ДомойНақди РасонаӣЖанри фаромӯшшуда. Радиоҳои давлатӣ на танҳо танқид мекунанд, балки гузоришҳои мустақим ҳам...

Жанри фаромӯшшуда. Радиоҳои давлатӣ на танҳо танқид мекунанд, балки гузоришҳои мустақим ҳам доранд

Гузориши мустақим аз ҷои ҳодиса ё ҷараёни чорабинӣ аз жанрҳои ҷолиб дар ВАО, махсусан дар радио ба шумор меравад. Дар бештари радиоҳои машҳур, журналистон тавассути ин жанр ахбори тозаро аз дасти аввал ба шунавандагони худ мерасонанд.

Вазъ дар радиоҳои Тоҷикистон дар ин бахш  чӣ гуна аст?

Мунаққиди расонаии “Хабарнигори муосир” ин маротиба думболи гузоришҳои мустақими радиоҳои кишвар рафт ва маълум кард, ки онҳо чӣ масъалаҳоеро мустақиман ба шунавандагонашон мерасонанд.

Шарифи Мисайзод рафт, сабкаш боқӣ монд

Шунавандагон то ҳанӯз аз гузоришҳои мустақими равоншод Шарифи Мисайзод бо ҳасрат ёд меоранд, ки тавассути телефон аз чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ барои радиои “Садои Душанбе” пешниҳод мекард. Ин жанр ва ин журналист радиоро дар байни дигар радиоҳои кишвар ангуштнамо карда буд.

Масъулини радиои “Садои Душанбе” мегӯянд, ин анъана то ба ҳол давом дорад, ҳарчанд нисбатан камтар шудааст. Ба иттилои онҳо, ба ғайр аз барномаҳои хабарӣ, кормандонашон кӯшиш мекунанд дар барномаҳои фарҳангиву фароғатии субҳонаву шомгоҳии “Файзи саҳар” ва “Суфраи шом” гузоришҳои мустақим пешниҳод кунанд.

Аз ҷумла, 18-уми март дар барномаи “Суфраи шом”, ки Фирӯз Каримзода, сармуҳаррири радио ва ровии барнома буд, Қурбоной Муқимова яке аз кормандон аз рафти омодагии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе ба истиқболи ҷашни Наврӯз гузориши мустақим дод.

Аксари гузоришҳои мустақими ин радио дар барномаи иттилоотии “Хабар” пахш мешаванд. Масалан, Султонализода Ёқубҷон, хабарнигори ин радио аз ҷараёни чорабинии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, ки беҳтаринҳои соҳа дар соли 2022 –ро муайян карданд, аз бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тариқи телефон барои барномаи “Хабар” мустақим гузориш дод.

Гузориши мустақими дигар, ки рӯзи 23-юми ноябри соли 2022 дар барномаи иттилоотии “Хабар” пахш шуд, аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷараёни мизи мудаввар дар мавзӯи «Вазъият ва дурнамои бахши китобҳои нодири китобхонаҳо дар ҷаҳони муосири иттилоотӣ» буд, ки Қурбоной Муқимова, хабарнигори радиои “Садои Душанбе” пешниҳод кард.

Ҳамин тариқ, рӯзи 29-уми ноябри соли 2022 аз рафти ҳамоиши илмии байналмиллии “Низоми сиëсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, модел ва қадамҳо», ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, Тоҷиддин Сатторзода, хабарнигори радио соати 10:05 тавассути телефон гузориши мустақим пешниҳод кард.

Ҳамчунин, Фирӯзи Каримзод, сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”  21-уми март аз таҷлили Ҷашни Наврӯз дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб ва рӯзи 16-уми март Ангелина Солиҳова аз рафти таҷлили Ҷашни Наврӯзии Донишгоҳи муштараки славянии Тоҷикистону Русия дар барномаи “Хабар” гузориши мустақим пешниҳод карданд.

Гузориши мустақими дигар рӯзи 18-уми март аз Театри давлатии академии драммавии Тоҷикистон дар маҳфили ёдбуди Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, зиндаёд Убайдуллоҳ Раҷабов ба барномаи “Хабар” пешниҳод гардид.

Нишастҳои матбуотӣ “Фурсати баён”-ро “рушд” доданд

Аҳён-аҳён гузориши мустақим дар барномаи “Фурсати баён”-и Радиои “Тоҷикистон” низ дида мешавад, ки хабарнигорон аз ҷои ҳодиса ё аз ҷараёни чорабинӣ мустақиман гузориш медиҳанд. Чанд хабарнигори радио, бо шумули хабарнигорони минтақавӣ баъди ширкат дар нишастҳои матбуотӣ тариқи телефон ба студия мустақиман гузориш медоданд, ки кадом мавзуъ дар ин нишаст аз ҳама бештар баррасӣ шуд.

