, бале, дарвоқеъ чунин менамуд.. Дигаронро намедонам, аммо нисбат ба ман ва чанд ҳамкасби дигарамон меҳрубон ва хандон буд. Суханрониҳо ва аксҳои камёфташро дар Фейсбук ва Инстаграм пайгирӣ мекардам. Ба андешаҳои ӯ, назари ӯ дар бораи кору зиндагӣ, муносибатҳо ва муошират таваҷҷуҳ мекардам. Бароям ӯ хеле ҷолиб буд.

Афсӯс, ки Фаридун ин қадар барвақт аз мо рафт, ӯ аз зиндагӣ, меҳри падару модар, калон шудани духтараш ва ба наздики таваллуди фарзанди дигар лаззат намебарад. Ин фоҷиа аст.

Ман ҳамдарди падару модараш, зану духтараш, дӯстону наздиконаш ҳастам.  Руҳат шод бод, дӯсти ҳамеша ҷавони ман…

Вера Кулакова, директори генералии Радиои Ватан

Фаридун аз зумраи одамони равшантарин, меҳрубонтарин, бовиҷдонтарин, олиҷаноб ва поквиҷдоне аст, ки дар роҳи зиндагиям вохӯрдам. Аз Фаридун дар замони гузашта сухан гуфтан хеле мушкил аст. Қалбам пора-пора мешавад.

Дар бораи ӯ фикр карда, ман аввалин дидор, ки соли 2014 вохӯрдем, ба ёд овардам. Барои фаъолият дар эфири радиои «Ватан» ровӣ меҷустам. Шумораи зиёди довталабон буданд. Аммо интихоби ман ба Фаридун афтод. Ин кӯтоҳтарин мусоҳиба дар ҳаёти ман буд. Дар соати таъиншуда ба утоқи кории ман як чавони дилрабо ва зебо ворид шуд. Бо овози зебо, паст ва махмалини худ салом дода, дарҳол диққати маро ба худ ҷалб кард.

Он вақт, пас аз муаррифии стандартии довталаб, ман пурсидам, ки ҳоло кадом китобро мехонад. Ин савол бисёриҳоро асабонӣ мекард. Аммо Фаридунро не. — Ман ҳоло ду китоб хонда истодаам гуфт. Ва ҳар ду китобро аз ҷувздонаш баровард. Ӯ одати дар нақлиёт китобхониро дошт. Ман ҳеҷ гоҳ бо чунин ҷавони зиёӣ вонахӯрда будам. Фаридун ҳеҷ гоҳ ба вохӯрӣ ё барнома дер намекард. Ӯ ҳеҷ гоҳ касеро ноумед, маҳкум намекард, сухани зишт намегуфт ва бадгӯйӣ намекард.

Аз волидонаш сипосгузорам ва сари таъзим фуруд меорам, ки чунин як шахсияти нотакрорро ба воя расонидаанд. Ман ба талафот ва андӯҳи даҳшатноки шумо шарикам. Фаридуни азизам, дар дилам ҳамеша хоҳӣ монд!

Нурангез Рустамзода, журналист ва дӯсти наздики Фаридун

Марги Фаридун Хайруллозода, яке рӯзноманигорони пуртаҷрибаву маъруф зарбаи сахт барои дигар журналистон ва журналистикаи тоҷик аст. 27 сол дошт ва дар ин синну сол дар дилу дида ва қалби мухотабону мо дӯсту ҳамкоронаш ҷой гирифта буд. Фаридун содиқ ба касбу кораш буд, иҷрои вазифаашро аз самими дил мекард ва муҳаббати беандоза ба журналистика дошт.

Во дареғо, Фаридун, чаро?!

Бо Фаридун 5 сол — аввал ҳамкору боз ба дӯстон мубаддал гаштем. Бобати корамон дар радиои “Ҳамсадо” зиёд баҳс мекардем, вале тез он баҳсҳоро фаромӯш мекардем. Поквиҷдон ва хоксории Фаридун ҳадду канор надошт. Як вақт метавонист мисли роҳбар туро сарзаниш кунад, баъд аз чанд лаҳза дасти кӯмак дароз карда, роҳ нишон диҳад.

Ҳоло дар бораи марги Фаридун менависам, то ҳол боварам намеояд, ки дигар миёни  мо нест. Чанд рӯз қабл рӯйи сардашро дидам ва боз ҳам бовар карда натавонистаам. Дигар Тоҷикистон бо садои хушу форами ӯ дар радио, бедор намешавад. Дигар андешаҳои худро дар сторисҳои саҳифаи иҷтимоияш намегузорад. То ҷавобан ҳамфикр бошам ва ё лайку шарҳ гузорам. Кош дар бораи муваффақиятҳоят менавиштам, кош дар бораи он чорабиниву барномаҳоят менавиштам. На дар бораи маргат ва дигар набуданат…

Марги Фаридун як талафоти бузург аст. Барои он, ки чунин як “Фаридун” ба журналистикаи тоҷик ояд, чанд даҳсолаҳо даркор аст. Лекин Фаридун Хайруллозода барои ҳамеша дар қалби ман ва дигар дӯстонаш, собиқ ҳамсараш, Нозияҷони дӯстрӯяку боз як додарак ва ё хоҳараки ояндааш, падару модараш, мухотабонаш ва дигар наздиконаш хоҳад монд!

