Сарфи назар аз он ки дар се кишвари минтақа – Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон – сатҳи истифодаи интернет афзоиш меёбад, телевизион мавқеъи худро аз даст намедиҳад. Ба таври мисол, сокинони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба тамошои телевизиони давлатӣ ҳамчун манбаъи асосии иттилоот идома медиҳанд ва ба паёмҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ эътимод надоранд. Посухдиҳандагон (респондент) аз ҷумҳуриҳо ин афзалиятҳоро дар чорчӯби таҳқиқоти иҷтимоӣ доир ба истеъмоли расонаӣ ва саводи расонаию иттилоотӣ (медиаинформационная грамотность) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баён кардаанд, ки аз ҷониби созмони M-Vector бо дастгирии Internews таҳия карда шудааст.
“Новый репортёр” натиҷаҳои ин таҳқиқотро бо Гулнар Асанбаева, мушовири минтақавии Internews доир ба саводи расонаӣ баррасӣ намуд.
Гулнар, метавонед чанд натиҷаи таҳқиқотро номбар кунед, ки воқеан шуморо ба ҳайрат оварданд?
— Пеш аз ҳама, қайд менамоям, ки телевизион ҳанӯз ҳам манбаъи асосии иттилоот барои посухдиҳандагон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боқӣ мемонад. Ин дар ҳолест, ки дар ҳар се кишвар ҳиссаи онҳое, ки ҳеҷ гоҳ нашрияҳои коғазиро намехонанд ва телевизор тамошо намекунанд, 2,6 маротиба (17,5 дарсад нисбат ба 6,9 дарсад) афзоиш ёфтааст.
Дар Тоҷикистон одамон ба ҳисоби миёна 270 рӯз дар як сол телевизор тамошо мекунанд ва 70% пурсидашудагон ҳар рӯз онро тамошо мекунанд. Дар Ӯзбекистон мутаносибан 253 рӯз дар як сол ва 64,9% ҳар рӯз телевизор тамошо мекунанд. Дар Қазоқистон тамошо кардани телевизион 155 рӯз дар як сол аст ва 37% пурсидашудагон онро ҳар рӯз тамошо мекунанд.
Ба фикри ман, ба чунин нишондиҳандаҳо рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, умқи воридшавии интернет, аз ҷумла арзишаш (он дар Тоҷикистон баландтарин аст) ва сифати алоқаи мобилӣ таъсир расонидааст. Возеҳ аст, ки дар оянда дар лоиҳаҳо оид ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бояд ба саводи телевизионӣ, инчунин ба эҷоди муҳтавои (контенти) телевизионӣ дар бораи саводи расонаӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Аз ҳамаи манбаъҳои иттилооти истеъмолшаванда, пурсидашудагон дар ҳар се кишвар ба шабакаҳои иҷтимоӣ камтар эътимод доранд ва онҳоро барои фаровонии партовҳои иттилоотӣ, реклама, вобастагии шабакавӣ, беном будан ва ғайра интиқод мекунанд. Ман дар ин интиқод заминаи қобили эътимоде барои муносибати интиқодӣ ба иттилооти истеъмолшаванда мебинам.
Дар маҷмуъ, дар тӯли се соли охир (замони таҳаввулоти глобалӣ) вазъи истеъмоли расонаӣ ва саводи расонаӣ дар кишварҳои мо то чӣ андоза тағйир ёфтааст?
— Мо метавонем фақат дар бораи натиҷаҳои таҳқиқоти ду соли қаблӣ суҳбат намоем, ки дар солҳои 2019 ва 2021 гузаронида шудаанд. Рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии рақамӣ, воситаҳои алоқаи мобилӣ ва паҳншавии интернет пеш аз ҳама ба истеъмоли расонаӣ дар се кишвари мо таъсир расонидаанд. Дар Қазоқистон 97,5% посухдиҳандагон ҷавоб додаанд, ки онҳо аз интернет истифода мебаранд, 99,5% қазоқистониҳо дар хонаводаҳояшон телефонҳои мобилӣ/смартфон доранд. Дар Ӯзбекистон 88,6% пурсидашудагон телефонҳои мобилӣ доранд ва 77% ба интернет дастрасӣ доранд. Дар Тоҷикистон сатҳи пасттарини воридшавии ҳам интернет ва ҳам алоқаи мобилӣ вуҷуд дорад, вале дар ин ҷо ҳам дар муқоиса бо таҳқиқоти қаблӣ тағйироти мусбат мушоҳида карда мешаванд. Масалан, агар дар соли 2019 каме бештар аз чоряки пурсидашудагон смартфонро ҳамчун воситаи ба даст овардани иттилоот истифода карда бошанд, пас аз ду сол ин нишондиҳанда аллакай бештар аз 60%-ро ташкил медиҳад.
