Сарфи назар аз он ки раванди таҳияи Кодекси иттилоотии Тоҷикистон ба анҷом мерасад, коршиносони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки ин санад ҳамоно ба коркарди ҷиддӣ ниёз дорад. Рӯзноманигорону ҳуқуқшиносон мегӯянд, пеш аз ҳама санади таҳияшуда ба талаботи замон ҷовубгӯ нест ва технологияҳои наву муҳити рақамиеро ба эътибор нагирифтааст, ки мо дар он зиндагӣ дорем.
“Хабарнигори муосир” дар бораи тарҳи Кодекс бо аъзои гуруҳи корӣ, инчунин коршиносони мустақиле суҳбат кард, ки аз ҷараёни коркарди санад огоҳ ҳастанд.
Шаш сол пеш, замоне, ки таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоотӣ шуруъ шуд, муаллифон тасмим доштанд, дар он бештар аз 20 қонуни мухталиферо ҷамъ оваранд, ки ба иттилоот ва иртиботот рабт доранд. Бо гузашти шаш сол лоиҳаи Кодекс омода, аммо дар он дар ниҳоят ҳамагӣ чаҳор қонун муттаҳид карда шудааст.
-Дар лоиҳаи Кодекс чаҳор қонуни Тоҷикистон: “Дар бораи иттилоот”, “Дар бораи иттилоотонӣ”, “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” ва “Дар бораи ҳифзи иттилоот” шомил шудааст. Мавриди зикр аст, ки таҳияи Кодекси иттилоотӣ дар доираи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 шуруъ шуда буд, — мегӯяд Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси бахши расонаҳо аз ташкилоти ҷамъиятии “Хома” ва узви гуруҳи корие, ки дар таҳияи тарҳи Кодекси иттилоотӣ саҳм дошт.
Ба гуфтаи вай, дар санади мазкур чанд истилоҳ ва меъёре ворид карда шудааст, ки ба интернет ва шабакаҳои иртибототӣ (ё телекоммуникатсионӣ) марбут ҳастанд, вале боқии лоиҳа тақрибан аз қонунҳои мавҷуда таркиб ёфтааст. Аммо Парвина Ибодова, ҳуқуқшинос аз ташкилоти ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет», коршинос дар бахши ҳуқуқи интернетӣ мегӯяд, қонунҳое, ки шомили Кодекс шудаанд, хеле пеш қабул гардида, худи он қонунҳо ба ислоҳ ниёз доранд ва ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд.
-Дар онҳо меъёрҳое мавҷуд аст, ки фаъолияти расонаҳоро ба таври ҷиддӣ мушкил мегардонанд, зеро он қонунҳо дар солҳои 2000-ум қабул шудаанд ва он замон воқеият комилан дигар буд, — шарҳ медиҳад Ибодова.
Назари ӯро ҳуқуқшиноси дигар – Дилрабо Самадова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ҷонибдорӣ мекунад.
— Тоҷикистон ягона давлате нест, ки Кодекси иттилоотӣ қабул кардан мехоҳад. Дар Узбекистони ҳамсоя ҳам чунин лоиҳа дар ҷараёни коркард қарор дорад. Аммо ҳамсояҳои дигари дуру наздики мо: Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия Кодексҳои рақамӣ таҳия мекунанд, ки на танҳо бахши иттилоотӣ, балки технологияҳои иттилоотиро ҳам муттаҳид мегардонад, — шарҳ медиҳад Самадова.
Вай меафзояд, бо ин роҳ рафтан ва таҳия кардани Кодекси рақамӣ ва ё Иттилоотиву рақамӣ талаботи замон аст.
— Кодекси рақамӣ метавонад, муносибатҳои ҷамъиятии марбут ба технологияҳои рақамӣ, коркарди додаҳо, амнияти иттилоотӣ, платформаҳои рақамиро ба танзим дарорад. Ин гуна санад бояд ҳуқуқҳои рақамии шаҳрвандонро муайян ва кафолат диҳад, ҳифзи ҳарами хусусӣ ва хонаводагиро дар фазои рақамӣ кафолат диҳад. Дар он бояд мафҳумҳое, аз қабили платформаҳои онлайнӣ, маҳсули рақамӣ, идентификатсия ва имзои рақамӣ, ҳуҷҷатҳо ва ҳуҷҷатнигории электронӣ, бонкдорӣ ва пардохти электронӣ ва ғайра шомил карда шаванд. Тарҳи пешниҳодшудаи Кодекси рақамӣ дар воқеъ қисман фазои рақамиро дар бар мегирад, аммо ба таври бояду шояд танзим намекунад, — гуфт Дилрабо Самадова.
