ДомойНақди РасонаӣСимои ҷиддии журналистикаи ҳаҷвӣ. Чаро ҳаҷв ба «буҳрон» мувоҷеҳ шуд?

Симои ҷиддии журналистикаи ҳаҷвӣ. Чаро ҳаҷв ба «буҳрон» мувоҷеҳ шуд?

Дар тамоми дунё яке аз василаҳои ошкор намудани камбуди ҷомеа ва кору пайкори мансабдорону дигар шахсони таъсиргузори ҷомеа журналистикаи ҳаҷвист. Рӯзноманигорон дар қолаби жанрҳои гуногуни ҳаҷвӣ ва публисистӣ, аз ҷумла фелетону памфлету пародия имкон доранд, ки ба рамзу киноя амалкарди хатои иддаеро мавриди нақд карор диҳанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки журналистикаи ҳаҷвии мо низ “симои ҷиддӣ” касб кардааст.

Мунаққиди “Хабарнигори муосир” ин бор ба журналистикаи ҳаҷвии Тоҷикистон таваҷҷуҳ кард, то маълум шавад, ки онҳо чӣ мавзуъҳоеро фаро мегиранд ва қаҳрамонони онҳо кистанд?

Хорҳои безарари “Хорпуштак”

“Хорпуштак” машҳуртарин маҷаллаи ҳаҷвӣ-танқидии замони шӯравии Тоҷикистон буд, ки инак наздик ба 100 сол фаъолият дорад. Ба таъкиди поварақи маҷалла, он аз моҳи сентябри соли 1925 нашр мешавад. Шумораи нахустини он бо номи “Мулло Мушфиқӣ” ва баъдан бо номҳои “Мушфиқӣ”, “Бигиз”, “Калтак” ва ғайра ба дасти хонандагон расида, аз соли 1953 то инҷониб бо номи “Хорпуштак” ба табъ мерасад.

Ба гуфтаи сармуҳаррири пешини маҷалла Ашрафи Афзал, “Хорпуштак” дар даврони шӯравӣ ягона маҷаллаи ҳаҷвии Ҳизби коммунист маҳсуб меёфт ва адади нашраш ба “130 ҳазор нусха” расида буд. Ҳоло бошад, ин маҷалла, ки мансабдорони замони СССР аз шунидани номаш метарсиданд, бо теъдоди ҳамагӣ 400 нусха нашр мешавад. Ин 400 нусха низ асосан аз ҳисоби рӯйхати обунаи ҳамасолаи шаҳру ноҳияҳо буда, маҷалла дар фурӯши озод нест…

Ба шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки обунаи ҳатмӣ дорад, ҳеҷ як шумораи соли равони маҷаллаи “Хорпуштак” дастрас нашудааст. Вобаста ба ин тасмим гирифта шуд, ки шумораҳои соли гузаштаи “Хорпуштак” варақгардон шавад.

“Хорпуштак”, ки аз рӯи таъинот маҷалла аст, ҳар моҳ як маротиба бояд аз чоп барояд. Аммо дар соли 2022-юм он танҳо 8 шумора ба табъ расонидааст. Масъулин барои мутмаин кардани обуначиён “ҳиллаи шаръӣ” ёфтаанд: якҷо кардани чанд шумора дар як шумора. Дар натиҷа шумораҳои №3-4, №5-6, №8-9 ва №10-11- и “Хорпуштак”-ро ба ҳам ҷамъ овардаанд.

Дар омади гап, як шумораи маҷаллаи “Хорпуштак” аз 12 саҳифа иборат аст, дар сурати ҷамъ шудани ду шумора дар як вақт, танҳо 4 саҳифа меафзояд, яъне маҷаллаи “Хорпуштак” аз 12 саҳифа ба 16 саҳифа мерасад.

Муҳтавои матолиби ин маҷаллаи ҳаҷвӣ – интиқодӣ низ хеле малеҳ  ба назар мерасад.

Дар шумораҳои яксолаи чашмдӯхтаи мо ба назар мерасад, ки бештари мавзуъҳои маҷалла умумӣ буда, баъзан амалкарди бади мақомдорҳоро ҳам «сафед» карданӣ мешавад. Масалан, дар саҳифаи 2-и шумораи №1-и соли 2022 матлабе бо номи “Чаро ҷавонон аз хизмат меҳаросанд?” ба чоп расидааст. Ин ҷо муаллиф ҳукм мекунад, ки “иҷрои нақшаи даъват ба сар задани “облава” боис мегардад. Худ қазоват кунед! Дар ҳолати нарасидани теъдоди ҷавонони синну солашон ба даъват мувофиқ давлат чӣ кор кунад?”.

Яъне, “Хорпуштак” гуфтанӣ ҳаст, “хуб мекунанд, ки ҷавононро “облава” мекунанд”?. Ин даъво дар ҳолест, ки дар баробари оғоз шудани мавсими даъват ба хидмати ҳарбӣ чанд сол мешавад, сокинону ҷавонон аз “сарбозшикор” шикоят мекунанд.

