ДомойХудомӯзРӯзноманигорон дар бораи зӯроварии ҷинсиятӣ чӣ тавр бояд нақл кунанд? Тавсияҳо аз...

Рӯзноманигорон дар бораи зӯроварии ҷинсиятӣ чӣ тавр бояд нақл кунанд? Тавсияҳо аз суханронии Жанар Секербаева

Рӯзи ҷумъаи гузашта дар саросари ҷаҳон ташаббуси солонаи “16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии ҷинсиятӣ (гендерӣ)” оғоз шуд. Чун анъана, дар ин рӯзҳо таваҷҷуҳи иттилоотии расонаҳо ба ҳимояи ҳуқуқи занон, муҳокима ва маҳкум кардани шаклҳои гуногуни зӯроварии ҷинсиятӣ ва албатта, муқовимат ба табъиз нигаронида мешавад. Барои он ки расонаҳо на танҳо дар тӯли маърака, балки дар маҷмуъ ҳамеша дар бораи чунин як мавзӯи муҳим ба таври касбӣ ва ахлоқӣ суҳбат карда тавонанд, «Новый репортёр» бо Жанар Секербаева, доктори илмҳои сотсиологӣ бо таваҷҷуҳ ба таҳқиқоти ҷинсиятӣ, ҳаммуассиси ташаббуси феминистии Қазоқистон «Феминита» вебинар баргузор кард. Муҳимтарин тезисҳо, мисолҳо ва тавсияҳои вохӯриро нашр мекунем.

Жанар Секербоева

Чаро дар бораи зӯроварии ҷинсиятӣ суҳбат кардан муҳим аст?

Аз солҳои 90-уми асри гузашта, ки кишварҳои мо истиқлол ба даст оварданд, аллакай, дар нашрияҳои илмӣ калимаи «гендер» арзи вуҷуд кард. Ин калимаи «даҳшатнок»-е нест, ки аз «Ғарби бегона» ба мо омадааст. Гендер – ин ҷинси иҷтимоии шахс аст, ки рафтори шахсро дар ҷомеа ва чӣ тавр дарк шудани ин рафторро муайян мекунад. Он баробар ба ҷинси биологӣ нест ва муҳим аст, ки ин нукта дар аввал дарк карда шавад.

Зӯроварии ҷинсиятӣ мавзӯи васеъ аст. Ҳатто, агар шахс дар оилаи бисёр ҳассос ба дунё омада бошад, ҷое, ки дар он ҳама хешовандон мефаҳманд, ки баҳсҳоро бо мушт ҳал кардан мумкин нест, ин кафолат намедиҳад, ки фард аз зӯроварӣ муҳофизат карда мешавад. Ҳодисаҳои зӯроварии гендерӣ инҳоро дар бар мегиранд:

  • Зӯроварӣ аз ҷониби шарики наздик
  • Зӯроварии ҷинсӣ аз ҷониби шарикони номаҳрам (ғайриинтимӣ)
  • Савдои одамон
  • Маҷбур кардан ба кори ҷинсӣ
  • Истисмори корӣ ва асорати қарзии занону духтарон
  • Озори ҷисмонӣ ва ҷинсӣ нисбат ба коргарони алоқаи ҷинсӣ
  • Исқоти ҳамл аз рӯи нишонаҳои ҷинсӣ
  • Навзодкушии духтарон ё қасдан бетаваҷҷуҳӣ кардан нисбат ба духтарон
  • Таҷовуз дар ҷанг.

Дар баробари ин шарт нест, ки фактҳои зӯроварӣ маҳз аз ҷониби мардон содир шуда бошанд — ин метавонад муносибати «модар-духтар», «хушдоман-келин» ва ғайра бошад. Аксари шаклҳои зӯроварӣ ҷудо нестанд ва метавонанд даҳсолаҳо идома дошта бошанд. Аз сабаби ҳассосияти мавзуъ, омори зӯроварӣ тақрибан ҳамеша кам гузориш дода мешавад. Ба гуфтаи Дина Тансари, муассиси Бунёди «Хомӯш набош» дар Қазоқистон, ҳамарӯза то 29 шикоят дар бораи зӯроварӣ ворид мешавад, ки дар як сол ба беш аз 10 000 ҳолат дар як кишвар мерасад.

