ДомойНақди РасонаӣБоз як абзори пропаганда. Дар бораи муҳоҷирон чӣ ва чаро менависанд?

Боз як абзори пропаганда. Дар бораи муҳоҷирон чӣ ва чаро менависанд?

Тағйироти куллие, ки пас аз ҷанги миёни Россияву Украина ба амал омад, ба кору зиндагии муҳоҷирон таъсири ҷиддӣ расонд. Мушкилоти ҳанӯз замони  COVID-19 зуҳуркарда пас аз ин моҷаро масоили кории муҳоҷиронро боз ҳам печидатар кард.

Мунаққиди “Хабарнигори муосир” ин навбат матолиби дар моҳи апрел ва даҳаи аввали моҳи май нашркардаи расонаҳои интернетии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷиронро пайгирӣ намуд. Дар пайи ин, то андозае маълум гашт, ки онҳо кадом мавзуъҳои вобаста ба муҳоҷиронро бозтоб медиҳанд ва чаро.

Як хабари “Ховар” ва баҳси теъдоди муҳоҷирон

Хабаргузории миллии Тоҷикистон “Ховар” моҳи апрел бобати муҳоҷират  фақат як матлаб дошт ва он ҳам хабар. Он, ки бештар ба иттилоия монанд аст, 4-уми апрел нашр шуд ва аз баргузории ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират иттилоъ медод. Дар хабар зикр мешуд, ки “Дар ҷаласаи мазкур ҳисоботу пешниҳоди намояндагони вазорату идораҳо ва  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба масъалаҳои рӯзнома шунида шуд”, вале мисли аксари хабарҳои ин расона аз ҷузъиёти ин ҳисоботу пешниҳод дар хабар ишорае нашуд.

Зимнан, “Ховар” дар бораи муҳоҷирон рубрикаи хос надорад ва доир ба масъалаи муҳоҷират танҳо дар бахши “Иҷтимоӣ” менависад. Бо назардошти он, ки “Ховар”, аксаран матолиби тарғиботӣ интишор мекунад, аз ҳаёти муҳоҷирони муваффақ ва дастовардҳои онҳо низ чизе надошт.

Қаблан ҳам, агар “Ховар” дар робита ба ин мавзуъ чизе менавишт, қарордодҳои миёни давлатҳо буд, ё тағйир ёфтани нархи патент дар Россия ва ё сафари масъулони давлативу баррасии аз ҷумла масоили муҳоҷират.

Воқеан, “Ховар” ва ҳамаи расонаҳои хабарии ҳукуматӣ дар як мавзӯи дигар низ бархӯрд мекунанд: шумораи муҳоҷирони Тоҷикистон дар Федератсияи Россия. Агар расонаҳои мустақил теъдоди муҳоҷирони кории моро беш аз 1 миллион арзёбӣ кунанд, расонаҳои давлатӣ бо такя ба маълумоти расмии Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор нафар мегӯянд. Дувумиҳо вобаста ба иқдомоти ҳукумат мегӯянд, ки дар Тоҷикистон солҳои ахир теъдоди корхонаҳо ва ҳамин тавр ҷойи кор афзоиш ёфта, шумораи муҳоҷирони корӣ бамаротиб кам шудааст.

Ин дар ҳоле, ки чанд сол пеш зимни як сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Россия ва сӯҳбат бо Путин байни онҳо баҳси ҷолибе пеш омад: Президенти Тоҷикистон шумораи муҳоҷирон дар Россияро камтар мегуфту президенти рус хеле зиёд ва ҳарду барои ин далелҳое доранд.

Расонаҳои мустақил дар робита бо маълумоти мақомоти рус на танҳо теъдоди муҳоҷирон, балки онҳоеро ҳам дар ҳоли афзоиш нишон медиҳанд, ки шаҳрвандии Россияро пазируфтаанд. Ҳатто пас аз ҷанги Россия бо Украина ва аз ҷумла ба ин ҷанг бурдани қисмате аз ҳамватанони мо…

“Ҳамсадои” –и муҳоҷирон ё “сиёҳкунандаи” Россия”?

Радиои “Озодӣ” яке аз пуртаваҷҷуҳтарин расонаи фазои иттилоотии Тоҷикистон, баръакси расонаҳои давлатии кишвар кӯшиш мекунад дар инъикоси масъалаи муҳоҷират фаъол бошад. Аммо таҳлили матолиб нишон медиҳад, ки онҳо гӯё ба хотири “сиёҳсозӣ” –и Россия таҳия мешаванд, ҳарчанд як нав воқеияти кору зиндагии муҳоҷирони тоҷикро бозгӯ менамоянд. Зимнан, “Радио Озодӣ” дар байни муҳоҷирони тоҷик муштарии зиёд дорад ва ҳолатҳое низ ҳаст, ки худи муҳоҷирон аз раванди мушкилоти худ ба ин расона ҳамсуҳбат шуда, навору акс мефиристанд, ки ин нишондиҳандаи иртиботи қавии як расона бо мухотабонаш мебошад.