Дар матлаби “Блогерони беимон” бошад, маҷалла мехоҳад блогерҳоеро маззамат намояд, ки ба ҷамъ овардани маблағ барои камбизоатону фақирон машғуланд. Онҳо “аз нӯги хамир фатир мегиранд” гуфта, муаллиф ишора бар он мекунад, ки блогерон аз ҳисоби ин корҳои хайриявӣ ба манфиати худ истифода мекунанд, аммо барои исботи назараш ягон факти ҷиддӣ ба хонанда пеш намеоварад.

“Хорпуштак” дар матлаби интиқодитари дигаре бо номи “Кӣ каланд мезанад?” ҳамчунин даъво дорад, ки “охир ҳама бо нӯги қалам пулёб шаванд, кӣ бо нӯги каланд пулёб мешавад?”. Дар ҳамин ҳол, ин муаллифи маҷалла андешаҳояшро дар бораи таҳсил дар макотиби олии кишвар кошта, ба норасоии кадрӣ ҳам таваҷҷӯҳ мекунад. Аммо ӯ менависад, ки “Магар шарт аст, ки ҳама дар донишгоҳу донишкада хонанду соҳиби диплом шаванд? Беҳтар нест, ки касбу ҳунар омӯзанд ё сари кори дигареро гирифта, аз пайи зиндагӣ гарданд?”. Ба ҳар ҳол, ҳадафи муаллиф, чист, чандон маълум намешавад…

Ҳамин тавр, шеърҳои кӯдакона ё лирикӣ саҳифаҳои гуногуни шумораҳои мухталифи “Хорпуштак”-ро пур мекунанд. Барои мисол, дар саҳифаҳои 2, 4, 8, 9 ва 10-и шумораи №10-11 дар ҳаҷми ним ва гоҳо як саҳифа ашъори лирикӣ ва ҳаҷвии Мирзо Турсунзода, Мастон Шералӣ, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Деҳотӣ ва Ворис ба табъ расидаанд.

Латифаҳои “Хорпуштак” ва сутуни “Дар омади гап”-и ин маҷалла ба муносибати зану шавҳар ва келину хушдоман бахшида мешаванд…

Аммо карикатураҳои “Хорпуштак” нишонрастар ба назар мерасанд. Дар зерматнҳои карикатураҳои маҷалла мехонем: “Шумо барвақттар намегӯед, ки ҷияни сардор ҳастед…”, “Аввал хизмати ватанро мекунӣ, баъд як дастатро аз военкомат омада мегирӣ”…

Дар омади гап, жанрҳои ҳаҷвии публистистика махсус “адрес” доранд, вале дар матолиби маҷаллаи ҳаҷвӣ-танқидии “Хорпуштак” ин чиз қариб ба назар намерасад…

Саҳифаҳое, ки…

Мавзуъҳои ҳаҷвӣ дар Тоҷикистон ҳамеша серхонанда буданд. Шояд аз ин ҷост, ки тақрибан ҳамаи нашрияҳо ҳатман як саҳифаи худро ҳаҷвӣ мекунанд. Аксаран, саҳифаи ахири нашрияҳо, ки фароғатист.

Усулҳои ҷолиб низ дар ин саҳифаҳо истифода мешуд. Масалан, солҳои 2003-2004 нашрияи машҳури “Рӯзи нав” саҳифаи охири худро “Саҳифаи беҳтарин” номида буд, ки хонандаи зиёд дошт. Дар он бо овардани иқтибос аз нашрияҳои дигар дидгоҳи ҳаҷвии худро нашр мекард. Ба ин васила назарҳои зидду нақизи сиёсатмадорон, журналистон ва шахсиятҳои дигари таъсиргузор ба риштаи ҳаҷв ва ҳамин тавр интиқод кашида мешуд.

Ҳоло ин анъанаро нашрияи “Фараж” таҳти унвони “Гуфтед? Мегӯянд!” ва ҳафтаномаи “Тоҷикистон” зери рубрикаи “Сари сабз” идома медиҳанд.

Аммо пештар ҷойгоҳи ҳаҷв он қадар баланд буд, ки соли 2004 ҳафтаномаи ҳаҷвӣ — фароғатие бо номи “Мушфиқӣ” ба майдон омад. Аммо он мисле, ки баъдан хонандаи худро аз даст дод ва ба нашрияи саргармкунанда – нашри кроссворду сканвордҳо табдил ёфт. Дуруст аст, ки дар саҳифаҳое аз он ё байни сканвордҳо латифаҳо низ нашр мекард.

Мутаассифона, имрӯз шумораҳое аз ин нашрияро на дар нуқтаҳои рӯзномафурӯшӣ ва на дар шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайдо карда натавонистем.

