Рӯзноманигории иқтисодӣ яке аз бахшҳои рушднокардаи журналистикаи тоҷик аст. Коршиносон ва худи рӯзноманигорон барои ин далелҳои гуногун доранд.
Иршод Сулаймонӣ дар подкасти нав, ин бор ин мавзуъро бо шореҳони маъруфи иқтисодии кишвар: Пайрав Чоршанбиев, рӯзноманигори Гурӯҳи расонаҳои Asia-Plus ва Усмон Ниёзов, муовини сардабири нашрияи “Тоҷикистон” ба баҳс гирифтааст.
Бо вуҷуди ин ки ҳамасола аз рушди 6-7 дарсадии иқтисод дар Тоҷикистон гузориш дода мешавад, аммо бар ҳисоби оморҳои расмӣ кишвари мо дар Осиёи Марказӣ ва ҳамин тур дар миёни кишварҳоии Шӯравии собиқ яке аз кишварҳои фақиртарин аст. Иқтисод дар Тоҷикистон бо чолишҳои гуногуне рӯ ба рӯ аст: аз чолишҳои табиӣ – надоштани захираҳои нафту газ, надоштани роҳҳои баҳрӣ ва минтақаи кӯҳистонӣ гирифта то чолишҳои сунъӣ – дар ихтиёри ширкату гуруҳҳои мушахс гир мондани тиҷоратҳои асосӣ ва набудани муҳити ҷолиб барои сармоягузорони хориҷӣ.
Ин ва дигар мушкилоту муваффақияти иқтисод дар Тоҷикистон метавонад мавзӯи баҳсҳои доманадор дар расонаҳо бошад. Аммо бар хилофи ин, журналистикаи иқтисодӣ дар Тоҷикистон рушдноёфта аст. Дар ҳоле, ки ҳама кишварҳои минтақа на танҳои мавзуъҳои иқтисодиро бисёр матраҳ мекунанд, балки расонаҳои маъруфи иқтисодӣ доранд.
Далелҳо ва сабабҳояш чист? Камхаридорӣ, набудани кадр, набудани муҳити созгор барои инъикоси мавзуъҳо ё омилҳои дигар?
Пайрав Чоршанбиев далели аслии рушд накардани журналистикаи иқтисодӣ дар Тоҷикистонро харидор надоштани ин гуна мавзуъҳо дар ҷомеа медонад. Ба назари ӯ:
— барои рушди журналистика мизони асосӣ бозор аст, ин гуна мавзуъҳо харидор – хонандаи кам доранд;
— ин ки мегӯянд мо иқтисод надорем ин фикри ғалат аст, дорем. Вале гап сари чизи дигар аст;
— аз соли 2015 ба ин сӯ коршиносон ва донишмандони иқтисоддон дигар бо расонаҳо ё сӯҳбат намекунанд ё бо ҳарос суҳбат мекунанд;
— худи журналистоне, ки ин мавзуъҳоро хеле хуб бидонанду аз ниҳодҳо ва роҳбарони вазорату кумитаҳои блоки иқтисодӣ посухҳои зарурӣ дар нишастҳо кашида бигиранд, кам дорем;
— сол то сол сатҳи журналистикаи иқтисодӣ дар Тоҷикистон нигаронкунандатар шуда истодааст.
Усмон Ниёзов яке аз далелҳои рушднокарда будани рӯзноманигории иқтисодӣ дар журналистикаи тоҷикро набудани кадрҳои хуб медонад. Ба назари ӯ, сатҳи кадрҳое, ки дар шуъбаву риштаҳои журналистӣ дар донишгоҳҳо омода мешаванд, хеле паст аст. Ҳамчунин аз нигоҳи Ниёзов:
— маош ё ҳаққи қалами шореҳони иқтисодӣ бояд нисбат ба рӯзноманигорони дигар баландтар бошад;
— дарёфти иттилоъ аз ниҳодҳо мушкил аст, хусусан дарёфти омору назари худи ниҳодҳои иқтисодӣ;
— кам ҳамкорӣ кардани коршиносону мутахассисони насли ҷавонтари иқтисоддонҳо бо расонаҳо ва рӯзноманигорон;
— худи расонаҳо стратегияи мушаххас барои рушд, аз ҷумла барои доштани тими рӯзноманигорон ё шореҳҳони иқтисодӣ надоранд.
Шакли комил ва баҳсҳои ҷолиби дигарро метавонед дар видеои ин подкаст бибинед ё дар шакли гуфтории он бишнавед.
Ҳамчунин метавонед моро дар пойгоҳҳои RadioPublic, Castbox, Pocket Casts, Castro, Overcast бишнавед