ДомойНақди Расонаӣ«Ҳатто пропаганда ҳам касбӣ нест». Барномаҳои сиёсии шабакаҳои ТВ чӣ доранд?

«Ҳатто пропаганда ҳам касбӣ нест». Барномаҳои сиёсии шабакаҳои ТВ чӣ доранд?

Барномаҳои таҳлилӣ-сиёсӣ дар сеткаи барномаҳои аксари телевизионҳои Тоҷикистон ҷои махсусро ишғол мекунанд. Дар ҷумҳурӣ, ҳатто шабакаи №1-и кишвар — “Тоҷикистон” –ро асосан сиёсӣ меҳисобанд.

Зимнан, барномаҳои сиёсӣ дар тамоми дунё бинандаи зиёдро фаро мегиранд. Хоса пеш аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва махсусан ток – шоуҳои сиёсӣ. Ҳоло аксари шабакаҳо ба пахши мустақими ток – шоуҳо афзалият медиҳанд.

Дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон зери мафҳуми “сиёсӣ” чиро мефаҳманд ва чӣ барномаҳое пешниҳод мекунанд?

Мунаққиди “Хабарнигори муосир” барномаҳои сиёсии шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон” ва “Ҷаҳоннамо”-ро тамошо кард ва бо истифода аз назари таҳиякунандагони барномаҳову тамошобинон сифат ва муҳтавои онҳоро ба баррасӣ кашид.

Телевизиони №1 дорем. Барномаҳояш рақами чанд аст?

Дар телевизиони “Тоҷикистон” идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилӣ амал мекунад ва тибқи иттилои сомонаи расмии ин шабака онҳо дар маҷмуъ 8 барномаи сиёсӣ-таҳлилӣ, аз ҷумла, «Дар мавзӯи рӯз», «Раванд», «Сиёсати муваффақ», «Тоҷикистон ва ҷаҳон», «Тафсир», «Меҳвар» ва ғайра дорад, ки ҳадафи ҳамаи онҳо “муаррифии бештари Тоҷикистон ба ҷаҳониён” гуфта мешавад. Ин дар ҳолест, ки ҳамаи барномаҳо бо забони тоҷикӣ пахш мешаванд ва маълум нест, ки онҳо чӣ гуна бо забони тоҷикӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.

Зимнан, Тоҷикистон чанд соли ахир худро яке аз кишварҳое муаррифӣ мекунад, ки пешниҳодоташ дар СММ пазируфта мешаванд. 7 ҳизби сиёсӣ дорад, ки шаштои онҳо парлумонианд. Ҳар панҷ сол як бор интихоботи парлумонӣ ва ҳар ҳафт сол интихоботи президентӣ баргузор мекунад. Мавзуъҳои рӯзмарраи дохилӣ ҳам кам нест. Ба ҳар сурат, тариқи расонаҳои мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза даҳҳо масоили муҳим мавриди баррасӣ қарор мегирад. Пас то куҷо ин масоил баррасӣ мешаванд ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар ҳалли ин масъалаҳо, ҳамон тавре дар аксари кишварҳои пешрафта ҳаст, ҷалб мегарданд?

Тамошои шабакаҳо нишон медиҳад, ки чунин бархӯрд тақрибан вуҷуд надорад. Барномаҳои сиёсии шабакаҳои ТВ ба назар мерасад, як ҳадафи мушаххас доранд: таблиғи бештари ҳукумат!

Аз ин рӯ, вақте, ҳатто масоили вобаста ба созмонҳои ҷаҳониву минтақавиро баррасӣ мекунанд, аз “саҳми барҷастаи Тоҷикистон” сӯҳбат анҷом мешавад. Як мушкили дигари ба истиллоҳ барномаҳои сиёсӣ ин аст, ки аксари баҳсҳо умумӣ буда, барномаҳо асосан маълумотӣ мебошанд. Яъне таҳлил қариб, ки вуҷуд надорад.

Аз ҷумла, дар барномае, ки дар бораи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзи 3-юми феврали соли 2022 пахш шуд, коршиносони даъватшуда ба ҷои таҳлили фаъолияти он, бештар дар бораи худи ташкилот маълумот медоданд. Онҳо мегуфтанд, ки СҲШ чанд аъзо дорад, кай таъсис ёфтааст, нишастҳои он дар кадом солҳо ва дар кадом кишварҳо баргузор шуд, дар низомномаи ин созмон чӣ навишта шудааст. Аммо ҳатто ишорае ба ин набуд, ки созмон барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад, кишвари мо дар ин он чӣ ҳадафро пайгирӣ мекунад? Барои чӣ Тоҷикистон ба он аъзо аст, аз давраи ташкилшавӣ то имрӯз кадом ҳадафҳои созмон мушаххасан дар амал татбиқ шудаанд?

