ДомойМедиалентаОвоздиҳии онлайн барои ҷоизаи MediaCAMP 2023 кушода аст

Овоздиҳии онлайн барои ҷоизаи MediaCAMP 2023 кушода аст

Овоздиҳӣ барои асари беҳтарин дар номинатсияи «Замон аз намои наздик: акс, карикатура, тасвир» и озмуни V Осиёи Марказӣ барои хабарнигорон MediaCAMP Award дар саҳифаи расмии фестивал онлайн сурат мегирад. Дар ин ҷо шумо метавонед бо иштирокчиёни озмун шинос шуда, ба асарҳои мавриди алоқаатон овоз дихед.

«Замон аз намои наздик: акс, карикатура, тасвир» номинатсияи махсус барои тасвирҳост. Аммо бояд гуфт, ки аз соли 2021 ба озмун на танҳо аксҳо, балки карикатура, инфографика ва коллажҳо низ қабул карда мешаванд. Шарти асосӣ он аст, ки ҳамаи ин асарҳо дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва ё дар манобеи расонаӣ интишор шаванд. Ғолибро дар ин номинатсия аз рӯи анъана тамошобинон интихоб мекунанд.

Дар соли 2023 36 дархост аз ширкаткунандагон аз чаҳор кишвар (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон) дар номинатсияи «Замон аз намои наздик: акс, карикатура, тасвир» пешниҳод шудааст.  Мутаасифона, аз Туркманистон иштирокчиён набуданд. Тибқи низомнома муаллиф метавонад дар ин категория то се асар пешниҳод кунад. Ҳамин тариқ, маводи пешниҳодшуда назар ба дархостҳо бештар аст. Созмондиҳандагони ҷоизаи MediaCAMP Award интихоби техникӣ баргузор намуданд — на ҳама дархостҳо ба шартҳои озмун мувофиқат доштанд. Дар натиҷа 36 кор ба овоздиҳӣ гузошта шуд.

Натоиҷи озмун дар маросими супоридани ҷоизаҳои MediaCAMP Award дар моҳи июли соли 2023 дар чаҳорчӯби ҷашнвораи ҳамасола MediaCAMP Fest, бузургтарин ҷашнвора дар Осиёи Марказӣ ҷамъбаст мешавад. Ғолибон дар панҷ номинатсия низ дар ин ҷо мукофотонида мешаванд. Ҳамаи ғолибони озмун иштирокчиёни махсуси фестивал мешаванд ва метавонанд дар мубоҳисаҳо, мастер-классҳо ва дигар чорабиниҳо ширкат варзанд.

Озмуни хабарнигорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Интернюс соли панҷум аст, ки гузаронида мешавад. Аввалин бор соли 2019 дар Душанбе баргузор шуда буд (маълумоти бештар дар ин ҷо). Дуюм — дар соли 2020 дар формати онлайн баргузор гардид. Сеюм – дар формати омехта – соли 2021 ва чаҳорум – офлайн дар Алмаато баргузор шуд.

Сандугаш Дуйсенова бо ин расм, ки муҷассамаи Нурсултон Назарбоевро, ки дар замони Қантар дар Талдиқӯрғон тахриб шуда буд, нишон медиҳад, дар номинатсияи «Замон аз намои наздик: акс, карикатура, тасвир» дар соли 2023 барандаи ҷоиза дониста шуд. Ин акс 5 январи соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд ва дар байни қазоқистониён босуръат паҳн гардид. Ба зудӣ он дар тамоми расонаҳои маҳаллӣ ва баъдан ҷаҳонӣ нашр шуд. Ин расм машҳур ва шояд шинохтатарин рамзи рӯйдодҳои январ дар Қазоқистон шудааст. Аммо муаллифи он дар ягон ҷо зикр нашудааст. Ташкилкунандагони ҷоизаи MediaCAMP Award 2022 тавонистанд муаллифи ин аксро муайян кунанд. Дар озмун вай аз қариб 9500 овоз 1377 овоз гирифта, ғолиб омад.

Ҳатман ба беҳтарин асарҳо овоз диҳед! Дар фестивал вомехӯрем!

Ҳуқуқ ба ҳамаи тасвирҳо ба муаллифон / нашрияҳо тааллуқ дорад. Онҳо барои истифодаи асарҳо ҳангоми овоздиҳии интернетӣ ва намоиш дар маросими супоридани ҷоизаҳо розигияшонро доданд. Мундариҷаи асарҳо ба масъулияти танҳо дорандагони ҳуқуқи муаллифӣ аст ва на ҳатман нуқтаи назари Internews, USAID ё ҳукумати ИМА-ро ифода мекунад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад.

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