ДомойМедиалентаДар кишварҳои Осиёи Марказӣ кинои муосир чӣ гуна рушд мекунад?

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ кинои муосир чӣ гуна рушд мекунад?

Сарфи назар аз он, ки саноати синамо дар Осиёи Марказӣ ҳамасола филмҳои босифат истеҳсол мекунад, онҳо дар ҷашнвораҳои хориҷӣ хуб муаррифӣ нашуда, мавриди таваҷҷуҳи тамошобинони берунӣ қарор намегиранд. Ба гуфтаи Гулнора Абикеева, синамошинос ва мунаққиди синамо аз Қазоқистон, доктори илми санъатшиносӣ, ин вазъ бештар ба хотири набудани мутахассисони соҳаи синамо, аз ҷумла, журналистҳо, синамошиносон ва мунаққидони синамо мебошад. Ин мутахассисон қодиранд, ки синамои миллиро на танҳо дар бозорҳои хориҷӣ пеш баранд, балки сатҳи саводнокӣ дар соҳаи киноро дар кишварҳои мо баланд бардоранд.

«Новый репортер» тезисҳои асосии суханронии Гулнора Абикееваро сабт кардааст.

Ин ҷаласа як қисми барномаи MediaCAMP Эдютон аст, ки имрӯз, 19 декабр оғоз шуда, панҷ рӯз идома хоҳад ёфт. Маълумоти бештарро дар бораи Эдютон дар ин ҷо хонед.

Саводнокӣ дар соҳаи синамо на танҳо қобилияти тамошои дурусти филмҳо, балки чизе бештар аз он аст. Азбаски мо дар бораи синамо дар Осиёи Марказӣ сухан мегӯем, мо вазъиятҳоеро дар кишварҳои худ баррасӣ мекунем, ки барои тамоми минтақа хос мебошанд.

Қирғизистон

Моҳи июни соли 2022 дар Қирғизистон Central Asian Cinema forum ифтитоҳ шуд, ки ҳадафи ин форум баланд бардоштани сатҳи маҳорати мунаққидони синамо аст. Асли масъала аз он иборат аст, ки дар минтақаи мо нарасидани синамошиносон (онҳо ҳастанд, вале кам — чандто ҳастанд) ба пешбарии кинои муосир дар бозорҳои хориҷӣ ва инчунин ба рушди саводи синамоӣ таъсир мерасонад.

Дар ҳар кадом аз кишварҳои мо — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон — як синамошинос фаъолият мекунад, ки ин шумораи фавқулодда кам аст. Таносуби ин шумора бояд хеле баланд бошад,  ки масалан, бо Русия бояд баробар бошад: ба як коргардон тақрибан 50 рӯзноманигор, мунаққиди кино, блогнависе рост меояд, ки дар ин раванд хидмат мекунанд. Дар Осиёи Марказӣ камаш 150 коргардон ва ҳамагӣ 15 коршиноси синамо ҳастанд. Артиши журналистҳо, блогерҳо, пиаркорон бояд киноро ба бозорҳои хориҷӣ пешбарӣ кунанд, ба эҷодкорон ва мухотабон ёрӣ расонанд.

Ин мушкилро дар Қирғизистон дарк карданд ва моҳи июни соли ҷорӣ лоиҳаеро оғоз карданд: онҳо даҳ нафар иштироккунандаи озмунро ҷалб намуданд, дар бораи чӣ будани синамошиносӣ ва нақди синамоӣ дарсҳои маҳорат гузарониданд ва сипас фестивали синамо оғоз ёфт ва ба иштироккунандагони дарсҳои маҳорат вазифа дода шуд, ки тавсифнома ва тақризҳоро бинависанд. Ин барномаи дарозмуддат аст, ҳоло ин даҳ нафар дар зери ҳидояти киноматографистҳо кор мекунанд.

Ҳамин тавр, дар Қирғизистон ҳам саводи синамоӣ инкишоф меёбад, ки ин ниҳоят зарур аст. Мунаққидон ва киношиносон ба синамо назари танқидӣ меандузанд, ба он баҳои объективӣ медиҳанд; ва тамошобин имкони баён намудани андешаи худро ба даст меорад. Ин аст саводи синамоӣ.

