ДомойНақди Расонаӣ«Баҳои 2»-и матбуоти тоҷик

«Баҳои 2»-и матбуоти тоҷик

11-уми март дар Тоҷикистон аҳли қаламу сухан Рӯзи матбуоти тоҷикро ҷашн гирифтанд. Рӯзноманигорони тоҷик дар иди касбиашон аз таърих, дирӯз ва имрӯзи худ васфу нақд мекунанд ва ин ҳама дар матбуоти кишвар инъикос меёбад. Мунаққиди «Репортёри нав» матбуоти Тоҷикистонро, ки дар арафаи ҷашни касюӣ ба нашр расиданд, варақ зад ва тарзи инъикоси таҷлили ин рӯзро пайгирӣ намуд.

Соли сипаришуда барои журналистикаи тоҷик соли осон набуд, вале аксари ҳафтаномаҳои кишвар аз мушкилоти соли гузашта натиҷагирӣ ё ақаллан ёдоварӣ накардааст. Дуруст аст, ки нашрияҳои давлатӣ пеш аз  рӯзи матбуот дар доираи сиёсати редаксионии худ матолиби гуногун нашр кардаанд, вале ҳафтаномаҳои хусусӣ “на сих сӯзад, на кабоб” гуфтаанд.

«Нашрияи №1» чӣ гуфт?

Рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон аст, дар шумораҳои то рӯзи 7 марти худ аз ҷаши матбуот ҳарфе нагуфтааст. Мо то шоми 12-уми март сомонаи ин рӯзномаро пайгирӣ намудем, аммо ягон матлаб дар ин хусус ба чашмамон нахӯрд.

Дар саҳифаи фейсбукии ин нашрия хабарнигор Лашкар Шарифзода, ки шояд маъмури ин саҳифа аст, Рӯзи матбуоти тоҷикро бо як ҷумла таҳният гуфта, ҳамчунин хабарнигорони минтақавии худро барои гирифтани сипоснома ва ҷоиза табрик кардааст.

Дар саҳифаи фейсбукӣ аз хабаргузории «Ховар» хабар пешниҳод мегардад, ки дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии дастури библиографии «Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» доир гардидааст.

Як рӯз пеш аз ин, дар ҳамин саҳифаи фейсбукӣ хабар дода буданд, ки дар кафедраи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили идона таҳти унвони «Дирӯз, имрӯз ва фардои матбуоти даврӣ» баргузор гардид ва дар он, аз ҷумла сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» иштирок ва суханронӣ кард.

Шояд ин рӯзнома рӯзи 11-ми март нашри махсус ҳам дошт, аммо он ба мо дастрас набуд. Дар сомонаи нашрия ҳам дар ин бора чизе нест. Дар сафҳаи фейсбукиаш низ.

Воқеан, «Ҷумҳурият»  ягона рӯзномаи Тоҷикистон мебошад, ки аз душанбе то ҷумъа аз чоп мебарояд, вале гуфта мешавад танҳо дар як ҳафта як маротиба дастрасӣ хонандагон мегардад.

Интиқод  аз матбуоти маҳаллӣ

Дар ҳамин ҳол, нашрияи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум», дар шумораи охири худ аз «Нахустин рӯзномаи коргар» то «Сабақҳои дирӯзу мушкилоти имрӯзи матбуоти даврии тоҷик» дастикам 4 матлаб ба табъ расонидааст.

Дар матлабе, ки зери номи «Нахустин рӯзномаи коргар» дар ин нашрия ба табъ расид, собиқ муҳаррири рӯзномаи «Вахш» Аъзам Мӯсоев аз таърихчаи корномаи рӯзномаи «Вахш» қисса мекунад. Муаллиф аз номҳои пешини нашрия ёдоварӣ намуда, онро “солномаи корномаҳои бунёдкорони системаи обёрии «Вахш» гуфтааст.

Профессор Мурод Муродӣ, муҳаққиқ ва устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ), дар кори таҳқиқие, ки бо номи «Сабақҳои дирӯзу мушкилоти имрӯзи матбуоти даврии тоҷик” дар “Садои мардум» ба нашр расонидааст, таърихи матбуоти даврии тоҷикро ба се давра ҷудо намудааст: то Инқилоб, замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз нимаи дуюми солҳои 1980 то имрӯз.

Ӯ аз таъсири матбуот ба ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии мардум дар гузашта ёдоварӣ намуда, дар ҳамин ҳол навиштааст, «дар айни замон аксарияти нашрияҳои шаҳриву ноҳиявии мо гӯё барои таърих хидмат мекунанд, ба иборае мундариҷаи онҳо ба афкори мардум камтар таъсир мерасонанд».

Муаллиф мушкили имрӯзаи матбуоти даврии тоҷикро на дар нашр, балки дар муҳтаво ва муносибат ба воқеиятҳои иҷтимоӣ рабт додааст.

