ДомойНақди РасонаӣМасъалаҳои «пир» дар мавзӯи ҷавонон. Бозтоби «Рӯзи ҷавонон» дар расонаҳо

Масъалаҳои «пир» дар мавзӯи ҷавонон. Бозтоби «Рӯзи ҷавонон» дар расонаҳо

Ҷавонон ва масоили вобаста ба онҳо ҳамеша ҷузъи муҳим дар давлатдориҳо шинохта шудааст. Дар Тоҷикистон ба мавзӯи ҷавонон махсусан пас аз соли 2017, ки онро «Соли ҷавонон» эълон карда буданд ва дар моҳи аввали он сол Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе таъйин гардид, ба назар мерасад, ки таваҷҷуҳ бештар шуд. Бозтоби ин мавзуъ акнун ҳатто дар расонаҳои ҳукуматӣ ҳам бештар, аммо албатта бо зикри номи писари президент сурат мегирад.

Мунаққиди «Хабарнигори муосир» дар арафаи Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 23 май таҷлил мешавад, расонаҳои гуногуни вобаста ба ҷавононро пайгирӣ кард, то маълум шавад, ки онҳо дар робита бо ҳамсолон чӣ гуна бархӯрд доштанд.

 «Ҷавонони Тоҷикистон» аз 23 чиз мегӯяд. Аммо аз 1 мушкил не?

«Ҷавонони Тоҷикистон» ягона нашрияи расмии Тоҷикистон аст, ки махсус барои ҷавонон таъсис дода шудааст. Он дар замони шӯравӣ, ки бо номи «Комсомоли Тоҷикистон» нашр мешуд, рӯзномаи пурхонандатарини кишвар ба ҳисоб мерафт.

18-уми май он ба муносибати Рӯзи ҷавонон нашри махсуси худро дар шакли рангаи 24-сафҳагӣ, аз чоп баровард. Аммо ин халал нарасонд, ки дар саҳифаи дуи шумора ҷараёни сафари кории Президенти Тоҷикистон ба кишвари Чин аз сомонаи President.tj бознашр шавад.

Воқеан, “Ҷавонони Тоҷикистон” қаблан бахшида ба санаҳои таърихии дигар ҳам шумораҳои “ғафс” –и махсус нашр мекард. Ҳатто дар робита ба зодрӯзи Президенти Тоҷикистон.

Дар саҳифаҳои 3, 6 ва ҳафти шумораи махсуси “Ҷавонони Тоҷикистон” зери рубрикаи “Моҳвораи ҷавонон” хабар ва гузоришҳо аз ҷараёни чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавононро нашр кард.

Дар саҳифаи 8 ва 9-и “Ҷавонони Тоҷикистон” матлабе зери унвони “23 чеҳраи варзишии сол” интишор гардид, ки дар он роҷеъ ба корномаи 23 варзишгар маълумоти википедӣ дода шудааст. Саҳифаҳои 10 ва 11 ҳам таҳти унвони “23 ҷавони муваффақи сол” муҳтавои монанд ба саҳифаҳои 8 ва 9-ро дар бар мегирифтанд.

Дар садри ин феҳрист нашрия номи набераи Эмомалӣ Раҳмон, Исмоил Маҳмадзоирро, ки Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аст, ҷой дода, дар борааш чунин навиштааст: “Ӯ дар муддати кӯтоҳ тавонист зумрае аз ҷудочиёни тоҷикро барои тамрин ба хориҷа равон карда, ҳамчунин, барои тамринҳои дастаи мунтахаби кишвар аз Ҷопон мураббиёни ботаҷриба ҷалб намояд.”.

Дар идомаи ин матлаб дар қатори 22 нафари дигар номи блогерон Саъдӣ Тоиров ва Абдурозиқи майдаҷусса ҳам ҷой дошт.

Матлаби асосии ин шумора, гуфтан мумкин мусоҳибаи анҷомдодаи Хуршед Ховарӣ бо Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода ба ҳисоб меравад.

Аз равишҳои маъмулӣ берун дар ин мусоҳиба масъалаи баргузории Форуми Кумитаи ҷавонон бо блогерон бардошта шуд.