Ӯзбекистон

Дар Ӯзбекистон ҳар сол шумораи зиёди филмҳо сохта мешаванд, тамошобинон бо қаноатмандӣ онҳоро тамошо мекунанд. Филмҳои камхарҷ зуд маблағи худро барқарор мекунанд, аммо маълум аст, ки истеҳсоли зуд ба сифати маҳсулот таъсир мерасонад. Ин маънои онро надорад, ки дар Ӯзбекистон синамоҳои қавии арт-хаус вуҷуд надорад, масалан, филми «2000 суруди Фарида»-и коргардон Элкин Турчиев. Ин филм дар бораи давраи Ҳокимияти Шӯравӣ буда, дар он назари танқидӣ баён мешавад. Он барои ширкат дар ҷашнвораи синамоии Канн пешбарӣ шуд, аммо ба феҳристи кӯтоҳ шомил нашуд, ҳарчанд тамоми имкониятҳоро дошт. Ин мушкили филм нест, мушкили он аст, ки филмҳои ӯзбекӣ дар бозорҳои хориҷӣ суст таблиғ мешаванд. Ҳамаи ин ба масъалаи кадрҳо вобаста аст. Намехоҳам ҳамкасбони ӯзбекистониамро ранҷонам, аммо вазъият чунин шудааст, ки теъдоди ками синамошиносон дар бораи синамо менависанд ва ба хориҷа сафар мекунанд, ба забони англисӣ гап мезананд.

Аксари вақтҳо дар ҷашнвораҳои бузург ҳатто як рӯзноманигор аз Осиёи Марказӣ иштирок намекунад, ҳарчанд аккредитатсия гирифтан мумкин аст, квота барои минтақаи мо кушода аст, аммо касе аз онҳо истифода намекунад.

Тоҷикистон

Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шумораи филмҳо то сифр коҳиш ёфт. Дар ин солҳо коргардонҳои тоҷик филмҳои худро берун аз кишвар ба навор мегирифтанд, аммо дар дохили Тоҷикистон ҳама чиз қатъ шуда буд. Вақте ки ҷанг ба охир расид, имкони маблағгузорӣ вуҷуд надошт ва таваққуф хеле тӯлонӣ шуд. Танҳо соли 2009 филми «Қиёми рӯз»-и Носир Саидов ба намоиш баромад. Коргардони эронӣ Махмалбоф ба раванди эҳёи синамои миллӣ мусоидат намуда, барои баргардонидани ҳуввияти миллӣ ба синамои тоҷик ёрӣ расонд. Ин барои кишваре, ки 70 сол дар оғӯши Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ мекард, як чолиш буд. Ва барои бисёриҳо ин бозгашт ба решаҳои форсӣ буд.

Аз охирҳои солҳои 90 то охири солҳои 2000-ум дар Душанбе зиндагӣ мекард ва ба маъное ин ҳам саводи синамоӣ буд, ба одамон равиши филмбардорӣ, монтаж карданро омӯзиш дод ва ҳамзамон ҳуввияти онҳоро ба онҳо баргардонид.

Қазоқистон

Дар кинотеатрҳои Қазоқистон филмҳои тиҷоратӣ намоиш дода мешаванд ва мардум барои дидани он мераванд, тамошо мекунанд, аммо мефаҳманд, ки ин барои вақтхушкунӣ аст. Дар фестивалҳо танҳо филмҳои арт-хаус ширкат мекунанд ва бештари вақтҳо ҳамкорон аз кишварҳои дигар аз ман мепурсанд, ки мо чунин филмҳои муосир, амиқ ва боистеъдодро аз куҷо мегирем? Дар баробари ин, дар Қазоқистон ду ҷаҳони синамо вуҷуд дорад: яке дар кишвар намоиш дода мешавад ва фароғатӣ аст, дигаре синамо барои кишварҳои хориҷӣ, ин филмҳои зеҳнӣ ва фалсафӣ мебошанд. Ва ин ихтилоф бояд бартараф карда шавад.

Ин лоиҳа бо кумаки мардуми Амрико тавассути Агентии ИМА доир ба рушди байналмиллалӣ (USAID) имконпазир гардид ва дар доираи Барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ карда мешавад. Internews барои муҳтавои он, ки на ҳатман нуқтаи назари USAID ё ҳукумати ИМА-ро ифода мекунад, масъул аст.

Лилия Гайсина
Лилия Гайсина
Медиакритик, медиаэксперт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