Профессор Муродӣ дар пажӯҳиши худ афзудааст, ки кори матбуоти даврӣ дигар расонидаи иттилоъ нест ва «барои рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи чопӣ муносибати таҳлилӣ ва интиқодӣ манфиатовартар аст».

Ҳамвора ба ин, ду лавҳаи дигар зери унвони «Амри виҷдон аст кори журналист» ва «Беҳтарин хислатҳои инсониро дошт», ки ба рӯзгор ва фаъолияти рӯзноманигорон Шералӣ Яҳёев ва Раҳимҷон Бобоҷонов бахшида шуда буд, дар «Садои мардум» нашр гардид.

Иқтибоси соли кӯҳна

«Минбари халқ», нашрияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз 16 саҳифаи худ, дар шумораи 7-уми мартиаш, як саҳифаро ба Рӯзи матбуоти тоҷик бахшид. Дар ин саҳифа, аз ҷумла Ҷалолуддин Нурзода, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бо номи «Рӯзи матбуоти тоҷик шуд «Бухорои шариф» матлаб ба нашр расонидааст, аммо ба назар мерасад он кӯҳна ва шояд бознашр аз соли пеш аст. Дар он аз таъсис, раванди ташаккул ва баста шудани нахустин рӯзномаи тоҷикӣ – «Бухорои шариф» ҷумлаҳоеро пайиҳам меорад. Муаллиф дар асл ҳамон чизеро гуфта, ки асри гузашта устод Айнӣ навишта буд ва аслан иқтибосҳое аз он манзур мегардонаду бас. Ба эҳтимоли қавӣ он бознашр аст, ё муаллиф иқтибосҳоеро аз соли гузашта рӯбардор кардааст. Ба ҳар ҳол, дар ин матлаби соли 2023 мехонем: «Рӯзи 11 марти соли 2022 ба нашри нахустрӯзномаи форсии тоҷикӣ – «Бухорои шариф», ки ба рӯзноманигории тоҷик асос гузошт, 110 сол пур шуд».

Дар ҳамин ҳол, матлаби дигари ҷашнии «Минбари халқ» аз Мирзосафар Шамсиддинов, рӯзноманигор ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон аст, ки дар бораи ҳаёти эҷодии рӯзноманигори шинохта Эмомалӣ Назаров қисса мекунад. Ин матлаб бо номи «Қаламам умри ҷовидони ман аст» дар қолаби лавҳа нигошта шуда, қаҳрамонро «рӯзноманигори соҳибсабк, қаламкаши хушвазқ ва таблиғгари варзиш» муаррифӣ намудааст.

 «Народная.. » аз озодии баён гуфтааст!

Нашрияи русзабони Ҳукумати Тоҷикистон — «Народная газета» ба Рӯзи матбуоти тоҷик саҳифаи 6-и худро бахшидааст. Ин нашрия миёни 4 ҳамкасби мо аз нашрияҳои ҳукуматӣ блитс-пурсиш анҷом додааст, ки онҳо аз вазъи хубу рушди журналистика дар замони истиқлол ҳарф задаанд.

Дар матлаби дигаре, ки бо номи «Свобода слова во всех ее проявлениях» муовини сармуҳаррири нашрияи «Садои мардум» Далер Абдулло дар «Народная газета» навиштааст, таъкид мешавад, ки дар Тоҷикистон вазъи озодии баён хуб буда, ба вижа дар замони истиқлол он беҳтар ҳам шудааст. Ӯ барои тақвияти гуфтаҳояш аз Ричард Ҳоугланд, сафири ИМА дар Тоҷикистон (солҳои 2003-05) , иқтибос овардааст. Бандҳои қонунгузории Тоҷикистон ҳам дар маводи муаллиф замима гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалӣ пешорӯи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик аз маҳдуд шудани вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ҳарф мезананд.

«Маркази миллии тестӣ гунаҳкор аст»

Имсол дастикам 4 матлаб ё мусоҳибаҳои устодони факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни матбуот дар ҳафтаномаҳои ҳукумативу хусусии кишвар ба нашр расидааст.

Дар мусоҳибаи Сангин Гулов, устоди факултаи журналистикаи ДМТ, бо хабарнигори ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» гирудори интернет ва матбуот, истифодаи жанрҳои журналистӣ дар фаъолияти касбӣ ва мушкилоти тарбияти кадрҳои нави журналистии факулта мавриди баҳс қарор гирифтааст.

Сангин Гулов бар хилофи ақидаи устоди дигари факулта Мурод Муродӣ, ки дар мақолаи «Сабақҳои дирӯзу мушкилоти имрӯзи матбуоти даврии тоҷик» дар «Садои мардум» мегуфт, «набояд ҳама маводҳои рӯзнома ба интернет роҳ ёбад, зеро хонандаро аз рӯзнома дур мекунад» баромада, дар ин сӯҳбат таъкид намудааст, ки «бояд ҳама маводҳои рӯзнома, пурра ё қисм-қисм, ҳатман дар интернет гузошта шавад».

