ДомойМедиалентаЧаро дар Осиёи Марказӣ дастури кори расонаии худӣ вуҷуд надорад?

Чаро дар Осиёи Марказӣ дастури кори расонаии худӣ вуҷуд надорад?

Коршиносон мегӯянд, Осиёи Марказӣ фазои иттилоотӣ ва дастури кори расонаии худӣ надорад. Дар бораи ин ки надоштани ин ду унсур барои минтақа чӣ аҳамият дорад ва дар бораи он ки дар чунин шароит чи гуна муҳтавои минтақаӣ эҷод кард – «Хабарнигори муосир» бо яке аз пардозгарони телевизиони «Настоящее время» дар умури Осиёи Марказӣ Қаҳрамонбек Кулуев суҳбат кард.

— Қаҳрамонбек, дар як вебинаре барои расонаҳои Осиёи Марказӣ, ки чанде пеш дар доираи MediaLab Internews дар Душанбе сурат гирифта буд, шумо гуфтед, минтақаи мо дастури расонаии худӣ надорад. Ин барои Осиёи Марказӣ чӣ аҳамият дорад?

— Ин маънои онро дорад, ки ҳоло Осиёи Марказӣ фазои ягонаи иттилоотӣ ба ҳисоб намеравад. Аз ҳамин ҷиҳат мо дар мавриди ҳеч масъалае дар минтақа назари муштарак надорем. Дастури кори расонаии худӣ надорем. Дар ҳар кишваре дар алоҳидагӣ маҷмуаи дастурҳое мавҷуд аст, ки танҳо аз беруни Осиёи Марказӣ онҳо муштарак ба назар мерасанд.

Метавон гуфт, ки ин мисли оши палови Осиёи Марказист. Оши палови Осиёи Марказӣ чист? Чунин оши палове вуҷуд надорад. Оши палови самарқандӣ ҳаст, панҷакентӣ, тошкандӣ ҳаст – аммо маҳз оши палови Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад. Мо инҷо, дар Осиёи Марказӣ ҳастем, инро беҳтар медонем. Аммо барои як сокин, фарзи мисол, дар қисмати аврупоии Русия, чунин менамояд, ки ош дар ҳамаи саросари Осиёи Марказӣ ягона аст ва дар зеҳни вай оши палови Осиёи Марказӣ шакл мегирад.

Майдони минтақаии иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ на танҳо ҳоло вуҷуд надорад – балки ҳаргиз чунин майдоне набудааст. Ҳамаи зерсохторҳои барои чунин майдон зарурӣ – зуҳури нашрияҳо, родиоҳо ва телевизионҳо дар зиндагии одамон – дар замони шӯравӣ пайдо шуданд ва ҳамчун қисми ҷудонашавандаи фазои иттилоотии дохилишӯравӣ бунёд гардиданд. Сохтори ин майдон вижагиҳои худро дошт: дар бораи масъалаҳои муҳим ҳамеша «Маскав ҳарф мезанад» ва расонаҳои маҳалливу минтақаӣ нақши тақлид кардан аз Маскавро доштанд – ҳарфҳои Маскавро бо забонҳои миллӣ ва намунаҳои маҳаллӣ такрор мекарданд, на бештар аз ин.

