Галереяи аксҳо дар Facebook на танҳо имконияти ба дӯстон нишон додани аксҳоро медиҳад, балки инчунин метавонед барои сарфакорона истифода бурдани захираҳои хостинги сомонаи худ, галереяи сохтаатонро дар сомонаатон ҷойгир кунед. Метавонед ба осонӣ ҳатто аксҳои калонҳаҷмро дар албоми Facebook ҷойгир карда, худи албомро дар сомонаатон ҷойгир кунед.
Навори омӯзишии мазкур бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи кушод» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.