Мария Веторази, PR-менеҷер, дӯсти наздики Фаридун

Фаридун шахсе бо дили бузург ва равшанфикр буд. Ин талафоти ҷуброннашаванда натанҳо барои наздиконаш, ки ӯро хеле дӯст медоштанд, барои тамоми Тоҷикистон аст. Садои Фаридун дар ҳама ҷо садо медод.

Тамоми умр — садоқати бепоён ба кори интихобкардааш дошт. Бо меҳнатдӯстии бемисл фарқ мекард. Мутахассиси ҳақиқии кори худ буд. Саҳми ӯ дар инкишофи радио маълум ва баҳснопазир аст. Хамеша як шахси дилсӯз, ҳассос ва хеле боистеъдод буд. Ашъори зиёди классикони точикро аз ёд медонист.

Мо аз набудани ӯ дигар сахт андӯҳгинем. Вақте ки дӯстон моро тарк мекунанд, аз онхо хотираҳои гарм мемонад. Бигзор ҳамеша ин хотирот рӯҳи моро гарм кунанд. Ба аҳли оила ва наздиконаш ҳамдардии амиқ баён мекунем.

Субҳон Ҷалилов, ровии радиои Ватан

Фаридун бо вуҷуди ҷавониаш далеру масъулиятшинос буд. Бартарии ӯ ҳамчун корманди радио садо, тафаккури мантиқӣ, донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, малакаи кор бо барномаҳои гуногуни аудио ва видеоӣ буд.

Илова бар ин, Фаридун вақте ки ҳамаи вазифаҳояшро иҷро мекард, баъд ҷойи корашро тарк мекард. Яъне барои ӯ муҳим буд, ки корашро анҷом диҳад ва барномаҳои хуб омода кунад. Ӯ метавонист дар ҷойи кор дер бимонад, то барнома нависад ва таҳия кунад. Дар айни замон чунин коргарро ёфтан душвор аст.

Ҳама лоиҳаҳои Фаридун дар радиои «Ватан» муваффақ буданд. Аз нуқтаи назари кордонӣ ва масъулиятшиносӣ ба талаботи ҳар як коллективи эчодӣ ҷавоб медод.

Ҷамиля Назарова, ровии радиои Ҳамсадо

Ману Фаридун дар радиои «Ҳамсадо» якҷоя кор мекардем, ӯ директори мо буд. Аз рӯзи кушода шудани радио мо шоуи субҳгоҳӣ доштем, ки ману Фаридун ровиён будем. Дар эфир мавзуъҳои гуногунро баҳс мекардем, шунавандагон занг мезаданд, ба мо менависанд, аз мушкилоташон мегуфтанд, Фаридун ҳамеша онҳоро бо суханони нек дастгирӣ мекард, маслиҳат медод ва як инсони хирадманду гарму самимӣ буд.

Ёд дорам, рӯзе дар кӯча бо як зани камбағали ду фарзанддор вохӯрдам, сӯҳбат кардем, саргузашти ӯро фаҳмидам ва ба ҳолаш сахт дилгир шудам. Мехостам бо кадом роҳе кӯмак кунам. Ман ба радио омадам, дар ин бора ба Фаридун гуфтам ва ӯ дарҳол маро дастгирӣ кард. Якҷоя дар Фейсбук ҷамъи маблағ ташкил кардем, маводи хӯрока харидем ва тамоми пулҳои ҷамъкардаамонро ба он зан додем.

Баъдан, мо бо ӯ бисёр чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла маросими бузурги ҷоизасупории HAMSADO MUSIC AWARDS-ро баргузор кардем. Фаридун пеш аз баромадан ба саҳна ҳамеша номи Аллоҳро ба ёд меовард, дуо мекард, ки ҳама чиз хуб гузарад. Ба мо барори кор орзу мекард. Вай ангеза ва дӯсти бузург буд, ҳамеша ҳама дӯстону ҳамкоронашро дастгирӣ мекард.

То ҳол боварам намеояд, ки Фаридун дигар бо мо нест. Амиқии андӯҳ ва дарде, ки ҳамаи онҳое, ки ӯро мешинохтанд, тасвир кардан ғайриимкон аст. Вай натанҳо рафиқи боэътимод, хамкасби хуб, одами хушахлоқ, меҳрубон ва доно буд, ӯ хеле боистеъдоду донишманд буд! Дигар одамонеро намедонам, ки радиоро ин қадар дӯст медоранд. Коршиноси аслӣ дар соҳаи худ. Ин барои ҳамаи мо, барои тамоми мамлакат талафоти бузург аст. То абад дар ёди мо ҳастӣ, Фарики азизи мо!

“Новый репортер” ба ҳама пайвандону наздикони Фаридун Хайруллозода ҳамдардии амиқ баён мекунад.

 

 

Нурангез Рустамзода
Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