Мувофиқи маълумоти ЮНЕСКО, ҳоло дар Тоҷикистон ҷавонон 28 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд. Барои муқоиса, дар Қазоқистон фоизи ҷавонон аз ҳисоби умумии аҳолӣ каме бештар аз 20% ва дар Ӯзбекистон 25% ташкил медиҳанд. Дар Тоҷикистон ҷавонон зиёданд, аммо дар ВАО (Воситаҳои ахбори омма) хабарнигорони ҷавон каманд.
Дар мактабҳои олии Тоҷикистон як факултаи журналистика ва чанд шуъбаи рӯзноманигорӣ мавҷуд аст. Ҳамасола теъдоди зиёди донишҷӯён ин факултаву шуъбаҳоро хатм мекунанд, вале танҳо теъдоди ками онҳо вориди фаъолияти амалӣ мешаванд ва дунболи ҷустуҷӯи кори журналистӣ мераванд. Чаро чунин аст? Чаро бештари хатмкардаҳои журналистика вориди ин касб намешаванд?
“Хабарнигори муосир” бо чанд тан аз рӯзноманигори ҷавоне суҳбат кард ва ин суолҳоро пурсид, ки дар ин самт таҳсил ва ҳамзамон бо расонаҳо ҳамкорӣ мекунанд.
Ҷойи кор ҳаст, рӯзноманигорони ҷавон хоҳиш надоранд
Бархе аз нашрияҳои Тоҷикистон аз набуди рӯзноманигорони ҷавон шикоят мекунанд. Муддатҳои зиёд ҷойҳои корӣ барои хабарнигори ҷавон дар расонаҳо холӣ мемонад. Хоҳишмандоне ҳам пайдо мешаванд, ки меоянду ба кор шуруъ мекунанд, аммо баъди муддати кутоҳе тарки касбу кор мекунанд.
Сармуҳаррири бахши тоҷикии “Азия Плюс” Ҷасур Абдуллоев мегӯяд, чанд моҳи ахир талош доранд, ҷавононро ба кор ҷалб кунанд. Вале касеро пайдо накардаанд, ки дархости кор диҳад.
-“Ба шуъбаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои кишвар рафтем, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва радиои “Азия Плюс” борҳо эълон додем, ки ба рӯзноманигорони ҷавон ниёз дорем. Маоши хуби корӣ ва ҳамзамон гуфтем, омодаем, ки омӯзиши касбӣ низ диҳем. Теъдоди хеле кам муроҷиат карданд. Онҳо низ шавқ ва сабри касби журналистиро надоштанд. Ё агар дошта бошанд ҳам, бо сабабҳои мухталиф хоҳиши кор ва рушд карданро дар ин самт нишон надоданд”, — гуфт Ҷасур Абдуллоев.
Нодираи Собирзод, хабарнигор ва хатмкардаи факултаи журналистӣ бо Ҷасур Абдуллоев ҳамфикр аст. Нодира афзуд, дар баробари ҳамаи ин мушкилӣ, барои духтарон интихоб кардани касби журналистӣ чолишҳои худро дорад.
—«Барои мисол, гурӯҳи 25 нафарии мо соли 2021 факултаи журналистикаи ДМТ -ро хатм кард. Имрӯз аз ин шумора танҳо як нафар – яъне, ман аз рӯйи тахассус фаъолият дорам. Дарсади зиёди ҳамкурсонамро духтарон ташкил медоданд. Як қисми онҳо ба таври тасодуфӣ ба рӯзноманигорӣ дохил шуда бошанд, як қисми дигар аз рӯйи завқашон таҳсил мекарданд. Вале бо сабаби аз ҷониби мардони хонаводаашон нодида гирифтани хоҳиши онҳо, 4 соли таҳсилашон бар бод рафт», — гуфт Нодира. Ҳоло Нодира бо хабаргузориҳои Your.tj ҳамкорӣ мекунад.
Шумори хеле кам, аммо рӯзноманигорони ҷавон дар фазои расонаӣ ҳастанд
Сарфи назар аз мушкилиҳои мавҷуди муҳити расонаӣ, ҷавононеро метавон пайдо кард, ки бо шавқу рағбат вориди ин касб шуда ва фаъолият доранд. Идибек Саид, ҳоло донишҷӯйи соли сеюми факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) аст. Вай ҳамзамон дар расонаи мустақили Your.tj кор мекунад. Ин рӯзноманигори ҷавон аз рӯзҳои аввали таҳсилаш дар факултаи журналистика, дар ҷустуҷӯйи кор буд. Аз соли дуюм ҳамкориро бо расонаҳо шуруъ кард.
— “Ҳоло довталабон тариқи Маркази миллии тестӣ (MMТ) ба донишгоҳҳои олӣ-касбии кишвар дохил мешаванд. Он ҷо бояд довталаб дувоздаҳ ихтисоси ба ҳам наздикро интихоб кунад. Баъди имтиҳон холҳое, ки ба даст меорад, ба кадоме аз он ихтисосҳо мерасад, қабул мегардад. Ман дар гурӯҳамон (ихтисоси журналистикаи байналхалкӣ) ҳамсабақоне дорам, ки аз ҳисоби нарасидани холҳои зарурӣ тасодуфан ба ин факулта омадаанд. Онҳо завқу хоҳиши касби рӯзноманигорӣ надоранд ва аҳамияти онро дарк намекунанду бештар ба омӯхтани забонҳо хоҳиш доранд. Аз ин рӯ, дар оянда ҳам намехоҳанд ба самти журналистикаи касбӣ раванд», — гуфт Идибеки Саид.