— Аслан барои пиёда кардани як ҳадафи муайян чанд ҳафтаву моҳ хеле камӣ мекунад. Ҳаддалимкон сол лозим аст, то аз як кор натиҷагирӣ карда шавад. Ба ҳамин хотир мо ҳоло наметавонем гӯем, ки ин иқдом кадом натиҷаҳоро ба бор овардааст. Аммо як чиз хушҳолкунанда аст, ки мо мебинем онҳоеро, ки ҷалб карда будем, аллакай баъзан роликҳои ватандӯстиро тарғиб карда истодаанд. Умед аст, ки ҳамкории мо бо блогерон самараи хуб ба бор меорад, — гуфтааст Абдулло Раҳмонзода дар ин мусоҳиба.

Таваҷҷуҳи кумита ба блогерони ҷавон дар ҳолест, ки ба бовари худи блогерони пуробуначӣ дар солҳои қабл аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ ба онҳо аслан таваҷҷуҳ намешуд, ҳарчанд онҳо муҳтавои тарбиявӣ ҳам доштанд. “Ҳоло ки мо ҳаводори зиёд пайдо кардаем, масъулини соҳа бо мо ҳамкориро оғоз кардаанд, ки дар ин зимн мо ҳам баъзе шартҳои кории худро ба онҳо пешниҳод мекунем”, — мегӯяд, як блогер.

Дар саҳифаи 14-уми нашрия боз ҳам матлаби таҳиявие зери унвони “23 дастпарвари муваффақи Кумитаи ҷавонон ва варзиш” нашр гашт. Дар ин қатор номи шаҳрдори шаҳри Душанбе — Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон — Маликшо Неъматов, раиси шаҳри Бӯстон — Мавсума Муинӣ дар садри матлаб буд.

Дар саҳифаҳои баъдияш “Ҷавонони Тоҷикистон” матлабҳои ба ҷавонон бахшидаи раисони вилояти Суғд, ВМКБ, муовини раиси вилояти Хатлон ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро нашр карда буд.

Дар саҳифаи охираш ин нашрия тақвими сол интишор намуд.

Аз сафҳагардонии ин шумора бармеояд, ки дар он мусоҳиба бо ҷавони муваффақ, очерки симоофар ҷо надорад.

Ҳамзамон, ҷавонони тоҷик дар баробари фаъолмандиашон, як қатор мушкилотҳоро ҳам аз сар мегузаронанд. Муҳоҷиршавии ҷавонон афзоиш меёбад, сатҳи ҷинояткорӣ аз ҳисоби ҷавонон тамоюли болоравӣ дорад, қишри зиёӣ аз косташавии ахлоқи ҷавонон ва бегонапарастии онҳо мегӯянд. Аммо “Ҷавонони Тоҷикистон” зарур донистааст, ки дар ин шумора чизе аз мушкилот нагӯяд ва дар зеҳни хонанда андешае пайдо мешавад, ки гӯё ҷавонони кишвар ҳеҷ гуна мушкиле надоранд.

Таъбирҳои “навбатдор” –и “Ховар”

Хабаргузории миллии Тоҷикистон “Ховар” дар моҳи май бобати ҷавонон иттилои фаровон дошт, лекин муҳтавои ҳамаи онҳо аз хабарҳои кӯтоҳу мухтасари якранг иборат буд. Аз ҷумла, 16-уми май аз баргузории Форуми соҳибкорӣ бо иштироки ҷавонон хабар дод ва навишт, ки дар ин маърака раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ректори ДМТ ва соҳибкорони муваффақ иштирок доштанд. Аз суханронии раиси кумита ва ректор иқтибос оварда шуд, вале аз масъалагузориҳо ва натиҷаи форум иттилое пахш нагашт. Аз аксе, ки дар ин хабар ҷой дорад, фаҳмидан мумкин, ки Саидмурод Давлатов – соҳибкор ва машваратчии маъруф низ дар форум иштирок доштааст, вале “Ховар” пешниҳоди андешаву тавсияҳои ӯро зарур надонистааст.

