ДомойМедиалентаКоршиносон: “Забони тоҷикиро бояд ба зеҳни сунъӣ омӯзонид”

Коршиносон: “Забони тоҷикиро бояд ба зеҳни сунъӣ омӯзонид”

Барои он ки зеҳни сунъӣ бо забони тоҷикӣ “дуруст” суҳбат кунад ва ба суолҳо посухи комил диҳад, бояд иттилои бештар, адабиёт, муҳтавои расонаҳои мухталиф рақамӣ карда шавад, дар ғайри сурат фарогирии забон барои зеҳни сунъӣ номумкин мегардад – мегӯянд коршиносон.

Дар бораи ин мавзуъ коршиносони фановариҳои навин, рӯзноманигорону кормандони мақомоти давлатӣ дар шакли ҳузурӣ ва онлайнӣ гирди ҳам омада, гуфтугӯ карданд.

“Хабарнигори муосир” аз ин вохӯрӣ нақл мекунад.

Мавзӯи марказии ин ҳама силсилавохӯриҳои Интернюс дар Тоҷикистон, ки аз моҳи майи соли 2024 баргузор мегарданд, рушди забони тоҷикӣ дар муҳити рақамӣ боқӣ мемонад.

Аҳлиддин Низомиддинов, муовини раиси Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ дар он нишаст гуфт, зеҳни сунъӣ бо истифода аз муҳтавое омӯзонида ва такмил дода мешавад, ки дар интернет нашр мегардад. Зеҳни сунъӣ ҳаҷми зиёди маълумотро меомӯзад ва вобаста ба дархости корбарон аз муҳтавое, ки дар интернет ҷойгир аст, посух медиҳад. Ҳар андозае, ки маълумоти бештар дастрас бошад, ҳамон андоза зеҳни сунъӣ беҳтар омӯзиш мебинад ва ба саволу дархостҳо беҳтар посух медиҳад.

“Сифат ва миқдор аҳамият дорад”

Коршиносони дигар дар ин нишаст гуфтанд, рушди забони тоҷикӣ дар муҳити рақамӣ аз сифати забон низ вобастагӣ дорад. Гап дар сари он аст, ки агар корбарони интернет, аз ҷумла рӯзноманигорон ва вебнависон (блогерон) қоидаҳои забони тоҷикиро риоя накунанд (гузинаи адабии забони тоҷикӣ қоида дорад) ва ба таври дигар нависанд, зеҳни сунъӣ муҳтавои онҳоро ҳамчун намуна қабул мекунад.

Ба гуфтаи Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори тоҷик, мушкили аслӣ дар он аст, ки зодагони забони тоҷикӣ бо забони тоҷикӣ ҳарф намезананд. Ба бовари ин хабарнигор, дар сурати ислоҳ нашудани ин мушкил, он аз мушкилоти иҷтимоӣ ба фаннӣ ва дар оянда ба як масъалаи калонтар ҷаҳонӣ табдил хоҳад ёфт.

“Агар мушкили омӯзиши забон дар мактабҳо ҳоло ислоҳ нашавад, мушкили ҷаҳонӣ хоҳад шуд. Масалан, агар ҳоло барои ислоҳи вазъ як миллиард доллар лозим бошад, дар оянда барои ин 5-6 миллиард доллар лозим мешавад”, — афзуд Сулаймонӣ.

Мушкили дигар ин набуди маълумот дар бораи Тоҷикистон ба забонҳои дигар, аз қабили англисӣ ё русӣ аст. Солҳои охир рӯзноманигорони маҳаллӣ ва ҳамкорони хориҷии онҳо аз мушкилоти бузурги дастрасӣ ба иттилоъ шикоят мекунанд. Дар асл, зеҳни сунъӣ дар бораи натанҳо забони тоҷикӣ, балки Тоҷикистон ва фарҳанги кишвар маълумоти кам дорад. Санҷише дар ҷараёни ин вохӯрӣ доир шуд: вақте аз ChatGpt хоҳиш шуд, ки акси ҷавони тоҷикро тавлид кунад, он бидуни назардошти хусусияти фарҳанги тоҷикӣ, мардеро тасвир кард, ки либосҳои Покистон ё Афғонистонро ба бар кардааст. Ин далели он мебошад, ки дар интернет дар бораи либоси миллии тоҷикон маълумоти кам мавҷуд аст.

Кадом амалҳо барои беҳтар шинохтани забони тоҷикӣ аз тарафи моделҳои забонии зеҳни сунъӣ иҷро карда шавад?

Коршиносон ба ин натиҷа расидаанд, ки рушди забони тоҷикӣ дар муҳити рақамӣ равандест, ки дар он сохторҳои мухталиф — чи давлатӣ ва чи хусусӣ ва корбарони инфиродӣ — бояд ширкат кунанд. Асомиддин Атоев, мутахассиси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, пешниҳод мекунад, Шӯрои тартиботи иҷтимоии зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад.

Рустам Гулов, коршиноси фановариҳои навин пешниҳод кард, ки Шӯро бо тавлидкунандагони зеҳни сунъӣ низ тамос дошта бошад. Ба гуфтаи вай, агар дар аксҳо ё матнҳои тавлидшудаи зеҳни сунъӣ иштибоҳе пайдо шавад, бояд ба раҳбарият ва модераторҳои ин платформаҳо муроҷиат карда шавад.

Гулов афзуд, барои амалӣ кардани нуктаҳои зикршуда кори дастаҷамъонаи ҳам коршиносон ва ҳам корбарон муҳим аст.

“Дар алоҳидагӣ як истифодабаранда таъсири ҷиддӣ намерасонад, аммо агар кор дастаҷамъона анҷом ёбад, таъсири он назаррас мешавад. Агар аксарият дар ҷараёни эҷоди муҳтаво аз забони адабии содаву равону оммафаҳм истифода барад, пас забони тоҷикӣ мавқеи худро дар шабакаи ҷаҳонӣ пайдо мекунад”,- афзуд Рустам Гулов.

Нурангез Рустамзода
Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