ДомойНақди Расонаӣ«Бо садои паст». Нашрияҳои Тоҷикистон Рӯзи Ғалабаро чӣ тавр инъикос карданд?

«Бо садои паст». Нашрияҳои Тоҷикистон Рӯзи Ғалабаро чӣ тавр инъикос карданд?

Эмомалӣ Раҳмон дар қатори 7 ҳамтои дигари худ аз кишварҳои узви ИДМ дар чорабиниҳои вобаста ба таҷлили 78 солагии Иди Ғалаба ширкат дошт.

Соли дувум аст, ки ин ид дар шароите ҷашн гирифта мешавад, ки ҷанги Россия бо Украина идома дорад. Владимир Путин дар маросими имсола ба фарқ аз чанд соли ахир аз кишварҳои муттафиқи СССР дар Ҷанги дувуми ҷаҳон ёд овард. Ӯ ҳамчунин ба раҳбарони кишварҳои ИДМ, ки барои ширкат дар гашти низомӣ бахшида ба Иди Ғалаба омада буданд, изҳори сипос намуд.

Расонаҳои русӣ аз баргузории чунин як маърака ба таври худ истифода карда, Россияро ҳамоно як кишвари пуриқтидор муаррифӣ намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ шеваи инъикоси мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳо тағйир ёфт. Расонаҳои Россия талош доранд матолиб ва филмҳоеро пахш намоянд, ки дар он русҳо ҷузъи калидии ғалаба намудор гарданд. Ин ҳолат, аксари вақт норозигии сиёсатмадорон ва мардуми оддии кишварҳоро ба бор меорад, чун ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо талафоту ҷонбозиҳои намояндагони ҳамаи халқу миллатҳои узви СССР  ҳосил шуд.

Мунаққиди “Хабарнигори муосир” ин ҳафта матбуоти чопи Душанберо мавриди баррасӣ қарор дод, то бубинад, ки онҳо ин мавзуъро чӣ тарз бозтоб намудаанд.

Онҳо аз имтиёзҳо мегӯянд. Инҳо хотираи худро аз даст медиҳанд

“Ҷумҳурият” — нашрияи расмии Тоҷикистон 6-уми май мусоҳибае бо раиси ноҳияи Ванҷ таҳти унвони “Корномаҳо фаромӯш намешаванд” чоп кард.

Дар матлаби дигари ҳамин шумора журналисти маъруф Абдулқодири Раҳим аз арзиши таърихии ин Ғалаба ёдовар шуда менависад: “шахсе дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта аз ҷангноманависи тоҷик шодравон Раҳмон Сафар пурсид: “Агар дар ин ҷанг Олмони фашистӣ ғалаба мекард, чӣ мешуд” Ӯ кӯтоҳ ҷавоб дод: “Инсоният маҳв мегардид”.

“Ҷумҳурият” ҳамчунин дар бораи 37 иштирокчии зинда боқимондаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълумот додааст. Гуфта мешавад, шумораи онҳо сол ба сол камтар мегардад. Расонаҳои хабарӣ навиштанд, ки тайи як соли ахир 22 нафар иштирокчиёни ҶБВ вафот кардаанд. Соле қабл шумораи ҷанговарони зиндамонда 59 нафар буд. Ҳарчанд Тоҷикистон соли 2020 –ум 168 ва соли 2021 – 98 нафар иштирокчии ҶБВ дошт.   Хабарнигори “Ҷумҳурият” бошад, талош намудааст дар бораи имтиёзҳое бигӯяд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои иштирокчиёни ҶБВ пешниҳод мекунад.

Комрони Сафар дар матлаби таҳти унвони “Гурдофаридон ё саҳми бонувони Тоҷикистон дар ҶБВ” аз корномаҳои Ойгул Мамадҷонова ва тоҷикзанони дигар ёдовар шудааст.

Акс аз сомонаи рӯзномаи «Ҷӯмҳурият»

Воқеан, дар шумораҳое, ки дар сомонаи “Ҷумҳурият” то ин замон дастрас аст, мусоҳибае бо иштирокчиёни ҶБВ вуҷуд надорад. Ҳарчанд солҳои қаблӣ ин гуна матлабҳо зиёд буданд.

Дар ҳақиқат,  мусоҳиба бо иштирокчиёни ҶБВ хеле душвориҳо дорад. Зеро аксари ин гуна одамон, ки хеле солхӯрдаанд, хотираи заиф дошта, чизҳои зиёдро фаромӯш кардаанд. Дар бештари ҳолат журналистон аз мусоҳибаҳои қаблии онҳо истифода мекунанд.