Он чи ки коршиносони даъватшуда мегуфтанд, маълумоте буд, ки ҳар кас аз “Википедия” пайдо карда метавонист. Ҳадафи чунин барномаҳо аслан бояд пайгириву баррасии фаъолиятҳо, баҳси ҷиддӣ сари ин ё он қарору иқдоми ин гуна созмонҳо бояд бошад. Мутаассифона ин гуна бархӯрд дар барномаҳо қариб нест.

Дар барномаи “Меҳвар”, ки соати 21:00 рӯзи 3-юми феврали соли равон бо номи “Хурофот ва ҷаҳолат чист ва он ба бақои давлати миллӣ чӣ хатар дорад?” пахш шуд, низ асли барнома ба таърихи мафҳум, чӣ будани хурофотпарастӣ, кай ва дар куҷо пайдо шудани он равона шуд. Аммо сабаб ва пайомадҳои хурофотпарстӣ, роҳҳои барҳамзании он баррасӣ нагашт…

Қисмати дигари барнома ба нақши паёмҳои президент Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии хурофопарастӣ бахшида шуд. Дар ин қисмат ҳам чизи муҳиме гуфта нашуд. Фақат яке аз меҳмонони барнома ишора кард, ки “дар паёмҳои Пешвои миллат баланд бардоштани сатҳи маърифтнокии ҷомеа дар мадди аввал меистад”.

Барномаи “Мавзӯи рӯз”, ки 11-уми март дар Телевизиони “Тоҷикистон” пахш шуд, ду мавзуъро дар бар мегирифт: яке, ҳадафи эълони озмуни “Тоҷикон- оинаи таърихи миллат” ва дигарӣ, шарҳи мафҳуми терроризм. Вижагии ин барномаҳо дар он зоҳир мешуд, ки дар бахши якуми он журналистон дар студия буданд ва бо коршиносону мутахассисон дар шакли онлайн сӯҳбат мекарданд. Гӯё пахши мустақим бошад. Чунин шакли пешниҳодро бештари вақт “Ҷаҳоннамо” ҳам мекунад. Мутаассифона воқеӣ — мустақим набудани онҳо ҳамеша барои бинанда маълум аст.

Барномаи дигари сиёсӣ  “Тоҷикистон ва ҷаҳон” аст, ки солҳо боз пахш мешавад. Дар чанд нашри аввали барнома, дар бораи терроризм, ифротгароӣ, ҳаводиси Ироқу Сурия, фақру гурӯснагӣ, таҳдидҳои дигаргуншавии иқлим, муҳоҷирати иҷборӣ, ҳаёти гурезагон ва ба ин монанд мавзуъҳо гуфта мешуд. Бинандаи хоси худро ҳам дошт. Махсусан шеваи гуфтори ровӣ ва муаллифи барнома қисмате аз бинандаҳоро ҷалб мекард.

Ҳоло ба назар мерасад, ки ин барнома низ худро бештар ба тарғиби ҳукумат машғул доштааст. Дар натиҷа, агар пештар мавзуъҳои ҷаҳонӣ баррасӣ мешуд, ҳоло бештар ба мавзуъҳои дохилӣ рӯ меорад. Масалан, нашри охирини барнома, ки дар арафаи Наврӯз пахш гардид, ба мавзӯи ҷаҳонишавии ин ҷашн бахшида шуда буд.

Дар барномаи дигар журналист доир ба таҷлили Наврӯз дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла кишварҳои Шарқи африқо маълумот медиҳад, вале наворҳоеро, ки аз дигар манбаъҳо гирифтааст, ишора намекунад. Воқеан, мавзӯи “ҳуқуқи муаллифӣ” дар ин барнома чандин бор байни журналистон баррасӣ шудааст. Ин дар ҳоле, ки дар расонаҳо “роҷеъ ба мувафақияти ин барнома” матлабҳои зиёде нашр шудааст.

