Зиёда аз даҳ омӯзгори донишгоҳҳои Тоҷикистон дар панҷ Эдютон, ки Интернюс дар ҷараёни татбиқи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ баргузор кард, ширкат варзиданд. Дар рафти ин семинарҳои ибтикорӣ (инноватсионӣ) доир ба саводи расонаӣ ва рақамӣ, мутахассисони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барои дарки инфодемия, ки дар давраи пандемияи коронавирус ба вуҷуд омад талош намуданд, ҷангҳои иттилоотии баромада аз муноқишаҳои мусаллаҳона ва инчунин пешгӯӣ кардани ояндаи наздикро омӯхтанд. Акнун ҳар як иштирокчии Эдютон -ро метавон мутахассис ва сафири саводи расонаӣ ва иттилоотӣ дар кишвари худ номид.
Сомонаи тахассусии тоҷикӣ доир ба саводи расонаӣ “Mediasavod” 29 сафири расонаҳои хабарӣ ва рақамиро, ки дар кишвар кор мекунанд, гирди ҳам овардааст. Инҳо на танҳо омӯзгорони донишгоҳҳо, балки рӯзноманигорон, фаъолон ва ҳатто актёрон низ ҳастанд. Ҳамаи онҳо иштирокчиёни Эдютон, ки Интернюс дар доираи барномаи MediaCAMP Осиёи Марказӣ ташкил карда буд, ҳастанд ва ҳар яке аз онҳо дар муҳити ҳирфаии худ ба интиқоли идеяҳои саводи расонаӣ ва иттилоотӣ шурӯъ карданд.
Дар Тоҷикистон имрӯз бахши маориф шояд аз ҳама бештар бо саводи расонаӣ фаро гирифта шудааст. Саводи расонаӣ ва рақамӣ дар ҳафт донишгоҳи Тоҷикистон бомуваффақият ҷорӣ карда шудааст. Масалан, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гӯшаи саводи расонаӣ ташкил шудааст, Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) саводи расонаӣ ва рақамиро барои донишҷӯёни факултети журналистика ҳамчун як фанни алоҳида ҷорӣ намудаанд.
Бо вуҷуди ин, коршиносон хотирнишон мекунанд, ки ҳанӯз корҳои зиёде дар ин самт боқӣ мондааст: ҳатто дар таҳсилоти донишгоҳӣ, саводи расонаӣ танҳо дар ихтисосҳои муайян маъмул аст, масалан, дар журналистика, дар ҳоле ки маҳорати кор бо иттилоот комилан барои ҳама зарур аст.
— Бояд саводи расонаиро аз боғчаи бачагона, бо ворид намудани соатҳои факултативӣ ҷорӣ кард. Дар мактабҳо низ бояд чунин машғулиятҳо гузаронида шаванд. Мо аҳолии калонсолро фаромӯш мекунем, ки онҳо низ ба ин гуна омӯзиш ниёз доранд”, — шарҳ медиҳад Шаҳодат Сайбназарова, дотсенти кафедраи журналистикаи дохилӣ ва байналмилалии Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ).
Шаҳодат мегӯяд, ки курсҳои махсуси саводи расонаӣ на танҳо барои рӯзноманигорони оянда зарур аст, онҳоро бояд барои донишҷӯёни дигар ихтисосҳо низ ҷорӣ кард.
— Биологҳо хусусиятҳои худро хоҳанд дошт, физикҳо вижагиҳои худро. Ба таълим бояд вобаста ба ихтисос зовия дода шавад. Мо танҳо дар бораи омӯзиши рӯзноманигорӣ не, балки дар бораи омӯзиши расонаӣ ба маънои васеи он суҳбат мекунем, — мегӯяд Шаҳодат.
