ДомойНақди РасонаӣАз барномаҳои сиёсӣ то содаи диданӣ. Телевизионҳои Тоҷикистон Иди модаронро чӣ гуна...

Аз барномаҳои сиёсӣ то содаи диданӣ. Телевизионҳои Тоҷикистон Иди модаронро чӣ гуна пӯшиш доданд?

Моҳи март ва баҳор аз Иди бонувон — 8 март оғоз меёбад, имкон дорад ҳадди ақал тамоми ин моҳ мо аз масоили гендерӣ бигӯем. Мунаққиди “Репортёри нав” дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи модарон шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро тамошо кард ва тасмим гирифт, ки чӣ гуна инъикос шудани Иди модаронро дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор диҳад.

ТВ “Тоҷикистон” мисли ҳамеша танҳо аз тавсиф мегуфт

ТВ “Тоҷикистон” — шабакаи давлатии №1-и кишвар дар арафаи Рӯзи модарон як силсила барномаҳои таҳиявиву эҷодӣ ба эфир расонид, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистонро дар мавриди занон тарғиб мекард.

Журналист Фатҳиддин Замон барномаи сиёсии “Тоҷикистон ва ҷаҳон” –ашро, ки соати 19:30 шоми 7-уми март ба эфир баромад, ба Рӯзи модарон бахшид. Меҳмонони ин барнома ҳама бонувон — ходимони давлатӣ буданд ва асосан дар бораи нақши занон дар ҷомеа ва раванди давлатдорӣ ҳарф мезаданд. Меҳмонон сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишварро дар мавриди занон мувофиқ ва судманд дониста, дар робита ба баланд гардидани мавқеи занон дар замони истиқлол ибрози андеша менамуданд.

Аз ҷумла, масъули Кумитаи кор бо занон ва оила гуфт, “ҳоло 79 дарсади соҳаи тандурусӣ, 70 дарсади соҳаи маориф ва 30 дарсади сиёсати Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд”.

ТВ “Тоҷикистон” ҳамчунин рӯзи иди 8-уми март як силсила барномаҳои муаллифӣ ба эфир дод ва дар байни ҳар барнома реклама — лавҳаҳои тарбиявӣ пахш намуд.

“Дугонаҳо” — яке аз барномаҳои маъруфи “занонаи” телевизиони замони шӯравии тоҷик аст, ки чанд соли ахир дубора ба рӯи экранҳо омад. Дар ин барнома ҳам, ки нашри навбатиаш ба Рӯзи модарон бахшида шуда буд, асосан ходимони давлатӣ, масъулини вазорату ниҳодҳо ва бонувони вакили маҷлиси намояндагон дар студияи телевизионӣ ҷамъ омаданд ва сиёсати ҳукумати кишвар дар бораи занонро тавсиф намуданд.

Ду муҷрии барнома — Маҳастӣ ва Наргис ба навбат назди ҳар як меҳмон нишаста, асосан дар бораи мавқеъ ва нақши занон дар ҷомеа ва дунёи сиёсат мепурсиданд. “Дугонаҳо” барномаи нисбатан фарҳангӣ буд ва дар миён сарояндагони ҷавони ансамблҳои Кумитаи телевизион ва радио суруд мехонданд. Дар омади гап, сурудҳои бештари ин овозхонон дар бораи ишқ ва муҳаббат буд ва мисле, ки ба мавзӯи барнома “намепечид”.

Ин телевизион зуҳри рӯзи 8-уми март бахшида ба Рӯзи модарон як барномаи пахши мустақим ҳам дошт ва занону модарони тоҷик ба таври мустақим суҳбат мекарданд. Ин шояд яке аз иқдомҳои идонаи ТВ “Тоҷикистон” буд. Ба ҳар сурат, дар гузашта чунин барномаҳоро дар хотир надорем.

Барномаи “Арзи меҳр”-и ТВ “Тоҷикистон”, ки маъмулан барномаи қироати шеър аст ва яке аз барномаҳои сайёри телевизионҳои кишвар ба шумор меравад, ин маротиба ба Рӯзи модарон бахшида шуд. Барномаи мазкур ғайриинтизор ин бор дар студияи телевизион сабт гардид ва донишҷӯёни донишгоҳҳои мухталифи кишвар шеърҳои гуногунро дар бораи зан-модар қироат карданд.

Дар дурӯзаи 7 ва 8-уми март, ки мо пайгирӣ намудем, қисмати асосии барномаҳои иттилоотии ТВ “Тоҷикистон”-ро гузоришҳо дар бораи маъракаҳои анҷомшуда дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар доир ба бонувон ташкил медод.

ТВ “Сафина” барномаи бисёр сода, вале диданӣ дошт

Телевизиони “Сафина”, ки аз рӯи таъйинот шабакаи фарҳангист, дар Рӯзи модарон бештар барномаҳои тафреҳӣ ба эфир медиҳад. Мо фурсат ёфтем, ки дар рӯзҳои 7-8-уми март барномаҳои “Модарнома”, “Қавипайкар”, “Нексиришт” ва “Хотираҳо”-и  ТВ “Сафина”-ро бубинем.

Барномаи “Модарнома”, ки шоми 7-уми март тайи як соат дар эфир рафт, ба фикри мо, яке аз барномаҳои дидании телевизионҳои Тоҷикистон буд. Дар ин барнома занону бонувон аз қишрҳои мухталиф ва синну соли гуногун меҳмон буданду сӯҳбати озод доштанд.

Маҳбуба Азимова — корманди Кумитаи занон ва оила, Дилбар Умарова, Мавлона Наҷмиддинова, Моҳпайкар Ёрова — ҳунармандони шинохтаи театру синамо, Мунаввара Додхоева — академик, Раъно Насриддинова — барандаи шоҳҷоизаи Озмуни “Фӯрӯғи субҳи доноӣ…” дар ин барнома ширкат варзиданд.

Мохпайкар Ёрова, Your.tj

Меҳмонони барномаи “Модарнома” дар атрофи модарони худ, дастпухти онон, одатҳо ва бархӯрди модарон бо воқеиятҳои иҷтимоӣ гуфтугӯ мекарданд ва тарзи баён ба эшон мевофиқ буд. Аз ҷумла, Маҳбуба Азимова гуфт, ӯ яке аз нахустин духтарони кӯҳистонӣ буд, ки барои таҳсил ба шаҳр омад ва маҳз муносибати самимӣ ва бархӯрдашон бо воқеоти замона роҳи 12 духтари дигари зодгоҳашро ба таҳсил боз намуд.

Мавлона Наҷмиддинова ва Моҳпайкар Ёрова ин ҷо аз ифтихори модардории худ ҳарф заданд ва Дилбар Умарова аз надидани меҳри модар афсӯс хӯрда, ашк рехт. Мунаввара Додхоева ангораҳояшро аз одатҳои очааш нақл кард ва чӣ гуна будани модарро тасвир намуд. Раъно Насриддинова бошад, дар навбати худ аз каломи бадеъ ва адабиёт перомуни нақши модар ҳарф зад.

Бояд гуфт, ки дар чандсолаи ахир дар телевизионҳои Тоҷикистон барномаҳое, ки ҳамвора бо ду забон пахш мешаванд, хеле кам ба назар мерасанд. Як вижагии дигари “Модарнома” бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ омода шуданаш буд.

Аз панҷ ходими давлатӣ то як зани оддӣ

Дар барномаи дигари ТВ “Сафина”  бо номи “Қавипайкар” занони гуногуни хидматчии давлатӣ аз раванди кор ва мушкилоти фаъолияти худ нақл карданд. Қаҳрамонони “Қавипайкар” 5 зан — аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорати дифоъ, хадамоти оташнишонӣ, ронанда дар НБО “Роғун” ва зани хоҷагидори дигар аз Рашт буданд. Барнома ҳам дар ҷойи корашон сабт мешуд.

Мо барномаро, ки аз соати 15:30 оғоз шуда то 16:20 идома кард, то охир пайгирӣ намудем, вале ному насаби қаҳрамононро нафаҳмидем. Бо ин вуҷуд, гарчанде қаҳрамонон гуногун буданд, вале саволҳо ба ҳамаи онҳо як гуна пешниҳод мешуд ва посухҳо ҳам ба ҳамдигар бисёр наздик буданд.

Баъди барномаи “Қавипайкар” бидуни танаффус барномаи “Нексиришт” дар ТВ “Сафина” оғоз шуд. Муаллифи он Фурқати Низом буд ва дар бораи рӯзгори Райҳон Низомова, модаре, ки 100 сол умр дида, ба гуфтаи худаш, беш аз 70 набераву чабера дошт, нақл мекард.

