Дар ҳоле, ки як идда аз рӯзноманигорон тарс доранд, ки шабакаҳои нейронӣ ё ҳамон зеҳни сунъӣ кори онҳоро ғасб мекунад, иддаи дигар дар фаъолияти худ аз технологияҳои нав ба таври фаровон истифода мебаранд. AI (зеҳни сунъӣ) аллакай ба идораҳои расонаҳо дар тавлиди идея, таҳрири матнҳо кумак ва дар таҳияи муҳтавои босифат ёрӣ мерасонад. Танҳо шарти муҳим дуруст тартиб додани промпт ё дастурест, ки ба зеҳни сунъӣ дода мешавад.
Дар бораи он ки инро чи гуна метавон анҷом дод – дар рафти озмоишгоҳи серӯза дар Душанбе Злата Понировская, пардозгар, роҳбари барномаҳои омӯзишии Prague School Media нақл кард.
Промпт – ин нуктаи ибтидоии гуфтугӯ дар шакли суолу ҷавоб, тасдиқ ва ё дастур додан аст, ки посухҳои модел ё навъи забон (LLM)-ро барои тавлиди матн ё тасвир, кумак расонидан дар ҷараёни пажуҳиш ва ё таҳия кардани ҳисобот муайян мекунад. Бояд дар ёд дошт, ки LLM – аз ҳаҷми бузурги додаҳои матнӣ меомӯзад ва ба ҳамин хотир промт ё дастур ҳарчӣ муфассалтар бошад, иҷрои супориш ҳамон дараҷа босифат хоҳад буд.
Ба ҷуз ин бояд, дар хотир дошт, ки зеҳни сунъӣ барои кори идора ҳамчун ёрирасон аст ва ба ҷои журналистон кор намекунад.
Қадами 1
Ҳадафи худро муайян кунед. Шумо аз LLM чи чиз гирифтан мехоҳед? Он чӣ вазифаеро бояд иҷро кунад? Мшаххас будани дархост муҳим аст.
Қадами 2
Контекстро илова кунед. Контекст — ҳама гуна маълумоти иловагие аст, ки ба LLM дар беҳтар иҷро кардани вазифа кумак мерасонад. Агар барои шумо акс ва ё матн бо услуби муайяне даркор аст – намунаҳои онро илова кунед. Агар шумо пажуҳише анҷом медиҳед, пас вожаҳои калидии бештарро нависед. Ҳамчунин бояд аудиторияи мавриди ҳадафи маҳсулоти таҳияшаванда ва таҷрибаеро нишон диҳед, ки LLM бо такя ба он бояд дастурро иҷро кунад.
Қадами 3
Забон ва лаҳнро муайян кунед. LLM ҳамоно дар дарки забони душвор ва ё ибораҳои маҳаллӣ мушкилӣ мекашад. Талош кунед, ки ба таври фаҳмо нависед, аз ибораҳои умумӣ даст кашед ва талаботи худро ба таври максималӣ мушаххас кунед. Ҳатман лаҳнро ба эътибор гиред. Агар бо услуби расмӣ мақола дарёфт кардан мехоҳед, дар дастур ё «промпт»-и худ ҳамин лаҳн ё услубро истифода баред.
Қадами 4
Натиҷаҳои мавриди назари худро нависед. Ба таври муфассал нишон диҳед, ки шумо мақола ё аксро дар кадом қолаб ва шакл гирифтан мехоҳед. Барои мисол, ҳисобот метавонад васеъ ва ё кутоҳ бошад, матн саргармкунанда ва ё иттилоотӣ бошад, диаграмма доирашакл, сутуншакл ва ғайра бошад.
Қадами 5
Бардошти худро нависед. LLM мудовим меомӯзад ва шумо метавонед ӯро дар ин кор кумак кунед. Агар натиҷаҳо шуморо қонеъ накарданд – ба иштибоҳҳо ва ё иловаҳои ҳатмӣ ишора кунед.
Бо истифода аз ин тавсияҳо шумо натиҷаҳои беҳтаринро ба даст хоҳед овард. Таҷриба кунед, LLM-ро дар фаъолияти худ роҳандозӣ кунед, аммо масъулият ва ахлоқро фаромӯш накунед.
Ин матлаб бо истифода аз маводҳои озмоишгоҳи муҳтавосозие таҳия шудааст, ки озмоишгоҳи мазкур бо кумаки мардуми Амрико роҳандозӣ ва тавассути Оҷонсии ИМА дар умури руҳди байналхалқӣ (USAID) амалӣ шудааст. Internews масъули муҳтавои матолибе аст. Ин матолиб метавонад, баёнгари мавқеи USAID ва ё ҳукумати ИМА набошад.
USAID оҷонсии пешгоми байналхалқии рушд аст ва барои даст ёфтан ба рушди устувор нақши “катализатор”-ро мебозад. Маълумоти бештар дар https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва дар саҳифаи https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia дастрас аст.