ДомойНақди РасонаӣБошанд ё не? Дар Тоҷикистон мехоҳанд нашрияҳои маҳаллӣ бошанд, аммо намедонанд онҳоро...

Бошанд ё не? Дар Тоҷикистон мехоҳанд нашрияҳои маҳаллӣ бошанд, аммо намедонанд онҳоро чӣ гуна ҳифз кунанд

 

Дар Қирғизистон баҳси қароре идома дорад, ки дар сурати пазируфта шуданаш, ҳамаи нашрияҳои маҳаллӣ,  чӣ шаҳрӣ – ноҳиявӣ ва чӣ вилоятӣ барҳам мехӯранд. Сабаби ин гуна тасмимро ба он шарҳ медиҳанд, ки ҳарчанд аз буҷаи кишвар барои маоши 228 корманди ин нашрияҳо 2,1 миллион доллар сарф мешавад, онҳо на худкифо мешаванд ва на хонанда пайдо мекунанд.

Дар Тоҷикистон вазъият аз ин ҳам бадтар аст. Бисёре аз нашрияҳои маҳаллӣ, хоса ноҳиявӣ ба гоҳнома табдил ёфта, бо теъдоди аксаран аз ҳазор дона камтар нашр мешаванд. Назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки онҳоро мардум интизор ҳам нест. Шароити хуби кориву молиявӣ низ надоранд. Муҳтавои нашрияҳо ҳамеша боиси баҳсҳост.

Ба назари таҳлилгарон аҳволи нисбатан беҳтарро солҳои охир танҳо нашрияҳои вилоятӣ соҳиб шудаанд. Шояд ба он хотир, ки онҳо дар маркази маъмурӣ ҷойгиранд ва то ҷое аз зери назари раисони вилоятҳо дур намемонанд. Ё шояд сабабҳои дигар ҳам бошанд. Гуфта мешавад дар бахши идеологии Тоҷикистон мутмаинанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ба хотири пешбурди идеологияи давлатӣ фаъолияти нашрияҳои маҳаллӣ муҳиманд.

Дуруст, номаълум бо теъдоди 800 – 1000 нусха ва гоҳномаҳои шаҳру навоҳӣ (хеле аз нашрияҳо гоҳ – гоҳ нашр мешаванд) чӣ корҳои идеологӣ карда метавонанд?

Мунаққиди расонаии “Хабарнигори муосир” пайгирии нашрияҳои маҳаллиро маҳз аз нашрияҳои вилоятӣ сар кард,  то маълум шавад, ки онҳо барои хонандаи камшумори худ чӣ пешниҳод мекунанд.

“Ҳиллаҳо”-и нашрияи “Бадахшон”

“Бадахшон” ҳукумати ВМКБ аст. Аз он мисле, ки умеди зиёд доранд. Шояд барои ҳамин матбааи вилоятӣ ба наздикӣ фаъол гардид. То соли 2023 ин нашрияи вилоятӣ бо ишорае, ки дар сафҳаи охири худ дорад, 4281 нусха дар чопхонаи “Шарқи озод” –и пойтахт ба нашр мерасид. Шумораҳои дар шакли  PDF гузоштаи “Бадахшон” дар саҳифаи “Фейсбук”-иашон гувоҳӣ медиҳад, ки нашрия ҳар ҳафта нашр мешудааст.

Мисли ҳамаи нашрияҳои маҳаллӣ, агар матлабе аз Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон пахш шуда бошад, бидуни шакку шубҳа сафҳаи аввали “Бадахшон”  “банд” мешавад. Аммо дар сурати набудани чунин матлаб саҳифаи 1 “моли ҳалол”-и раиси вилоят аст. Ҷолиб аст, ки баъзан “Бадахшон” аз “ҳилла”-ҳо низ истифода мекунад. Масалан, дар шумораи пеш аз ҷашни истиқлол — 7 сентябри соли 2022 , нашрия акси калони Президенти Тоҷикистонро бо шиори “Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Эмомалӣ Раҳмон” дар қисмати болои саҳифа чоп карда, дар поёнаш “Паёми табрикотии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муносибати 31 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” –ро албатта бо акси хурди ӯ нашр кардааст. Шояд чунин “ҳилла” ба он хотир бошад, ки табрикоти президент ҳоло нашр нашуда буд ва нашрия мебоист шумораи ҷашнии худро каме пештар нашр кунад, чун дар Душанбе нашр мешуд ва ин фурсати бештар мехост. Дар ҳақиқат,  тавре аз хабари пахшкардаи Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон ва расонаҳо бармеояд, паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли 2022 нашр шуд. “Бадахшон” бошад, 7-уми сентябр аллакай чоп шуда буд.