Иштибоҳоти роиҷ дар инъикоси масоили зӯроварии ҷинсиятӣ

Ҳикояҳои такондиҳанда аз Tengrinews

Скриншот аз рӯнамоии Жанар Секербоева

Дар лид (сарлавҳа) занону духтарон ҳақиру хор нишон дода мешаванд, ки бо ин роҳ муаллиф раҳму шафқати дигаронро бедор карданӣ мешавад. Ин як иштибоҳи дағал ва вайрон кардани ахлоқ нест, аммо ин гуна формулабандиҳо ҷунин ривоятеро тақвият мебахшанд, ки ҳатман ба занон раҳм кардан лозим аст — онҳо ба ҳар ҳолат сар мебароранд. Ҳатто аз назари аёнӣ ҳам онҳоро дар ҳолати муносибатҳои зеҳнӣ (субъективӣ) мегузоранд, вақте духтаронро буғӣ мекунанд, бар сари онҳо дод мезананд ва онҳоро латукӯб мекунанд. Нигоҳи доимӣ ба занон ҳамчун қурбонӣ ба ҳалли мушкилоти зӯроварии ҷинсиятӣ мусоидат намекунад. Ин фақат як қабати хурдеро нишон медиҳад, ки ҳама аллакай дар бораи он медонанд.

Машқи бадгӯӣ аз «Караван»

Скриншот аз рӯнамоии Жанар Секербоева

Мақолаи рӯзномаи «Караван» дар бораи кӯшиши як сокини Қирғизистон барои ба фарзандонаш додани насаби худаш низ намунаи равшани он аст, ки чӣ тавр ин корро набояд кард. Чунин ба назар мерасад, ки муаллиф дар ҳоли машқи истеҳзо, киноя ва кӯшиши неш задан ба як зан аст.

Иқдом алайҳи зӯроварии ҷинсиятӣ аз «Азия-Плюс»

Скриншот аз рӯнамоии Жанар Секербоева

Нашрия соли гузашта дар чаҳорчӯби ташаббуси “16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии ҷинсиятӣ (гендерӣ)” аз Нигина Мамаҷонова, равоншинос, блогнавис ва муаллифи китоби бахшида ба қурбониёни зӯроварии хонаводагӣ иқтибос овардааст. Худи иқтибос баҳсбарангез аст, чунин изҳорот занонеро, ки бо зӯроварии хонаводагӣ рӯбарӯянд, доғдор мекунад. Аз давраи кӯдакӣ духтарон бо идеяи итоат ба калонсолон калон карда мешаванд, иҷтимоисозии ҷинсиятии занон онҳоро побанд мекунад ва ба онҳо имкони зуҳури баъзе хоҳишҳои худ, масалан, озод кардани эҳсосот ё машғул шудан ба намудҳои муайяни варзишро намедиҳад.

Ҳодисаи Мадина

Скриншот аз рӯнамоии Жанар СекербоеваИн ҳодисаи духтарест, ки пас аз кӯшиши худкушӣ ба кома афтодааст. Нашрияи «Азия-Плюс» андешаи як вакили мудофеи ҷиноиро нашр мекунад, ки мегӯяд, Мадина бояд дар бораи латукӯб шикоят мекард, барои қайди худкушӣ дар ҷойи ҳодиса ҳузур доштан лозим буд ва наздикии маҳрамонаи тӯлонӣ бидуни пешбурди хоҷагии муштарак бисёрзанӣ ҳисобида намешавад. Бидуни ин, зоҳиран, чизе барои баррасӣ вуҷуд надорад. Ҷойгир кардани акси Мадина дар коллажи аксҳо дар марказ низ эҳсосеро ба вуҷуд меорад, ки худи духтар гунаҳкор аст — вай гӯё ба муносибатҳои оилавии як ҷуфти сарватманд пайвастааст.