Пошхӯрии шӯравӣ ин моделро амалан зиёд тағйир надодааст. Шабакаи аввали Русия ва телевизиони Россия-24 ҳамоно дар саросари Осиёи Марказӣ пахш мешаванд. Маҳз аз ҳамин шабакаҳо сокинон аз хабарҳои ҷаҳонӣ огоҳ мешаванд. Ва расонаҳои маҳаллии ҷумҳуриҳо – ҳамоно хабарҳои минтақаӣ, фарзи мисол «роҳбари ҷумҳурӣ ба фалон вилоят рафт, ки онҷо ҳосили фаровон ҷамъоварӣ шудааст»-ро нашр мекунанд. Чунин хулосабардорӣ нашавад, ки ман эътибори расонаҳои маҳаллиро паст мезанам. Расонаҳои маҳаллӣ дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳи тӯлониеро тай кардаанд ва манбаҳои асосии иттилоъ ба ҳисоб мераванд. Тавре пажуҳишҳои мухталиф собит мекунанд, эътимод ба расонаҳои маҳаллӣ нисбат ба расонаҳои русиягӣ бештар аст. Аммо дастури асосии кори расонаҳои маҳаллӣ – ин хабарҳои дохиликишварӣ аст. Берун аз, масалан, Қирғизистонро расонаҳои қирғизӣ намебинанд. (Маврид ба зикр аст, ки пажуҳиши соли 2023 Internews, ки бо ҳимояти USAID анҷом шуда буд, нишон дод, ки сокинони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон одатан ба манбаҳои дохилии иттилоъ бартарӣ медиҳанд — идора)

Маълум аст, ки дар ҳамаи кишварҳо ба ташкили фазои иттилоотии худӣ — кишварӣ шуруъ кардаанд. Чунин фазоҳо дар ҳамаҷо ҳастанд. Мо онҳоро баррасӣ намекунем. Таваҷҷуҳи мо ба – фазои иттилоотии минтақаӣ аст. Ва чунин фазо дар минтақаи мо шакл нагирифтааст.

— Фазо ё майдони иттилоотӣ барои чӣ даркор аст?

— Барои он ки фазое бошад, ки онҷо иттилоъ эҷод, паҳн ва истифода шавад. Мо ду модел ё навъи фазои иттилоотӣ дорем – шӯравӣ ва ғарбӣ. Навъи шӯравӣ дар хидмати ҳадафҳои тарғиботи давлатӣ буд – то ин ки тавонад, идеологияро бар дӯши одамон бор кунад. Навъи ғарбӣ – механизмест барои баррасии умумии масъалаҳо – то ин ки одамон даст ба эътироз назананд ва инқилоб накунанд. Бо ин ҳол барои навъи ғарбии фазои иттилоотӣ ниҳоят муҳим аст, ки расонаҳо мустақил бошанд, дар ғайри сурат онҳо нақши худро ҳамчун майдони муҳокимаву баррасиҳо аз даст медиҳанд.

Барқарорсозии навъи шӯравии майдони иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ – масъалаи баҳснок аст. Одатан ин навъи фазо як маркази худкома дорад. Дар чунин фазо панҷ маркази қудрат буда наметавонад. Ва кадом таблиғ, дақиқтар бигӯем, ривоят ва мавқеи киро бояд паҳн кард? Талошҳое дар сатҳи ИДМ (Иттиҳоди давлатҳои мустақил) сурат гирифт, телевизиони «Мир» ташкил шуд, аммо ҳанӯз касе шавқе надорад, ки ин моделро нусхабардорӣ кунад. Ҳарчанд Сардор Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон соли гузашта дар ҷараёни як саммит дар Қирғизистон пешниҳод кард, ки ҳамкории минтақаии расонаӣ дар Осиёи Марказӣ ташкил шавад, аммо зоҳиран ин пешниҳодро касе ҷиддӣ нагирифт. (Дар солҳои ахир бо ташаббуси таъсиси фазои иттилоотии умумӣ президенти Қазоқистон дар соли 2022, президенти Тоҷикистон дар соли 2023 баромад кардаанд — идора). Ин пешниҳодҳо дар ҳолест, ки миёни Бишкеку Душанбе ба далели масоили марзӣ рӯёрӯӣ ва миёни Тошканду Остона барои мақоми роҳбарӣ дар минтақа рақобатҳо давом доранд.