Ӯ дар робита ба мушкили омода намудани кадрҳои журналистӣ нигаронӣ карда, гуфтааст, ки донишҷӯён завқи журналистшавӣ кам доранд ва «барои гирифтани диплом меоянд».

Воқеан, дар чандсолаи охир масъулини нашрияҳо аз он нигаронӣ менамоянд, ки факултаи журналистикаи ДМТ рӯзноманигори касбӣ омода карда наметавонад. Сангин Гулов дар ин мусоҳибаи худ  «гуноҳ»-ро ба сари Маркази миллии тестӣ равона карда мегӯяд, бояд барои қабул намудани довталабони факултаҳои журналистӣ Маркази миллии тестӣ имтиҳоноти эҷодӣ ва маҳоратро ба роҳ монад, “зеро имрӯз ба хотири миқдор шуда, сифатро аз даст медиҳанд”.  Ин пешниҳод қаблан борҳо аз ҷониби рӯзноманигорон низ ироа гардида буд, вале ба назар мерасад, ки ба гӯши масъулин нарасидааст…

 «Журналистика дар назди ҳукумат чӣ қадр дорад?»

Дар рӯзномаҳои хусусӣ низ матолиби ҷиддиву таҳлилӣ дар робита ба вазъи феълии журналистика пайдо кардан мушкил аст. Дар аксари онҳо асосан устодони факултаи журналистикаи ДМТ фаъол буданд.

Профессор Аъзамҷон Азимов дар мусоҳибае бо ҳафтаномаи «Тоҷикистон» баръакси устоди дигари ин факулта Сангин Гулов мегӯяд «дар факултаи журналистика барои омода кардани кадрҳои журналистӣ ягон монеа нест».

Қироншоҳ Шарифзода, муҳаққиқи соҳа ва устоди дигари факултаи журналистикаи ДМТ пажӯҳиши васеъи худро перомуни нашрияи «Бухорои шариф» дар ҳаҷми се саҳифа дар ҳафтаномаи «Самак» ба табъ расонидааст.

«Фараж» матлаби нисбатан интиқодӣ вобаста ба вазъи матбуот ба табъ расонид. Ҳуриннисо Ализода, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба муносибати солгарди умр ва ҷашни матбуот бо хабарнигори «Фараж» мусоҳиба ороста, дар робита ба мушкилоти ҷодошта изҳори нигаронӣ намудааст.

Хонум Ализода гуфтааст, ки пас аз даргузашти раиси собиқи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов журналистикаи тоҷик қимат ва ҷойгоҳи қаблии худро аз даст дод. Ӯ танҳо дар як соли охир аз  7 то 10-сол равонаи зиндон шудани журналистони тоҷик ибрози нигаронӣ намуда, гуфтааст, “бӯҳрони иқтисодӣ, тарс, сензураи ғайриқонуние, ки мегӯянд нест, вале ҳаст ва кӯшишҳои ҳукумат дар мавриди аз зери контрол набуромадани журналистон” журналистикаи тоҷикро аз пой афтонд.

«Агар ба вазъи имрӯзаи журналистика бингарем, чӣ мебинем ва журналистика дар назди ҳукумат чӣ андоза қадр дорад? Ҳеҷ!», — афзудааст раиси Шӯрои ВАО.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтавори «СССР» дар сутуни саҳифаи як аз вазъи имрӯзаи журналистика дар кишвар ва ҷаҳон нигаронӣ намуда, дар соли сипаришуда ба ин касб «баҳои 2» додааст. Дар ин нашрия мехонем: «соли 2022 нишон дод, ки дар сартосари олам журналистика фавтид, ҳалок шуд, харом гардид, шаҳид гашт».

«СССР» аз ҳабси чанд рӯзноманигор дар соли гузашта ёдоварӣ намуда, навиштааст, «дар соли 22 чанд парвандае низ буд, ки малеҳтар карда гӯем, набояд матраҳ мешуданд! Зеро ҳар журналисти фаъол ва ё собиқ, ки замоне узви ИЖТ будӣ, чун ҳабс шудӣ, соя бар рӯи демократияи давлат меафтад».

Зимнан, Тоҷикистон нашрияҳое ҳам дошт, ки вобаста ба Иди матбуоти тоҷик ҳеҷ матлабе надошт. Аз ҷумла «Азия Плюс».

Сукут ё ин бархӯрди малеҳи нашрияҳои давлативу хусусӣ, ки ба қавли Ҳуриннисо Ализода масали «на сих сӯзад, на кабоб»-ро ба хотир меорад, дар худ чӣ ногуфта ё паём дорад, мо намедонем.

Шумо чӣ?

Меҳрофарин Наҷибӣ
Меҳрофарин Наҷибӣ
Рӯзноманигор. Аз соли 2019 инҷониб дар расонаҳои Тоҷикистон кор ва ҳамкорӣ мекунад. Ҳоло дар ОИ “Азия-Плюс” фаъолият дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