9-уми май, дар рӯзи таҷлили Иди Ғалаба”Озодӣ” дар сомонаи худ матлабе дар мавриди мушкилоти муҳоҷирони маркази “Сахаров”-и Маскавро нашр кард. Аммо асли матлаб ба ҷалби муҳоҷирон ба ҷанги зидди Украина равона шудааст. Хабарнигори радио аз қавли мусоҳиби худ навишт: «дар утоқ муҳоҷиронро ё ба зӯрӣ, ё ба зорӣ, ё ба зар барои рафтан ба ҷанг даъват мекунанд.»

Тавре зикраш рафт, хабаргузориҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи кам шудани муҳоҷирон  дар Россия бештар мегӯянд, аммо “Озодӣ” дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Россия рӯзи 7-уми май навишт, “ҳар соат 20 нафар аз сокинони Тоҷикистон шаҳрвандии Россияро мегиранд”.

“Озодӣ” дар бораи муҳоҷирони муваффақи тоҷик дар Россия тақрибан матлаб надорад. Аммо дар бораи муваффақияти муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои дигар зиёдтар мегӯяд. Дар сомонааш рубрикаи хосе бо номи “Ҳамватан” дорад, ки бештари вақт дар бораи муҳоҷирон менависад.

“Азия плюс”: хабар аз мо, шарҳ аз коршинос!

Хабаргузории  «Азия плюс» моҳи апрелу май мисли ҳар моҳи дигар ба мавзӯи муҳоҷират таваҷҷуҳи зиёд дорад. Он ҳам бахше бо номи “Муҳоҷират” дошта, матолиби вобастаро дар он ҷо медиҳад.

Оғози моҳи апрел мавзӯи беқурбшавии рубли русӣ дар баробари доллар дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Дар шарҳи сиёсие, ки 12-уми апрел сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов таҳти унвони “Як ҳафтаи ҷаҳон: Вақте қурби рубл поён меравад, дар Осиёи Марказӣ Роҳи нави абрешим эҳё мегардад” дар “АП” интишор карда буд, аз ҷумла ин мавзуъ матраҳ гардид.

Поинравии ҷиддии ахири қурби рубл моҳи марти соли 2022, чанде пас аз оғози даргирии мусаллаҳона байни Россия ва Украина ба амал омад, — менависад муаллиф ва меафзояд:

— Он замон қурби асъор ба таври ғайричашмдошт то 115 рубл барои як доллар поин рафта, будубоши қисми зиёди муҳоҷирони корӣ дар Россияро, ки даромадашон бе ин ҳам дар пайи таваррум ва бӯҳрони иқтисодӣ ба ҳадди ақал поин рафта буд, начандон фоидаовар кард. Дар натиҷа, дар семоҳаи аввали соли 2022, 60 ҳазору 337 ​​муҳоҷири тоҷик аз Россия ба Тоҷикистон баргаштанд, ки 2,6 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Дар матлаби  дигар «Азия плюс» аз кушодашавии хатсайри автобусии Душанбе – Маскав иттилоъ дод. Зоҳиран, ин маводи тиҷоратӣ буд, зеро дар он шароити хуби хизматрасонии ширкати мусофиркашонии «Asian Express» таблиғ мешуд, вале маълумотномаи хубе буд, ки муҳоҷиронро аз арзиши чипта, замон ва давомнокии сафар огоҳ мекард. Ҳамчунин, муаллифи матлаб ба болоравии арзиши маҳсулот ва чиптаи ҳавопаймо ишора карда, аз қавли сайёҳи рус бо номи Александр менависад: “Соли 2011 дар меҳмонии шумо будам. Ин дафъа аз болоравии нархҳо дар ҳайратам, дар Тоҷикистон ҳозир маҳсулот нисбат ба Ӯзбекистон ва тамоми Осиёи Марказӣ қиматтар аст”.

Дар мавриди манбаъҳои ахбори «Азия плюс» вобаста ба муҳоҷирон мешавад гуфт, ки аксари онҳо бо такя ба оҷонсиҳои иттилоотии Федератсия Россия нашр шудаанд. Аз ҷумла 6-уми май бо истинод ба ТАСС иттилоъ дод,  ки дар семоҳаи аввали соли 2023 аз ҳама бештар тоҷикон шаҳрвандии Россияро гирифтаанд: 44,9 ҳазор нафар.