Навъи аврупоии фазои иттилоотӣ низ дар минтақаи мо чандон ҷо науфтодааст. Аз як ҷониб ба далели талошҳои доимии мақомот барои назорати расонаҳо. Аз ҷониби дигар сохтани расонаҳои фоидаоваранда дар бозоре имкон надорад, ки ҳамаи маблағи рекламадиҳандагонро расонаҳои давлатӣ соҳиб мешаванд. Боз ҳам навъи «аврупоӣ» танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки дар чунин фазо шароити баррасии масъалаҳои ҷиддӣ фароҳам бошад.

Ягона фазои иттилоотии мавҷуд барои мо дар берун аз ҳудуди кишварҳоямон – ин боқимондаҳои фазои иттилоотии “умумишӯравӣ” дар симои расонаҳои русиягӣ аст. Аз ҳамин хотир ҳамаи иттилооти болотар аз сатҳи ҷумҳуриро – ки ин шомили иттилои ҷаҳонӣ ва ҳатто минтақаӣ мешавад – мо асосан тавассути телевизионҳои “Шабакаи аввал” ва “Россия-24” мегирем. Ва дар шабакаҳои Русия бошад ҳамаи иттилои муҳими минтақаӣ дар шакли хабарҳои кутоҳе дар бораи тундравиҳо – инқилобҳо, эътирозҳо ва нооромиҳо – ки “дар куҷое аз Осиё” рух медиҳанд, хулоса мешаванд ва ин шабакаҳо ҳамеша дар бораи он хабар медиҳанд, ки “дар Русия ҳама чиз хуб аст”. Ва ин ҷараёни иттилоотӣ – якҷониба аст. Осиёи Марказӣ имкониятҳои воқеие надорад, ки тарзе посух диҳад, ки дар Русия бишнаванд.

Аз теракт дар «Крокус» мисол биорем. Тоҷикистон натавонист ба ривоятҳои расонаҳои русиягӣ посух диҳад. Ба ҷуз аз «нота» (ёддошти эътирозӣ), ки кам касоне ба он таваҷҷуҳ карданд. Аммо телевизионҳои Русияро дар Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон мебинанд. Аз ҳамин ҷо мешавад хулоса кард, ки мо дар гӯшаву канори фазои иттилоотии Русия зиндагӣ дорем, аммо амалан дар ин фазо ҳаққи раъй надорем.

— Агар бо сабабҳои табиӣ дастури кори расонаии минтақаӣ шакл нагирифта бошад, пас шояд ба чунин дастур зарурате нест?

— Сарфи назар аз ин ҳама чунин дастур ба одамон зарур аст. Ва маҳз дар ҳамин марҳила ҳатто ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба чунин дастур ниёз доранд. Суоли дигар ин аст – оё онро дар долонҳои ҳукуматҳо мепазиранд ё на.

Фазо ё майдони иттилоотӣ барои табодули фикр, тақвияти иртибот хидмат мерасонад. Коҳиш додани манипулятсия ё дасткории афкори иҷтимоӣ ниҳоят муҳим аст. Барои он ки аз даҳшатнок ҷилва додани ҳамдигар пешгирӣ шавад. Замоне, ки миёни ҳамсояҳо дар воқеъ масоили ҷиддӣ мавҷуд аст аҳамияти ин кор ба маротиб бештар мешавад. Ва замоне, ки ҳамсояҳо ба хотири манофеи худ талош доранд, ҳамдигарро даҳшатнок ҷилва диҳанд, мавҷудияти фазои иттилоотӣ ниҳоят муҳим аст.

Ҳадди ақал барои он ки рушд кард ва такомул ёфт, бояд ҳамсояҳоро шинохт ва бо онҳо гуфтугӯ кард, аз таҷрибаҳои онҳо истифода бурд, уфуқҳо ва бозорҳоро тавсия бахшид. Зарурат барои дастури кори расонаии Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад. Танҳо механизм ё усули амалисозии муассири он мавҷуд нест.

