Захираи интернетии Thinglink.com барои сохтани аксҳои интерактивӣ имконият медиҳад — ба болои аксҳои оддӣ метавонед маркерҳои махсус ҷойгир намоед, ки ҳангоми расонидани тирчаи мушак ба онҳо маълумоти иловагӣ аз қабили наворҳо, матн ё аксҳо кушода мешаванд.
Бо истифода аз ин захира шумо метавонед харитаву баннерҳову резюмеҳои интерактивӣ созед, дар аксҳои гурӯҳӣ ҳар як нафарро дар алоҳидагӣ ишора намоед ва маводҳои омоданамудаатонро дар сомонаву блогҳоятон ҷойгир намоед.
Навори омӯзишии мазкур бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи кушод» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.