Ба гуфтаи муаллиф, ин модар дар хурдӣ аз волидон ятим монда, дар хонаи тағояш ба воя расид, вале зиндагии ободи худро сохта тавонист. Ин барнома хеле кӯтоҳ, ҳамагӣ 20 дақиқа идома кард,  вале дунёи як зани оддиро бозгӯӣ менамуд.

Пас аз таваққуф ва нашри ахбору гузоришҳо дар бораи баргузории Рӯзи модарон дар шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон, аз соати 20:00 то 21:00 ТВ “Сафина” барномаи “Хотираҳо”-ро бо меҳмонии овозхон Далери Исматулло ба эфир дод.

Ин ҳам чун дигар барномаҳои “Хотираҳо” дар меҳмонии студияи телевизион сабт шуда буд ва сароянда аз хотираҳои роҳи тайнамудааш қисса мекард. Дар ин миён Далери Исматулло сурудҳои перомуни модар омодакардаи худ ва овозхонони маъруфи гузашта Зафар Нозим ва Олим Бобоевро ба таври зинда бозхонӣ менамуд.

“Синамо”: аз синамо ба сиёсат рафт

ТВ “Синамо” шабакаи соҳавии ҷавон дар Тоҷикистон буда, асосан ба тарғиби филм ва филмофарӣ равона гардидааст. Мо фурсат ёфта, барномаҳои “Олиҳаи меҳр” ва “Нурафкан”-и ТВ “Синамо”-ро ҳам пайгирӣ намудем.

Бояд гуфт, “Олиҳаи меҳр” бо овоздиҳии ҳунарманди маъруфи тоҷик Қурбон Собир шаби 7-уми март ба эфир рафт. Он аслан барномаи таҳиявӣ буд ва дар бораи нақшофарии ҳунармандзанони тоҷик дар давраи шӯравӣ ва истиқлол қисса мекард.

Ғайричашмдошт, мавзӯи барномаи мазкур аз синамо ба сиёсат пайваст ва нақши занон дар сиёсати кишвар мавриди таҳлил қарор гирифт. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, сиёсатшинос Баҳриддин Ализода ва ховаршинос Зафар Мирзоён дар барнома аз нақши занон дар ҷомеа ва сиёсати мамлакат мегуфтанд ва ҳамагӣ таъкид медоштанд, ки “дар замони истиқлол чеҳраи занони сиёсатмадор кушода шуд”.

Дар барномаи “Олиҳаи меҳр”-и ТВ “Синамо” Баҳриддин Ализода гуфт, нақши занону бонувон дар сиёсати кишвар бисёр бориз аст ва ӯ ҳам афзуд, ки имрӯз беш аз 70 дарсади соҳаи тандурусӣ ва маорифи Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва дар дунёи сиёсати кишвар низ занон саҳми бориз гузошта истодаанд.

Ҳамин тавр, барномаи “Олиҳаи меҳр”-и ТВ “Синамо”, ки аз нақши занон дар синамои тоҷик оғоз шуд, ба минвол ба мавқеи занон дар сиёсат, иқтисод ва иҷтимои Тоҷикистон рафт ва барнома бо чунин мавзуъҳо ҷамъбаст шуд.

«Нурафкан» аз фиғони афғон гуфт

Барномаи “Нурафкан”-и ТВ “Синамо” шаби 8-уми март пахш шуд ва дар он меҳмонони гуногуни санъату синамову театр як-як ширкат варзиданд. Муаллифони барнома Рустам ва Насиба бо Мавлона Наҷмиддинова, Моҳпайкар Ёрова, Қурбон Собир, Қамариддин Мирзоев, Зарина Бадалова, Некқадам Шоназаров ва якчанд чеҳраҳои шинохтаи дигар аз 3 то 5 дақиқа ҳамсӯҳбат шуданд.

Саволҳои муаллифон дар доираи хотироти меҳмон аз модараш мечархид ва меҳмонон андешаи худро перомуни нақши модар дар тарбият ва раванди зиндагонии хеш баён медоштанд.

Аммо тафовути ин барнома ширкати Фаҳим Фано, овозхони афғоне, ки ҳоло дар Душанбе умр ба сар мебарад, маҳсуб мешуд. Ба андешаи мо, ӯ барномаро каме диданитар кард ва андешаҳояш дар бораи муҳоҷират ва дурӣ аз ватан такондиҳанда буд. Ҳамчунин, иҷрои суруди овозхони афғон вижагии худро дошт.