17-уми май бо сарлавҳаи “Дастгирии давлат. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон омӯзгори фаъоли шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуд”, матлаби дигаре интишор кард.

Воқеан, дар мавриди сарлавҳагузории “Ховар” дар маҷмуъ мешавад гуфт аксари онҳо умумӣ буда, таваҷҷуҳбарангез нестанд. Дар бисёрии ҳолат, агар ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шавад, аз сабаби ниҳоят тӯлонӣ будани калимаҳои он, хонанда ба он таваҷҷуҳ намекунад. Ин гуна сарлавҳагузориҳо бештар ба хроника монандӣ доранд, ки муҳтавои хабар дар шакли кӯтоҳ баён шудаасту хонандаро аз муҳтавои дохилии хабар “мегурезонад”.

Масалан, муҳтавои асосии хабари пештар гуфтаамон аз он иборат аст, ки омӯзгор Муродулло Носиров  аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо сипоснома ва тӯҳфаи пӯлӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардидааст.

Аммо “Ховар” зарур медонад, ки ба ҷойи тафсилот таъбирҳои “навбатдори” худро ҳатман таъкид намояд:

“Иқдоми мазкур барои хизматҳои арзанда ва фаъолияти намунавӣ, ноил гардидан ба дастовардҳои пурсамари меҳнатӣ, саҳм гузоштан дар пешбурди рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ба роҳ монда шуд”, — менависад хабаргузорӣ, вале аз забони қаҳрамони хабарсозаш, ҳеҷ нуқтаи назареро дар хабараш ҷой надодааст.

Дар натиҷаи чунин услуби пешниҳод бисёр вақт кору иқдомоти муҳими мақомоти ҳукумат зери ҷумлаву таъбирҳои “навбатдор”-и дар назар таблиғотӣ пинҳон мемонанд ва аз назари мухотабон дур. Зимнан, бисёрии вақт аз ин хабарҳои қолабии “Ховар” хабаргузориҳои дигар матлабҳои ҷолиб ва баъзан ба истилоҳ “TOP” таҳия мекунанд. Ҳол он ки худи “Ховар” метавонист сарчашмаи якумдараҷа бошад…

“Your.tj” ҷавони тоҷикро ба хориҷа “таблиғ” мекунад?

Сомонаи  “Your.tj” собиқаи 3-солаи кор дар фазои иттилоотии Тоҷикистон  дорад. Он асосан, қиссаҳои ҷолиб (сторителлинг) , ё матлабҳои монанд ба жанри классикии очерки портретиро аз ҳаёти ҷавонон чоп менамояд. Хабар низ нашр мекунад, ҳарчанд он дасти аввал нест ва бештари вақт бознашр аз дигар хабаргузориҳост.

24-уми май “Your.tj” таҳти унвони “Сабаби латукӯби донишҷӯёни тоҷик дар Русия дар чист” хабар интишор кард ва ба мавзӯе дахл намуд, ки тамоми ҳафтаи гузаштаро пур карда буду анқариб ҳама ниҳодҳои ҳукумат вокуниш нишон доданд.

-Рӯзи 20-уми май донишҷӯён ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия занг зада, кӯмак хостанд. Зеро телефонҳояшонро мусодира карда буданд ва танҳо рӯзи шанбе баргардониданд. Дар сафорат гуфтанд, ки “имрӯз корӣ нест ва рӯзи душанбе бо шумо тамос мегирем”. “Аммо то ҳол касе ба мо занг назад”, — бо такя ба Радиои Озодӣ хабар додааст, ин расона.

Хулоса, Your.tj исбот карданист, ки тақрибан мавзӯи сензурашуда, аз ҷумла вобаста ба ҷавонон надорад.

Дар рӯзи ҷавонон бошад ин расона аз рӯзгори як ҷавони тоҷик, ки дар Туркия таҳсил мекунад, зери унвони “Аз нақши шамшерзан то ҳамсабақи Сино. Чӣ тавр ҷавони тоҷик ба синамои турк роҳ ёфт” очерки портретӣ нашр кард.