Ба далели он ки дар дохили кишварҳои мо ҳамоно механизми устувор ва фоидаовари кори расонаҳои мустақил ба роҳ монда нашудааст – аз ҷумла бо сабаби он ки шабакаҳои давлатӣ имтиёзҳои зиёд доранд ва ҳукуматҳо талоши назорати расонаҳоро мекунанд – масъалаи фаъолияти расонаҳои минтақаӣ дар берун аз дастури кори ғайри шӯравӣ ҳанӯз мавриди баррасӣ нест. Аммо ин танҳо ба бахши расонаҳои клоссик – телевизион, родио ва ҳатто сомонаҳои интернетӣ – рабт мегирад. Бахши расонаҳои нав – ин комилан самти дигар аст. Ва маҳз дар ин самт фазои иттилоотии минтақаии Осиёи Марказӣ ва дастури кори расонаии Осиёи Марказӣ дар ҳоли шакл гирифтан аст. Бояд гуфт, ки ин дастур гоҳо барои бархе аз роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ нороҳаткунанда аст, аз ҳамин хотир бояд мутаваҷҷеҳ шуд, ки ин шаклёбии нав ба кадом самт меравад ва оё он устувор хоҳад буд.

— Яъне, дастури кори расонаии минтақаӣ мавҷуд аст, аммо танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ?

— Чунин дастур дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳоли шакл гирифтан аст. Яъне, ҳанӯз дар ҳолати ибтидоӣ аст. Одамон акнун ба ҳамдигар, рӯйдодҳои ҳамдигар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, акнун одамон масоилеро ба баррасӣ мегиранд, баҳс ва – мутаассифона, баъзан ҷанҷол мекунанд.

Агар шумо мушоҳида карда бошад, чанд соли охир ҳукуматҳо дар Осиёи Марказӣ фавран ба тағйир додани қонунҳои худ дар бораи ВАО пардохтанд, то ин ки тавонанд, шабакаҳои иҷтимоиро назорат кунанд. Ин ҳолат дар заминаи он пайдо шуд, ки маҳз ҳамин бахш дар шакл додани афкори иҷтимоӣ мақоми аввалро касб кардааст. Ва ҷолибтар аз ҳама – расонаҳои давлатӣ, ки ҳукуматҳо барои онҳо маблағҳои зиёде харҷ мекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бе ҳимоят монданд, зеро онҳо бори аввал вориди майдони воқеии рақобат шуданд.

Бояд зикр кард, ки дар бархе аз кишварҳо аллакай ниҳодҳои қудратиро шомили ин раванд кардаанд – боздошти рӯзноманигорон ва блогерон дар кишварҳои минтақа натиҷаи ҳамин аст. Аммо моҳиятан инро дигар чизе тағйир нахоҳад дод: афкори иҷтимоӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакрасонҳо кӯчидааст ва барои мақомот коре кардан душвор аст, махсусан агар инҳо мансабдорони намунаи шӯравӣ бошанд, ки махсусиятҳои технологияҳои муоссири иттилоотиро нафаҳманд.

— Оё эҳтимоли рушди тарҳҳои дохилиминтақаӣ дар Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад? Барои мисол, оё чунин ташаббусҳое фаразан аз Қазоқистон ояндадор ҳастанд?

— Ҳама чиз аз он вобаста аст, ки чунин ташаббусҳо ба чӣ асос гузошта мешаванд. Кишварҳои мо зерсохторҳои мухталифи сиёсӣ, динамикаҳои мухталиф доранд ва ҳукуматҳо бо иттилоъ бархурди гуногун ва бо расонаҳо ҳамкории гуногун доранд. Барои мисол, дар Узбекистон чунин «тренд» буд: агар шумо мушкиле доред, онро ба навор гиред, ба президент муроҷиат кунед ва эҳтимоли зиёде вуҷуд дорад, ки чизе тағйир хоҳад кард. Дар Тоҷикистон агар шумо чунин видеое сабт кунед, маълум нест, ки пайомадаш чи хоҳад шуд. (Дар Тоҷикистон таҷрибаи муроҷиати сокинон ба шаҳрдори Душанбе – Рустами Эмомалӣ, писари президент Эмомалӣ Раҳмон вуҷуд дорад, идора). Яъне, он чи дар Узбекистон коромад аст, дар Тоҷикистон ва ё Қазоқистон коромад нест. Вале ҳамчунин дар борабари тафовутҳо миёни кишварҳо ва мардумон, монандиҳо ҳам мавҷуд аст. Ва маҳз миёни ҳамин мафҳумҳо тарҳҳои ҷолиби минтақаӣ пайдо хоҳанд шуд.  