Мо аксари вақтҳо мегӯем: «Мо он чизе ҳастем, ки истеъмол мекунем». Аммо на миқдори иттилооти истеъмолшаванда ва на ба таври моҳирона истифода намудан аз дастгоҳҳои муосир одамро ба таври автоматӣ аз нигоҳи расонаӣ босавод намекунад. Гап дар он аст, ки чӣ гуна зуд мо метавонем иттилооти заруриро пайдо кунем, онро таҳлил намоем, дурустии онро тафтиш кунем, маънои онро дарк кунем ва онро ба таври муносиб бо дарназардошти талаботи қонунгузорӣ ва ахлоқи расонаӣ паҳн созем. Яке аз масъалаҳои асосие, ки тавассути он метавон вазъи саводи расонаиро баҳо дод, ин масъалаи эътимод ба манбаъҳои иттилоот мебошад. Муҳаққиқони соҳаи расона падидаи эътимодро ҳамчун механизми муҳофизатӣ дар коммуникатсияҳои инсон бо ҷаҳони атроф баррасӣ менамоянд. Эътимод – омили устуворӣ дар ҷомеаи дорои номуайянии афзоишёбанда мебошад. Он мумкин аст ҳамчун стратегияи коҳиш додани мураккабии дарки ҳодисаҳои рухдиҳанда низ баррасӣ карда шавад. Нобоварӣ дар таҳқиқоти мо маънои онро дорад, ки коммуникатсияҳои байни аудитория ва чунин муассисаи муҳими иҷтимоӣ ба монанди матбуот вайрон шудаанд. Ба монанди соли 2019, натиҷаҳои таҳқиқоти нав нишон доданд, ки дар ҳар се кишвар посухдиҳандагон қариб ҳаргиз ба редаксия муроҷиат намекунанд. Набудани коммуникатсияи мустақим дар байни матбуот ва мухотабони (аудиторияи) он мумкин аст ҳамчун яке аз нишондиҳандаҳои асосии нобоварии умумӣ ба манбаъҳои иттилоот баррасӣ карда шавад. Дар Қазоқистон аз панҷ як ҳиссаи посухдиҳандагон ба ягон манбаъи иттилоот боварӣ надоранд. Ҳамчунин, посухдиҳандагон дар Қазоқистон нисбат ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба расонаҳои дохилӣ, махсусан телевизион, камтар эътимод доранд.
Ин вазъият сазовори таваҷҷуҳ ва муҳокимаи дақиқ аст, зеро қобилияти шубҳа доштан ба иттилоот, омодагӣ ба муносибати интиқодӣ ба ҳар паёми расонаӣ камолоти муайяни ҷомеа, сатҳи саводни расонаӣ ва тафаккури интиқодии шаҳрвандонро тавсиф мекунад.
«Сатҳи озодии сухан ба ташаккули саводи расонаӣ таъсир мерасонад»
Гулнар, шумо дар тӯли солҳои зиёд дар рушди саводи расонаӣ дар Осиёи Марказӣ машғул ҳастед, оё шумо дар натиҷаҳои таҳқиқотҳо тағйири вазъиятро дар ин самт дар кишварҳои мо мебинед?
— Дар муқоиса бо таҳқиқоти соли 2019 шохиси (индекси) интегралии саводи расонаӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст; дар Ӯзбекистон вазъият каме беҳтар шудааст, дар Қазоқистон тағйироти мусбат ба назар мерасанд, вале дигаргунии куллӣ ба вуҷуд наомадааст.
Бояд таъкид кард, ки ба ташаккули саводи расонаӣ ва иттилоотӣ, пеш аз ҳама, сатҳи озодии сухан таъсир мерасонад. Аммо ҳар се кишвари мо дар замони гузаронидани таҳқиқот дар рейтинги озодии сухан мавқеъҳои пастро ишғол мекардаанд.
Омили дуюм, ки ба вазъияти саводи расонаӣ таъсир мерасонад, сатҳи саводи функсионалӣ мебошад. Аз рӯи ин нишондиҳанда мо умуман бо чизе ифтихор карда наметавонем. Ниҳоят, омили вобаста ба рушди ҳукумати электронӣ – сатҳи иштироки электронӣ мебошад. Ин коммуникатсияи байни ҳукумат ва ҷомеа мебошад, ки дар он шаҳрвандон на танҳо истеъмолкунандагони сиёсати давлат, балки ҳамчунин истеҳсолкунандагони он мебошанд. Қазоқистон дар рейтинги ҳукумати электронӣ дар охири соли 2020 пешсаф аст ва дар ҷои 29-ум қарор дорад. Ӯзбекистон дар ҷои 36-ум ва Тоҷикистон дар ҷои 133-юм дар байни 180 кишвари ҷаҳон қарор доранд.