Муаллиф менависад: “филмҳои туркӣ зиёда аз ду даҳсолаи охир маъруфияти зиёд байни тамошобинони кишварҳои гуногун пайдо кардаанд. Аз ҷумла, ҳаводорони зиёде аз мардуми Тоҷикистон низ доранд. Қаҳрамони навбатии мо, Сомон Ҳамидзода ҷавони 23-сола аст, ки дар кишвари Туркия ба олами синамои ин кишвар роҳ ёфтааст.

— Ӯ аллакай дар чанд филм нақшҳои хурдро иҷро кардааст. Аввалин нақши иҷро кардааш ин нақши шамшерзан дар силсилафилми таърихии “Основание: Осман” (“Ҳукмдор Усмон” тарҷ. муаллиф) будааст. Баъди он дар ин самт муваффақияташ бештар шудааст. Зеро филми номбурда миёни ҳаводорони синамои турк маҳбубияти зиёд дошта, ба якчанд забон тарҷума шудааст, — зикр мекунад муаллиф.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки муаррифии ҷавонони муваффақи тоҷик дар хориҷи кишвар аз самтҳои доимии  Your.tj ба ҳисоб меравад.

Аз ҷумла дар матлаби дигари ин расона  аз рӯзгори зани ҷавони тоҷик бо номи Ситора Ҳазратӣ, ки муҳоҷири кишвари Австралия мебошад, қиссаи ҷолиб мунташир  шудааст. Муаллифи ин матлаб зимни сӯҳбат бо ин зан хонандаро ба роҳҳои сафар ва шароити кору зиндагӣ дар Австралия шинос кардааст.

-Барои дар Австралия зиндагӣ кардан, донистани забони англисӣ, нотарсӣ аз ҳашароту ҳайвонот ва хазандагони гуногун ва доштани шаҳодатномаи ронандагӣ зарур аст, — нақл мекунад қаҳрамони Your.tj

Зимнан, вокуниши хонандагон ба чунин матолиб ҳамсон нест. Бархе ба он нигоҳи мусбат дошта, мегӯянд хонандагон аз тариқи чунин маводҳо маълумоти заруриро соҳиб мешаванд.

Онҳое низ будаанд, ки дар пахши ин гуна матолиб унсурҳои пропагандаро эҳсос кардаанд.  Аз ҷумла, яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ зимни баҳс сари ин матлаб навиштааст, ки “расона бо инъикосаш аз ҳаёти муҳоҷирони муваффақ, раванди номатлуби муҳоҷиратро тарғиб мекунад”.

JOM.TJ медонад “дили” ҷавононро чӣ хел ёбад?

JOM.TJ (Ҷавонон ояндаи миллат) аз ҷавонтарин сомонаи фазои иттилоотии Тоҷикистон, мебошад, ки бештар аз 1 сол боз аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” рӯйи кор омадааст. Тавре аз номи сомона маълум аст, он пурра инъикоскунандаи ҳаёти ҷавонон аст. Пурхонанда будани матолибаш гувоҳӣ медиҳанд, ки он миёни хонандагон мавқеи муайян дорад.

ҶОМ худро бо тарҳ ва шакли пешниҳоди нави муҳтаво муаррифӣ кардааст.

Як шакли ҷалби муаллифон ва хонандагон озмунҳоест, ки ин сомона эълон менамояд. Аз ҷумла, дар ибтидои фаъолият озмуни “Сулҳ – неъмати бебаҳо”-и он матлабҳои зиёди ҷолиберо ба хонанда пешниҳод кард. Дертар озмуни акси беҳтарин низ аз иқдомҳои ин сомона буд. Ба иштирокчиёни ҳарду озмун тӯҳфаҳои гаронарзиш тақдим гашт.

Рубрикаи фаъолтарини  сомона “Муваффақият” мебошад. Он дар қолаби кепшн-видео ва матни мухтасар аз ҳаёти ҷавонони муваффақ мавод пахшу интишор мекунад.

Як самти дигари фаъолият хеле равшан аст. Яъне, агар дар телевизион, нашрияҳои давлатӣ ва ожонсҳои мустақил аз ҳаёти ҷавонони имконияташон маҳдуд матолиб хеле кам бошад, дар ин расона он ҷойгоҳи махсус дорад.

