Jom.tj силсиламатолиби ҷолиберо дар мавзӯи саводи расонаӣ омода кардааст. “Хабарнигори муосир” ин силсиламатолибро тарҷума ва адаптатсия намуд, бо нияти он, ки муфидтарини онро бо шумо мубодила намоем ва шуморо аз фиреби қаллобон эмин дорем. Тролинг — маводи дуюми ин бахш аст. Дипфейкҳо – маводи аввал аз силсиламатолиб доир ба саводи расонаӣ мебошад. Давраи комилро бо ин линк дидан мумкин аст.
Тасаввур кунед, ки як мавзӯи муҳимеро дар интернет муҳокима доред, масалан, мактабу таҳсилоту соҳаи маорифро. Вале дар шарҳ нафаре мавзӯро ба сӯйи дигар мекашаду манъи таҳсили духтаронро баҳс мекунаду ба таҳқир мегузарад.
Ин троллинг аст! Бо ин тавзеҳот, мо метавонем “троллинг”-ро дар маҷмӯъ ба маънои дидаву дониста вайрон кардани баҳсу муҳоқимаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади барангехтани эҳсосоти корбарон ва пешбурди ҳама гуна аксуламалҳо таъриф кунем.
Дар устураҳо ва ривоятҳои Скандинавия троллҳо бузургҷуссаҳое ҳастанд, ки душмани башар гуфта мешаванд. Зеро, троллҳо табиатан дар ҷустуҷӯи бадӣ ҳастанд. Айни ҳол бархеҳо дар интернет мисли девҳои ривоятҳои Скандинавия корашон бадӣ ва зарар расондан ба одамон аст. Чаро онҳо меафзоянд?
Зеро, ҷаҳони пурасрори Интернет барои одамон шароити беҳтареро фароҳам меорад ва ошкор кардани онҳо мушкил аст.
Троллинг метавонад таъсири манфии зиёде ба руҳу равони шумо расонаду боиси бехобӣ, депрессия, худбаҳодиҳии паст гардад. Зеро, троллҳо паёмҳои хашмгинро барои вайрон кардани ҳолати равонии шумо ва халалдор кардани баҳсҳои созанда истифода мебаранд. Роҳи дигари муайян кардани троллҳо хеле осон аст. Вақте ки троллҳо як вокуниши эҳсосотии касеро ҳис мекунанд, кушиш мекунанд бештар озораш диҳанд. Инчунин, троллҳоро бо даъвоҳои аҷибашон муайян кардан мумкин аст. Онҳо одатан ҳама мавзӯро метавонанд ба масхара кашанд то дар ниҳоят аз як иштирокчии баҳс посухи эҳсосотӣ гиранд.
Срач ва Ҳоливер (Ҳоливар) навъи дигаре аз беадабӣ ва бадрафторӣ дар олами маҷозӣ ҳаст. Срач яке амали номуносиб вале паҳнгашта дар интернет аст. Аз муҳокимаи маъмулӣ бо он фарқ мекунад, ки иштирокдорони он одатан ба таҳқири шахсиятҳо мегузаранд. Гӯё сӯйи якдигар ахлот мепартоянд ва гоҳо ба таҳдидҳои воқеӣ мегузаранд. Срач то он даме, ки дар тарафҳои иштирокчӣ баҳс мекунанд ва ё то даме, ки маъмурияти саҳифа ё гурӯҳ дахолат карда, нисбати иштирокчиёни срач чораҳои муайяне ҷорӣ накунад, давом кардан мегирад.
Ҳоливерро “Ҷанги муқаддас” мегӯянд. Одамон метавонанд бо ҳамдигар тавре ба ҳам дарафтанд, ки гӯё дар чунин ҷангҳо қарор доранд. Давомнокии ин “ҷангҳо” дар шарҳҳо, дар форумҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ моҳҳо ва солҳо метавонад давом кунад. Мухолифон танҳо мавқеи худро дуруст меҳисобанд ва онро тағйир намедиҳанд, ҳатто агар тарафи дигар бо далел фикри худро асоснок кунад. Мутаассифона, иштирокчиёни ҳоливар аксар вақт ба ҷойи баҳси мантиқӣ ба таҳқир мегузаранд. Дар сурати рӯ ба рӯ шудан ба ин ҳолат чӣ бояд кард?
1. Маҳз ба ҷои хашмгин шудану ҳимоят аз худ, ором будан посухи дандоншикан ба троллҳост. Дар ин сурат тролҳо аз озори шумо даст мекашанд. Тролҳо нафароне ҳастанд, ки талош мекунанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ низоъ, зиддият ва баҳсҳоро ба вуҷуд оранд.
2. Агар шумо дар ин ё он гуруҳи фейсбукӣ, телеграм ва дигар шабакаҳо тролро пайдо кунед, дар ин бора ба маъмури гурӯҳ хабар диҳед то ӯро аз гуруҳ берун кунаду аъзои гуруҳро аз шарраш халос!
3. Роҳи дигар ин аст, ки ба троллҳо аҳамият надиҳед. Ҳеҷ гоҳ бо тролл баҳс накунед. Зеро, вақте шумо бо онҳо баҳс мекунед, шумо онҳоро гӯё ғизо медиҳед, зеро, ягона чизе, ки тролл дар ҷустуҷӯи он аст, таваҷҷӯҳ мебошад. Акнун, ки шумо дар бораи троллинг ва троллҳо маълумот гирифтед ва медонед, ки дар сурати рӯ ба рӯ шудан дар интернет бояд чӣ кор кунед. Агар мехоҳед, ки дӯстону дигар ҳамсолонатон низ дар ин бора бештар донанд, навори моро ба онҳо ирсол кунед, гузоштану лайку навиштани шарҳро фаромӯш насозед!
Дар эксплейнери зер аз Jom.tj бобати троллинг, срач ва ҳоливер бештар бидонед: