Баъди он ки ду қонун – “Қонун дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” – якҷоя карда шуданд, ҳамаи иҷозатномаҳо барои расонаҳо дар Тоҷикистон бемуҳлат шуданд.
Ҳуқуқшиноси бахши расонаҳо Ранжет Ятимов раванди дарёфти иҷозатнома (литсензия) ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро тавзеҳ медиҳад.
Чӣ ҳодиса рух дод?
Дар Тоҷикистон қонуни нав “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” қабул шуд ва акнун барои расонаҳо ҳамаи иҷозатномаҳо бояд бе муҳлат дода шаванд. Бар асоси қонун ҳамаи пахшкунандаҳо (радио ва телевизион) якбора бояд чанд навъи иҷозатномаро дошта бошанд:
- Иҷозатнома барои фаъолият дар бахши радио ва телевизион аз Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон;
- Иҷозатнома барои фаъолият дар бахши истеҳсол ва пахши маводи аудиовизуалӣ;
- Иҷозатнома барои истифодаи мавҷи радиоӣ аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон.
Расонаҳои чопӣ ва хабаргузориҳо бояд шаҳодатнома дар бораи сабти давлатӣ шудан дар Вазорати фарҳангро низ дошта бошанд. Барои дарёфти ин шаҳодатнома шуруъ аз соли 2017 расонаҳо вазифадор шудаанд, ки санади Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-ро ба Вазорати фарҳанг пешниҳод кунанд. Ин талабот дар Баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаи полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид шудааст.
Баъди он ки муҳлати иҷозатномаҳои кунунии расонаҳо ба охир мерасад, онҳо метавонанд, иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии нав ва бемуҳлат дарёфт кунанд.
Қонуни нав ба кадом ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дахл мекунад?
Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки хосияти иҷозатдиҳӣ доранд – иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳо.
Шаҳодатномае, ки Вазорати фарҳанг ба расонаҳои чопӣ ва хабаргузориҳо медиҳад, низ бемуҳлат мешавад?
Дар ин маврид ҳама чиз ба ин содагӣ нест. Дар замимаи марбут ба қонуни нав “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” — «Феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ,
санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда» – Вазорати фарҳанг ворид нашудааст. Яъне, қонуни нав Вазорати фарҳангро ҳамчун ниҳоде намешиносад, ки иҷозатнома медиҳад. Ба илова, худи шаҳодатнома дар бораи ба қайди давлатӣ гирифта шудан дар Номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии қонуни нав зикр нашудааст.
Аммо Вазорати фарҳанг ин шаҳодатномаро дар асоси Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ медиҳад. Дар асоси ин Тартиб (ки санади зерқонунӣ аст), Вазорати фарҳанг барои 3 сол шаҳодатнома медиҳад. Ин шаҳодатнома дар ҳар сурат хосияти иҷозатдиҳӣ дорад ва ба ҳамин хотир, бар асоси қонуни нав, бояд бидуни муҳлат дода шавад. Зеро санади зерқонунӣ наметавонад, аз худи қонун боэътибортар бошад.
Бояд зикр кард, ки худи Тартиб ибтидо барои корхонаҳои полиграфӣ ва фаъолияти ноширӣ таҳия шуда буд, яъне барои назорати нашри китоб ва моҳиятан ин Тартиб хилофи Қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” аст.
Барои дарёфти иҷозатномаи бемуҳлат кадом ҳуҷҷатҳоро бояд ҷамъоварӣ кард?
- Барои дарёфти иҷозатнома ҳуҷҷатҳои зерро бояд ҷамъоварӣ кард:
- Fриза дар бораи гирифтани иҷозатнома бо нишон додани намуди фаъолият ё амал;
- Yусхаи ҳуҷҷате, ки бақайдгирии давлатии субъекти хоҷагидорро тасдиқ мекунад;
- Ҳуҷҷати тасдиқкунанадаи пардохти хироҷ барои баррасии ариза;
- Ваколатнома барои намояндагии манфиатҳо ба номи шахси ваколатдор, агар ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатнома аз ҷониби намояндаи аризадиҳанда пешниҳод шаванд.
Вобаста ба хусусияти фаъолияти соҳибкорӣ мақомоти давлатӣ метавонанд, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи мутобиқати аризадиҳанда ба талабот ва шартҳои муқарраргардида барои додани иҷозатномаро талаб кунанд.
Оё мақомоти иҷозатдиҳанда метавонанд, аз аризадиҳанда ҳуҷҷатҳоеро талаб кунанд, ки дар рӯйхати қонун зикр нашудаанд?
Не, талаб кардани ҳама навъи ҳуҷҷатҳои дигаре манъ аст, ки дар қонун пешбинӣ нашудааст.
Дар кадом ҳолатҳо мақомоти давлатӣ метавонанд, аризаро рад кунанд?
Мақомоти давлатӣ ҳақ надоранд, ки аризаро қабул накунанд, аммо дар ду ҳолат метавонанд, онро баргардонанд:
- Агар ариза аз ҷониби касе навишта шуда бошад, ки салоҳияти навиштани онро надорад;
- Агар ариза бо вайрон кардани тартиби муайянкардаи қонун пур карда шуда бошад.