Ба ин нукта, ки тарҳи Кодекси иттилоотӣ фазои рақамиро дар бар намегирад, Зебо Тоҷибоева, роҳбари расонаи онлайнии Your.tj низ таваҷҷуҳ кардааст.
— Дар ин Кодекс муҳимтарин чиз – фазои рақамӣ дида намешавад, ки мо аз чанде боз дар он зиндагӣ дорему кор мекунем. Яъне, Кодекс, акнун ки мо дар он интернетро ҳам шомил кардем, бояд на иттилоотӣ, пойгоҳи додаҳо, провайдерҳо бошад; вай бояд рақамӣ бошад, — шаҳр медиҳад Зедо.
Аз ин нуқтаи назар коршиноси саводи расонаӣ ва ростозмоӣ Рустам Гулов низ ҳимоят мекунад. Вай ба он таваҷҷуҳ кардааст, ки дар тарҳи Кодекс нуктаҳое мавҷуд нест, ки фарзи мисол, мафҳуми додаҳои бозро шарҳ диҳад, маълумоте мавҷуд нест, ки мақомоти давлатӣ ин иттилоъро чи гуна пешниҳод кунанд ва ғайра. Дар ҳоле, ки дар баҳогузориҳои ҷаҳонии бахшида ба додаҳои боз Тоҷикистон дар раддаҳои поёнӣ қарор дорад. Барои мисол, дар рейтинги додаҳои бози Open Data Inventory (ODIN) дар соли 2022 кишвари мо аз миёни 195 давлат дар мақоми 126 қарор дошт ва ин баҳогузорӣ, ба бовари коршиносон, ба рушди кишвар таъсир мерасонад.
— Додаҳои боз – ин махзане аст, ки барои рушди иқтисод, барои боло бурдани эътимоди мардум ба давлат, барои тақвияти нақши давлат дар мубориза бо дурӯғпароканӣ ниҳоят муҳим аст. Додаҳои боз метавонанд, пешшарти рушди бисёре аз бахшҳо – аз технологияҳои иттилоотӣ то кишоварзӣ – бошанд. Аз он ки додаҳо дар кадом бойгоние чанг хӯрда мехобанд, ҳеч фоидае нест. Ҳар чи қадар додаҳои боз бисёр бошанд, ҳамон андоза, дар асоси онҳо, иқдомҳои нав рӯи даст гирифта мешаванд. Аммо дар тарҳи Кодекс ин масъала ба эътибор гирифта нашудааст, дар бораи додаҳои боз ҳарфе нест, — мегӯяд Гулов.
Тарҳи кодекси нав бар зиёни рӯзноманигорон аст?
Сарфи назар аз он ки дар воқеъ тарҳи Кодекс асосан аз қонунҳои мавҷуда таркиб ёфтааст, коршиносон ба теъдоди зиёде аз “мафҳумҳои норушане” ишора мекунанд, ки ин мафмуҳо метавонанд, ба кори расонаҳо таъсир расонанд.
— Барои мисол, дар моддаи 12 омадааст, ки маҳдудсозии дастрасӣ ба иттилоот метавонад бо ҳадафи ҳифзи арзишҳои ахлоқии аҳолӣ сурат гирад. Аммо шарҳ дода нашудааст, ки арзишҳои ахлоқӣ кадомҳоянд ва чӣ гуна ба онҳо зиён расонида мешавад, — мегӯяд Тоҷибоева.
Ба илова, ин рӯзноманигор мегӯяд, тарҳи Кодекс ба ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ имкон медиҳад, аз расонаҳо талаби бардоштани маълумотеро кунанд, ки агар он маълумот, ба бовари мансабдорон, воқеӣ набошад.
— Дар ин бора дар моддаи 80 омадааст. Ҳар мансабдореро кофист, ки бигӯяд, ин иттилоъ воқеӣ нест ва расонаҳо вазифадор мешаванд, ки онро пок кунанд, — мегӯяд Зебо Тоҷибоева.