Як нуктаи ҷолиб: «Азия плюс» талош дорад дар мавзӯи муҳоҷирон бештар ба хабаррасонӣ машғул бошад ва матолиби таҳлилӣ дар он кам ба назар мерасанд. Аммо шарҳҳои сиёсии каме, ки «Азия плюс» пешниҳод менамояд, фарқкунандаанд, чун аз ҷониби коршиносони ҳирфаӣ навишта мешаванд.

 Your.tj аз мушкилоти муҳоҷирон намегӯяд?

Your.tj – расонаи нисбатан ҷавони иттилоотии Тоҷикистон аксаран аз ҳаёти нафарони муваффақ, аз ҷумла ҷавонон матлаб таҳия мекунад. Мухотабонаш низ ба эҳтимол аксаран ҷавононанд. Дар баробари қиссаҳо аз ҳаёти одамони муваффақ, рубрикае бо номи “Мухтасари хабарҳои рӯз” дорад, ки бо сарлавҳаҳои ҳангомабарангезаш  хонанда пайдо кардааст. Ҳарчанд, хабарҳои ин сомона бо каме тағйирот аз хабаргузориҳои дигар нашр мешавад, вале қисса (сторителлинг)-ҳои  ҷолибаш, матолиби “муаллифони худӣ”-анд.

Акс аз Оҷонсии Your.tj

Мисли “Озодӣ” Your.tj низ аз рӯзгори тоҷикони муҳоҷири кишварҳои дигар матлаб интишор мекунад. 18-уми апрел бахши русии он аз ҳаёти Фарангис Усмонова, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар кишвари Британияи Кабир қарор дошт, қиссае нашр кард. Давоми 20 рӯз ин маводро 36 ҳазору 300 нафар хондаанд. Дар ин матлаб мехонем:

“Фарангиз Усмонова дорои маълумоти олӣ, бо тахассуси менеҷер аст. Аммо ба хулосае омад, ки на дар Тоҷикистон ва на дар Маскав, ки орзуи харидани хонаро дорад, наметавонад зудтару бештар пул кор кунад. Ӯ бо ин мақсад ба Британияи Кабир рафт ва дар хоҷагиҳои қулфинайпарварӣ кор кард.”

Дар идома журналист хонандаро ба шароити кор дар Британияи Кабир шинос карда, аз қавли қаҳрамони қисса менависад: “Дар он ҷо кор кардан ҳаракати зиёди ҷисмониро талаб мекунад, бояд пуртоқат, босабр ва солим бошӣ. Муҳимтар аз ҳама – ҳадафи ба даст овардани маблағ. Баъзеҳо танҳо гирифтани раводид ва ворид шудан ба он кишварро ҳадафи аслӣ қарор медиҳанд. Онҳо намедонанд, ки ба куҷо ва барои чӣ мераванд. Аз ин рӯ, қабули чизе, ки дар он ҷост, барояшон душвор мешавад”.

Ба назар мерасад, ки Your.tj. ба инъикоси мушкилоти муҳоҷирон аслан  таваҷҷуҳ надорад, балки ҳадафаш ошно кардани мухотабон бо шароити кор дар кишварҳои фаротар аз Россия аст.

Дар “Ҷавонон…” аз ҳаёти ҷавонони муҳоҷир чизе набуд

Ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар сомонаи интернетиаш 1-уми май мавзӯи “Муҳоҷирати занон афзудааст. Омил: шароитсозӣ ё…?”-ро баррасӣ кардааст. Дар ибтидои матлаб муаллиф аз шумораи рекордии сафари занон ба муҳоҷират дар соли 2022 ёдовар шудааст, аммо намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оила ба ҷойи шарҳи то ин ҳад боло рафтани шумораи занони муҳоҷир таъкид мекунад, ки занони тоҷик на танҳо ба кишвари Россия, балки ба давлатҳои аврупоӣ низ сафар мекунанд. Дар идома муаллифи матлаб бо такя ба назари коршиносон, хонандаро аз паёмади манфии муҳоҷирати занон огоҳ мекунад. “Ба андешаи коршиносон дар ҳолати коҳиш надодани ин раванд муҳоҷирати занон метавонад дар худ паёмадҳои нохуберо ба бор оварад. Дар мисоли рӯ овардани занони муҳоҷир ба фоҳишагӣ, истифода гаштани онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои ҷитнояткор аз паёмади бади ин раванд дониста мешавад”. — менависад, муаллиф.