Масалан, соати 15:10-и рӯзи 16-уми феврал Баҳруллои Маҳмадшариф, хабарнигори радио аз нишасти матбуотии Суди Олӣ мустақиман гузориш дод. Ӯ нуктаҳои муҳими нишаст, масъалаҳои баррасишударо ба шунавандагон расонид. Барномаро дар марказ ровиён Саидэҳсони Ҷалолиён ва Одинаи Маҳмад гардон мекарданд. Ҳамин тариқ, худи ровиён низ аз таҷрибаи иштироки худ дар нишастҳо нақл мекарданд ва масъалаҳои мубрами ин нишастҳоро ба баррасӣ мекашиданд.

Ровиёни барнома кӯшиш мекарданд, ки аз ҳамкорони худ аз дигар расонаҳо доир ба баргузории нишастҳо гузориш гиранд ва он мустақиман пахш мешуд. Аз ҷумла, рӯзи 8-уми феврал ровиёни барномаи “Фурсати баён” аз муаллифи ин сатрҳо хоҳиш карданд, ки аз нишасти хабарии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мустақиман гузориш диҳад.

Мисоли дигар. Соати 14:40-и рӯзи 9-уми феврал хабарнигори радио Наҷибуллои Ҳомидҷон аз нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм мустақиман гузориш дод.

Баъзан хабарнигорони минтақавии радио низ аз нишастҳои матбуотии раисони шаҳру навоҳии Хуҷанду Бохтар ва Кӯлоб гузориши мустақим медоданд.

Дар баробари пахши мустақим аз нишастҳои матбуотӣ, барномаи “Фурсати баён”, ки дар он бештар масоили иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор мегиранд, аз ҷои ҳодиса низ гузоришҳои мустақим пахш мекунад.

Масалан, дар яке аз нашрҳои ин барнома хабарнигори радио аз навбатпоии шаҳрвандон дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино, ки барои қонунигардонии молу мулки худ ҷамъ омада буданд, гузориши мустақим дод. Дар гузориш гуфта мешавад, ки шумораи зиёди корафтодагон пушти дари яке аз масъулини ҳукумати ноҳия омадаанд ва танҳо як корманд ба шаҳрвандон хидматрасонӣ мекунад.

Мисоли дигар, гузориши мустақими хабарнигори ин радио буд, ки аз ҷамоати деҳоти Лоҳур пахш шуд ва сокинони он аз норасоии оби ошомиданӣ шикоят мекарданд. Пас аз гузориши мустақими хабарнигор ровии барнома бо иштироки коршиносон ва масъулин мушкилоти мавҷударо ба баҳс кашид.

Мушоҳидаи мо аз радиои “Фарҳанг” ҳам маълум кард, ки дар ин радио низ гузоришҳои мустақим ҳаст. Аз ҷумла, дар барномаи “Оинадори нур”, ки  муаллифони он Ҳабибулло Урунбоев ва Зубайдова Шамсия мебошанд, дар яке аз нашрҳои он, ки рӯзи 20-уми март бозпахш шуд, журналист Убайдуллои Акрамзод аз ҷараёни чорабинии фарҳангие дар Боғи “Ирам” гузориши мустақим дод.

Журналист Уктамшозода Зеваршо 21-уми декабри соли 2022 аз ҷараёни Озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» барои барномаи хабарии “Навид” гузориши мустақим пешниҳод кард.

Норасоии кадрӣ ва иқтисоди заиф

Дар ин бахш вазъи радиоҳои хусусӣ хуб нест. Зеро дар онҳо гузориши мустақим аз ҷараёни ҳодиса ё чорабиние тақрибан нест.

Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва яке аз ровиёни собиқи радио гуфт, сабаби ин пеш аз ҳама мушкилоти кадрӣ ва иқтисодии радиоҳои хусусӣ аст.

