ДомойМедиалентаТок-шоу дар радио: василае аз ночорӣ, ё як самти муҳими журналистӣ?

Ток-шоу дар радио: василае аз ночорӣ, ё як самти муҳими журналистӣ?

Чанд соли ахир барномаҳои ток – шоу дар шабакаҳои радиоии Тоҷикистон, гуфтан мумкин, ба ҷузъи муҳимтарин табдил ёфтааст. Бархе аз шабакаҳои радиоӣ, ҳам давлатӣ ва ҳам хусусӣ,  пештар ин гуна шакли пешниҳоди барномаҳоро мисле ин ки ҷоиз намедонистанд. Аммо ҳоло сеткаи барномаҳои онҳо низ маҳз бо ток – шоу пур мешавад.

Дар радиоҳои давлатӣ ин самти пахши барномаҳо аз  18-уми январи соли 1999, вақте ки бо ташаббуси собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радио Сайф Раҳимзоди Афардӣ, шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе»-и Радиои Тоҷикистон таъсис ёфт, шакл гирифт.

Радиоҳои хусусӣ аз замони пайдоишашон дар Тоҷикистон – аз ибтидои солҳои 2000-ум ток – шоуро ба самти муҳими фаъолияти худ табдил дода, мухотабони зиёдтареро фаро гирифтанд.

Дар ин муддат то куҷо шабакаҳои радиоии Тоҷикистон тавонистанд ток – шоуро, ки дар ҷаҳон ба ҷузъи муҳими журналистика табдил ёфтааст, касбиву муваффақона анҷом диҳанд?

Оё дуруст аст, ки бархе аз шабакаҳои радиоӣ онро танҳо ба хотири пешгирӣ аз мушкилоти молиявиашон ба самти асосӣ табдил додаанд?

Ток – шоуҳоеро, ки як нафар ва як командаи устувор таҳия менамояд, аз ҳам чӣ фарқ мекунанд?

Мухотабони радиоҳои давлатӣ аз хусусӣ дар ток – шоуҳо бо чӣ фарқ мекунанд?

Ҳолатҳое буданд, ки як мансабдори Тоҷикистон, масалан вазире ба барномаи ток – шоу тамос гирифт?

Чаро ток – шоуҳои сиёсӣ ва мустақим, ки дар журналистикаи босифати дунё мавқеи хос пайдо мекунанд, дар мо нест?

Ин ва масоили дигарро дар подкасти навбатии “Хабарнигори муосир” ҳамроҳи Раҷаб Мирзо яке аз ровиёни собиқадор ва машҳури тоҷик Субҳон Ҷалил, муҷрии ток – шоуҳои муваффақ ҳам дар радиоҳои хусусӣ ва ҳам давлатӣ   Саидэҳсони Ҷалолиён мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар он мисолҳои сабақомӯз ва муҳиме низ пешниҳод гардиданд. Подкасти навбатиро бо ҳам мебинем.

iTunes

Google подкасты

Яндекс.Музыка

Раҷаб Мирзо
Раҷаб Мирзо
Журналисти мустақил, медиатренени ТҶ «Хома»

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