Агар намурад, бо табар зан

Скриншот аз рӯнамоии Жанар Секербоева

Муаллиф беихтиёр хонандаро ба чунин андеша мебарад, ки гӯё ба ҳама чиз занон гунаҳкоранд: онҳо мардонро ба пул кор кардан водор мекунанд, ба муҳоҷират мефиристанд ва дар натиҷа оилаҳои нокомил пайдо мегарданд ва дар ин ҳол кӯдакон бе падар калон мешаванд. Воқеан, дар бораи мардонагии заҳрнок кам навишта шудааст, аммо сабаб дар он аст, ки ин мавзуъ низ ҳассос аст ва муносибати махсусро барои кор бо матн талаб мекунад. Дар зарбулмасалҳо дар бораи сабаб ва шаклҳои зуҳури мардонагӣ ҳеҷ фаҳму дарке дода намешавад, ин мисли ҳамон рӯбоҳест, ки дар фолклор ҳамеша гунаҳкор аст, зеро маккор аст.

Занони Осиёи Марказӣ чӣ гуна ба ғуломии ҷинсӣ меафтанд?

Скриншот аз рӯнамоии Жанар Секербоева

Дар матлаби «Азия-Плюс» равоншинос сабаби ба ғуломии ҷинсӣ афтодани занонро баён мекунад – онҳо таҳсилот надоранд. Ин як далели нодуруст аст, зеро таърих бисёр ҳолатҳоеро нишон медиҳад, ки мардони бемаълумот ба мансабҳои баланд қабул карда мешаванд. Зоҳиран, мушкил ҳанӯз на дар таҳсил, балки дар набуди иттилоъ ё дастрас набудани он аст. Ҳикояҳои занон дар матлаб ривояти ноумедиро пеш мебаранд. Гузашта аз ин, дар мавод ном, насаб ва аксҳои қаҳрамонон ҷой дода шудаанд.

«Мехостам битарсонам»

Скриншот аз рӯнамоии Жанар Секербоева

«Дар ноҳияи Чуй як зан дӯсти даврони кӯдакии худро бо корд задааст. Ӯ зинда монд ва занро бахшид». Рӯзноманигор занро маст мехонад, аммо дар бораи мард чунин хислатҳо дода нашудааст. Барои марди маҷрӯҳ мошини ёрии таъҷилӣ даъват шуд, аммо барои ёрӣ ба зани латукӯбшуда не. Масъалаи дигар ин аст, ки кӯшиш мешавад зӯроварии мардон бо баҳонаи рашк тавҷеҳ карда шавад.

Тавсияҳо барои интихоби мавзуъҳо, ҷустуҷӯи қаҳрамонон, коршиносон ва додаҳо

Скриншот аз рӯнамоии Жанар Секербоева.

Тавсияҳо барои рӯзноманигорони аз “Маркази буҳронӣ барои занон”:

  • Зарар нарасонед. Шумо набояд ба шахсе, ки дар бораи ӯ нақл мекунед, зарар расонед.
  • Ба мавзуъ амиқтар фурӯ равед. Дар ин бора суҳбат карданро давом диҳед, маводро дар шакли силсила нависед, кӯшиш кунед, ки онро таҳлил кунед.
  • Аз тарафи гурӯҳ/фард бидуни дарки эҳтиёҷоти онҳо/ӯ сухан нагӯед. Ин, махсусан, ба маводҳои марбут ба коргарони ҷинсӣ дахл дорад.
  • Ба саргузашти қаҳрамонон баргардед. Бифаҳмед, ки онҳо чӣ гуна аз сӯиистифода наҷот ёфтанд; агар онҳо ба кумаки бештар ниёз дошта бошанд, баъдан бо онҳо чӣ шуд.
  • Стандартҳои ахлоқиро мушаххастар кунед. Такмили дастурҳои нашриявӣ ва дохил кардани принсипҳои навро идома диҳед.

«Новый репортёр» мунтазам дар ВАО дар бораи масъалаҳои ҷинсиятӣ мавод нашр мекунад. Метавонед ҳамаи маводҳоро дар инҷо нигоҳ кунед.

Шумо метавонед сабти пурраи вебинарро бо Жанар Секербаева ба забони русӣ дар инҷо тамошо кунед.

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