Ба гуфтаи ин собиқадори радио сабабҳои дигар низ вуҷуд доранд:

  • муассис ё роҳбари радио ба барномаҳои тафреҳӣ, ки таваҷҷуҳи бештари рекламадиҳандаҳо ба онҳо равона шудааст, бартарӣ медиҳанд ва моҳияти хабар ва иттилоъро хуб дарк намекунанд;
  • масъулуни радио барои ҷалби хабарнигорони расонаҳои дигар, ки дар минтақаҳо фаъоланду барои ҳамкорӣ омодаанд, маблағ сарф намекунанд;
  • набудани журналисти касбӣ ва надоштани донишҳои кифоя ва саводу истеъдоди кам барои таҳияи нашрҳои хабарӣ;
  • истифода нашудани зарфияти мардум, ҳамчун хабарнигории мардумӣ ва ё ҳамкории ғайриштатӣ;
  • наёфтани мусоҳиби зарурӣ, ба сахтӣ розӣ кардани он ва ё розӣ нашудани масъулини давлатӣ барои суҳбати фаврӣ бо журналист.
  • роҳаттар будани хабарнигорон дар пешниҳоди мавзуъҳои дигар ва таваҷҷуҳ ба мавзуъҳои “бедарди сар”.

Ба қавли Субҳон Ҷалилов дар таҷрибаи корӣ гузориши мустақим дошт ва кӯшиш мекард, аз ҷои ҳодиса ва ё дар рафти чорбиние дар барномаҳои хабарӣ мустақиман гузориш диҳад. Вале чун иқтидори кадрӣ набуд, ин чиз ангуштшумор гашт.

“Дар радиоҳои хусусӣ як ё ду нафар дар идораи иттилоотӣ кор мекунанд, ки имкон ё нерӯи ҳам дар студия ва ҳам дар кӯчаву ҷои ҳодиса буданро надоранд. Ин чиз сабаб шудааст, ки як корманд ҳам хабар омода мекунад ва ҳам коргардонии барномаро иҷро мекунад, ки як андоза бозгӯи мушкилоти иқтисодии радио аст”, — шарҳ дод Субҳон Ҷалилов.

Масъулони радиоҳои давлатӣ мегӯянд мушкили камтар будани гузоришҳои мустақим ба он ҳам вобаста аст, ки мутасаддиёни чорабинӣ ва ё қаҳрамони ҳодисаҳо барои шарҳи масъала тариқи пахши мустақим кам розӣ мешаванд. “Ба ҳар ҳол, барои  мустақим сӯҳбат кардан ғайр аз донишу савод ҳамчунин аз худ дур кардани тарс ва комплекси ноҷост, ки на ҳама инро доранд” мегӯянд онҳо.

Огоҳон мегӯянд, замоне гузоришҳои мустақим аз ҷои ҳодиса ва ҷараёни чорабиниҳо дар радиои “Имрӯз” зиёд садо медод, чун он вақт тавонмандии кориву эҷодӣ дошт. Ҳоло бошад, бештар барномаҳои тафреҳӣ, фарҳангӣ ва ток-шоуҳо пахш мекунад ва шояд бо сабаби камбуди кадрӣ аз баҳри гузоришгарӣ баромаданд.

Радои “Азия-Плюс” ҳам бештар барномаҳои тафреҳӣ ва ток-шоуи мустақим пахш мекунад, вале аз ҷои ҳодиса ва чорабиниҳо гузоришҳои мустақим қариб надорад. Танҳо вақте иқдомоти идона ва ё ҷашнӣ анҷом медиҳанд, аз кӯчаҳои Душанбе барои шодбошӣ ва бозтоби иқдомоташон хабарнигорон мустақиман ба эфир мебароянд.

Чӣ бояд кард?

Субҳон Ҷалилов пешниҳод дорад, ки пеш аз ҳама бояд мутахассисонеро омода кард, ки чӣ будани хабар ва фарқи нашрҳои хабариро аз барномаҳои тафреҳӣ дарк кунанд ва афзалият диҳанд.

“Беҳтарин журналистони ҷаҳон онҳое ҳастанд, ки дар идораи барномаҳои хабарӣ ва таҳлилӣ кор кардаанд. Дар мо баръакс аст. Шинохтатарин журналистон онҳоеанд, ки барномаҳои тафреҳӣ ва то ҷое бемаъно доранд.  То замоне мавқеи хабар муҳимтар нашавад, гузоришҳои мустақим ҳам рушд намекунанд”, — мегӯяд ӯ.

Роҳи дигар ба таъкиди вай, беҳтар кардани шароити корӣ, аз ҷумла баланд бардоштани маош ва таъмин бо техникаи хубу замонавист. Аммо ин кор дар шароити бӯҳроние, ки хеле радиоҳо доранд, номумкин ба назар мерасад.

Пас гуфтан мумкин, ки журналистикаи радиоӣ оҳиста – оҳиста бо як жанри машҳури худ хайрухуш мекунад?

Мутаассифона…

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