ДомойНақди РасонаӣШабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар ахбори ҷамъбастии ҳафта чӣ мегӯянд?

Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар ахбори ҷамъбастии ҳафта чӣ мегӯянд?

Барномаҳои таҳлилӣ – иттилоотии ҷамъбастии телевизионӣ дар тамоми дунё бинандаи зиёд дорад. Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон низ барномаҳои иттилоотӣ – таҳлилии ҷамъбастӣ доранд. Воқеан, то соли 2005 дар  мамлакат ҳамагӣ як шабакаи телевизионӣ буд – ТВТ.  Он ҳанӯз аз соли 1991 аллакай барномаи ҷамъбастие таҳти унвони “Ориёно” дошту муаллифаш журналист Хуршед Назаров буд. Аз соли 1992 барнома “Ҳафта” ном гирифту онро Шаҳло Акобирова мебурд.  Бо ҳардуи ин журналистон суҳбат доштам. Мегӯянд мисли як барномаи мустақиле буд, ки дар  ҳаҷми 30 дақиқа рухдодҳои муҳимтарини ҳафтаро бо гардишҳои нав, қаҳрамонҳои тоза, коршиносону таҳлилгарон баррасӣ менамуд.

-Дуруст аст, ки аслан манбаи илҳоми мо шабакаҳои телевизионии Русия буд, чун он замон ба кишварҳои дигар иртибот ва дастрасии камтар доштем. Мо дар аввал ҳамчун алтернатива ба барномаи маъмулии  “Ахбор”, соати 18 – баробари пахши барномаҳои бегоҳӣ (он вақт барномаҳо саҳар то соати 11–и рӯз ва бегоҳ аз 18 шурӯъ мешуданд) барномаи хабарии “Навид” – ро ташкил кардем, ки ба барномаи “Намедни”-и Парфенов аз рӯи ороиш, суръати пахши хабар ва муъҷазбаёнӣ монандӣ мекард. Вале дар маҷмӯъ ҳадафи мо шикастани қолаби шахшудаи замони шӯравӣ буд, — ба хотир меорад Хуршед Назаров.

Барномаи ҷамъбастии “Ҳафта”, аввали солҳои 2000 –ум, баробари сармуҳаррири барномаҳои иттилоотии ТВТ таъин шудани журналист Асадулло Раҳмон, номи “Тоҷикистон” –ро гирифт, аллакай бо ду забон пахш мешуд. Бахши тоҷикиашро худи Асадулло Раҳмон ва  бахши русиро Насиба Ғуломова, ки аз рӯи ихтисос духтур аст, мебурд. Аммо рақобат он қадар сахт ба назар мерасид, ки ҳатто бахши тоҷикии барнома аз русиаш фарқ мекард: дар ду барномаи ҳамном қаҳрамонҳо, гузориш, иштирокчиён тафовут доштанд ва аз ин хотир ҳар кадом бинандаи худро соҳиб буд…

Марти соли 2005 журналист Асадулло Раҳмон раиси Кумитаи телевизион ва радио таъин шуд ва сентябри ҳамон сол аввалин телевизиони алтернативӣ ба ТВТ – “Сафина” фаъол гардид. Соле пас телевизиони кӯдаконаи “Баҳористон” ва соли 2008 ТВ “Ҷаҳоннамо” рӯи кор омаданд. 8 ва 9 сол пас 4 шабакаи дигар низ пайдо шуд.  Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ мамлакат соҳиби 34 шабакаи телевизионӣ гашт. Аз ҷумла, 8 шабакаи умумимиллӣ ва 26 – маҳаллӣ. Мардум интизор доштанд, ки дар муҳтавои шабакаҳо низ акнун дигаргунӣ пайдо мешавад, ҳади ақалл дар барномаҳои хабарӣ. Он чи ки ҳич иттифоқ наафтод…

“Ҷаҳоннамо”

Якшанбеи гузашта – 14 июл се барномаи иттилоотӣ – таҳлилии се шабакаи умумиҷумҳуриявиро пайгирӣ намудам, то бубинам, ки онҳо аз ҳамдигар чӣ тафовут доранд. Пешакӣ иқрор мешавам: ин кори осон нест, тамошои барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ва бояд ба онҳое, ки онҳоро ҳамеша тамошо мекунанд, бояд садҳо аҳсан гуфт!

