ДомойНақди РасонаӣНаврӯзи минтақаҳо. Чаро шабакаҳои ТВ имсол аз пойтахт камтар гуфтанд?

Наврӯзи минтақаҳо. Чаро шабакаҳои ТВ имсол аз пойтахт камтар гуфтанд?

Эмомалӣ Раҳмон ин шабу рӯз дар вилояти Суғд қарор дорад. Сарвари давлат дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, бо сокинон мулоқот намуд. Аслан, Наврӯзро дар Тоҷикистон 20 ё 21 март дар яке аз ноҳияҳои кишвар ва аксари вақт дар пойтахт ҷашн мегиранд. Имсол, ки аз 20 то 25-уми март президент барои ширкат дар Конфронси оби СММ дар Амрико қарор дошт, бинобар ин ҷашни асосии Наврӯз охири моҳи март дар Хуҷанд баргузор гардид. Тибқи хабарҳои пахшшуда, барои таҷлили ҷашн наздики 19 ҳазор нафар, аз ҷумла 12 ҳазор донишҷӯю хонандагони мактаб ба “маршировка” ҷалб шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳамасола вобаста ба Наврӯз шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон барномаҳои гуногун таҳия мекунанд ва қобили зикр аст, ки чанд соли ахир, ин барномаҳо ҳатто беҳтар аз барномаҳои Соли нави милодӣ таҳия мешаванд.

Мунаққиди “Хабарнигори муосир” имсол шабакаҳои телевизиониро пайгирӣ намуд, то маълум намояд, ки барномаҳои наврӯзии онҳо мисли солҳои гузашта буд, ё онҳо ҳам то омадани Эмомалӣ Раҳмон ва наврӯзи асосии кишвар мунтазир шудаанд?

Дар ду рӯзи асосии ҷашн — 20 ва 21-уми март беш аз 20 барномаи шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Сафина” “Синамо”, “Душанбе”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва “Шаҳнавоз” пайгирӣ шуд.

Гузоришҳои ба ҳам монанди ТВ “Тоҷикистон”

Ҷашни Наврӯз низ ба ТВ “Тоҷикистон” халал нарасонд, то мисли ҳамеша “барномаҳои сиёсӣ ва ҷиддӣ” дошта бошад. Дуруст аст, ки 20-уми март он якчанд лавҳаи телевизионии наврӯзӣ ва гузоришҳо дар бораи таҷлили ид дар пойтахт ва минтақаҳои гуногуни кишвар пахш кард. Барномаи иттилоотии зуҳр ва шомгоҳи ин шабака ҳам бо сужаҳои ҷашнӣ пур мешуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Пас аз барномаи “Ахбор”, дар ин шабака зуҳри 20-уми март барномаи “Дугонаҳо” пахш гардид. Дар ин барнома асосан моҳияти расму ойинҳои мардумии наврӯзӣ, ба мисли тоза кардани хонаву дар, офтоб кардани курпаву болишт, бароварда партофтани ашёҳои шикаста ва дигар одатҳои мардумӣ фаҳмонида шуд. Бахши дигари ин барнома бо ҳузури меҳмонон (ё аслан мизбонон, зеро барандагони барнома ба хонаи сокинони гуногуни Тоҷикистон меҳмон мешуданд) идома карда, тарзи омода намудани хӯрокҳои наврӯзиро ба тамошобинон “меомӯзониданд”.

Барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон”, ки соати 22:00-и шаби 20-уми март ба эфир рафт, мисли ҳамеша сиёсӣ буд. Мавзӯи ин бор — нақши Наврӯз дар замони таҳдиди бесобиқаи терроризм ва экстремизм дар саросари ҷаҳон муаррифӣ гардид. Меҳмонон аз ҷумлаи устодони ду донишгоҳи Тоҷикистон интихоб шуда буданд: Аз ДМТ Саъдулло Ҳайдарӣ ва аз ДДЗТ Диловар Маҷидов. Онҳо перомуни ҷашни Наврӯз дар замони муосир, нақши он дар ҳамбастагии инсоният, пайванди Наврӯз бо созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулпазириву ҳамдигарбахшӣ сӯҳбат карданд.

