ДомойНақди РасонаӣШухиҳои якуми апрел дар Осиёи Миёна

Шухиҳои якуми апрел дар Осиёи Миёна

Дар  Рузи ханда -1 апрел нашрияҳои осиёимиёнагӣ дар сомонаҳояшон хабарҳои ҳазломез, вале доғи рузро нашр карданд: масалан, дар бораи  эҳтимоли парондани ришвахурон ё сохтани  шабакаҳои иҷтимоии сирф маҳаллӣ. Дар сояи хабарҳои расмии пурдабдаба, ки ба онҳо дар минтақа одат кардаанд, шухиҳои якумиапрелӣ чунон дурустгуна ба назар мерасиданд, ки корбарони зиёде ба онҳо бовар карданд. Ва чун донистанд, ки шухиҳо ҳақиқат надоранд, ба рузноманигорон маслиҳат доданд, ки  ба давлатмардон идея надиҳанд, зеро  “аз бало ҳазар” ё бархе тахмин заданд, ки дере нест, ки ба чунин руз ҳам бирасем.

Воқеан дар рузи якуми апрел дар нашрияҳои Осиёи Миёна қаблан  дар рузномаҳо ва радиову телевизион  шухӣ мекарданд ва шунавандаю хонандагони зудбовар ба “дом” меафтоданд. Масалан,  соли 2001дар Тоҷикистон вақте рузномаи маҳаллӣ Якуми АПрел хабар дод, ки: ба шаҳрвандон пахши барномаҳои канали русии ОРТ баргардонда мешавад, ба шарте  ки пул ҷамъ кунанд. Дар дари идораи редаксия “маблағгузорон”  навбат гирифтанд.

Соли 2010 дар  барномаи ахбори  канали телевизонии қазоқӣ-КТК хабар доданд, ки дар кишвар қонуни “хушк” (зиндагӣбудуни машруботи спиртӣ) эълон мекунанд ва як истеҳсокунандаи машрубот бо нишони эътироз ба хоҳишмандон  захираи спирташро медиҳад. Ба суроғаи дар хабар зикршуда фавҷи бузурги одамон бо зарфҳо ҳозир шуданд

Қиссаҳои  ба ин монандро журналисон дар дигар кишваҳо ҳам медонанд. Хеҷ ҷой  ҳайрат  ҳам надорад,зеро одамони оддӣ,маъмулан, ба ВАО бовар мекунад, вале имсол ба  хабарҳои ҳазломези  рузноманигорони осиёимиёнагӣҳатто  ҳамкасбонашон бовар карданд. Хеле ҳам боварибахш иншо шуда буданд

Чӣ тавр шухиро ҳақиқат, вале ҳақиқатро шухӣ пиндоштанд

Якуми апрел дар Точикистон танҳо як редаксияи русзабон -Asia-Plus бо мухотабони худ шухӣ кард.   Нашрия субҳгоҳон хабар пахш кард, ки мутобиқи  фармони  мири шаҳри Душанбе  ( Рустами Эмомалӣ —  писари президенти Тоҷикичстон- Эмомалӣ Раҳмон) минбаъд мусофироне, ки дар «маршруткаҳо» росто мераванд, метавонанд роҳкиро пардохт накунанд. Ин хабар чунон сару садое пайдо кард, ки субҳи 2 апрел баъзе ронадагони маршруткаҳо, мабодо рост  бошад гуфта, аз гирифтани мусофирони бе ҷои нишаст худдорӣ карданд.

Дар сархати ин хабар редаксия бо ҳарфҳои калон  ЯКУМИ АПРЕЛ навишат буд. Пас аз чунин сурат гирифтани кор редаксия дар поёни матн илова намуд: «Имруз дар тамоми олам рузи  хандаро таҷлил мекунанд вам мо ҳам истисно нестем», аммо кор алакай маҷрои худро гирифта буд. Бо мири ҷавони шаҳр ва падари  ӯ дар Тоҷикистон, умуман, шухӣ намекунанд, барои ҳамин аксари хонандагон онро чун ҳақиқати кул қабул намуданд.