Аммо дар мавриди роҳи ҳалли масъала коршиносони нашрия чизи мушаххасе нагуфтаанд.

Моҳи апрел сомонаи javonon.tj матлаби дигаре дар робита ба мушкилоти ҷавонони муҳоҷир надошт, ҳарчанд қисми бештари муҳоҷиронро ҷавонони аз 18 то 35-сола ташкил медиҳанд.

Сомонаи ҳафтаномаҳои мустақил камранг буданд?

Сомонаи “Фараж” моҳи апрел дар мавзӯи муҳоҷират як матлаб интишор кард, ки дар он бо мушкилӣ ба даст овардани маблағ, баланд шудани арзиши патент ва харҷи дандоншикани оилаи муҳоҷирони корӣ ҳангоми идҳо ба тарзи умумӣ инъикос мешуд. Зимнан, мушоҳидаи мо нишон дод, ки сомонаи ин ҳафтанома дар муқоиса ба чанд моҳи қабл матлабҳои марбут ба ҳаёти муҳоҷиронро кам кардааст. Сабаби якбора кам шудани таваҷҷуҳ ба ин мавзуъ ҳоло маълум нест.

Сомонаи ҳафтаномаи “СССР”  моҳи апрел дар робита ба масоили муҳоҷират матлабе нашр накардааст.

Сомонаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (pressa.tj) 20-уми апрел мусоҳибае нашр кард, ки дар он мушкилоти Фазилат ном зани муҳоҷирро бозгӯ мекард. Ӯ баъди аз шавҳараш ҷудо шудан ба муҳоҷират рафта, 13 сол кор кардааст, аз ҷумла 5 соли ахир дар сохтмонҳо баробари мардон кор мекард. Билохира, баъди маъюб шудан ба Ватан баргашт.

Сомонаи Оила.тҷ ки бахше аз расонаҳои медиа-холдинги Оила мебошад, вақтҳои охир ба ҷойи мавзуъҳои келину хушдоман, ки барои нашри онҳо ҳамеша мавриди интиқод қарор мегирад,  ба масъалаи муҳоҷирон рӯ овардааст. Ҳатто яке аз фаъолони ин мавзуъ байни расонаҳои интернетист.

Рубрикаи хосе ҳам, бо номи “Муҳоҷирати бехатар” дар ин сомона пайдо шудааст, ки дар заминаи лоиҳаи Интернюси Тоҷикистон матлаб таҳия менамояд.

Муҷрии барномаи “Муҳоҷирати бехатар”-и сомонаи Оила.тҷ Саидэҳсон Ҷалолиён бо мутахассисон ҳамсӯҳбат мешуд ва бо иштироки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар кишварҳои аврупоӣ тамошобинонро бо раванди кор дар хориҷа ошно мекард.

Хулоса, таваҷҷуҳи бештари ин расона ба мавзӯи муҳоҷират ба ягон лоиҳаи хоси созмонҳои байналмилалӣ дахл дорад, ё масъулони расона ба хулосае омадаанд, ки ин мавзуъ хеле “бозоргир” аст. Воқеан, матлабҳои матнии ин сомона, аксаран хусусияти машваратӣ дошта дар онҳо ба мушкилоти муҳоҷирон камтар ишора мешуд.

Агар харитаи роҳи муҳоҷират иваз нашавад… 

Пайгирии якмоҳаи расонаҳои интернетии Тоҷикистон нишон дод, ки бо вуҷуди бозтоби мавзӯи муҳоҷират, ин масъала ба сифати мавзӯи муҳими инъикосшаванда, дар ВАО-и  мо шакл нагирифтааст. Расонаҳои мо матолиби таҳлилӣ нисбатан кам интишор мекунанд. Дар нашру пахши хабар бештар ба ВАО-и хориҷӣ такя мешавад, ки ин омил метавонад,  масъалаи бетарафӣ дар инъикоси хабарро зери суол барад. Мавзӯи аз ҷониби корфармоён пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирон дар ин моҳ анқариб инъикос ншуд. Аз ҳаёти муҳоҷирони меҳнатии муваффақ низ кам менависанд.

Шояд тағйиротҳои охир дар масоили иқтисодиву сиёсии ҷаҳон ба кори иттилоърасонии журналистони тоҷик дар оянда ҷиҳати инъикоси мавзӯи муҳоҷират таъсир расонад. Аммо, агар Ҳукумати Тоҷикистон ҳамоно такяи бештар ба муҳоҷират ба Россия намояду харитаи роҳро дигар насозад, шояд чизе иваз нашавад. На мушкилоте, ки солҳо дар бораашон мегӯянд ва на шеваи бозтоби он…

Маҳкамзода Маҳкам

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