21-уми март бошад, ТВ “Тоҷикистон” пахши мустақимеро таҳти унвони “Наврӯзи Тоҷикистон” аз соати 8:00 оғоз намуд ва бо ҳузури меҳмонон – фарҳангшиносон, файласуфон, адибон, шоирон, овозхонҳо ва зиёиёни дигар аз пайдоишу ташаккул то миллӣ ва байналмилалӣ шудани ҷашни Наврӯз ҳарф заданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Ҳамзамон, журналистони ин шабака аз раванди таҷлили ид дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон гузориш медоданд. Аксари гузоришҳо дар майдонҳои таҷлили Наврӯз, қисме дар кӯҳу пушта ва дигар маҳаллаҳо сабт шуда буданд. Ҳарчанд аз маҳаллаҳои гуногун гузориш мешуд, аммо шояд ба хотири якрангии қолаби пахши гузориш онҳо ба ҳамдигар хеле мушобеҳ менамуданд…

Дар студияи барнома телефони тамос низ гузошта шуда, шаҳрвандон аз дохил ва хориҷи Тоҷикистон занг зада, пайвандону тоҷикистониёнро ба Наврӯз таҳният мегуфтанд. Як аҷобат: ба нафароне, ки ба студия занг мезаданд, иҷоза дода нашуд, ки садои худашон пахш шавад. Табрикотро ба қайд гирифта, муҷриёни барнома бо зикри ному насаб ва маҳалли ҷойгиршавӣ таманниёти эшонро ба тамошобинон расониданд.

Миёни ҳар сужа ва гузоришҳо сурудҳои наврӯзӣ ҳам пахш мешуд.

Шояд ин дарозтарин пахши зиндаи ТВ “Тоҷикистон” буд, ки бидуни танаффус идома карда, соати 17:00 ба анҷом расид. Ба ҳар сурат, дар гузашта чунин эфири тулониро мо дар хотир надорем, ғайр аз оне, ки ин шабака  8-уми марти имсол ба муносибати Рӯзи модарон пахши мустақими кӯтоҳе дошт.

“Нашунидам нагӯед”: “Сафина” пахши мустақим надошт!

Телевизиони “Сафина” шояд ба хотири фарҳангӣ буданаш, дар пахши барномаҳои ҷашнӣ фаъолтар ба назар мерасид. Барномаи вижаи “Наврӯзи хуҷастапай”-и он давоми ду рӯз аз манотиқи гуногуни кишвар гузоришҳои муфассали ҷашнӣ ба эфир дод.

Ин барнома гӯёи расму анъанаҳои гуногуни маҳалҳои Тоҷикистон буд. Фаразан, базми наврӯзӣ дар Ҷаббор Расулов, бозиҳои наврӯзӣ дар Хуҷанд, хӯрокҳои наврӯзӣ дар Бохтар, бофандагӣ дар Шаҳритус, қуроқдӯзӣ дар Восеъ аз ҳамдигар тафовут доштанд.

Ҳамин тавр, барномаи “Шогун баҳор муборак” перомуни идгоҳи ВМКБ ва анъанаҳои наврӯзии хоссаи мардуми ин вилоят қисса мекард.

Ду барномаи “Як анъана”, ки 20 ва 21-уми март ба рӯи экранҳо омад, яке тарзи суманакпазиро нишон медод ва дигаре дар бораи озмуни кадбонуи беҳтарин дар Душанбе нақл мекард.

Барномаи “Қатрае аз илм”, ки шоми 21-уми март пахш шуд, бештар хосияти илмӣ дошт. Дар 15 дақиқа Бахтовар Сатторов, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таркиби дони гандум, нешзании он ва суманакпазиро шарҳ дод.

Сатторов дар робита ба суоли “имкон дорад, ки суманакро дар ҳар фасли дигар омода кард, вале чаро маҳз як бор ва он ҳам дар аввали баҳор омода мешавад?» кӯтоҳ гуфт, “ин рамзӣ аст ва ба расму ойинҳои мардумӣ рабт мегирад”.

Барномаи “Армуғони наврӯзӣ” бошад, комилан консертӣ буд ва дар он овозхонҳои гуногун сурудҳои маъруф ё наврӯзиашонро месароиданд.

Дар барномаи иттилоотии “Навид” соати 15:00 ҳудуди 20 дақиқа дар бораи корвони наврӯзӣ бо ҳузури Бобои Деҳқон ва Маликаи баҳор, ки субҳи барвақти 21-уми март аҳолии пойтахтро бо нидоҳои нишотангези “Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад! Наврӯз боз ба ватани хеш омад!” шодбош гуфта буданд, хабар дода шуд. Зимнан, ин яке аз иқдомҳои бесобиқаи шаҳрдории Душанбе ба ҳисоб мерафт, аммо то ҷое маълум кардем, онро ягон шабакаи ТВ мустақим пахш накард.

Барномаи “Паёми хуршед” ҳам ба “Наврӯзи хуҷастапай” ва “Шогун баҳор муборак” шабоҳати бештар дошт ва дар он доир ба оинҳои мардумии наврӯзӣ дар дар Хуҷанд, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров суҳбат мерафт. Меҳмонон аз ҷумла гуфтанд, ки яке аз анъанаҳои наврӯзӣ дар Хуҷанд ин доштани моҳӣ аз дарёи Сир ва пухтану дастаҷамъӣ тановул кардани он аст.