Шумо сатҳи саводи расонаии журналистонро дар кишварҳои мо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
— Ҳанӯз дар аввалин MediaCAMPFest дар Душанбе ман фикри Василий Гатовро (ноиби президенти Гилдияи ноширон, узви раёсати WAN-IFRA — эзоҳи редаксия) ба мухотабон иброз доштам, ки бузургтарин ва самарабахштарин пешниҳодкунандагони иттилооти бардурӯғ худи журналистҳо мебошанд. Дар матбуоти мо яке аз иштибоҳоти маъмулӣ чунин аст: журналистҳо таҳсилоти журналистӣ ва таҳсилоти расонаиро (медиаобразование) омехта мекунанд. Ин ҳамон як чиз нест. Таҳсилоти журналистӣ одамонро ба кори касбӣ дар расонаҳо омода мекунад ва таҳсилоти расонаӣ таҳсилот барои ҳамаи одамон аз даврони кӯдакӣ то пиронсолӣ мебошад, ки бар зарурати арзёбии интиқодии ҳар гуна муҳтавои расонаӣ асос ёфтааст.
Мисоли равшантарин, вақте ки расонаҳои касбӣ дар Қазоқистон ҳамчун миёнарави фаъол барои паҳн кардани овозаҳои санҷиданашуда баромад карданд, ки дар оғози пандемия сурат гирифт. Журналистҳо ба канали ҷумҳуриявии давлатии “Хабар” духтур-антиваксери маъруфро даъват карданд.
Ояндаи демократия аз сатҳи саводи расонаӣ вобаста аст
Дар барномаи панҷсолаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) амалӣ карда мешавад, ба рушди саводи расонаӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ҳангоми кор бо лоиҳаҳои гуногун дар ин самт, ҳамоҳангсозони MediaCAMP бо сохторҳои давлатӣ ҳамкории наздик доранд. Иштироки давлат дар рушди саводнокии расонаӣ то чӣ андоза муҳим аст?
— Ман ин ҷо бояд дақиқ намоям: Internews ҳамчун созмони ғайритиҷоратӣ пеш аз ҳама ба ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳ дорад. Мо ба ҳамкорӣ таваҷҷуҳ дорем, масалан, бо Вазорати маориф: сарфи назар аз он ки шарикони мо лоиҳаҳоро доир ба таҳияи аввалин китобҳои дарсӣ дар бораи саводи расонаӣ барои хонандагони синфҳои болоӣ амалӣ кардаанд, он ҳанӯз дар мактаби миёна ба фанни анъанавӣ табдил наёфтааст. Ҳамкорӣ бо мақомоти ҳукуматӣ ба мо ҷиҳати афзалиятбандии саводи расонаӣ ва иттилоотӣ дар кишварҳои мо ҳамчун яке аз мавзуъҳои марказии рӯзномаи глобалӣ барои таҳсилоти асри 21 зарур аст.
Ғайр аз ин, дар мисоли таҷрибаи финляндиягӣ, ки таҷрибаи беҳтарини хориҷӣ барои пешбурди саводи расонаӣ мебошад, мо ба таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати таҳияи стратегияҳои миллӣ оид ба пешбурди саводи расонаӣ шурӯъ кардем. Ҳоло дар кишварҳои мо фаъолияти бештар дар ин самт танҳо аз ҷониби созмонҳои бахши шаҳрвандӣ ба назар мерасад. Бидуни дастгирии давлат ҳамаи талошҳои мо самараи дилхоҳ нахоҳанд дод.
Таҳқиқоти соли 2021 нишон дод, ки дар кишварҳои мо ҳанӯз ҳам мушкилоти зиёде вуҷуд доранд, ки пешбурди саводи расонаӣ ва иттилоотиро дар байни ҳамаи қишрҳои аҳолӣ тақозо мекунанд. Коршиносони се кишвари иштироккунанда дар таҳқиқот якдилона таъкид карданд, ки агар вазифаи рушди саводи расонаӣ танҳо бар дӯши созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва бахши шаҳрвандӣ боқӣ монад, мо наметавонем дар баланд бардоштани сатҳи устувории ҷомеа дар баробари иттилооти бардурӯғ (дезинформатсия), ташвиқоту тарғибот, манипулятсияҳои гуногуни афкори ҷамъиятӣ ва ахбори бардурӯғ ба пешравии назаррас соҳиб шавем.
Ояндаи демократия дар кишварҳои мо ва тавоноии мо барои нишон додани вокуниш ба мушкилоти гуногуни марбут ба иттилооти бардурӯғ ва пропогандаи таҷовузгарона аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза ҳар узви ҷомеа метавонад ба таври “интиқодӣ фикр намояд ва оқилона клик кунад”, яъне аз баланд бардоштани сатҳи саводи расонаӣ ва иттилоотии умумӣ.
Таҳқиқоти иҷтимоӣ доир ба истеъмоли расонаӣ ва саводи расонаию иттилоотӣ дар чорчӯби Барномаи Осиёи Марказии MediaCAMP бо дастгирии Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) гузаронида шуд.