Мавзӯи ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ аз ҷумлаи бахши муҳими барномаҳои сиёсии шабакаи №1 дониста мешавад. Ҷузъи муҳими дигар Паёмҳои Президенти Тоҷикистон аст. Аксари кормандони мақомоти давлатӣ ва омӯзгорони донишкадаву донишгоҳҳо дар ин гуна барномаҳо дастовардҳои Тоҷикистонро таъриф мекунанд.

Як нуктаи ҷолиб “коршиносони универсал” аст, ки омодаанд тақрибан дар ҳама мавзуъ дар барномаҳои телевизионӣ ширкат намоянд. Аз ҷумла, Зубайдулло Давлатов — корманди Маркази тадқиқоти стартегии Тоҷикистон дар яке аз барномаҳои “Меҳвар” доир ба хурофоту тероризм суҳбат мекунад, дар барномаи дигар дар мавзӯи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон- оинаи таърихи миллат”, дар барномаи баъдӣ перомуни ҷашни Наврӯз.

Муаллифони барномаҳои сиёсӣ инро ба набудани коршиносон рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд овозаҳо дар бораи “рӯйхати сиёҳ” асос надоранд. Масъалаи асосӣ ин аст, ки аксари коршиносон, аз ҷумла онҳое, ки дар гузашта дар пажуҳишгоҳҳои илмӣ кор мекарданд, барои иштирок дар барномаҳо розӣ намешаванд. Аммо сабаби ин ҳолатро мисле, ки касе намедонад ва шояд касе ҳам дар ин бора фикр накардааст…

ТВ “Ҷаҳоннамо”. Мавзуъҳо умумӣ, вале тарзи пешниҳод ҷолиб

Дар телевизони “Ҷаҳоннамо”, ки самти асосиаш иттилоотӣ аст, идораи махсуси сиёсӣ нест. Бовуҷуд дар сеткаи барномаҳои он барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии «Геополитика», «Дидгоҳ», «Таҳқиқ», «Нуқтаи назар», «Масъулият», «Ҷомеа ва ҷаҳон», «Ҷаҳони иртибот», «Сӯҳбати муҳим», «Сӯҳбати рӯз», «Иқтисод+» мавҷуд аст, ки пайваста пахш мешаванд.

Муаллиф ва ровии  “Дидгоҳ”  Барно Соҳибова дар барномаҳояш як мавзӯи мушаххасро  бо як ё чанд коршинос мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Дар барномае, ки 4-уми феврал дар саҳифаи “Ютуб”-и телевизони “Ҷаҳоннамо” гузошта шудааст, доир ба ҷаласаи Гурӯҳи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), ки номзадии Тоҷикистонро ҷиҳати узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 ҷонибдорӣ карданд, сӯҳбат анҷом шуд. Ҳамсӯҳбати журналист Фирӯзи Рамазон, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ буд, ки дар бештари барномаҳои шабакаҳои ТВ ба ҳайси коршиноси сиёсӣ ширкат мекунад.

Ҳадафмандии барнома аз ибтидо маълум буд. Хоса, вақте журналист пурсид, ки узвият дар Шӯрои амнияти СММ ба Тоҷикистон чӣ медиҳад ва коршинос ба таври фаҳмо ба суол посух дод: он нуфузи Тоҷикистонро баланд мебардорад! Барнома 24 дақиқа ва ҳамин гуна бо саволу ҷавоби ҳадафмандона давом кард.

“Суҳбати муҳим” барномаи таҳлилии дигари ин телевизион аст, ки ҳафтае як мартиба ва ё ду ҳафта як маротиба, вобаста ба дарёфти коршинос ва баҳонаи хабарӣ пахш мешавад. Дар яке аз нашрҳои ин барнома, ки навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас аст, ба мавзӯи “Таърих рӯшангари роҳи оянда аст” рӯ овардаанд. Таърихшинос Давлатшоҳ Маҳмудов ҳамроҳи журналист моҳият ва зарурати озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон оинаи таърихи миллат»-ро ба баҳс кашид. Дар заминаи он сабақ аз шикасту рехт, эҳёву ташаккули давлатдории тоҷикон ва атрофи нақши Бобоҷон Ғафуров дар офариниши таърихи тоҷикон сӯҳбатҳо шуд.

Хулоса, асли барномаҳои сиёсии “Ҷаҳоннамо” низ ба таблиғи ҳукумат ва фаъолиятҳои он, дастовардҳо, мавзӯи ватандӯстиву ватанпарастӣ, манфиатҳои миллӣ равона шуда, таҳлили воқеӣ ва ихтисосӣ тақрибан нест.