Ҳамчунин, меҳмонону сокинон перомуни бозиҳои наврӯзӣ, аз ҷумла бозиҳои кӯдаконаи буҷулбозӣ, арғамчинбозӣ, бодбаракбозӣ, чилликбозӣ, ланкабозӣ ва мардонаи гӯштингирӣ, аспдавонӣ, бузкашӣ, бандкашӣ ва чанде дигар маълумоти кӯтоҳ доданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Баробар ин, роҷеъ ба анъанаҳои мардумии маҳалӣ дар ин барнома гуфтанд: дар сари соли нави наврӯзӣ мардуми минтақаи Хуҷанд таҳти номи “Ошгардак” хӯрокҳои гуногун омода намуда, ба хонаи ҳамсояҳо мебурданд ва ҳамсоя низ бар ивази он боз ош карда, ба хонаи ҳамсоя мефиристод. Фарҳангшиносон ин амалро “дипломатияи мардумӣ” унвон кардаанд, зеро бо додани ош “вазъи зиндагии ҳамсоя”-ро мефаҳмиданд ва агар шароиташ нохуб буд, ба таври пинҳонӣ ба он ҳамсоя кӯмаки дастаҷамъона мекарданд.

“Синамо” ҳам рекорд нишон дод

ТВ “Синамо” дар шабонарӯзи 20-21-уми март барномаҳои “Пайдоиши Наврӯз”, “Куҳанҷашни тоҷикон”, “Рози Наврӯз”, “Дурахши истиқлол” то “Наврӯз — ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ”, “Аз Наврӯз то Наврӯз”-ро ба эфир дод. Аммо барномаи вижаи ин шабака ба фикри мо ин “Бозтоби хуршед” буд, ки ҳудуди 4 соат давом мекард ва дарозтарин барномаи наврӯзӣ миёни дигар барномаҳои сабтии телевизионҳои кишвар буд.

ТВ “Синамо” он рӯзҳо лавҳаҳои телевизионӣ аз бозиҳо ва расму ойинҳои наврӯзӣ, ба мисли хонатаконӣ, хӯрокҳои наврӯзипазӣ, хурӯсҷанг, гӯштингирӣ ва мисли ин дошт. Мутаассифона, услуби “қолаби ягона” дар ин шабака низ ҳифз шудааст. Барои ҳамин суханони обшуста зиёд такрор мешуданд.

Соати 16:07 дақиқаи рӯзи 20-уми март дар ТВ “Синамо” барномаи “Дурахши истиқлол” бо меҳмонии фарҳангшинос Нозим Нурзода оғоз шуд. Дар он боз ҳам роҷеъ ба пайдоиш, расму оинҳо ва ҷаҳонишавии он суҳбат рафт.

“Наврӯз ҷашни базми хӯру нӯш нест, ҷашни хирад аст, ҷашни худшиносӣ аст. Хатти машйи Наврӯз инсонсозӣ ва фазилатгустарӣ аст ва мо бояд онро хуб дарк карда тавонем”, — гуфт Нурзода.

Барнома ҳудуди як соат идома кард ва ба фарқ аз барномаҳои дигари наврӯзӣ фарҳангшинос Нозим Нурзода бештар ба маънавияти ҷашни ниёгонии мо пардохт.

Барномаи дигари ТВ “Синамо” ин барномаи “Наврӯз — ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ” буд, ки аз соати 22:00 то 22:43 дақиқаи шаби 20-уми март манзури тамошобинон гардид. Ин ҷо чеҳраҳои фарҳангии шинохтае чун Назри Яздон, Ҳамид Маҷидов, Аслиддин Низомов, Ҳабибулло Раҷабов, Муҳтарам Ҳотам ва Низом Қосимов дар бораи хӯрокҳо ва анъанаҳои “Ҳафтсин”-у “Ҳафтшин”, рамзҳои наврӯзӣ  ҳарф заданд.

Қисмати қавии ин барнома он буд, ки адиб Мӯҳтарам Ҳотам перомуни монеаҳои зиддинаврӯзӣ дар замони шӯравӣ ҳарф зад. Аммо бисёр боэҳтиёт. Номаълум бо чӣ сабаб. Ҳарчанд аз пошхӯрии СССР аллакай 32 сол гузашт…

Шабонарӯзи 21-уми март дар ТВ “Синамо” барномаҳои нисбатан соддатари “Нози Наврӯз омад”, “Оинҳои наврӯзӣ”, “Ҳикмати хони наврӯзӣ”, “Гулбазми наврӯзӣ”, “Рози Наврӯз” (аз чорабиниҳои наврӯзии Балҷувон), “Наврӯзи Хоруғ” ва “Наврӯзи Мастчоҳ”-ро мо дида тавонистем.

