ДомойНақди Расонаӣ«Илм ва табиат» чӣ пахш мекунад? Аз сатҳу сифати ин шабакаи ТВ...

«Илм ва табиат» чӣ пахш мекунад? Аз сатҳу сифати ин шабакаи ТВ масъулонаш розианд. Бинандагон чӣ?

Бо ишора ба он ки дар Тоҷикистон илм ба  кундӣ рушд карда, он ба таври зарурӣ тарғиб намегардад, моҳи апрели соли 2021 дар Рӯзи илми тоҷик телевизиони нав — “Илм ва табиат” ба фаъолият оғоз кард. Ҳадафи он, тарғиби дастовардҳои илмӣ, ҷалби таваҷҷуҳи насли нави Тоҷикистон ба илм ва ҳамагонӣ кардани тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ маънидод мешуд.

Гуфта мешавад, ки “Илм ва табиат” бо навтарин таҷҳизот таъмин буда, аз идораҳои коргузорӣ, раёсатҳои барномаҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ, истеҳсоли филмҳои телевизионӣ, шуъбаҳои танзим ва дизайн, тарҷума ва дубляж ва наворбардорони синамову телевизион иборат аст. Дар маҷмуъ дар он қариб 90 нафар кор мекунанд.

Воқеан, бархе тамошобинони фаъол бо ишора ба навтаъсис будани ин шабака мегӯянд, дар маҷмуъ фаъолияташ бад нест, вале мушкили асосӣ  кам будани барномаҳои муаллифӣ ва тарҷумаи нодурусти истилоҳоти илмӣ ҳангоми боргирӣ аз телевизионҳои илмии хориҷист.

Ин шабакаи ТВ ғайр аз соҳиби ду роҳбар гаштан дар фаъолияти қариб дусолаи худ боз чӣ дорад?

Мо тасмим гирифтем чанд рӯз барномаҳои ин шабакаро бевосита тамошо карда, мушоҳидаҳоямонро нависем. Барои ин зарур шуд, ки сеткаи барномаҳои телевизионро тақсим карда, онҳоро ба таври алоҳида баррасӣ намоем.

Пешопеш мегӯем, ки аксари барномаҳои “Илм ва табиат” бо забони тоҷикӣ пахш мешавад. Яке аз иштибоҳоте, ки мо дидем, риоя накардани талаботи ҳуқуқи муаллиф аст. Яъне манбаи аксарияти ин филму наворҳоеро, ки аз телевизионҳои хориҷӣ ё Интернет мегиранд, нишон намедиҳанд.

Барномаҳои муаллифӣ. Онҳо чӣ гунаанд?

Мо аввал ба барномаҳои муаллифӣ таваҷҷуҳ кардем. Яке аз онҳо барномаи “Як гӯшаи диёр” ном дорад ва дар бораи маконҳои сайёҳӣ, табиат ва деҳаҳои зебоманзари Тоҷикистон гузориш медиҳад. Аз ҷумла, дар барномаи рӯзи 25-уми декабри соли 2022 роҷеъ ба ноҳияи Ховалинг, ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии ин ноҳия, ҳамчунин тарзи зиндагонии аҳолӣ ва хусусиятҳои ин минтақа иттилоъ дода шуд.

Муаллифи барнома Мутриба Қурбонова ба ин ноҳия сафар карда, аз деҳаи Зелолак ва Сиёҳфарк дидан кард. Воқеан, зиндагии сокинони ин деҳаҳо ба таври ҷолиб пешниҳоди бинанда гардид. Ба назар мерасид, ки чунин барномаҳо бештар хоси телевизион “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аст. Он дар жанри лавҳа омода шуда буд ва журналист ҳам бештар бо бадеияту тобишҳо сӯҳбат мекард. Ин барнома бо ҳамин лаҳн 40 дақиқа идома дошт ва худи ҳамон рӯз соати тақрибан 16 такроран пахш гардид.