Чаро? Шитоб намекунем…

Соати 17. 00-и ҳар якшанбе ТВ “Ҷаҳоннамо” барномаи иттилоотӣ – таҳлилии “Ҳафт рӯз” –ро пахш мекунад, ки то соати 18. 35 идома меёбад.

Чӣ дошт?

Такрори гузоришҳои сафари Президент Раҳмон ба ноҳияи Данғара, ки 12 июл сурат гирифта буд! Аз А то Я гузориши хадамоти президентӣ. Аҷиб ин аст, ки гоҳ – гоҳ садои хабарнигорони минтақавии “Ҷаҳоннамо” пахш мешуд, вале мо шоҳиди ягон гузориши хос ва ҳатто муҳтавои нав нагаштем. Аз ин рӯ, муқаррар кардан бисёр душвор аст, ки хабарнигори ин шабака дар ҷараёни сафар ҳузур дошт, ё танҳо ба хотири “худӣ” кардани гузориш, матни хадамоти матбуотиро мехонд. Воқеан, ин “вижагӣ” дар барномаҳои дигар шабакаҳои телевизионӣ, ки ҷамъбасти ҳафта мекарданд, ба назар мерасад.

Пас аз пахши гузориши тӯлонии сафари Президенти Тоҷикистон ба Данғара танҳо дар қисмати охири барнома “Ҳафт рӯз” “аз корҳои созандагӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон” сухан сар кард. Хабари аввалин аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд, ки хабарнигори минтақавӣ дар бораи авҷи корҳои сохтмонӣ дар шарқи Тоҷикистон гузориш мекард. Гуфта шуд бахшида ба 30 –солагии Истиқлолияти Тоҷикистон интизор меравад дар ин вилоят  беш аз 500 иншоот сохтаву ба истифода дода мешавад. Аҷобати дигар он буд, ки чанд дақиқа дертар маҳз ҳамин гузориш дар барномаи “Ахбор” –и Шабакаи “Тоҷикистон” ҳам пахш шуд. Яъне як хабарнигор як гузоришро барои ду шабакаи телевизионӣ айнан пешниҳод намудааст. Дар шароити рақобати шадиди ахборӣ ин то куҷо ҷоиз аст? Албатта дар дунё ин гуна таҷриба ҳаст, ки як хабарнигор барои чанд расона гузориш таҳия мекунад. Вале ин гузоришгар аксари вақт бо номи мустаор матлабро пешниҳод мекунад. Ҳамчунин ба ҳич ваҷҳ ҳақ надорад, ки як гузоришро барои чанд расона фиристад. Ҳатто дар доираи як мавзӯъ аз зовияҳои гуногун бархӯрд сурат мегирад…

Хабарнигори “Ҷаҳоннамо” дар вилояти Суғд бошад, гузориши худро ба сохтмону тармими роҳҳо дар шимоли мамлакат бахшид. Паҳлӯи мусбати ин гузориш дар ин нуҳуфта буд, ки хабарнигор Обидҷон Каримӣ дар миёни гузоришаш инфографикаи хуберо дар бораи вусъати сохтмонҳои роҳ дар ин вилоят ҷо дода буд.

Баъди ин хабарнигори “Ҷаҳоннамо” аз пойтахт бахшида ба рӯзи моҳипарварон дар Тоҷикистон гузориши дигаре пахш кард ва хабар дод, ки дар мамлакат 370 хоҷагии моҳипарварӣ фаъол асту барои ин соҳа тамоми шароитҳо мусоид. Намояндаи вазорати кишоварзӣ дар ин гузориш аз мушкилоти ҷодошта дар ин бахш – гаронии нархи доруворӣ, хӯрока барои моҳиҳо низ ишора кард ва бо итминон гуфт, ки ин ҳама халал намерасонад, ки дар соли равон Тоҷикистон 2340 тонна моҳӣ истеҳсол намояд. Дар охири гузориш ба бинандагон ҳушдор дода шуд, ки ҳангоми харидории моҳии содиротӣ боэҳтиёт бошанд, чун бо сабабҳои хос онҳо метавонанд “аз хатар эмин набошанд”.