Дар кул, аз рӯи мушоҳидаи мо барномаи “Нурафкан” дар чанд рӯз сабт гардида буд, чун либос ва ороиши муаллифони он бо ҳар як меҳмон фарқ мекард.

Сароиши зинда ва баҳси фонограмма

Дар ТВ “Душанбе” шоми 8-уми март барномаи “Ҳунар” бо овозхони шинохтаи асри гузашта Зебои Нур, ки муддати дароз аз саҳна дур буд, пахш шуд.

Барнома бо суруди маъруфи овозхон — “Бе ту як лаҳза ҷудоӣ хуш намеояд маро” шурӯъ шуд ва тақрибан нисфи барнома дар бораи таърих ва чӣ гуна шуҳрат пайдо намудани ин суруд сарф шуд. Пас аз он рӯзноманигор ба пурсиши ҳаёти пасипардагӣ, кӯдакиву ҷавонӣ, роҳи тайкардаи ҳунар ва сабабҳои камнамо будани Зебои Нур пурсид.

Аз чӣ бошад, ки имсол дар аксар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон овозхонон даъват шуда буданд ва қисми каме бо садои воқеӣ ё ба истилоҳ «зинда» месуруданд ва бештари дигар «танҳо лабони худро меҷунбониданд». Баҳси пахши «фонограмма» як замон аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ доғ гардида буд ва тамошонибонону шунавандагон «аз дасти фонограмма ба ҷон омада буданд».

Дар ҳамин ҳол, дар дастикам се барномаи ТВ “Тоҷикистон” овозхонони ҷавон ба студия даъват мешуданд, то суруд иҷро кунанд, вале аз рӯи мушоҳидаҳо онон на «микрофон» доштанду на «петличка», ки садояшонро дар навори барнома сабт кунанд. Аммо дар барномаи “Хотираҳо”-и ТВ “Сафина” ва “Нурафкан”-и ТВ “Синамо” сарояндагон бо овози зинда суруд иҷро мекарданд.

Дар ин баробар, Зебои Нур ҳам дар ТВ “Душанбе” бо сароиши зинда ва овози тозааш барномаро диданӣ карда буд. Ин барнома як соат давом кард ва бо суруд ба поён расид.

Рекорди  ТМТ “Шаҳнавоз”

Аз ҳама барномаи ҷашнии аз ҷиҳати вақт дароз дар шабакаҳои телевизионӣ барномаи «Набзи Наво»-и ТМТ “Шаҳнавоз” буд. Ин барнома соати 20:00-и шаби 8-уми март оғоз гардида, наздики се соат идома кард.

Дар «Набзи наво» асосан навозандагону сарояндагони ҷавон даъват шуда буданд ва онҳо дар миёни як реклама суҳбат мекарданд. ТМТ “Шаҳнавоз” шабакаи соҳавии Тоҷикистон буда, самти асосиаш ба суруду мусиқӣ равона карда мешавад: шаби Рӯзи модарон дар ин телевизион навозандагону сарояндагон ба навбат суруд иҷро менамуданд, он ҳам аксаран зинда.

Танҳо ба як нуктае, ки мавриди таваҷҷуҳи мо қарор гирифт, суҳбати «нозеб»-и меҳмонон буд: мавзӯи барнома гарчанде мушаххас буд, вале  меҳмонон дар барномаи мазкур духтарони ҷавоне буданд, ки дар бораи азобҳои модар ва ҷонфидоиҳои ӯ бо эҳсос ҳарф мезаданд ва гумон мекардӣ дар ҳалқаи модарони солманду собиқадор нишастаӣ.

Мушкили меҳмони мувофиқ пайдо накардан дар барномаҳои гуногуни шабакаҳои телевизионии кишвар ҳам мушоҳида мешавад. Рӯзноманигорон дар ин маворид аз ҳозир нашудани коршиносон дар пардаи телевизион шикоят менамоянд ва аз сӯи дигар, коршиносон низ аз даъват нашудани худ гиламанданд.

Дар ҳамин ҳол, шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар Рӯзи модарон эфири худро бо чунин барномаҳо пур карданд.

Шумо кадом барномаи шабакаҳои телевизиониро дидед?

 

Меҳрофарин Наҷибӣ
Меҳрофарин Наҷибӣ
Рӯзноманигор. Аз соли 2019 инҷониб дар расонаҳои Тоҷикистон кор ва ҳамкорӣ мекунад. Ҳоло дар ОИ “Азия-Плюс” фаъолият дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