Барномаи дигари муаллифии телевизион “Ҷилои дониш”  аст, ки ба таълими мактаббачагон бахшида шудааст. Омӯзгоре доир ба як мавзӯи барномаи таълимӣ ба тамошобинон дарс мегузарад. Дар нашри рӯзи 25-уми декабр дарси навбатӣ ба конденсаторҳо бахшида шуда буд ва омӯзгор бо мисолҳои мушаххас ба тамошобинон дарсро шарҳ дод. Маълум гардид, ки он силсилабарнома буда, омӯзгорон дар ҳар як нашри он дарси нав мегузаранд.

Махсусияти барнома дар он аст, ки хонандагон метавонанд дар хонаи худ доир ба барномаҳои дарсӣ маълумот гиранд ва ин як қадам ба таълими онлайнӣ аст, ки ҳукумат дар замони пандемия барои татбиқи он кӯшиш мекард.

Барномаи дигари муаллифӣ “Теғи Сино” ном дошт ва тавре аз номаш бармеояд, ба масоили тиб ва тандурустӣ бахшида шудааст.

Онҳо бештар дар бораи муассисаҳои тандурустии кишвар, дастоварду муваффақиятҳои онҳо ва бемориҳои мухталиф ва тарзи табобати онҳо маълумот медиҳад. Чунин барномаҳо дар дигар телевизионҳо ҳам бо номҳои мухталифи “Мадади Сино” ё “Ёрии таъҷилӣ” пахш мешавад ва тақрибан аз якдигар фарқе надоранд.

Яке аз барномаҳои муаллифие, ки метавон гуфт, намунавӣ аст, ин барномаи таҳлилии “Татбиқ” аст. Он бештар дар бахши таҳлилӣ омода шуда, дар нашри рӯзи 7-уми январ он масъалаи ҳифзи муҳити зист ва тоза нигоҳ доштани онро мавриди баҳс қарор дод. Фарқияти барнома дар он буд, ки масъалаи мушаххасро дар доираи қонунгузорӣ таҳлил намуда, мақомот ва сокинонро барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ ба риштаи танқид мекашид ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷударо пешниҳод мекард.

Ин барномаро метавон яке аз барномаҳои намунавии ин телевизион ном бурд, ки назираш дар дигар телевизионҳо қариб ки нест. Ҳамаи наворҳо, мусоҳибаву суҳбатҳо дар ҷойи зарурӣ ва ҳатто инфографикаҳо бо забони тоҷикӣ истифода мешуд. Чунин барномаҳо хоси ТВ “Тоҷикистон” аст.

“Суфраи табиат” аз дигар барномаҳои муаллифии ин телевизион аст, ки ба тарзи тайёр кардани нӯшобаву хӯришҳо ва дигар анвои ғизоӣ бахшида шудааст. Дар нашри рӯзи 8-уми январ тарзи тайёр крадани нӯшобаи хуч дар як шаб ду маротиба нишон дода шуд.

Ягона камбудии барнома дар он буд, ки овоз пушти навор истифода намешуд. Агар хонуме, ки хӯриш ё нӯшобаро омода мекунад, дар ҷараёни кор ба тамошобинон тарзи тайёр кардани онҳоро бо овоз мефаҳмонид, хубтар мешуд.

“Чор унсур“, “Ҳамадон”, “Суҳбати рӯз” ва “Маориф ва замон” аз дигар барномаҳои муаллифии ин телевизион аст, ки ҳар яке вобаста ба самти худ ба мавзуъҳои мушаххас бахшида шудааст. Масалан, дар барномаи “Маориф ва замон”, ки рӯзи 8-уми январ пахш шуд, дар робита ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф сухан рафт.

Муҳтавои барномаи “Чор унсур” ва “Ҳамадон” бештар маълумот дар бораи ин ё он воқеа, ашё ва ё мавзуъҳои ҷолиб буданд. Ҳамадон бештар барномаи “Оё медонед?” ё “Донистан зарур аст”-ро ба ёд меорад, ки дар дигар телевизионҳо ва ВАО ҳам аллакай ҳаст ва бештари навору иттилоот аз Интернет истифода мешаванд.