Саҳифаи сеюми нашрияи парлумонии “Садои мардум”, ки дар таърихи 5 май ба нашр расид, пурра ба Рӯзи Ғалаба бахшида шуд. Дар ҳамин саҳифа хабарнигор  Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ дар оғози матлабе бо номи “Иди зафар” аз имтиёзҳои давлатӣ ба иштирокчиёни ҷанг ёдовар шуда, сипас аз бардоштҳояш зимни аёдати иштирокчии ҷанг Саид Раҷабов қисса мекунад.

Акси Саид Раҷабов аз саҳифаи фейсбукии Ҳафизулло Тоҳирӣ

Очерки “Баҳодуре аз Заркамар” ба рӯзгори иштирокчии ҶБВ Қурбон Одинаев бахшида шудааст. “Садои мардум” аз баргузории Конфронси ҷумҳуриявӣ бо иштироки собиқадорони ҶБВ ҳам гузориш нашр кард.

“СССР” эҳсосӣ навишт, “Ҷавонон” “нописандӣ” кард, ё “фаромӯш”?

Нашрияи “СССР”, ки ба инъикоси хотираҳо ва хумор (носталгия)  аз замони шӯравӣ машҳур аст, саҳифаи аввали худро бо коллажи Рӯзи Ғалаба зеб дод.

“Ғалаба бар Аврупои фашистӣ муборак, Тоҷики қаҳрамон!” хитоби саҳифаи аввали ҳафтавор буд. Маъмулан, СССР бо ин гуна сарлавҳаҳои эҳсосиаш машҳур ҳам бошад, вале дар ин сарлавҳа вайрон шудани меъёрҳои ахлоқи касбӣ бештар аён мегардид. Ба ҳар ҳол, хелеҳо медонанд, ки он замон фақат Олмон зери чатри фашизм қарор дошт, на кулли Аврупо.

Дар саҳифаи дуюм матлаби сардабири ин нашрия Сайёфи Мизроб бо номи “Аскари гумном” нашр шудааст, ки рӯзгори аскар – Носирҷон ва чашминтизории модари ӯро бозгӯ мекунад.

Дар саҳифаи чори нашрия бошад “Аз Ашт то Берлин” ном хотироти Нозири Ато — сокини ноҳияи Ашт дар бораи падараш нашр гардид. “СССР” ҳамчунин аз аҳамияти таърихии достони “Суруши Сталинград” ва қаҳрамониҳои ҷанговар Ҳодӣ Кенҷаев ёд кард.

“Фараж” дар шумораи инҳафтаинаи худ “Хонае дар сари роҳ” ном матлаби сармуҳаррири нашрияи “Тахти Қубод” Адолат Сайфуллозодаро интишор намудааст. Ин матлаб аз корнамоии як тан аз иштирокчиёни майдони ҷанг, ки сокини ноҳияи Қубодиён буд, қисса мекард.

Гурӯҳи расонаҳои “Asia-Plus” дар бахшҳои тоҷикиву русиаш Рӯзи Ғалабаро бо шеваҳои ҷолиб ва аз дигарон тафовутпазир бозтоб додааст.

Зимнан, ин ҳафта нашрияҳое низ буданд, ки дар робита ба мавзӯи Рӯзи Ғалаба матлаб надоштанд. Аз матбуоти мустақил — ҳафтавори “Самак”. Дар матбуоти ҳукуматӣ чунин “қаҳрамон” “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ҳисоб мерафт, ки ба ғайр аз табрикоти Президенти Тоҷикистон чизе дар бораи ҶБВ нашр накардааст. Танҳо сармуҳаррири ин ҳафтанома Шодихони Назар дар саҳифаи фейсбукии нашрия хабари гулчанбаргузории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаро бознашр карду халос.

Дар музофот роҷеъ ба Рӯзи Ғалаба чӣ гуфтанд?

Нашрияи “Хатлон” 6-уми май 15 матлаби ҷудогона дар робита ба Рӯзи Ғалаба интишор кардааст, ки бо ин омор аз нашрияҳои ҷумҳуриявии чопи Душанбе дар пеш буд.

Дар саҳифаи аввал хитоби “Рӯзи Ғалабаи бузург муборак, ҳамдиёрони азиз!” бо сухани Президенти Тоҷикикистон нашр шудааст. Сипас, аз тӯҳфаи Пешвои миллат ба иштирокчиёни ҷанг ёдовар шуда, дар канори он хабарнигори нашрия Фарида Баротова аз рӯзгори иштирокчии ҷанг  Сафаралӣ Файзалиев матлаб навишт.