5 – уми октябр бошад, мешавад гуфт “Бадахшон” шумораи махсуси худро ба 70 — солагии президент бахшидааст. Дар саҳифаи як портрети калони Эмомалӣ Раҳмон бо як иқтибос аз ӯ, шеъри Ашӯр Сафар бо номи “Ҷомаи сулҳ” ва дар поёнаш хабари боз ҳам дар рӯзи аввал иҷро шудани нақшаи даъват ба артиш дар ВМКБ бо сурати хурди раиси вилоят ҷо ёфтаанд.

Дар саҳифаи сеюми ин шумора матолиби дигар дар бораи Эмомалӣ Раҳмон — “Ман ба Шумо сулҳ меорам” ва “Лаҳзаҳои  хотирмон  аз  ташрифҳои  Пешвои миллат” нашр шуда, дар саҳифаи 4 вобаста ба Иди забон, ки чанд сол аст, онро ба зодрӯзи Президенти Тоҷикистон мувофиқ кунонидаанд, ҷо ёфтаанд.

Аҷиб аст, ки “Бадахшон” баъзан бо 12 ва бештари вақт бо 8 саҳифа нашр мешавад. Аммо маълум нест, ки саҳифаҳояш бо чӣ сабаб каму зиёд мешаванд. Ҳарчанд тибқи қонунгузорӣ инро бояд қотеона мушаххас кард.

Ин нашрия дар аксари шумораҳо матолиби калонҳаҷм нашр мекунад. Аммо баъзан матлабҳои нисбатан хурдро ҳам вохӯрдан мумкин аст. Шояд ин вобаста ба он бошад, ки шумора ба ягон ҷашну маросим бахшида мешавад, ё муқаррарист. Масалан дар шумораи 28-сентябри соли 2022, ки аслан таъкид ба иду ҷашне надорад, аксари матлабҳо, сар карда аз саҳифаи аввал то охир кӯтоҳанд. Ҳатто дар саҳифаи як. Дар он гузориш таҳти унвони “Ҳуввияту меҳанпарастиро гиромӣ дорем”, ки аз ҷаласаи раиси вилоят бо акси ӯ ҷо дорад ва дар паҳлӯяш хабари музокироти вобаста ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо сарлавҳаи “С. ЯТИМОВ «Мо бояд дар истифодаи калимаҳо эҳтиёткор бошем» бо акси Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон. Дар поёни ин саҳифа ду хабари дигар ҳам ҳаст…

Зикри як нуктаи дигарро ҳам ҷоиз медонем. Аз имзоҳои гузошташуда дар поёни матолиби шумораҳои гуногун мушаххас кардан душвор аст, ки кадомеро корманди нашрия навиштааст ва кадомиро муаллифони беруна. Албатта кормандони масъули ниҳодҳои давлатӣ, вақте вобаста ба кори худ ё бардоштҳояшонро аз Паёми Президент менависанд, ному насаб ва ҷойи корашонро зикр мекунанд. Аммо имзоҳое чун “Р. Санӣ”, “М. Имомназар”, “С. Барид”, “И. Машҳур” ва ғайра, ки дар чанд шумора вохӯрдем, дар зеҳни хонанда тасаввуреро бедор мекунад, ки онҳо одамони воқеӣ нестанд. Ё матолибро, ки аксари вақт хусусияти таблиғотӣ доранд, самимона нанавиштаанд. Ҳарчанд масалан мавзуъҳое чун 30-солагии Иҷлосияи 16, вазъ дар сарҳад бо Қирғизистон ва мисли инро баррасӣ намудаанд…

Матолиби хурду аз ҳад калони “Ҳақиқати суғд”

“Ҳақиқати Суғд” нашрияи вилоятӣ дар шимоли кишвар аст. Ҳамкасбони мо 25-уми март 93 солагии нашрияи худро таҷлил намуданд. Номи аввалаи он «Роҳи колхозчӣ» будааст ва баъдан то соли 1948 боз шаш маротиба номи ин нашрия иваз гардид: «Роҳи колхозчӣ», «Колхозчӣ», «Пролетари Хуҷанд», «Болшевики Хуҷанд», «Бо роҳи ленинӣ», «Стахановчӣ» ва аз 1 январи соли 1948 – «Ҳақиқати Ленинобод». Нахустин шумораҳои нашрияи мазкур дар соли 2008 бо номи нави «Ҳақиқати Суғд» ба нашр расид.

