Шарҳи мухтасари мавзуъҳои бештар муҳокимашаванда дар шабакаҳои иҷтимоии Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон. Рейтинги зер дар асоси хидматрасонҳои MediaMetrics.kz и MediaMetrics.ru. тартиб дода шудааст.
Қазоқистон
Мавзуи аз ҳама бештар муҳокимашаванда дар Қазоқистон куштори ваҳшиёна дар Саптаев-қатли зани хазиначӣ дар дохили нуқтаи фуруши сузишвориҳо буд. Аз марҳума панҷ фарзанд ятим монд. Дар моҳи апрел,мутаасифона, Қазоқистон ҳодисаҳои зиёдеро аз сар гузаронд. Дар топ-15-и моҳи май боз ҳашт ҳодисаи дигар ҳам ворид шуданд, ки ба ҳар ҳол бо марг ( марги духтараки шашсола дар Алмаато, реҳлати писарбача- барандаи шоу-барномаи “ Балапан”), худкушӣ ( дар Алмаато марде худро дар майдончаи бозии кудакон овехт), ҷиноятҳо ( зане барои таҷовузи духтараш имкон дод, духтареро дар ташноби ҷамъиятӣ таҷовуз карданд, барои рафтори ношоиста духтареро ба маҳбаси ҷинояткорони хавфнок интиқол доданд) ва ҷустори Айгул Амангелдии гумшуда аз вилояти Алмаато ( ҷасади духтар пайдо шуд, вале валантёрҳо дар рафти ҷустуҷу ҳолатҳои ғарибро пайхас карданд).
Дар миёни дигар мавзуъҳо ба Топ-15 ду мақола аз Sputnik news оид ба моҳи Рамазон- ҷадвали ҳаррузаи вақти кушодан ва бастани руза бо забонҳои русӣ ва қазоқӣ дохил шуданд. Ҳамин ҷадвал бо забони қазоқӣ-ягона мақолаи рейтинг ба забони давлатӣ аст. Дар моҳи май нисбат ба моҳи апрел дар бораи сиёсат зиёдтар гуфтанд. Ба Топ-15 се хабар шомил шуд: дар бораи мақоми якумрии Елбаси, шарҳ оид ба номзадҳо ба призиденти Қазоқистон ва ҳарчанд ғариб ба назар расад ҳам, хабар оид ба Владимир Зеленский, ки бо аввалин нокомиӣ барои тағйирот ворид намудан дар қонугузорииУкраина дучор омад.
Дар сафи охирини рейтинги мавзуъҳои бештар муҳокимашаванда мавзуи муҳоҷират меистад
Tengrinews омори Kursiv.kz-ро бознашр намуд, ки дар он оид ба рафтагон ва омадагон ба Қазоқистон маълумот дода мешавад.
Тоҷикистон
Топ-15 дар Тоҷикистон аз нигоҳи забонӣ дар моҳи май рангинтар буд. Чор навигарӣ бо забони тоҷикӣ дар бораи маҷлиси навбатии ҳукумат, таъиноти нави кадрӣ,суратгузориш аз ярмакаи маҳсулоти ниёзи аввал, ки ба муносибати моҳи рамазон барпо шуда буд ва мусоҳибаи раиси кумитаи кор бо занон ва оила-Идигул Қосимзода ба муносибати рузи оила нақл мекунанд.
Дар бораи амру фармонҳои ҳукумат бо забони русӣ гуфтанд ва ин мавод дар раддаи поёни Топ-15-и моҳи май аст.
Се хабари моҳ, аз Топ-15- -и маъмултарин хабарҳо дар худи сарлавҳаҳояшон номи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро зикр мекунанд. Ҳамаи мақолаҳо дар бораи онанд, ки чи тавр сарвари давлат дар Тоҷикистон тартибот ҷорӣ мекунад:- маълумот дар бораи дуздӣ дар сохтмони маркази тиббиро ошкор мекунад, бозпурсӣ мекунад ва дар миёни мансабдорон “ тозакуни”-ро анҷом медиҳад.