Ин охирин гузориши “Ҳафт рӯз” буд, ки пас аз он барнома дар 95 –умин дақиқа хотима ёбад.

 “Сафина”

Барномаи “Ҷамъбасти ҳафта” – и ТВ “Сафина” соати 20.00 барномаи худро оғоз намуд.  Дар ибтидои барнома муаллифи он Зубайдуллои Убайдулло аз сафари Сарвазири Қазоқистон ба Тоҷикистон, ки ҳанӯз 11 июл иттифоқ афтода буду барномаҳои хабарии шабакаҳо аз ҷараёни он гузориши муфассал доштанд,  кӯтоҳ хабар дод. Баъдан аз муаррифии лоиҳаи 9 меҳмонхона дар назди Эмомалӣ Раҳмон, ки давоми ду сол бояд дар Душанбе сохта шаваду ин хабар ҳанӯз 11 июл шабакаҳои телевизиониро пур карда буд, бори дигар гуфтанд.

Танҳо пас аз ин, гузориши муфассал аз ҷараёни сафари Президент Раҳмон, ки ҳанӯз 12 июл сурат гирифта буд, ба бинандаи “Сафина” пешкаш гардид. Барнома расо соати 21.00 бо ҳамин гузориш хатм шуд.

“Ҷамъбасти ҳафта” –и “Сафина” субҳи рӯзи душанбеи 15 июл, вақте “Тоҷикистон” ва “Ҷаҳоннамо” вақти профилактикӣ доштанд, бо гузоришҳои дигар рӯи экран пайдо шуд. Соати 8.30 то 8.45 хабарнигорони минтақавии “Сафина” хабар доданд, ки дар шаҳри Исфара як соҳибкор маркази нави савдоро ба истифода додааст. Корҳои барқарорсозӣ дар ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ, ки чанде пеш сел ба он зарар расонда буд, идома дорад ва гуруҳи муаллимон аз тариқи ҳашар  ба кӯмаки ҳамдеҳагон бархостаанд. Хабарнигор махсус таъкид намуд, ки “деҳа акнун ҳатто аз замони то сел зарар оварданаш зеботар мешавад”.

Бинандагони “Ҷамъбасти ҳафта” ҳамчунин хабар ёфтанд, ки дар шаҳри Истаравшан коргоҳҳои либосдӯзӣ барои мактаббачаҳои ин шаҳр махсус либоси рангаш кабуд ва сурх медӯзанд.

Дар ноҳияи Дӯстӣ бошад кишоварзон ҳосили фаровони тарбуз ба даст овардаанд ва ҳар донаи онро бо нархи 5-6 сомонӣ мефурӯшанд. Шояд бинандаи ин гузориш аз худ мепурсид, ки агар деҳқон ҳар донаи тарбузро бо ин нарх мефурӯшад, чаро онҳо маҷбуранд дар Бохтар, Душанбе ва минтақаҳои дигар онро на камтар аз 12 сомонӣ харид кунанд? (Ҳоло бошад арзиши як тарбуз дар бозорҳо аз 20 сомонӣ кам нест)  Саволе, ки дар ин гузориш посухашро пайдо кардан имкон надошт.

Баъд бинандаи “Сафина” –ро ба сайри Бадахшон бурданду хабар доданд, ки дар шаҳри Хоруғ даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватани азизи ман” сурат гирифтаасту чанд нафар дар бахшҳои наттоқӣ, овозхонӣ, рақс ва мисли ин ғолиб омадаанд.

Хабари ҷолибе, ки дар ин барнома ҷо дошт, баргузории корҳои ҷустуҷӯӣ – археологӣ дар қалъаи Хуҷанд аст ва он аз ҷониби донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сурат мегирифтааст. Олимон гуфтанд, ки онҳо иқдом кардаанд, ки ин қалъаро ба феҳристи ЮНЕСКО ворид намоянд ва корҳои аввалияро анҷом расонидаанд.