Сармуҳаррири нашрия Носирҷон Маъмурзода аз вазъи матбуоти солҳои ҶБВ ва муҳтавои онҳо матлаби таҳлилие интишор намуд.

“Ташаккур, барои Ғалаба, меҳтарони азиз!”низ аз матолиби ҷолиби нашрия буд. Дар саҳифаи охир нашрия арқоми ҷолиб, далелҳои таърихии марбут ба замони ҷанг ва матлаби фароғатӣ нашр кард.

“Ҳақиқати Суғд” бо таҳияи 10 матлаб шумораи 9-уми майии худро ба  Рӯзи Ғалаба бахшид. “Корнамоии падарон фаромӯш нахоҳад шуд” матлаби хабарнигори нашрия Файзуллохон Обидов аст, ки дар якҷоягӣ бо ҳамкасбони дигараш таҳия ва нашр кардааст.

Хабарнигорони ҳафтанома ба аёдати иштирокчиёни ҷанг рафта,  бо онҳо ҳамсуҳбат шуда, аз ҷараёни суҳбатҳо матолиби гуногун таҳия кардаанд.

Чаро садои мо дар робита ба Иди Ғалаба пасттар аст?

Инъикоси таҷлили Рӯзи Ғалаба дар замони шӯравӣ махсусиятҳо дошт. Аксари вақт матолиб ба корнамоиҳои ҷанговарон ва суҳбати онҳо дар саҳифаи нашрияҳо ҷо меёфт, ки акнун моли таърих гаштаанд. Зеро, ҳамон тавре зикр намудем, хеле аз иштирокчиёни ҶБВ солхӯрдаанд ва хотираи худро аз даст додаанд.

Аммо нашр кардани ин қиссаву хотираҳо барои матбуоти тоҷик имрӯз муҳимтар аст. Хоса вақте матбуоти Россия ғалабаро моли истисноии худ нишон додан мехоҳад.

Муҳаққиқ ва публитсисти тоҷик Қироншоҳ Шарифзода, бар он назар аст, ки Русия чун меросхӯру меросбари Иттиҳоди Шӯравӣ, ин санаро сол аз сол беҳтару бошукӯҳтар таҷлил мекунад. Дарвоқеъ, ин гуфтаҳо – “Именно советский народ принёс свободу от нацизма  другим народам» суханони Путин , Президенти Русия аст, ки 9-уми майи соли 2016, дар зимни табрикоти Паради низомӣ дар Майдони Сурхи Маскав садо дода буд”.

Коршиносон мегӯянд, ки дар ин зимн мо садои чандон баланду муассир надорем:

Дуруст аст, ки нашрияҳои ҳозираи тоҷик ба инъикоси матолиб дар бораи ҶБВ то андозае ҷомаи миллӣ пӯшонидаанд ва талош мекунанд, ки саҳми тоҷикон дар ғалабаи ҷанг шоистатар инъикос шавад. Аммо чунин ба назар мерасад, ки садои расонаҳои мо мисли ВАО-и Русия дар  ин самт баланд ва муассир нест. Нашрияҳои ин ҳафта масалан, дар робита ба мавзӯи ҶБВ таҳлилҳои ҷиддиву муфассал надоштанд. Шарҳи коршинос, таърихнигор ва ё публитсисти варзидае дар ин самт таҳия нашуд. Ғайр аз “Садои мардум” дигар нашрияҳо очерки симмоофаре надоштанд, ки хонандаро ба ҳолату зиндагии тоҷикони зиндамондаи майдони ҷанг ошно созад, — мегӯянд онҳо.

Дар маҷмуъ эҳсос мешавад, ки дар расонаҳои Тоҷикистон бозтоби Иди Ғалаба камрангтар мешавад. Шояд ҳамкасбони мо акнун дар дарёфти қаҳрамон мушкил доранд, ё ба таблиғоти матбуоти русӣ бовар карда мутмаин шудаанд, ки “Ғалаба аз онҳост” ва ё ба хулосае омадаанд, ки ҳоло мушкилоте дорем, ки аз замони ҶБВ кам нест?

Агар саволи ахир пеш биёяд, албатта хонанда хоҳад пурсид: оё барои инъикоси ин мушкилот расонаҳо ҷуръат доранд?

Ман ба ин савол посухи қотеъ надорам. Шуморо намедонам…

Маҳкам Маҳкамзода

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