Дар кишвар ҳодисаҳо ҳам рух доданд.
Dialog.tg бо ишора ба «Радиои Озодӣ» дар бораи ду парвандаи судӣ нақл мекунад: падару писарро барои наъшаҷаллобӣ ба маҳкама кашиданд, ду бародарро барои экстремиз маҳкум намуданд. Дар миёни дигар мақолаҳо оид ба ҳодисаҳо,-қаллобӣ ба маблағи миллион доллар ва исён дар маҳбас, ки боиси марг ва ҷароҳатбардории одамон шуданд.
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи май ба хабаре аз Россия, ки гуё барои муҳоҷирони баландихтисос тартиби осони духул ба ин кишварро ваъда медиҳанд,бетавофут набуданд. Дар муқобили ин хабар дар Топ -15 қиссаи муҳоҷире ҳам ворид шуд, ки аз ҳуҷум дар метрои руссия осеб дида буд. Ин ду мақолаи мазмунан муттазод бо ҳам рабте доштанд ё на ,фаҳмо нест,вале ба тасодуф ҳам шабоҳат надоранд: мақолаҳо дар як манбаъ ва бо фарқияти як руз ба табъ расидаанд.
Узбекистон
Дар Узбекистон хабари бештар муҳокимашаванда дар ин моҳ идомаи қазия пурсарусадои соли 2017 буд: донишҷуйи факултаи тиббиро ҳамсолонаш латакуб карда буданд, ки баъди чор ҳафтаи талош барои зиндагӣ донишҷу фавтида буд. Гунаҳкоронро пайдо карданд ва ба муддати шаш сол маҳкум карданл ва пеш аз муҳлат моҳи майи ҳамин сол озод карданд. Волидони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати чунин қарор эътироз баён намуданд. Падари яке аз ин маҳкумшудагон, аз хавфи интиқом гирифтани волидони норизо, ба призидент барои ҳимояи писараш муроҷиат намуд.
Дар Узбекистон дар моҳи май бештар хонандагон атрофи маводи шарҳдиҳандаи портали
Подробно.uz. раду бадали афкор намуданд. Аз Топ-15 шаш мақола дар бораи талоботи нав дар мавриди фуруши гушт,пурсишномаи барои гирифтани паспорти хориҷӣ, низомҳои пардохти музди меҳнат ва ҳисоби нафақа, кадом вақт нозири роҳ ҳуқуқи манъ кардани соҳибони мошинҳоро дорад,чи тавр аз офтоби сузон худро ҳимоя кард ва оё бо чароғҳои рушан мошин ронадан рузона боиси сарфи сузишворӣ мешавад, нақл мекунанд.
Озмоиши гузаронидаи як ронандаи тошкандӣ хеле машҳур шуд. Ӯ барои ҷаримаи қоидавайронкуниро пардохт накардан як кисми рақамҳои давлатии мошинро пушонда буд. Уро пайдо карданд ва аз ҷазо гурехтан натавонист.
Ду мақолаи рейтинг дар бораи муваффақиятҳои саноати автомобилсозии ватанист : GM Узбекистон тасмим гирифтааст, ки истеҳсоли се навъ автомобилро ба роҳ монад ва намояндагони ширкат алакай онро ба призиденти кишвар — Шавкат Мирзиёев рунамоӣ карданд.
Ҳодисаҳои ногувор дар моҳи май дар кишвар чор раддаи Топ-15-и мақолаҳои бештар муҳокимашавандаро банд карданд:-автобус одамонро дар истгоҳ пахш кард, кормандони бонки “Давр” ба дуздӣ муттаҳам мешаванд, дар Самарқанд мошинеро бо панҷ ҷасад ёфтанд ва аз Тошканд 500 шаҳрванди Молдоворо,ки қонунро вайрон кардаанд, ихроҷ намуданд.
Тамоми мақолаҳо бо забони русӣ навишта шудаанд
Рейтинги мавзуъҳои бештар баррасишаванда-рубрикаи доимии мост. Дар бораи мақолаҳои маъруфтарини моҳи апрел, дар ин ҷо,бихонед.