Махсусияти ин сомона дар он аст, ки ҷавонони имконияташон маҳдудро пайдо намуда, аз ҳаёти онҳо барои хонандааш матолиби ҷолиб пешниҳод мекунад.

Аз ҷумла 18-уми май дар бораи Севинч ном духтаре аз шаҳри Панҷакент кепшн-видео пешниҳод намуд. Аз ҷумла дар матлаб зикр мешуд:

“Севинч то кунун мошинаи куҳна дошту бо асобағал роҳ мерафт. Акнун соҳиби мошинаи нав ва ароба шуд. Чанде қабл JOM дар бораи вазъи ӯ гузориш карда буд ва ин духтараки 14-сола мошинаи нав барои хайётӣ ва аробаи маъюбиро орзу карда буд. Баъд аз гузориши мо, Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тавҳид” ба ӯ мошина хаётӣ ва ароба тӯҳфа кард. Акнун вай бо хушҳолӣ аз мошинаву аробааш истифода мекунад.”

Бо ҳамин сомонаи худро ба ҷумлаи расонаҳои таъсиргузоре муаррифӣ кард, ки доираи калони мухотабонро фаро мегираду дар ҷомеа вокуниш ҳосил менамояд.

Дар баробари матолиби дигар ҶОМ ҳамчунин самти маърифатӣ ҳам дорад ва дар бораи фановариҳои ҷадид, навовариҳо дар онҳо барои ҷавонон маълумот медиҳад. Як моҳи охир бошад, ин сомона ба мухотабони худ наворҳои машваратӣ дар бораи усулҳои пешгирӣ аз ҳамлаҳои қаллобони интернетиро роҳандозӣ кардааст.

Ҳарчанд, JOM.TJ дар мавриди мушкилоти ҷавонон камтар нависад, вале дар пӯшиши хабарии муваффақиятҳои қишри ҷавон фаъол аст. Ҳамзамон, хабар ва матлабҳои дигараш дар қолаби майлонҳои нави журналистӣ таҳия гаштаанд, ки ин амалкарди фарқкунанда дар фазои иттилоотӣ, махсусан ВАО-и интернетӣ мебошад.

ХУЛОСА

Ба таври умум, пайгирии мо аз матлабҳои нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон”, хабаргузории “Ховар” ба унвони ВАО-и давлатӣ ва Your.tj-ву JOM.TJ – расонаҳои  мустақил нишон дод, ки расонаҳои Тоҷикистон дар инъикоси мушкилоти ҷавонон чандон таъсиргузор нестанд.

Масъалаи дигар, ВАО-и давлатӣ хусусияти симоофарии худро тақрибан аз даст додаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки онҳо аз мушкилоти ҷавонон қариб намегӯянд. Танҳо дар як нашри ҷашнияш ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар 4 матлабу ҳашт саҳифа номи бештар аз 50 ҷавони муваффақро бо маълумоти википедиашон овардааст, вале ақаллан бо яке аз ин ҷавонҳо мусоҳиба анҷом надодааст, ё очерки портретӣ нанавиштааст. Бо истифода аз коршиносон мушкилоти як соли охири ҷавононро ақаллан дар шакли ҷузъӣ инъикос накардааст. Дар матлабҳояш аз майлонҳои нави журналистӣ, дар мисоли барои ВАО-и чопӣ маъмулӣ – инфографика, ҳатто як матлаб надорад.

Your.tj, агар танҳо бо гуфтани муваффақияти ҷавонон иктифо кунад, пас ҳадс задан мумкин, ки он дар қатори расонаҳои фароғатӣ боқӣ мемонад.

Инъикос нашудан ё кам инъикос шудани мушкили ҷавонон аз тарафи расонаҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз муаммоҳои кору фаъолияти ин қишри ҷомеа зиёд мегӯянд. Пас гуфтан мумкин, ки журналистон инъикоси мушкилоти ҷавононро ба зимаи шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд?

Саволе, ки дар ҷавоб ба он мушкил пеш меояд.

Ё барои шумо осон аст?

Маҳкамзода Маҳкам

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