Барои бинанда ҷолиб буд, ки мусоҳибони тоҷик бо забони русӣ суҳбат доштанд. Ба эҳтимоли зиёд ин гузориш барои кадом як шабакаи дигари телевизионии забонаш русӣ таҳия шудааст. Ба ҳар сурат, гузориш ҳарчанд бо овози мардона хонда мешуд, дар пардаи ТВ намудор буд, ки мусоҳибаро журналисти муваффақи русзабон Фирӯза Мирҷумъаева мегирад. Аммо номи ӯ дар ин гузориш зикр нашуд…

 “Тоҷикистон”

Барномаи таҳлилӣ – хабарии “Тоҷикистон” –и шабакаи “Тоҷикистон” ба маънои томаш рекорд нишон дод. Аввалан, бо ҳаҷми барномаи худ, ки 100 дақиқаи расоро фаро гирифту аз соати 20.30 оғоз шуда, соати 22.10 тамом шуд. Баъдан бо муҳтавои худ…

Муаллифи барнома онро аз таъкиди гулгулшукуфии ҳаррӯзаи пойтахт сар карда, дар идома хабари муаррифии 9 лоиҳаи меҳмонхонаро такрор кард. Сипас аз сафари Сарвазири Қазоқистон ба Тоҷикистон сухан оғоз намуда, тафсилоти онро аз “А то Я” шарҳ дод. Ба фикрам, бинандагони шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон бори аввал шоҳид шуданд, ки омадани сарвазири як кишварро ин гуна ботафсил нишон медиҳанд. Зеро дар Тоҷикистон одатан сафарҳои расмии сарварони кишварҳо бо чунин тарз шарҳ меёбад. Аммо сафари Аскар Мамин бо кадом сабабе чунин ботафсил аз тариқи “шабакаи телевизионии рақами як” шарҳ меёфт: аз пешвозгирӣ дар фурӯдгоҳ, то гулгузорӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва нишасти хабарии ду сарвазир бо иштироки журналистон.

Тезисзҳои асосии ин нишасти хабарӣ иборат буданд аз : эҳтимолияти ба 2 миллиард расидани гардиши ҳаҷми мол байни ду кишвар ва интизорӣ аз он ки Русияро шояд дар ин бахш ба наздикӣ Русияро, ки дар мавқеи аввал қарор дорад, гузаштан; тарҷумаи чанд филми тоҷикӣ бо забони қазоқӣ ва пахши онҳо аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ…

Танҳо пас аз ин ТВ “Тоҷикистон” аз сафари Президент Раҳмон ба ноҳияи Данғара ҳамон гузоришеро пахш намуд, ки бинандагон ҳанӯз дар таърихи 12 июл аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ дида буданд ва имрӯз ҳам барномаҳои ҷамъбастӣ айнан ба эфир доданд.

Ҷумлаи марказии гузоришҳо аз ҷараёни ифтитоҳи мактабу духтурхона ва марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ як буд: “Бо ҳамин мушкилоти ин деҳот ҳал гардид”.

Роҳбарони шабакаҳо “гапногир” шудаанд, ё супориши президент танҳо барои “публика” аст?

7 июни соли равон  Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” назарсанҷии пурсару садои худро муаррифӣ намуд, тибқи хулосаи он гӯё 93 фоизи пурсидашудагон шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро тамошо мекардаанд.  Аз ҷумла, 66% пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки бинандаи ҳамешагии ТВ “Тоҷикистон”, 62%  — “Сафина” ва 31%  “Ҷаҳоннамо” мебошанд.  Тибқи хулосаи назарсанҷии “Зеркало”, аз ҷумла  73% пурсидашудагон гуфтаанд, ки барномаҳои хабарӣ тамошо мекунанд. Аммо ба саволи он ки кадом барномаҳоро тамошо кардан мехостед, 20, 2 % барномаҳои вобаста ба тарбияи ҷавонон ва танҳо 15,9 % барномаҳои иттилоотиро зикр намудаанд.