Ва на танҳо хонандагони  маъмулӣ. Масалан, Оҷонсии телегрофии Тоҷикистон ( ТоҷикТА ин хабарро бо камоли ҷиддият ва бидуни ишора ба «АП» пахш намуд.

Шахсияти дигаре, ки редаксияҳо натавонистанд ӯро нодида бигиранд, роҳбари Хадамоти алоқа- Бег Сабур буд. Ӯ ҳам аз хешовандони президент аст ва дар кишвар бо рафтори аҷибу ғарибаш  машҳур. Масалан, чанд сол қабл  ӯ Марк Тсукербергро ба «ҳузур»-худ хоста аз  ӯ талаб мекард, ки бояд ба мақомоти Тоҷикистон андоз  супорад ва вақте баъзеҳо шухиомез ба  ӯ занг зада худашонро муовини Тсукерберг муаррифӣ намуданд, мавсуф бо тамоми ҷиддият бо онҳо гуфтугу   кард

Баъд аз он ки «Азия Плюс» 1 апрел хабар дод,ки Бег Сабур нияти кушодани шабакаи иҷтимоии маҳаллӣ бо номи   BegBook ( аз номи  Beg) дорад, эҳтимолияти  бовар кардани аудитория  аз бовар накардан бештар буд ( бовар  накуну бин). Вақте корбарон донистанд, ки хабар ҳақиқат надорад, он гоҳ ба журналистон маслиҳат доданд, ки ба додани идеяҳои нав ба Хадамоти алоқа хотима гузоранд

Дар айни замон дар  миёни ду хабари якумиапрелӣ дар сомонаи редаксия хабари расмӣ ва ҳақиқӣ нашр шуд : маркази  исломӣ шарҳ дод, ки дар куҷо бояд тоҷикистониён намоз нахонанд. Ба сидқи ин хабар аксари корбарон бовар накарданд. Мутаасифона.. .

Шухиҳоро намояндагони расмӣ чи тавр шарҳ доданд

Баъд аз қазияи  Нур-Султон қазоқистониҳо бештар  бовар мекардагӣ шуданд. Якуми апрел ҳатто ВКД-и ҷумҳуриро лозим омад, ки барои журналистон хабарро оид ба партофтани ихтисораи КЗ аз рақамҳои давлатӣ дар  мошинҳо ва ба ҷой он насб кардани ихтисораи нав : NUR- расман  инкор намояд

Вақте рузномаи интернетии Zona.kz  шухӣ кард,ки дар соли 2020 дар Қазоқистон андоз барои « бемошинӣ» (яъне агар мошин надорӣ андоз месупорӣ) ҷорӣ карда мешавад, бисёре аз корбарон бовар карданд. Чи тавр бовар ҳам намекунӣ, агар соли 2014  дар Қазоқистон пешниҳод карда буданд, ки масалан, барои муҷаррадон андоз муқаррар намоянд ва ин фейк набуд

Хабари якумиапрелии Lada.kz-ро, дар бораи он ки комиссияи махсус мувофиқи дархости сершумори сокинон  эҳтимолияти  бо гулулаҳои туп парондани ришвахурон ва дуздони буҷаро  дар соҳили дарё баррасӣ менамояд, касе инкор накард, вале корбарони бисёре орзумандона онро истиқбол намуданд .

Дар воқеъ имсол ба доми шухиҳои рузноманигорон ҳатто ҳамкоронашон уфтоданд; масалан, The-tech  дар бораи он хабар нашр кард, ки «Yandex  40 %  ҳиссаи лоиҳаи стартапи қазоқии Antidolg.kz-ро ба маблағи 10 млн доллар харидорӣ кард» ва 7kun.kz  онро ба забони қазоқӣ баргардон карда нашр намуд

Дар поёни руз редаксияи  Sputnik Kazakhstan  ба фикр фуру рафт: «Оё метавонанд ВАО-ро барои шухӣ дар  ахбор муҷозот намоянд?» Ва мақолае ҷиддӣ ба шарҳу тафсири расмӣ дар ин мавзуъ омода намуд