 

Зимнан, агар матолиби шумораҳои гуногуни нашрияро варақгардон намоед, ҳамоно тасаввуроте ҳосил мешавад, ки дар замони шӯравӣ зиндагӣ доред. Манзур, сарлавҳаҳои обшуста ва тарзи пешниҳоди матолиб аст, ки то ҳанӯз оҳанги “ура” –гӯиҳои СССР -ро ба хотир меорад. Чанд намуна: “Тавсеаи ҳамкориҳои созанда”, “Эътимоди сиёсӣ ва густариши муносибот” шумораи №114, “Таҳкими сулҳи пойдор ва суботи устувор” — шумораи №112, “Баррасии масоили байналмилалӣ” – шумораи №113, “Барномаҳои давлатӣ босифат амалӣ гарданд” – шумораи №106, соли 2021, “Натиҷагирӣ ва дастур баҳри зиндагии шоиста” – шумораи №9, “Таҳкимбахши рушду дастовардҳо” №7, соли 2018  ва мисли ин ки дар саҳифаи яки нашрия “ҷавлон” мезананд.

Дар ин нашрия низ матолиби Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон бегуфтугӯ дар саҳифаи як ҷо мегиранд, новобаста аз он ки баъзан нашрия чанд рӯз дертар аз ин ё он ҷаласаи ҳукумати марказӣ чоп мешавад. Дар сурати набудани чунин матлаб, саҳифаи якро ҳатман акс ва матн аз ягон ҷаласаи раиси вилоят “зеб” хоҳад дод. Ҳамчуноне, ки гӯё ҷараёни сафар ё ҷаласаҳои Президенти Тоҷикистонро ғайр аз хадамоти матбуоташ касе набояд пайгирӣ намояд, мисли ҳамин ахбори расмӣ ва сафарҳои раиси вилоят низ гӯё бояд ҳатман аз ҷониби хадамоти матбуоти раиси вилоят пайгирӣ ва навишта шаванд. Ба ҳар сурат, аз шумораҳои “Ҳақиқати Суғд” тақрибан гузориши хосаи хабарнигорони ин нашрияро дар ин замина пайдо кардан душвор аст.

Масалан, 6 – уми марти соли 2023 нашрия хабареро нашр кард, ки “Ба 260 нафар рӯбандаю покизакорони шаҳри Хуҷанд тӯҳфаҳо тақдим карда шуд” ном дошт. Он хабари қолабии ба назар борҳо нашршуда, аммо ному таърих ивазшударо мемонад, ки ба Хадамоти матбуотии раиси вилоят мансуб аст. Ҳол он ки аз ҷараёни ин маърака гузориши хубу ҷолиб таҳия кардан имкон дошт.

Як самти хуби “Ҳақиқати Суғд” ин пешниҳоди матолиби кӯтоҳи очеркнамо дар бораи одамони заҳматкаши вилоят аст. Аз ҷумлаи намунаҳои муваффақ мешавад “Токбури хушкор” –и хабарнигори нашрия Алиҷон Олимовро овард, ки дар бораи як деҳқони собиқадор, ки кишоварзӣ барои оилаи онҳо, ҳамон тавре муаллиф менависад, пешаи авлодист:

“Вай насли сеюми авлоди деҳқон аст. Падараш Абдусаттор Ҷумъаев (руҳашон шод бод) иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, оянда машғули кори кишоварзӣ шуда, се писару се духтарро бо нони деҳқонӣ ба воя расонид, соҳиби хонаву дар намуд. Писари дуюми оила‐Абдураҳмон ба касби авлодӣ содиқ монда, анъанаи падару бобояшро идома дода истодааст. Вай ҳоло 56 сола буда, собиқаи 35 солаи корӣ дорад. Шавқи ӯ ба парвариши ток зиёд буда, дар ҳавлиаш хелҳои гуногуни дарахти токро парвариш менамояд. Ангурҳои ҳусайнӣ, чараси якдона, тагобӣ, чиллагӣ, дили кафтар, думи рӯбоҳ маҳсули заҳматҳои ӯянд”.

Зимнан, матолиби калонҳаҷми илминамо ҳам дар нашрия кам нест. Ҳамчун мисол мешавад матлаби “Осебшиносии мактаби миллӣ” –и Раҳматкарими Давлат — директори Маркази мероси хаттии Академияи илмҳоро овард, ки он ҳам дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад»  навишта шуда, андешаҳои  раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар бораи Паёми Президенти Тоҷикистонро  дар бар гирифта, қаблан дар маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа” нашр шудааст. Зимнан, ин мақолаи раиси кумитаро тақрибан ҳамаи нашрияҳои маҳаллӣ бозчоп намуда буданд ва вокуниши Раҳматкарими Давлатро ҳам аксари онҳо чоп карданд. Аз ҷумла нашрияи “Хатлон”.