“Чор унсур” ҳам барномаи маълумотӣ аст ва он бештар дар бораи чор унсуре, ки ҷаҳон аз он ташкил ёфтааст: обу хоку ҳавову оташ маълумот медиҳад. Наворҳои он ҳам бештар аз Интернет гирифта шудааст.

Барномаи “Маориф ва замон” низ аз барномаҳои студиявии дигар телевизионҳо, ки бештар дар бораи Паём ё ягон мавзӯи мушаххас коршиносон ҷамъ шуда, суҳбат мекунанд, фарқ надошт. Чунин барномаҳо дар дигар телевизионҳои кишвар ҳам ҷой доранд. Ягона фарқият ин аст, ки муаллифони барнома кӯшиш кардаанд, аз студия берун раванд ва дар бораи баъзе донишкадаву донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмиму оммавӣ маълумот диҳанд.

Ҳамчунин, дар барномаи “Суҳбати рӯз”, ки 15-уми январ пахш шуд, воқеан сухан ба мавзӯи рӯз- вазъи боду ҳаво, сардӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он бахшида шуда, мутахассисон аз Ожонси обуҳавошиносӣ ва КҲФ мавзуъро шарҳ медоданд.

Пахши бештари ин барнома то андозае даъвои тамошобинон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бораро, ки ТВ-ҳои Тоҷикистон аз баррасии масоили рӯзмарра канор мераванд, ботил мегардонад. Чунки он бевосита ба мушкилоти рӯзмарра, ки дар он шабӯ рӯз пайи сардиҳо ба миён омада буд, бахшида шуд.

Филмҳои тарҷумашуда ва наворҳои беманбаъ.  Чиро тарҷума мекунанд?

Ҷанбаи дигари фаъолияти ин телевизион, ки вақти тамошо ба таври барҷаста ба мушоҳида мерасад – барномаҳо ва филмҳои мустанади тарҷумашуда аз дигар телевизионҳои илмӣ-оммавӣ мебошанд.

Бештари ин филмҳо аз англисӣ ба тоҷикӣ тарҷума шуда, дар аксари ҳолатҳо манбаъҳои онҳо нишон дода намешуд. Аз рӯи мушоҳидаи мо фақат манбаи чанд филме, ки  аз “National Geographic” ва “ВВС” гирифта шудаанд, ишора мегардид.

Мавзӯи асосии ин филмҳо ба самти шабака мувофиқ, яъне бештар ба самти илму табиат равона шудаанд. Аз ҷумла, дар яке аз филмҳои мустанад бо номи “Кайҳон” дар бораи кашф ва пайдоиши офтобу ситораҳо, сабаби хирашавии ситораҳо дар осмон, кашфи ситораҳои нав ва расадхонаи “Макдоналд” маълумот дода шуд.

Аксари ин филмҳо баъди соати 21-и шаб ва ё дар соати 12-и рӯз пахш мешуданд. Аз ҷумла, филме ки соати 23-и рӯзи 15-уми январ нашр шуд ва “1 сония то фалокат дар осмон” ном дошт, дар бораи ҳодисаи бархӯрди ду ҳавопаймо дар осмон, ки 1 июни соли 2002 дар Олмон рух дода буд, нақл мекард.

Ҳамчунин, дар рӯзҳои 25-уми декабри соли 2022 филми мустанад дар бораи олами вуҳуши Олмон, шоми 4-уми январ соати 19 филми мустанад дар бораи набототу ҳайвонот, рӯзи 4-уми январ филми мустанади тамошои Аврупо аз баландии парвози паррандаҳо нишон дода шуд. Давомнокии ин филмҳо аз 40 дақиқа  то 1,5 соатро ташкил медиҳад.

Ду филми дигари мустанад, ки аз телевизиони ВВС бозпахш шуд, яке  дар бораи Қалъаҳои Британияи Кабир, мушахассан ба таври алоҳида дар бораи қалъаҳои таърихии Бамбург ё Бамборо, Генрих ё Хевер ва дигар бо номи “Атлантида”, ки дар бораи уқёнуси Атлас маълумот медод.