Фикр мекунам, тарҳҳои кунунӣ метавонанд, мухотабони худро дар кишварҳои гуногун пайдо кунанд. Инҷо бояд сохтани муҳтаво ё маводи минтақаӣ мавриди ҳадаф бошад. Лозим нест, ки маҷбуран талош шавад, ки муҳтавое «барои ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ» офарида шавад. Тарҳҳо бояд пеш аз ҳама ба чолишҳо ва масъалаҳо равона шуда бошанд, ҷиҳати «минтақаӣ» будани онҳо бояд табиӣ бошад. Тарҳ метавонад, аз маҳаллӣ шуруъ шавад ва зина ба зина, бо афзоиши таваҷҷуҳ, онро дар кишвраҳои ҳамсоя ва кишварҳои дигар пайгирӣ хоҳанд кард.

— Дар чунин шароит тарҳи «Настоящее время. Азия» чи гуна фаъолият мекунад?

— Мо хеле хуб кор мекунем. Паҳлуҳои заъф ва қуввати худро медонем. Тарҳи телевизионии «Осиё» дар шабакаи «Настоящее время» кайҳост, ки пахш мешавад, аммо саҳифаи алоҳидаи ин тарҳ дар YouTube ҳамагӣ чанде пеш сохта шуд. Мо дар лаҳзаи мувофиқе соҳиби саҳифа шудем – ба маҳзи кушодани саҳифа таваҷҷуҳ, аз ҷумла аз Русия, ба хабарҳои минтақа афзуд ва мо ин мавҷи таваҷҷуҳро ба худ ҷалб кардем.

Барои мисол, дар моҳи апрели соли 2024 саҳифаи «Настоящее время. Азия» дар Youtube наздики 76 млн тамошо дошт. Телевизиони «Дождь» дар Youtube миёни муҳтавои иттилоотӣ бо забони русӣ пешгом аст, ки дар ҳамон моҳи апрел 100 млн тамошо дошт. Мо бошем 76 млн – ва ин дар ҳолест, ки мо як тарҳи начандон бузурге аз Осиёи Марказӣ ҳастем. Нисбат ба шабакаи «Популярная политика»-и бунёди Навалний, саҳифаи Варламов, саҳифаи «Редакция», бахши русии «ВВС», бахши русии Euronews ва ғайраҳо мо бинандаи бештар дорем. Яъне, барои саҳифаи YouTube аз Осиёи Марказӣ ин нишондоди ниҳоят хуб аст.    

Мавриди зик аст, ки телевизиони «Настоящее время» — яке аз расонаҳои камёфти русзабон аст, ки мавқеи сокинони Осиёи Марказиро ба таври пайваста инъикос мекунад ва коршиносон аз минтақа фаъолона дар баррасии ҳодисаҳои ҷаҳонӣ назар медиҳанд. Ин имконият махсусан дар ин марҳила муҳим аст, ки зодагони Осиёи Марказӣ дар Русия бештари вақт таҳти таъқиб ҳастанд. Аз ҳамин хотир мо мавҷудияти худро муҳим медонем ва дар ин фазои бузурги иттилоотӣ муваффақ меҳисобем.

Лилия Гайсина
Лилия Гайсина
Медиакритик, медиаэксперт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