Зимнан “Мушфиқӣ” саҳифаи машҳури нашрияи “Адабиёт ва санъат” аз замони шӯравист ва то ҳанӯз он нашр мешавад.

Нашрияи расмии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” ҳам дар саҳифаи “Бегоҳи ҷумъа” –и худ аксаран латифаҳо нашр мекунад.

Тақрибан дар ҳамаи шумораҳои нашрияи “СССР” гӯшае бо номи “Аниқ…дод” чоп мешавад, ки дар он латифаву хушгӯиҳо дар бораи журналистон менависанд.

Дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии кишвар низ ҳавҷ анқариб ба назар намерасад. Танҳо ба барномаҳо ва саҳнаҳои солҳои қаблӣ иктифо меварзанд. Ин камбудро Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио, зимни нишасти матбуотии охиринаш эътироф карда, гуфта буд, “дар ин самт камбудӣ эҳсос мешавад”.

 “Ин бӯҳрони ҳаҷв аст”. Шарҳи муҳаққиқ

Профессор Мурод Муродӣ, ки муҳаққиқи ҳаҷви публистистӣ аст, бо мо розӣ мешавад: журналистикаи ҳаҷвии Тоҷикистон ба бӯҳрон гирифтор аст!

Ҳарчанд, ӯ миёни ҳавҷ ва танз фарқ гузошта, мегӯяд, “ҳаҷв ҷанбаи публитсистӣ дорад, вале танз танҳо ба хотири хандонидани хонанда аст”. Ба гуфтаи ӯ, “имрӯз дар журналистикаи тоҷик танз бештар шуда, ҳаҷв аз байн меравад”.

  • Публитсистикаи ҳаҷвӣ нерӯи худро аз даст додааст. Он ҳаҷвгунаҳое, ки дар ВАО интишор ва пахш мегарданд, ба ғайр аз хандаи яклаҳзаина, ба ҷомеа асар намегузоранд. Ин бӯҳрони ҳаҷв аст, — мегӯяд профессор Муродӣ.

Мушкилиҳои асосии журналистикаи ҳаҷвиро  ин профессори факултаи журналистикаи ДМТ чунин тақсимбандӣ менамояд:

  • Дар матолиби маҷаллаи “Хорпуштак” нерӯи се омил камтар аст. Якум, мушаххас набудани объект; дуюм, суроғаи мушаххас надоштани ҳаҷву танқид ва сеюм, маҳорати камтари ҳаҷвнигории муаллифон. Баъзе матолибе, ки ҳамчун памфлет ва ё фелетон ба табъ мерасанд, ба талаботи ин жанрҳо ҷавогӯ нестанд.

“Фараж” ва “СССР” гоҳо маводи ҳаҷвӣ интишор мекунанд. Аммо матолиби нашрияҳои “Адабиёт ва санъат”, “Тоҷикистон” ва ғайра аслан танзанд, ки ба камбудиҳои ҷомеа камтар иртибот доранд.

Ғайр аз ин, омилҳои дигар ҳам ҷо доранд. Аз ҷумла:

Он мавзуъ ва масъалаҳое, ки дар замони шӯравӣ объекти ҳаҷв қарор мегирифтанд, имрӯз намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин шудаанд. Масалан, дар замони шӯравӣ моҳи Рамазон нарасида, матбуоти даврӣ ба танқиди зарари он мекӯшид. Ва ё дукондоре агар ба нархи мол як тин илова кунад, мавриди мазаммат қарор мегирифт;

Ҳимоятгари худро аз даст додани ҳаҷв. Дар ҷомеаи иҷтимоӣ Ҳукумат ва ҳизб пуштибони ҳаҷв буд. Хаҷв ҳамчун аслиҳаи ғоявӣ ва ахлоқиву тарбиявӣ истифода мешуд. Ин ё он сиёсат айб надорад, аммо дар татбиқи сиёсат даҳҳо камбудӣ рух медиҳад, ки тобишҳои гуногун дорад. Дар ифшо ва рафъи чунин камбудиву нуқсонҳо ҳаҷв низ нақш гузошта метавонад;

Бетарафии ҷомеа, бахусус қаламкашон, ки камбудиву нуқсонҳои иҷтиморо мебинанду худро нодида мегиранд;

Набудани публитсистони ҳаҷвнигор ва ё дилгарм набудани онҳо.

Профессор Мурод Муродӣ таъкид мукунад, ки “агар чунин раванд идома ёбад, ба замоне ҳам мерасем, ки ба ҳаҷв ниёз пайдо мешавад, аммо ҳаҷвнигор намеёбем”.

Меҳрофарин Наҷибӣ
Меҳрофарин Наҷибӣ
Рӯзноманигор. Аз соли 2019 инҷониб дар расонаҳои Тоҷикистон кор ва ҳамкорӣ мекунад. Ҳоло дар ОИ “Азия-Плюс” фаъолият дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