Филмҳои мустанади “Сайёҳат” ва “Пухтупаз” низ, ки мутаносибан 8-ум ва 15-уми январи соли равон пахш шуданд, ҷолиб ва ба самти ин шабака мувофиқ буданд. Аввалӣ  дар бораи хазандаҳои обие, ки дар уқёнус зиндагӣ мекунанд, иттилоъ дод. Дар филми мустанади дуюм доир ба таъсир ё нақши гармӣ дар пухтани хӯрокҳо, махсусан моҳӣ, гӯшт ва мурғ ба таври муфассал ва бо истифода аз таҷрибаву мисолҳо, маълумот дода шуд.

Соати 21:30 –и рӯзи 15-уми январ филми мустанад бо номи “Гитара” пахш шуд, ки дар бораи истеҳсол ва шумораи гитарҳои барқӣ иттилоъ медод.

Дар баробари филмҳои мустанади тарҷумашуда, инчунин барнома ва ё наворҳое ҳам дар ин шабака пахш мешаванд, ки ба эҳтимоли зиёд аз Интернет гирифта шуда, манбаъҳои он аксаран нишон дода намешаванд.

Яке аз силсилабарномаҳо “Умри дубора” аст, ки дар як шабонарӯз тақрибан 4 маротиба пахш мешавад. Вале дар ҳеҷ кадоме аз ин нашрҳо манбаъҳои навор зикр намегардад. Дар барнома оид ба ин нақл мекунанд, ки чӣ гуна як устои моҳир аз як дастгоҳи кӯҳнаву фарсуда дастгоҳи нав месозад. Аҷиб аст, ки ӯ аз таҷҳизоти нав истифода накарда, таҷҳизоти кӯҳнаро барқарор мекунанд. Барнома тақрибан 5 то 20 дақиқа давом меёбад. Маслан, дар нашри рӯзи 26-ум усто як чароғи кӯҳнаи истеҳсоли Шӯравиро дубора таъмир намуд, ки барои бинанда омӯзанда ҳам ҳаст.

Навори “Тавсия” ҳам аз Интернет гирифта мешавад, вале манбаъ ишора намегардад. Аз ҷумла дар яке аз нашрҳои он тарзи шинонидани картошка дар халтаҳои алоҳида  нишон дода шуд Маълум гардид, ки дар 75 рӯз картошка дар халта барои кишт омода мешавад. “Тавсия” ҳам ҷузъи ҳамешагии сеткаи барномаҳои телевизион аст ва барои бинанда хеле манфиатовар.

Коршиносони соҳаи ВАО бар ин назаранд, ки пахши барномаҳои телевизионҳои дигар бидуни доштани шартнома хатарнок аст ва он метавонад паёмади қонунӣ дошта бошад.

“Яке аз талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУҶ), ки Тоҷикистон бо қабули меъёрҳояш он узви он шуд, риояи ҳуқуқи муаллифӣ аст. Барои пахши барнома ва ё филиҳои хориҷӣ телевизионҳо бояд шартнома дошта бошанд.”, — гуфт Шаҳло Акобирова, коршиноси маосили ВАО ва роҳбари ТҶ “Хома”.

Ӯ гуфт, дар сатҳи байналмилалӣ чунин меъёре вуҷуд надорад, ки пахши барномаҳои муаллифӣ ва бозпахш бояд чӣ қадар бошад, вале телевизионҳое, ки даъвои умумимиллӣ ва таъсир расонидан ба афкори аудиторияро доранд, бояд барномаҳои муаллифиашон аз бозпахш бештар бошад.

Лавҳаҳои аз табиати Тоҷикистону ҷаҳон

Лавҳаҳои тарғиботӣ оид ба табиати Тоҷикистон, аз ҷумла кулу дарёҳо, кӯҳу пушта, пиряхҳо, инчунин маконҳои сайёҳии Тоҷикистон мисли ҳамаи шабакаҳои ТВ дар Тоҷикистон як ҷузъи муҳим будааст ва дар як рӯз чанд маротиба пахш мешавад. Он аз навоҳии гуногуни кишвар сабт шуда, пахш мегардад. Ин гуна барномаҳо аз 2 то 10 дақиқа давом меёбанд ва бештар баъди анҷоми барномаҳои муаллифӣ ё филмҳои мустанад пешниҳод мегарданд.