Зимнан, “Ҳақиқати Суғд” сомонаи худро дар интернет дорад ва як қисми матолиби нави худро дар он ҷой медиҳад. Аммо дар бахши “Рӯзнома” –и сомона, ки  бояд шакли пурраи шумораҳо дар қолаби PDF –ро ҷой диҳад, охирин шумора 21 сентябри соли 2021 аст…

“Хатлон” матолиби расмиро ҳам ҷолиб карданист

Мушкили дар қолаби PDF ҷой надодани шумораҳои нав дар нашрияи вилоятии “Хатлон” низ  ҳаст. Дар бахши “Бойгонии нашрия” -и сомонаи он бо сабаби номаълум ду қисмат ҳаст: бойгонии соли 2015 ва бойгонии соли 2018 – 2020.  Аммо дар бойгонии соли 2018- 2020 шумораҳое аз соли 2021 низ қобили дарёфтанд. 

Дар доираҳои журналистӣ аз муваффақиятҳои ин нашрия пас аз сармуҳаррир таъин шудани Носирҷон Маъмурзода сӯҳбат мекунанд. Воқеан ҳам, ҳоло дигаргуниҳое дар фаъолият ва фарогирии нашрия ба назар мерасад. Аз ҷумла ин ки ҳоло бахши видеоии нашрия фаъол шуда, нашрия ғайр аз сомона саҳифаи худро дар “Фейсбук”, гурӯҳро дар “Телеграмм” дорад ва дар онҳо матолиби хабариеро нашр мекунад, ки то чопи нашрия шояд дер мешаванд.

“Хатлон” баъзан фаврияти касбӣ ҳам нишон медиҳад. Ин ҳолатро мухотабони беруна ҳам баъзан эҳсос мекунанд. Аз ҷумла, соли гузашта, вақте шабона бозори шаҳри Бохтар  оташ гирифт, хабарнигорони нашрия аз тариқи саҳифаҳои худ дар “Фейсбук” ва “Ютуб” гузоришҳои мустақим пахш мекарданд.

Ошноӣ бо бойгонии нашрия нишон медиҳад, ки пешниҳоди матолиби кӯтоҳ услуби нав нест. Дар нашри матолиби ба истилоҳ расмӣ, “Хатлон” як фарқ аз нашрияҳои дигар дорад: дар он ҳатто ба табрикоти раиси вилоят метавонанд сарлавҳаи нисбатан ҷолиб  гузоранд, на ин ки мисли аксари нашрияҳо бо сарлавҳаи дилбазани “Табрикоти раиси…” пешниҳод намоянд.

Як самти бисёр ҷолиби “Хатлон” истифода аз гузоришҳои анъанавии журналистист, ки онҳоро рамзан “Журналист касбашро иваз мекунад” меноманд.

Масалан, агар нашрияҳои дигар дар маъракаи даъват ба артиш аз усулҳои қолабию таблиғотии камхонанда кор бигиранд, “Хатлон” кормандони ҷавони худро ба аскарӣ фиристод ва онҳо дар матлабҳои пайиҳами худ,  ҳам дар бораи шароити хизмат матлаб менависанд, ҳам аз ҳаёти ҳамхизматони худ қиссаҳои ҷолиб пешниҳод мекунанд.

Дар ин замина хабарнигорони “Хатлон” Далер Ибодуллозода, Набиҷони Саидаброр, Т. Толибзода, ки соли гузашта ё пештар аз он ба хизмат рафтаанд, ҳам аз ҷараёни ба хизмати ҳарбӣ рафтанашон гузориши видеоӣ карданд, ҳам  матолибе мисли “Мо сарбозони кишварем”, “Дарси мардонагӣ” таҳия намуда, ба идораи нашрия фиристодаанд, ки нашр шуд.

“Дар маҳал танҳо мансабдорон зиндагӣ намекунанд”

Омӯзиши матбуоти маҳаллӣ нишон медиҳад, ки ба гуфтаи профессор Мурод Муродӣ, ҳоло “қисми зиёди нашрияҳои маҳаллӣ танҳо ба хотири “будан” вуҷуд доранд ва  матолибашон нисбатан якранг, баъзан бознашр аз рўзномаҳои дигаранд”.