Идибек пешниҳод дорад, маҳз барои довталабони самти журналистика, имтиҳонҳои эҷодӣ ба роҳ монда шаванд ва танҳо онҳое ба факултаву бахшҳои рӯзноманигории донишгоҳҳо қабул гарданд, ки ҳунару хоҳиши навиштану таҳияи гузоришҳои садоиву видеоиро доранд.
Духтарони зиёд барои таҳсил ба журналистика меоянд, аммо ба расонаҳо ба кор намераванд
Дар бораи чолишҳои бонувони рӯзноманигор дар кишвар Олга Тутубалина, муҳаррири бахши русии “Азия-Плюс” мегӯяд, бештари маврид маҳз духтарон вориди рӯзноманигорӣ мешаванд, вале аксари онҳо дар журналистикаи касбӣ ба мақомҳои роҳбарӣ роҳ намеёбанд. Сабабҳои ба журналистикаи касбӣ наомадани ҷавононро дар умум Тутубалина чунин шарҳ дод.
-« Агар дар бораи он ки чаро маҳз ба самти касбии рӯзноманигорӣ намераванд, суҳбат кунем, пас сабабҳои объективӣ вуҷуд дорад: дар Тоҷикистон ин касб хатарнок шудааст ва ҷавононро волидайн намегузоранд. Ҳоло журналистика дар Тоҷикистон соҳае аст, ки музди кам дорад“, — гуфт Тутубалина.
Бархе аз коршиносони расонаии кишвар ҳам бар ин ақидаанд, ки музди кори журналистӣ дар кишвар хеле кам аст. Шояд аз ин рӯ ҷавононе, ки барои таҳсил ба самти журналистика меоянд, онро касби ояндаи худ интихоб накарда, баъди хатми донишгоҳ ба корҳои дигар мепардозанд.
Салими Аюбзод, коршиноси расонаӣ мегӯяд, ҳар касбу пеша аз ду ангезаи бунёдӣ иборат аст: моддӣ ва маънавӣ. Вай гуфт, дар соҳибкорию тиҷорат, барои намуна, агар ангезаи моддӣ бартарӣ дошта бошад, дар рӯзноманигорӣ ангезаи маънавӣ бартарӣ дорад. Рӯзноманигорони ҷавон дар Тоҷикистон ҳоли ҳозир аз ҳарду бенасибанд.
— “Музди кори онҳо бисёр кам аст ва ба сарбории ин, ангезаи маънавии онҳо низ саркӯб мешавад. Ҷавононе ҳастанду бо оташи дил ва умеду орзу пой бар ин арса мениҳанд, аммо ба зудӣ туъмаи фишору таъқиб, асири худсонсурӣ ва ноумеду дилсард мешаванду канор мераванд”, — мегӯяд Салими Аюбзод.
Руҳбаландона ва бо муҳаббати зиёд иҷро кардани касбу кор барои ҳар ҷавон муҳим аст. Меҳрангез Турсунзода, бонуи рӯзноманигор мегӯяд, дар рӯзноманигорӣ аз ҳама муҳим ин руҳияи баланду хоҳиш доштан аст.
— “Синну соли ҷавонӣ, вақтҳои донишҷӯйӣ барои ҷавонон ин пеш аз ҳама “адреналин” гирифтан аст. Асосан дар 18 то 25-солагӣ. Дар ин фурсат ҳар одам пур аз ҳавас ва дорои руҳияи баланд аст. Аммо дар фазои расонаии кишвар, ки ҳоло ранги сиёҳу сафедро дорад, ҷавонон он “адреналин”-еро, ки мехоҳанд, гирифта наметавонанд: мавзуъҳои табу зиёд аст, ба иттилоот дастрасӣ нест”, — илова кард Турсунзода.
Блогнависӣ беҳтар ва бехатартар аз журналистика?
Ҳарчанд ҷавонон сӯи журналистикаи касбӣ камтар меоянд, дар фазои блогнависии кишвар рӯз аз рӯз блогнависону муҳтавоофарон афзоиш меёбанд. Дар яке аз таҳқиқотҳои байналмилалӣ гуфта мешавад, ҷолиб будани блогнависиро ҷавонон дар он мебинанд, ки метавонанд, тавассути он фикру дидгоҳҳои худро баён ва ҳамфикру пайрав пайдо кунанд. Фарзома Фархундафар, мудури расонаӣ, ки бо чанд блогнависи шинохтаи кишвар ҳамкорӣ мекунад ва барои рушди блогнависӣ ба навкорон кӯмак мерасонад, мегӯяд, блогнависӣ аз рӯзноманигорӣ осонтар ва содатар аст. Рӯзноманигорӣ масъулияти бештарро талаб мекунад.
-«Ба назари ман, сабабҳои маъмул будани формати блогнависӣ нисбат ба журналистикаи касбӣ дар он аст, ки худи блогҳо ҳамчун формат маъмултаранд. Дар кишвар блогнависони маъруф аз рӯзноманигорони машҳур бештаранд”, — мегӯяд Фарзома Фархундафар.
Бо вуҷуди он ки коршиносон блогнависиро кори каммасъулияттар медонанд, ҳоло дар Тоҷикистон шаш блогнавис бо айбҳои мухталиф дар зиндон адои ҷазо мекунанд. Соли 2022 созмони байналмилалии “Кумитаи дифоъ аз журналистон” Тоҷикистонро ба феҳристи 12 кишваре шомил кард, ки бештар онҷо намояндагони расонаҳои хабарӣ ба зиндон маҳкум мешаванд.