Дар ин баробар аз боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва илмӣ ҳам лавҳаҳо пахш мешаванд. Мо лавҳаеро аз боғи Донишгоҳи давлатии Бохтар, ки дар шаҳри Левакант ҷойгир аст, 25-уми январ чанд маротиба дидем.

Дар лавҳаи “Дар оғӯши табиат”, ки пайваста пахш мешавад, тарзи зиндагии ҳайвонот, паррандагону хазандаҳо, обхокиҳо, ҳашарот, даррандаҳо, олами вуҳуш ва дигар мавҷудоти зиндаи табиат намоиш дода мешавад.

Ва дигар барномаҳо…

Дар ин миён ба чанд барномае ҳам вохӯрдем, ки жанри онҳо маълум нест ва мушаххасан гуфта наметавонем, ки онро ба бахши барномаҳои муаллифӣ дохил кунем, ё барномаҳои бознашру тарҷума. Чунки наворҳо ва маълумоти аксари онҳо аз Интернет бошанд ҳам, вале онро журналист заҳмат кашида, омода карда буд.

Аз ҷумлаи онҳо барномаи “Чаманистон” аст, ки рӯзи 25-уми декабри соли гузашта дар бораи пайдоиши зоғ ва тарзи зиндагонии он маълумот дод. Он тақрибан 20 дақиқа давом карда, дар бораи 6 навъи зоғ дар Тоҷикистон маълумот дод. Ҳамчунин, муаллиф дар барнома суханҳои ҳикматдори бузургонро дар васфи зоғ овард.

Ин шабака “Маълумот” ном барномаи дигар ҳам дорад, ки ҳудуди 5 дақиқа барои бинанда маълумоти воқеан ҷолиб пешниҳод менамояд. Аз ҷумла, 25-уми декабри соли 2022, дар бораи меваи киви, пайдоиши коғаз  ва санги хоро маълумот дод.

“Мавҷудоти олам” ҳам дар бораи пайдоиши сагҳо ва чӣ гуна ба инсон ром шудани онҳо маълумот дод, ки чизи бад нест. Он ҳудуди 20 дақиқа давом кард.

Барномаи “Об барои рушди устувор”, ки асосан дар бораи пайдоиши дарёву кул, баҳру уқёнусҳо ва манфиати об ба муҳити атрофу одамон маълумот медод.  Аммо аҷиб буд, ки танҳо дар дақиқаи 12-ум, дар бораи Тоҷикистон сухан оғоз гардид.

Барномаи 15-дақиқагии “Ману дарё”, ки бештар дар жанри тарона таҳия шудааст, дар бораи васфи хоку оби Тоҷикистон ва умуман табиати кишвар нақл мекард.

“Пайғом” чӣ дорад?

Ба мисли дигар шабакаҳои ТВ “Илм ва табиат” низ барномаи иттилоотӣ дорад: “Пайғом”. Онро бештари вақт роҳбари телевизион Саидмукаррам Шарифзода ва баъзан дигар кормандон мехонанд. Давомнокии он нисбат ба дигар телевизионҳо кӯтоҳтар бошад ҳам, вале мавзуъҳо тақрибан якхелаанд.

Воқеан, чандин бор унвони барномаҳои хабарии шабакаҳои ТВ мавриди баҳси забоншиносон қарор гирифт. Гуфта мешуд, ки “Навид” (аз ТВС), “Пайк” ва “Пайғом” барин номҳо ба барномаҳои хабарӣ чандон мувофиқ нестанд. Чун дар ин номҳо бештар рӯҳияи мусбат дида мешавад, аммо дар барномаҳои хабарӣ метавонад матолиби манфӣ ҳам ҷо гиранд.

Зимнан, гуфтан ба маврид аст, ки сомонаи телевизиони “Илм ва табиат” бисёр фаъол аст ва ҳатто ҳар як барнома дар алоҳидагӣ ҷой дода мешавад. Пахши мустақим низ тариқи сомона имконпазир аст.