Дар замина, Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири пешини нашрияи “Минбари халқ” охири моҳи феврали имсол бо ибтикори Академияи ВАО –и Тоҷикистон барои 24 сармуҳаррири нашрияҳои маҳаллӣ машғулият анҷом дод, то маълум намоянд, ки мушкили нашрияҳо чист.

“Нахуст бояд тобоварӣ ва ҷонсахтии матбуоти маҳаллиро эътироф кард. Мояи ҳайрат аст, ки бо ин ҳама маҳдудиятҳо ҳанӯз нафас мекашад ва аз зинда буданаш дарак медиҳад. Кӯшиш менамояд, ки мақоми худро ба ҳайси “ҳокимияти чаҳорум” дар маҳалҳо ҳифз кунад” – мегӯяд Ҳамдамов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни ин машғулиятҳо аз рӯи масоили гуфташуда, онҳо панҷ мушкили нашрияҳои маҳаллиро маълум кардаанд:

  1. Кам будан, ё тақрибан набудани матолиби муаллифӣ. Яъне ин нашрияҳо ба ҷойи матолиби барои хонанда зарур бештари вақт баёнияҳои матбуотии мақомот, баромаду гузоришҳои раисони вилоят ва шаҳру ноҳияро нашр менамоянд. Ба ин восита ҳам саҳифаҳоро пур мекунанд, ҳам нашрия вазифаи худро назди муассис иҷрошуда меҳисобад.
  2. Надоштани робита бо хонанда. Яъне дар нашрияҳо сӯҳбат бо шаҳрвандони оддӣ тақрибан ба назар намерасад. Гӯё дар маҳал танҳо мансабдорон зиндагӣ мекунанд ва рӯзнома танҳо барои онҳо нашр мешавад.
  3. Истифодаи маҳдуди жанрҳо — Дар аксари нашрияҳо мусоҳиба бо мансабдорони маҳаллӣ нашр мешавад. Лавҳа ва очеркҳои портретӣ низ ҳаст, аммо бо “услуби хушк”-и худ барои хонанда завқовар нестанд.
  4. Кор карда натавонистан бо интернет-аудиторияҳо , яъне шакл надодани ВАО-и ҳамгиро (конвергентӣ). Аксари расонаҳои маҳаллӣ имрӯз дар фазои интернет саҳифаҳои худро доранд, вале на ҳама муваффақанд ва теъдоди зарурии муштариёнро ҷалб намудаанд.
  5. Нашрияҳои сиёҳу сафед. Рӯзномаҳое, ки бо ду ранг нашр мешаванд, бо расонаҳои электронӣ, ки рангаанд, рақобат карда наметавонанд. Аксари нашрияҳо ба хотири сарфа кардани маблағ дар ин замина муштарии худро аз даст медиҳанд.

Хулосаи муҳимтарини Бахтиёр Ҳамдамов аз ҷараёни омӯзиш ин аст, ки аксари нашрияҳо бояд номи худро дигар кунанд, зеро “дар баъзе ҳолатҳо ғайримантиқиву ҷолиб нестанд”.  Дар ҳақиқат, номи аксари нашрияҳо замони шӯравиро ба хотир меоранд: “Субҳи меҳнат”, “Симои Данғара”, “Паёми Лахш”, “Паëми Тоҷикобод”, “Садои  Конибодом”, “Навиди Ҳамадонӣ”, «Навиди Кӯлоб», «Зарбдор», «Файзи Зарафшон», «Насими Терай»,  «Ҳақиқати Суғд», “Ҳақиқати Кӯлоб”, “Набзи Деваштич”, «Набзи Бохтар»,“Нури Нуробод”, “Маърифати Шуғнон”, “Шӯҳрати Ашт», «Ҳаёти нав»…

Гуфта мешавад нашрияҳои маҳаллӣ танҳо дар сурате метавонанд ҷойи муносиби худро пайдо намоянд, ки агар на мисли имрӯз матолиби нашрияҳои марказиро бозчоп намоянд, балки бо онҳо рақиб бошанд. Воқеан, нашрияҳои маҳаллӣ, агар ҷиддӣ кор кунанд, бо ин ки қаҳрамону маълумоти зиёд аз деҳоти дурдаст пайдо карда метавонанд, имкон доранд рақобати ҷиддӣ бо расонаҳои марказӣ намоянд Ин корро танҳо дар сурате кардан мумкин аст, ки ҳукумати марказӣ барои ин гуна нашрияҳо консепсияи хоси фаъолиятро омода намояд. Он чӣ ки ҳоло нест…

Мазҳаб Ҷумъа, Раҷаб Мирзо

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