«Бисёр чиз аз иродаи сиёсии Вазорати маориф ва илм вобаста аст»
Дар ҳоли ҳозир саводи расонаӣ ва иттилоотӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон танҳо ба донишҷӯёни риштаҳои гуманитарӣ омӯзонида мешавад. Масалан, соли 2023 дар донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) фанни алоҳида – “саводи расонаӣ” барои рӯзноманигорон роҳандозӣ шуд. Дар ин ҷо ба донишҷӯён шинохтани таблиғ, манипулятсия, хабарҳои бардурӯғ, ҳифз намудани маълумоти шахсӣ, муқовимат кардан ба кибертаҷовуз ва рушд додани тафаккури интиқодияшонро таълим медиҳанд. Қабл аз ҷорӣ шудани курси алоҳида унсурҳои саводи расонаӣ тавассути фанҳои дигар омӯзонида мешуданд, ки дар он ба рӯзноманигорон диққат додан ба манбаъҳои иттилоот ва санҷиши эътимоднокии онҳоро меомӯхтанд.
— Рӯзноманигор то муайян кардани таблиғотро (пропагандаро) наомӯзад, кор карда наметавонад. Аммо имрӯз дар назди мо на танҳо вазифаи ба таври интихобӣ муносибат кардан ба иттилоот, балки рӯйкарди интиқодӣ ба он ҳам меистад. Мо ба донишҷӯён таълим медиҳем, ки таҳдидҳои рақамиро бишносанд ва ба онҳо муқобилат кунанд. Мо дар бораи таблиғот ҳарф мезанем ва дар зимн кӯшиш мекунем, ки онҳо бар асоси меъёрҳои ахлоқӣ ҳидоят шаванд, — мегӯяд Шаҳодат.
Дар баробари ин, эҷоди як низоми густурдаи таълим барои бо саводи расонаӣ фаро гирифтани донишҷӯёни дигар ихтисосҳо талошҳои ҳамоҳанг ва дастгирии зинаҳои гуногуни ҳукуматро тақозо мекунад.
— Бисёр чиз аз иродаи сиёсии Вазорати маориф ва илм вобаста аст. Агар аҳамияти саводи расонаӣ дар зинаҳои олии қудрат эътироф шавад, он дар ҳама сатҳҳо бомуваффақият амалӣ хоҳад шуд, мегӯяд Шаҳодат.
Дар ҳамин ҳол, сатҳи саводи расонаӣ ва рақамии аҳолии Тоҷикистон дар байни се ҷумҳурии Осиёи Марказӣ поинтарин аст. Ин дар омӯзиши саводи расонаӣ ва истеъмоли ВАО, ки соли 2021 дар доираи барномаи MediaCAMP анҷом шуд, баён гардида аст. Тибқи як назарсанҷӣ, ки барои ин пажӯҳиш гузаронида шуд, 73% пурсидашудагон дар Тоҷикистон ба саволи “Оё шумо бо вазъияте рӯ ба рӯ шудаед, ки як рӯйдоди сиёсӣ дар расонаҳои мухталиф ба таври гуногун инъикос мешуд?” посухи манфӣ додаанд. Барои муқоиса, дар Ӯзбекистон 61% пурсидашудагон ба ин савол ҷавоби манфӣ додаанд, дар Қазоқистон 65%.
Ба гуфтаи Гулнор Асанбоева, мушовири минтақавӣ доир ба саводи расонаӣ, ба рушди ин соҳа чанд омил, пеш аз ҳама, сатҳи озодии баён ва сатҳи рушди ҳукумати электронӣ – сатҳи иштироки электронӣ таъсир мерасонад. Мутаассифона, Тоҷикистон дар ин бахшҳо дар зинаи поён қарор дорад: дар шохиси ҷаҳонии озодии матбуот барои соли 2023 ҷумҳурӣ дар байни 180 кишвари ҷаҳон дар ҷои 153-юм ва дар раддабандии рушди ҳукумати электронӣ барои соли 2022 дар ҷои 129-ум дар байни 193 кишвар қарор гирифтааст.