Махсусиятҳои пропаганда дар Тоҷикистон

Аз барномаҳои сиёсии шабакаҳои ТВ хулоса кардан мушкил нест, ки онҳо бештар аҳдофи таблиғотиро ба зимма гирифтаанд. Мутаассифона ҳоло аксари расонаҳои дунё бештар думболи пропагандаанд. Аммо таҳлилгарони тоҷик мегӯянд шабакаҳои ТВ –и Тоҷикистон, ҳатто ин корро касбӣ карда наметавонанд.

Таҳлилгари ҷавони тоҷик Умедҷон Иброҳимзода дар ин замина мегӯяд, “барномаҳои таҳлилӣ-сиёсии телевизионҳои Тоҷикистон, ҳатто ҳадафи асосии худро, ки таблиғи дастовардҳои кишвар ва сохтани имиҷи мусбат ба он мегӯянд, дуруст иҷро карда наметавонанд. Дар аксари барномаҳо умумигӯӣист  ва маълумоти гуфташуда мушаххас нест”.

Ба назари ӯ баъзе нашрҳои касбиву ҷавобгӯро низ вохӯрдан мумкин, аммо зиёд нестанд.

Сабаб дар чист?

— Чунин ба назар мерасад, ки ҳатто бархе муаллифони барнома ва коршиносони даъватии онҳо дарки моҳияти мавзуъҳои баррасишавандаро надоранд. Барои ҳамин як барномаи сиёсӣ-таҳлилӣ, ки дар телевизионҳои давлатӣ бояд нақши калидӣ дошта бошад, ба барномаи иттилоотӣ ва суханони обшуставу умумӣ табдил ёфтааст, -мегӯяд Иброҳимзода.

Дар натиҷа, ҳатто вақте мавзуъҳои мубрами ҷаҳониро баррасӣ мекунанд, ё ташаббусҳои муҳими сатҳи ҷаҳониии Тоҷикистонро, онҳо ҳадафрас намешаванд.

Як нуктаи дигар, қариб дар ҳамаи барномаҳо дар мавзуъҳои мухталиф аксаран кормандони мақомоти давлатӣ ва устодони донишоҳу донишкадаҳо иштирок мекунанд, ки бештари вақт умумигӯӣ доранд.

Масалан чаро вакилони парлумон ва раисони аҳзоби сиёсиро, ки “бачаи хубанд” ба барномаҳо даъват кардан мумкин нест? Ақаллан барои рангорангӣ. Барои мисол Сайҷаъфар Усмонзода, раиси ҲДТ ва вакили он дар парлумон тариқи расонаҳои мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ сӯҳбатҳое анҷом медиҳад, ки аз ҷониби мардум хуш пазируфта мешавад. Пас чаро ӯ ва одамони мисли ӯро набояд ба барномаҳо даъват намуд? Шояд тарс аз “ситорашавист”?

Масъалаи дигар тақрибан сарфи назар шудани мавзуъҳои дохили аст. Ҳамчунин аз ҷараёни иҷлосияҳои ду палатаи парлумон гузоришҳои “беовоз” сурат мегирад, баъзе изҳороти муҳими вазорату идораҳо дар робита ба масъалаҳои муҳими сиёсӣ пахш намешавад.

Бар илова, Тоҷикистон вобаста ба масоили Афғонистон мавқеи вижа дорад. Аммо дар ин бора низ барномаи касбӣ пешниҳод нашудааст. Инъикоси муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон, ки чанд соли ахир хеле доғ мешавад, тамоман вуҷуд надорад. Ҳарчанд Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ интиқодҳо дар мавриди пӯшиш надодани ҳаводиси марзиро рад кард, ва гуфта буд, ки «мо на ҳар иттилоъро нашр мекунем». Аммо, агар чизе гуфтаанд, танҳо пахши изҳороту баёнияҳои ҷонибҳост, ки бинандаи ноогоҳ, агар дорем, шояд дар ҳайрат мемонад: агар муноқиша набуд, ин ҳама барои чист?

Ё шояд дар шабакаҳои ТВ ба ин назаранд, ки агар онҳо дар бораи чизе нагӯянд, мардум аз ҷараёни ҳодисаҳо умуман бехабар мемонанд?

Ман ба ин бовар надорам. Шумо чӣ?

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