Ба ин масъала рӯ овардани намояндагии  қазоқии ВАО-и русӣ тасодуфӣ набуд: гап сари он аст, ки  худи русҳо  имсол дар нашрияҳояшон шухӣ накарданд: дар он ҷо 29 март қонун қабул шуд, ки тибқи он барои хабарҳои фейк масъулият пешбинӣ шудааст

Қирғизҳои зирак…

Дар Қирғистон имсол шухиҳои бисёр нашр шуд. Нашрияи   Kaktus Media  ҳатто тасмим гирифт ки маҷмуи шухиҳои дар ВАО нашршударо мураттаб намояд, вале ягон фейк  чун дар Тоҷикисто инкишоф наёфт, ягон фейк чун дар Қазоқистон бознашр нашуд ва аз руйи шарҳҳояшон ҳам маълум буд, ки корбарон фавран пай бурдаанд, ки бо онҳо ҳазл мекунанд

Албатта, як истисно ҳам буд: нашрияи тиҷоратии   Tazabek  бо ишора ба ВАО-и русӣ хабар дод, ки мумкин  аст дар Норин космодроми хусусӣ пайдо шавад ва  сиёсатмадор  Эмилбек Каптагаев  шуруъ кард ба муҳокимаи оқибатҳоимтаъсири он ба муҳити зисти маҳал. Воқеан ӯ алакай навиштаашро аз саҳифа  пок кард. Шухиҳои якумиапрелӣ  дар Қирғистон бари он ҳамовозӣ пайдо накарданд, ки фейкҳояшон ба воқеияти зиндагӣ монанд набуданд .

Дар ҳоле ки яке аз маъруфтарин андешаҳо нисбат  ба хабарҳои фейкӣ дар Қазоқистону Тоҷикистон тахминан чунин буд: « Аз одамони мо ҳама чизро интизор  шудан, мумкин аст. Ин андеша, шояд,воқеан зудбоварии аудиторияи ин кишварҳоро бозгуӣ мекунад

Дар омади гап қиссаи ҷолибтар яуми апрел дар Узбекистан рух дод (ҳамчунин дар Туркманистон ҳам, вале  дар он  ҷо мутлақо ҳама чиз возеҳ аст)). Рузноманигорони узбек дар Рузи ханда умуман шухӣ накарданд. Шигифтовар нест, ки  алҳол шухӣ накарданд. Хатарноктар он аст,ки агар чун қаҳрамонони намоишномаи  “Хоклағжиш”-и драматурги турк Тунҷер  Ҷуҷеноғлу , ки аз хавфи доимии ҳодисаҳо фарёд заданро фаромуш карда буданд, аниқтараш, дар ҳолати узбекистониҳо, шухи карданро аз ёд набаранд

Акнун бубнем, ки дар масъалаи шухиҳои якумиапрелии расонаҳо номзади илмҳои тиб, табиби руҳшинос, директори Дармонгоҳи табобати бемориҳои асаб ва бемории Алсгеймер (Қазоқистон) Жеке Жолдасов, чи назар дорад :

«Имруз  шабакаҳои иҷтимоӣ хеле  васеъ паҳн шудаанд, аз ҷумла мессенҷерҳо.  Ба лутфи  WhatsApp   хеле зуд иттилоотро интишор мекунанд, ҳатто хабарҳои дуруғро. Дар ҳоле ки одамон намефаҳманд, ки рост аст ё дуруғ.. Ҳама чизи навишташударо ҳақиқат мепиндоранд

Бинобар ҳамин шухиҳои якумиапрелӣ бе ишора ба он, ки шухӣ аст, метавонад аз ҷониби одамон тамоман дигаргуна қабул шаванд. одамон ба ҳарчи ки навишта шудааст, бовар мекунанд

«Ҳар қадар ки одамон калонсолтар мешаванд, ҳамон қадар камтар ба идҳо таваҷҷуҳ мекунанд,  аз ҷумла ба 1 апрел. Баъзеҳо ҳатто ба ёд  намеоранд, ки чунин рузе ҳам  буд. Барои он ки рузи корӣ аст ва одамон ғарқи сару срмони зиндагии худ ҳастанд. Ва минбаъд ҳам таваҷҷуҳи одамон ба 1 Апрел камтару камтар мешавад ».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