Рӯзноманигор Ёқуб Ҳалимов низ аз тарҳи Кодекси иттилоотӣ изҳори нигаронӣ мекунад.
— Дар моддаи 8 омадааст, “ба ҳар як шаҳрванд … озодона дастрас намудани иттилооте, ки шахсан ба ӯ дахл дорад, таъмин карда мешавад”. Ин модда дар оянда метавонад боиси он шавад, ки мақомоти давлатӣ ба рӯзноманигорон маълумот надиҳанд ва инро бо он асоснок созанд, ки ин ва ё он маълумот ба рӯзноманигорон дахл надорад. Ман мехостам, ин модда рушантар ва дақиқтар бошад, ки инҷо манзур чист, — мегӯяд Ёқуб Ҳалимов.
Ба илова, ҳамаи коршиносон ба он таваҷҷуҳ кардаанд, ки дар Кодекс мафҳуми “бастани манбаҳои интернетӣ” мавҷуд аст.
— Масъалаи салоҳияти мақомоти давлатӣ дар бастани сомонаҳо барои ман саволҳои бисёреро эҷод кардааст. Умедворам, тарҳи мазкур такроран ташхиси ҳуқуқӣ хоҳад шуд, — мегӯяд Парвина Ибодова.
Дар ҳамин ҳол, Ранжет Ятимов шарҳ медиҳад, ки баррасии Кодекс идома дорад ва аъзои гуруҳи корӣ омодаанд, тавсияҳо ва шарҳҳои ҷомеаи коршиносиро шунаванд. Вай ёдовар мешавад, ҳадафи асосии сохтани Кодекс ин кодификатсия ва низомсозии қонунҳои мавҷуда, пешгирӣ ва бартарафсозии зиддиятҳои қонунӣ, номувофиқиҳо, халоҳо, такрор дар қонунҳо, инчунин берун кардани меъёрҳои ҳуқуқиест, ки моҳияту муҳимияти худро гум кардаанд.
-Маврид ба зикр аст, бо гуруҳи корӣ, ки намояндагони порлумон ва ҷомеаи расонаӣ шомили он ҳастанд, коршиносони байналхалқӣ кор карданд ва созмонҳои САҲА ва Институти ҷомеаи боз (Фонди Сорос) кумак расониданд, — шарҳ медиҳад Ранжет Ятимов.
Бо ин ҳол коршиноси расонаӣ мегӯяд, тарҳи Кодекс бештар ба муносибатҳои ҳуқуқии иттилоотӣ равона шудааст, на ба истеҳсоли расонаӣ ва аз ин ҷиҳат ба фаъолияти расонаҳо таъсир нахоҳад расонид. Бархе аз ҷанбаҳои Кодекс, ба гуфтаи коршинос, баръакс кори рӯзноманигоронро осонтар хоҳанд кард.
— Барои мисол, тарҳи қонунгузории иттилоотӣ ба усулҳое амсоли – қонунмандӣ, гуногунандешӣ, озодии баёни андеша, кафолати ҳуқуқ ба иттилоъ, боз будан, дастрасии иттилоъ ва озодии табодули он, бетарафӣ, муътамадии иттилоъ ва ғайра асос ёфтааст. Яке аз меъёрҳои хеле муҳим дар ин санад ҳуқуқи дастрасӣ ба интернет аст. Яъне, мутобиқи қонун ба самтҳои асосии сиёсати давлат аз ҷумла таъсиси шароит барои истифодаи озоди шабакаҳои иттилоотии байналхалқӣ ва Интернет низ шомил мешаванд, — шарҳ медиҳад Ятимов.
Вай ҳамчунин ба он таваҷҷуҳ мекунад, ки бастани Интенет дар доираи тарҳи Кодекс танҳо тавассути додгоҳ сурат мегирад.
Ба илова Ранжет Ятимов ёдовар мешавад, ки қонунҳои асосии соҳавӣ (пеш аз ҳама “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма”, инчунин “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”), ки фаъолияти расонаҳоро танзим мекунанд, шомили тарҳи Кодекс нашудаанд ва фаъолияти расонаҳову рӯзноманигорон бештар аз он қонунҳо вобаста аст.