Барномаҳои муаллифӣ кам аст

Тавре маълум гардид, аксари барномаҳои шабакаи мазкурро тарҷумаи тоҷикии филмҳои мустанади хориҷӣ ташкил медиҳанд. Мутаассифона дар чанде аз онҳо ҳуқуқи муаллиф риоя намешавад. Дар баробари ин такрори барномаҳои муаллифӣ ҳам ҷой дорад, ки эҳтимол ба хотири риоя кардани баланси барномаҳои муаллифӣ ва бознашр аз телевизионҳои хориҷӣ аст.

Зимнан, тамошобинони фаъол ҳам набудани барномаҳои муаллифиро дарк кардаанд. Аз ҷумла, яке аз тамошобинони ин телевизион, ки чанд маротиба барои ширкат дар барномаҳои ин телевизион даъват шудаааст, бе зикри ном, фаъолияти “Илм ва табиат”-ро новобаста ба навтаъсис будан ва имконияти хеле маҳдуд доштан хуб арзёбӣ мекунад. Аммо чанд эроде дорад:

Аксари барномаҳояшон баргирифта ва тарҷумашуда аз телевизионҳои илмии хориҷист. Дар шароити имконияти маҳдуди техникиву иқтисодӣ, ки барои таҳияи барномаву филмҳои илмӣ-оммавии босифат кофӣ нест, тарҷумаи филмҳои беҳтари хориҷӣ кори хуб аст. Аммо ҳангоми тарҷума баъзан тарҷумаи нодурусти истилоҳоти илмӣ ба назар мерасад.

Ин ҳамсуҳбати мо пешниҳод кард, ки “Илм ва табиат” бояд дар бораи ҳаёт ва фаъолияти олимони гузаштаву имрӯзаи тоҷик барномаҳои зиёд омода кунад.

Саидмукаррам Шарифзода, роҳбари шабакаи телевизионии “Илм ва табиат” низ то ҷое мавҷудияти эродҳоро эътироф мекунад ва мегӯяд,ки  ният доранд — “бо иштироки бевоситаи олимон ва мутахассисони соҳаҳои илму табиат барномаҳои муаллифӣ роҳандозӣ намуда, бо ҷалби рўзноманигорон, наворбардорон ва коргардонҳои касбӣ теъдоди барномаҳои муаллифиро зиёд намоянд”.

Роҳбарияти “Илм ва табиат”: Мушкилӣ надорем ва аз кори худ розием!

Шарифзода зимни сӯҳбат бо мо гуфт, тайи чанд моҳи охир, таваҷҷуҳ ба барномаҳои «Илм ва табиат» бештар шудааст ва зангҳои телефонии теъдоди зиёди тамошобинон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат гувоҳи ин гуфтаҳост.

Ба қавли ӯ телевизион  барои пахши барномаҳо айни ҳол мушкили хос надорад ва дар масъалаи боз ҳам бештар намудани фоизи фарогирии аҳолӣ бо ҶСК «Телерадиоком» ҳамкории зич доранд, то барномаҳои «Илм ва табиат» дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ пахш шаванд.

Саидмукаррам Шарифзода мегӯяд ин шабакаи ТВ бо технологияи навтарин муҷаҳҳаз аст ва ин имкон медиҳад, ки кормандонашон барномаҳои диданӣ пешниҳод намоянд.

Ӯ дар посух ба суоли мо вобаста ба махсусиятҳои самти шабака ва мушкилот дар он гуфт, ҳеҷ мушкиле надоранд ва  “ҳайати эҷодӣ ҳангоми таҳияи барномаҳо дар баробари истифода аз манбаъҳои муътамади илмӣ, ҳамчунин назари олимони соҳаро низ дар барномаҳои фарогирандаи масъалаҳои марбут ба илм ва табиат ҷой медиҳанд ва мавзуъҳои матраҳмешударо бо далелҳои илмӣ хулоса менамоянд”.

Хулоса, роҳбарияти “Илм ва табиат” аз кори худу кормандон қаноатманданд. Бинандагон чӣ?

Ин аст саволи асосӣ…

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