Ин натиҷагирӣ баҳсҳои доманадореро дар муҳити касбӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Хоса дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои мустақил зуд – зуд матолиб ва баҳсҳое пайдо мешаванд, ки корбарон аз тамошо накардани барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон мегӯянд.

Аммо ин танҳо мардум ва корбарони интернет нестанд, ки аз муҳтавои барномаҳои телевизионии ватанӣ изҳори ноқаноатмандӣ мекунанд. Президент Раҳмон, ки дар чандин мулоқотҳояш ошкор кардааст аз тамошобинони фаъоли шабакаҳои телевизионии ватанист, борҳо норозигии худро аз сатҳу сифати барномаҳо эълом дошт.

Мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони расонаҳои давлатӣ, ки бори охир 20 феврали соли равон сурат гирифт, наздики шаш соат идома доштааст. Назар ба иттилои расмӣ ва ҳам сӯҳбати ширкатдорон, президент бештар аз кори телевизионҳои давлатӣ интиқод намуд. Ӯ гуфтааст, ки инъикоси саривақтии ҳодиса ва воқеаҳои олам дар телевизиони давлатии Тоҷикистон суст ба роҳ монда шуда, аксар маврид журналистон бе тайёрии пешакӣ ба эфир мебароянд. Махсус таъкид шудааст, ки дар ин шабакаҳо намоишҳое, ки ҳар ҳафта тамошобин интизор шавад, қариб дида намешаванд. Зимнан, президент кори шабакаҳои телевизиони «Евронюс» ва «Ал-Ҷазира»-ро мисол овардааст, ки саривақт хабарҳоро пахш мекунанд.

Дафтари матбуоти президент навишт, Эмомалӣ Раҳмон аз тарғибу ташвиқи худ тавассути клипҳои мусиқӣ изҳори нигаронӣ карда, дастур додааст, ки ба ҷойи он «талошу заҳматҳои мардуми меҳнаткаш» инъикос шавад.

Дар ҳафтае, ки барномаҳои ҷамъбастиашро баррасӣ кардем, мавзӯи ҷидди муҳокимаҳои мардум баландшавии нархи нерӯи барқ буд, ки 17% боло рафтааст. Аммо дар барномаҳои ТВ дар ин бора ҳарфе набуд…

пресс-служба президента РТ

Дар ҳамин ҳол, президент зимни мулоқоти ахири худ бо роҳбарони шабакаҳои телевизионӣ, Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президентро вазифадор намуд, ки дар масъалаи пахши барномаҳои телевизионӣ мониторинг гузаронад. Аммо бо гузашти 5 моҳ то ҳанӯз дар бораи ин супориш ё амри президент натиҷае расонаӣ нашудааст.

Аз ҳамин ҷост, ки мунаққидон мегӯянд, формати телевизионҳои давлатии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ва бахусус дар қисмати хабаррасонӣ модели давраи шӯравиро ба ёд меорад ва он ҳукуматро батамом қонеъ менамояд.  Ин ки президент гоҳ –гоҳ онҳоро интиқод менамояд, “танҳо барои публика аст”. Дар ғайри сурат, чандин бор интиқоду супоришҳо ба роҳбарияти Кумитаи ТВ ва радио дар бораи тағйир додани формати пахш амалӣ намегардад, ки хеле машкук ба назар мерасад. Ба ҳар сурат, ҳоло дар Тоҷикистон роҳбару вазире вуҷуд надорад, ки “гапи президентро ду карда бошад”. Вақте ҳамаи супоришу амри Раҳмон иҷро мешаваду танҳо муҳтавои ТВ тағйир намеёбад, ин маъноеро дошта метавонад, ки роҳбарияти кумита ва шабакаҳои телевизионӣ ё сахт “гапнодаро” шудаву амри сарвари давлатро иҷро намекунанд, ё ин гуна амру супоришҳо танҳо барои “публикааанд” ва дар суҳбатҳои хоса дастури дигаре мегиранд, ки фаъолияташон ҳукумати марказиро комилан қаноат медиҳад. Варианти сеюмро инҷониб намебинам.

Раҷаб Мирзо

Раҷаб Мирзо
Раҷаб Мирзо
Журналисти мустақил, медиатренени ТҶ «Хома»

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