Бо ин ҳол, мақомоти давлатӣ бояд давоми панҷ рӯзи баъд аз қабули ариза дар бораи баргардонидан он ва сабабҳои баргардонидан хабар диҳанд.
Баъди бартараф кардани камбудиҳо метавон, аризаро дубора фиристод.
Оё метавонанд, иҷозатнома надиҳанд?
Ҳамагӣ чанд сабаби возеҳ мавҷуд аст, ки дар пайи онҳо метавонанд, ба радио ва телевизион иҷозатнома надиҳанд:
- Aгар аз ҷониби аризадиҳанда ҳуҷҷатҳо дар ҳаҷми пурра пешниҳод нашуда бошанд;
- Aгар дар ҳуҷҷатҳое, ки аризадиҳанда пешниҳод кардааст, маълумоти нодуруст ошкор шавад.
Бо ин ҳол рад кардани ариза бояд баъди ташхиси алоҳида асоснок карда шавад. Ва дар сурати рад кардани ариза мақомоти иҷозатдиҳӣ вазифадоранд, ки ба аризадиҳанда дар бораи сабабҳо на камтар аз даҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор хабар диҳанд.
Дарёфти иҷозатнома бар асоси қонуни нав чи қадар арзиш дорад?
Дарёфти иҷозатнома барои фаъолият дар бахши радио ва телевизион аз Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон:
- Хироҷ барои баррасии ариза – чаҳор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 288 сомонӣ;
- Хироҷи якдафъаина барои дарёфти иҷозатнома – ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 144 сомонӣ;
- Хироҷи баъдии солона барои нигаҳ доштани эътибори иҷозатнома – ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 144 сомонӣ.
Дарёфти иҷозат барои истифодаи радиобасомад аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати кишвар:
- Хироҷ барои баррасии ариза – даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 720 сомонӣ;
- Хироҷи якдафъаина барои дарёфти ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ – ҳамчунин даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 720 сомонӣ.
Бояд гуфт, ки ҳамаи ин пардохтҳо ғайринақдӣ сурат мегиранд.
Оё муҳлати ниҳоие барои баррасии ҳуҷҷатҳо муайян шудааст?
Агар ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои иловашуда ба он ташхиси иловагиро талаб накунад, дар ин ҳолат баррасии он 10 рӯзро дар бар мегирад; дар сурате, ки агар ташхис зарур шавад – 30 рӯзро дар бар мегирад.
Маълумот дар бораи қарори қабулшуда дар шакли хаттӣ ва тавассути почтаи электронӣ бо нишон додани суратҳисоби бонкӣ ва муҳлати пардохтҳои ҳатмӣ ирсол карда мешавад.
Оё қонунан назорати иловагӣ аз ҷониби мақомоти давлатие таъйин шудааст, ки иҷозатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ содир мекунанд?
Дар қонуни нав дар ин бора чизе гуфта нашудааст. Меъёри ягонае, ки дар Феҳристи ягона зикр шудааст, ба нигаҳ доштани эътибори иҷозатнома аз ҳисоби хироҷи солона дар ҳаҷми 144 сомонӣ рабт дорад.
Агар мақомоти танзимкунанда талаб кунанд, ки пахшкунандагон барои тамдиди иҷозатнома ҳар сол барои муҳр гирифтан ва ё дарёфти имзои шахси масъул ҳозир шаванд, пас ҳамаи ин талаботро метавон, ҳамчун амали коррупсионӣ баҳо дод.
Чӣ гуна эътибори ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии бемуҳлатро метавон, манъ кард?
Мақомоти давлатӣ метавонанд, дар сурати ошкор гардидани камбудиҳо эътибори ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро боздошт кунанд. Дар чунин ҳолат ба иҷозатномадор барои бартараф кардани камбудиҳо се моҳ муҳлат дода мешавад. Баъди он ки ҳамаи камбудиҳо бартараф шуданд, бояд ба таври хаттӣ мақомоти иҷозатдиҳандаро огоҳ кард ва ин мақомот дар муҳлати панҷ рӯзи кории баъди дарёфти огоҳӣ вазифадоранд, дар бораи барқарорсозии санадҳо қарор қабул кунанд ва дар ин бора аризадиҳандаро дар шакли хаттӣ огоҳ созанд.
Агар иҷозатномадор камбудиҳоро сари вақт бартараф насозад, пас мақомот вазифадоранд, ки барои бекор кардани иҷозатнома бо ариза ба додгоҳ муроҷиат кунанд.
Агар мақомоти давлатӣ меъёрҳои қонуни навро иҷро накунанд, ба куҷо метавон шикоят бурд?
Ба додгоҳ. Агар иҷозатнома ва ё ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро манъ ё бекор карданд, мақомоти давлатӣ бояд қарори худро асоснок созанд ва инро давоми се рӯз ба таваҷҷуҳи иҷозатномадор расонанд. Дар ин ҳолат иҷозатномадор ҳак дорад, ки аз болои қарори мақомоти иҷозатдиҳӣ ба додгоҳ шикоят барад.
Мавриди зикр аст, ки агар додгоҳ қарори манъи эътибори ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро беасос арзёбӣ кунад, дар ин сурат мақомоте, ки ин қарорро қабул кардаанд, бояд ба иҷозатдор ҷуброн пардозанд.