Барномаи “Бозтоби хуршед” бошад, соати 19:30 дақиқаи шоми 21-уми март ба эфир рафт, ки дар муқоиса бо барномаҳои “ҷиддии” ТВ -ҳо тафреҳитар ба назар мерасид. Дар миёни ҳар танаффус ҳаҷвнигор Муқимҷон Абдуфаттоев латифа мегуфт ва Саидҷон Идиев бо чанд саҳнаҳои ҳазлу мутоибавӣ табъи бинандагонро шод мекард.

Муҳаммадсалоҳ Махшулов — фарҳангшинос, Зафар Мирзоён — сиёсатшинос, Назри Яздон — адиб перомуни расму оинҳои гуногуни наврӯзӣ ҳарф мезаданд ва сарояндагон дар васфи Наврӯз суруд месароиданд. Ҳайати эҷодии телевизион ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон низ сафар карда, аз тарзи ҷашнгирии Наврӯз гузориш медоданд.

Ба назари мо, пас аз пахши мустақими якрӯзаи ТВ “Тоҷикистон”, ин тулонитарин барномаи сабтшудаи наврӯзии шабакаҳои телевизионии кишвар буд: барномаи “Бозтоби хуршед” беш аз 4 соат идома карда, соати 00:30-и шаби 22-юми март ба анҷом расид.

ТВ “Душанбе” чолишҳоро шарҳ дод

Барномаи “Ҳунар”-и ТВ “Душанбе” соати 13:30-и рӯзи 20-уми март оғоз шуд, ки дар он Ваҳид Қосимӣ, овозхон ва бастакори Афғонистон меҳмон буд. Ӯ дар бораи муҳоҷират, ҳоли афғонҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он нақл кард. Дар ин баробар, ӯ афзуд, ки “мо бо ин ҳама мушкил аз шеъру суруд канда нашудем”.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Ӯ аз таърихчаи оҳанги “Ала, Наврӯз омад”, ки дар ҳавзаи адабиву фарҳангии кишвараш бисёр маъруф аст, қисса кард. “Анорам, анорам, борони баҳорам” оҳанги дигари наврӯзии Ваҳид Қосимӣ дар барномаи “Ҳунар” буд.

Ваҳид Қосимӣ ба баҳси ба миёномадаи байни Фаҳим Фано ва Ориёно Саид, сароянда ва довар дар барномаи “Ситораи афғон” дахл намуд. Ӯ гуфт, “ҳамаи ин гуфтумони рухдода барномарезишуда ва саҳнасозӣ буд, то мавриди таваҷҷуҳи бинандагон қарор гирад, вале билохира ба обрӯи ду ҷониб таъсири манфӣ расонид”.

Барномаи мазкур дар бораи вазъи фарҳангу адаби Афғонистон ва афғонҳои берун аз он, оҳангу суруд ва дигар таърихчаҳои он ҷараён гирифта, соати 14:25 ба анҷом расид.

Аз “Саёҳати наврӯзӣ” то “Набзи наво”

Барои ТВ “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷашни наврӯзӣ мебоист “хӯроки асосӣ” бошад. Ё мо барномаҳои онро камтар дидем, ё воқеан ҳам онҳо ҳамин ду барнома доштанд: “Наврӯзи сабо” ва “Саёҳати наврӯзӣ”, ки аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон гузориш медод. Дар ҳамин ҳол, дар барномаҳои ин шабака гоҳо титр бо забонҳои русӣ ва англисӣ мушоҳида мешуд.

ТМТ “Шаҳнавоз” бошад, дар рӯзҳои 20 ва 21-уми март аксаран сурудҳои наврӯзӣ пахш намуд. Дар ин баробар, соати 20:00 дақиқаи шаби 21-уми март барномаи “Набзи наво”-ро ба эфир дод, ки он ҳам барномаи консерти наврӯзӣ ва ба самти фаъолияти телевизион мувофиқ буд.

Хулоса, ҳарчанд шабакаҳои ТВ имсол нисбат ба солҳои қаблӣ дар пахши барномаҳои наврӯзӣ фаъолтар ба назар мерасиданд, аммо як чиз хеле равшан мушоҳида мешуд: таваҷҷуҳ асосан ба манотиқи кишвар буд. Ин шояд вобаста ба он буд, ки Наврӯз бештар дар деҳот густурдатар таҷлил мешавад.

 

Меҳрофарин Наҷибӣ
Меҳрофарин Наҷибӣ
Рӯзноманигор. Аз соли 2019 инҷониб дар расонаҳои Тоҷикистон кор ва ҳамкорӣ мекунад. Ҳоло дар ОИ “Азия-Плюс” фаъолият дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