ДомойМедиалентаРасонаҳо дар минтақаҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунанд

Расонаҳо дар минтақаҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунанд

Дар моҳи феврали соли 2023 бештар аз шаст журналисти шаҳрвандӣ аз Қазоқистон ва Тоҷикистон ба таҳияи мавод – рӯйдодҳо аз шаҳрҳои калон ва дурдасттарин минтақаҳо, шаҳракҳо ва авулҳои ду кишвар шурӯъ мекунанд.

Маводҳо дар расонаҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон нашр хоҳанд шуд – имсол шаш редаксия дастгирии Internews-ро дарёфт хоҳанд кард.

Иштирок дар лоиҳа гранти молиявӣ барои пардохти ҳаққи қалами журналистҳои шаҳрвандӣ ва кураторҳо, сикли вебинарҳо барои журналистони шаҳрвандӣ ва кураторҳоро дар назар дорад: маҳоратҳои асосии журналистика, масъалаҳои ахлоқ, таҳияи мавод, эҷоди аксҳо ва видеоҳо дар смартфонҳо ва ғайра.

Ҳар ҳафта онлайн-ҷаласаҳо бо муҳокимаи мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи минтақаҳои гуногун, инчунин вохӯриҳои ғайрирасмӣ баргузор мешаванд.

Дар тӯли 5 соли татбиқи барномаи MediaCAMP, 31 расона дар Қазоқистон ва Тоҷикистон эҷод намудану рушд додани ҷомеаҳои журналистҳои шаҳрвандии худро омӯхтанд. Бештари онҳо сайтҳои мустақили минтақавӣ, рӯзномаҳо ва радио мебошанд.

Ҳар редаксия ҳадафу вазифаҳо ва талаботҳои худро барои иштироккунандагони барнома дорад. Ҳар редаксия дорои мушкилот ва душвориҳои монанд мебошад, ки иштирок дар лоиҳаи “Журналистҳои шаҳрвандӣ” барои қисман ҳал кардани онҳо мусоидат мекунад.

Набудани мутахассисони чавони дорои омодагии хуб

“Одамон аз дарёфт намудани касб худдорӣ мекунанд. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки дар ҷое котиби матбуотӣ шаванд. Журналистҳои ҷавони хуб кам ҳастанд, таҳсилоти муқаррарӣ вуҷуд надорад”, шарҳ медиҳад Екатерина Назаренко, муҳаррири Петропавловск.news.

Аскар Актлеуов, сармуҳаррири сайти tilshi.kz (Актобе): “Факултаи журналистикаи мо баста шуд. Журналистҳо ба идораи нашрия (редаксия) меоянд, вале фанатизми касбӣ вуҷуд надорад. Рӯйдодҳо аз маҳалҳои аҳолинишини дурдаст дар расонаҳо хеле кам пайдо мешаванд – ҷавонон барои дарёфти ҳикояҳо ба маконҳои дур намераванд.

Мутахассисон аз каналҳои телевизиони маҳаллӣ мераванд – музди кор кам аст. Мо кӯшиш мекунем, ки журналистҳои ҷавонро худамон омӯзиш диҳем, вале мушкилот вуҷуд доранд”.

Редаксияҳои минтақавии Тоҷикистон низ бо ҳамин мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд. Масалан, онлайн-нашрия SugdNews, ки рӯйдодҳоро дар сераҳолитарин вилояти Суғд дар шимоли кишвар инъикос мекунад.

— Нарасидани кадрҳо – мушкиле аст, ки моро ҳамеша нигарон мекунад, мегӯяд муҳаррири нашрия Алишер Толиб. — Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки журналистҳоро омода мекунад, ягона кафедрае фаъолият мекунад, ки он ҷо як гурӯҳи журналистҳо вуҷуд дорад. Шумораи ками онҳо журналист мешаванд ва дар ин соҳа ҳатто шумораи камтари онҳо боқӣ мемонанд.

Бо назарҳои ӯ ҳамкораш аз нашрияи ӯзбекзабони вилояти Суғд “Қадрият” Ӯктам Ризоев низ мувофиқ аст.

«Ба сабаби нарасидани кадрҳо мо ҳатто мактаби махсус барои журналистҳои ҷавон боз кардем, вале одамон ин мактабро хатм намуда, баъдан ба соҳаҳои дигар мерафтанд, ки он ҷо музди кор баландтар аст», нақл мекунад Ӯктам. – Соли гузашта мо бо дастгирии Internews лоиҳаи “Журналистҳои шаҳрвандӣ”-ро амалӣ кардем, ки ба шарофати он бачаҳои боистеъдод пайдо кардем. Баъзе аз онҳо бо мо боқӣ монданд, вале мутаассифона, мо ҳатто наметавонем ҳамеша ба онҳо ҳаққи қалам пардохт намоем.

Набудани дастрасӣ ба иттилоот

Яке аз мушкилоти асосии на танҳо журналистҳои минтақавӣ, балки тамоми журналистҳои Тоҷикистон – дастрасӣ ба иттилоот мебошад. Аммо агар расонаҳои марказӣ барои дарёфти додаҳои зарурӣ чанд канал дошта бошанд, пас дар минтақаҳо редаксияҳо нисбат ба ҳамкорони худ аз шаҳрҳои калон бештар аз нарасидани додаҳо ранҷ мебаранд.

— Ин мушкили рақами як аст, мегӯяд Алишер Толиб. — Мо наметавонем иттилоотро ба таври оперативӣ омода кунем. Баъзан дархостҳо пешниҳод мекунем, занг мезанем ва мепурсем, вале ҷавоб намегирем ё ҷавобҳо хеле дер меоянд ва ё дар онҳо ҷавобҳо ба саволҳои мустақим вуҷуд надоранд. Танҳо як имконияти дарёфт намудани иттилоот вуҷуд дорад – нишастҳои матбуотӣ, ки дар шаш моҳ як маротиба баргузор карда мешаванд. Дар ин вақт мансабдорон бо журналистҳо мулоқот мекунанд ва аз онҳо мумкин аст саволҳо пурсида шаванд. Дар дигар мавридҳо ба саволҳои худ ҷавоб гирифтан қариб имконнопазир аст.

Душвориҳо бо маблағгузорӣ

Дар минтақаҳо ҷустуҷӯ намудани рекламадиҳандагон дар бозори маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ душвор аст. Менеҷерони касбӣ оид ба реклама кам ҳастанд.

“Рекламадиҳанда танҳо ҳамон вақт меояд, ки расона аллакай тарғиб карда шуда, дорои мухотабони (аудитория) зиёд бошад. Бо вуҷуди ин, бидуни маводҳои ҷолиб ва баландсифат наметавон ба он ноил шуд. Шумо бояд барои онҳо пардохт кунед”, мегӯяд Саида Турсуметова, сардабири Elitar.KZ.

“Даромадҳо аз реклама дар нусхаи коғазӣ ба сифр мерасанд ва имконият намедиҳад, ки талаботҳои редаксия қонеъ карда шаванд. Реклама бояд дар дигар платформаҳо – Инстаграм, Телеграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб карда шавад, ки салоҳиятҳои иловагии кормандонро талаб мекунад”, мегӯяд, Тимур Ғафуров, сармуҳаррири ng.kz. — Мушкили калон – набудани маблағҳо барои рушд мебошад. Масалан, барои азнавсозии сайт. Ин ҷо низ саволе ба миён меояд – оё ин маблағҳои сарфшуда дубора бармегарданд ё сайтро ҳамон тавр бояд гузошт”.

Дар расонаҳои минтақавии Тоҷикистон низ мушкилоти маблағгузорӣ вуҷуд доранд.

— Чаро дар редаксияҳои минтақавӣ кадрҳо нестанд? Зеро маблағгузорӣ кофӣ нест. Бисёре аз расонаҳо ба воситаҳои молиявӣ ниёз доранд, музди кор ночиз аст, ҳаққи қалам ночиз аст, бинобар ин, онҳо наметавонанд барои худ кадрҳои хубро интихоб намоянд. Рекламадиҳандагон ба каналҳои телевизионӣ афзалият медиҳанд. Дар вилояти Суғд ширкатҳои хусусии телевизион ва радио зиёд ҳастанд, онҳо низ мушкилоти зиёд доранд, вале бештари онҳо каналҳои дилхушӣ мебошанд. Онҳо мушкилоти ҷомеа, масъалаҳое, ки шаҳрвандонро ба ташвиш меоранд, баррасӣ намекунанд, мегӯяд Алишер Толиб аз “SugdNews”.

Редаксияҳои минтақавӣ дар Тоҷикистон на ҳамеша ба чунин каналҳои маблағгузорӣ ба монанди дастгирии грантӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ дастрасӣ доранд.

— Дар вақти озмунҳои грантӣ афзалият ба редаксияҳои калони марказӣ дода мешавад ва барои расонаҳои минтақавӣ бо онҳо рақобат кардан бисёр душвор аст. Ҳарчанд агар нигоҳ кунед, расонаҳои минтақавӣ дар шароити душвортар нисбат ба расонаҳо дар пойтахт кор мекунанд, — мегӯяд Ӯктам Ризоев.

Ҳангоми иштирок дар лоиҳаи “Журналистҳои шаҳрвандӣ”, муҳаррирон ва кормандони расонаҳо кор кардан бо мухотабон ва пайдо намудани муаллифон-журналистҳои ғайрикасбиро меомӯзанд, ки пас аз курси вебинарҳо, сикли вохӯриҳои ғайрирасмӣ ва онлайн-ҷаласаҳо метавонанд муҳтавои (контенти) зиндаро пайдо ва эҷод намоянд.

Аксари вақтҳо ангезаи (мотив) асосии журналистҳои шаҳрвандӣ на ҳаққи қалам ва имконияти ба даст овардани пул, балки имконият барои таъсир расонидан ба вазъият дар ҷомеаи худ, маҳалли аҳолинишин ва ибрози андешаи худ мебошад.

Ҳамин тавр, расона на танҳо доираи кормандонро васеъ мекунанд (онҳо аксари вақтҳо пас аз анҷоми лоиҳа журналистҳои доимии редаксия мешаванд), балки ҳамчунин дар атрофи редаксия ҷамъияти махсусро эҷод менамоянд. Кураторон ва редаксияҳо низ якҷо бо журналистҳои шаҳрвандӣ меомӯзанд – масъалаи таҳсил кардан ҳамчунин яке аз мушкилоти расонаҳои минтақавӣ мебошад. Екатерина Назаренко: “Дар маҳал ба журналистҳо омӯзонидани чизҳои нав душвор аст, масалан, наворбардорӣ ва монтаж кардани контенти видеоӣ”.

Лоиҳа дар доираи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии ИМА доир ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мешавад.

Анна Сухачева
Анна Сухачева
Анна Сухачева, Казахстан. Эксперт Internews по новым медиа

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