ДомойМедиалентаСарнавишти занона дар филми ҳуҷҷатӣ аз Тоҷикистон

Сарнавишти занона дар филми ҳуҷҷатӣ аз Тоҷикистон

Гуруҳи эҷодии ширкати расонаии “Вечёрка” дар филми мустанад бо номи “Боварӣ. Ҳаёт. Ишқ” аз рузгори чор зане нақл мекунад, ки пас аз озодӣ аз маҳбас гирифтори вазъи сангинтари зиндагӣшудаанд.

Барои ба навор гирифтани филми мустанад аз рузгори ин занон- собиқ маҳбусони яке аз ҳабсхонаҳо дар наздикии  шаҳри Норак,воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон, ба редаксия шаш корманд,панҷ ҳазор доллар ва ду моҳ лозим шуд. Сармуҳаррири “Вечёрка”-Гулнора Амиршоева мегуяд, ки идеяи дар ин мавзуъ филмбардориро чанд сол қабл аз коргардони тоҷик Искардар Усмонов гирифтааст, ки дар асл,номбурда аз рузгори онҳое филм бардоштан мехост,ки  муҳлати адои ҷазояшон ба охир нарасидааст.

-Вақте Интернюс барои эҷоди   контенти маҳаллӣ озмун эълон  кард, ман идеяи Искандарро ба ёд овардам, ки  дар вақташ  бо иллиати набудани  маблағ,амалӣ кардан натавонистем ва  ман ба озмун дархост пешниҳод намудам.

Ҳангоми муаррифии кутоҳи лоиҳа дар назди комиссияи коршиносон, ба ман маслиҳат доданд,ки аз идеяи наворгирӣ дар дохили маҳбас даст кашам, зеро қаҳрамонони филм  дар ҳузури  муҳофизон ошкоро сухан намегуянд. Мо тасмим гирифтем,  ки лоиҳаро тағйир диҳем ва ин занонро дар озодӣ навор бигирем ва аз он пушаймон нестем,-мегуяд Гулнора Амиршоева.

Ӯ  мегуяд, ки таҷрибаи  истеҳсоли  филмҳои мустанадро “Вечерка” дорад, аммо барои  таҳияи филми мазкур онҳо мутахассисонро аз берун ҷалб намудаанд. Мусиқиашро Толиб Шаҳидӣ навишт,коргардониро Искандар Усмонов ба зимма гириф ва навору танзими он кори Акмал Ҳаснов  аст, ки ҳар ду ҳам  дар соҳаи кинои тоҷик шахсиятҳои маъруфанд. Давомнокии он 20 дақиқа аст ва дар ин муддат чор зан аз манотиқи  мухталифи кишвар аз рузгори худ нақл мекунанд.

— Ман занони мухталифро аз минтақаҳои гуногун бо моддаҳои гуногуне, ки онҳо муҷозот шудаанд интихоб намудам. Се нафарашон иддао доранд, ки бегуноҳ адои ҷазо намудаанд ва танҳо як нафар ба гуноҳаш иқрор аст. Ин фалмро бояд чун муноҷот гуш кард, ин занон дилашонро холӣ кардан мехоҳанд, мо савол медодему онҳо ҳамоно мегуфтанду  мегуфтанд, яъне суҳбат бо ҳар кадоме  на камтар аз як соат буд,- мегуяд Гулнора Амиршоева.

Дар пайдо кардани қаҳрамонони филм ба гуруҳи эҷодӣ созмонҳои ҷамъиятии ангуштшуморе ёрӣ расонданд, ки ба мушкилоти собиқ занони маҳкумшуда  машғуланд. Яке аз мушкилоти асосие, ки аксар рузноманигорони тоҷик дучор меоянд, тарси мардум аз муошират бо матбуот аст,хусусан, дар назди камера ва аз ин ру миёнаравон барояи мо хеле зарур буданд.

-Мо  бо созмони ҷамъиятии ”Дафтари ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният” тамос  гирифтем ва дар  пайдо кардани қаҳрамонон кумакамон карданд.Ҳолатҳои ғайриинтизор ҳам буданд: яке аз заноне, ки мо интихоб намудем, шояд  зане, ки сарнавишти талхтарин дошт (барои  куштори падарандараш, ки мехостааст таҷовузаш кунад, маҳбус шуда буд) рузи наворбардорӣ омадан натавонист, зеро  ҳамсараш уро лату куб кардааст,- нақл мекунад Гулнора.

Гулнора ба он ишора мекунад, ки муҳтавои филм аз кино дида бештар хусусияти журналистӣ дорад.

-Ҳангоми таҳияи он мо  баҳси бисере мекардем, зеро  онҳо ба кино  чун киноматограф, ман бошам чун журналист нигоҳ мекардам,-шарҳ медиҳад ӯ.

Чаро ин муҳим аст?

Коршиносони рус чунин мешуморанд, ки нисфи занони маҳбус ба иллати хушунати хонаводагӣмуҷозот шудаанд. Чунин омор дар Тоҷикистон нест. Аммо ҳолатҳое, ки занон бо сабаби муноқишаҳои хонаводагӣ даст ба ҷиноятҳои вазнин задаанд, вуҷуд доранд. Масалан, соли 2015 зани 30-сола, сокини ноҳияи Ёвон бо сабабаи мушкилоти оилавӣхудро бо се фарзанди ноболиғаш ба дарё афканд. Кудакон фавтиданд, зан зинда монд ва ба ҳабс гирифта шуд.

Дар ҳамин ҳол, бо озод шудан аз маҳбас фоҷиа анҷом намеёбад, пас аз адои ҷазо метавонанд бо мушкилоти сангинтар  ру ба ру шаванд.

-Ҷомеаи мо аз онҳо нафрат мекунад,онҳоро қабул надорад, дар ин бора ба мо тамоми коршиносон мегуянд,-ҳикоя мекунад Гулнора.-Ҳатто намояндагони  идораҳои  ислоҳоти ҷазо гуфтанд, ки  занони маҳбус, беҳтараш ,алҳол ки дар ин ҷо ҳастанд, чизеро биомузанд, то ки баъд луқмаи нонашоро пайдо кунанд, дар озодӣ зистан тавонанд, зеро барояшон вазнин хоҳад буд. Бисёре аз занон ҳатто мегуянд, ки дар он ҷо барояшон беҳтар буд, зеро онҷо нисбаташон чунин фишор набуд. Коршиносон чунин муносибат ба собиқ занони маҳбусро хусусияти ҷомеаи тоҷикон мешуморанд, ки дар он шовинизи мардон рушд мекунад.

-Занро дар мо танҳо бо ҷанбаҳои мусбат қабул доранд, ӯ ҳаққи иштибоҳ кардан надорад. Агар ба хато роҳ доду дар вазъи мураккаб уфтод, бояд уро аз ҷомеа ба дур афканд. Дар ҳамин ҳол барои мардон осонтар аст, баъди ба озодӣ баромадан зан ҳам мегиранду занонашон мунтазири озод шуданошон ҳам мемонанд. Аммо аз чунин занон ҳама даст мекашанд, ҳатто фарзандонашон, хонаҳояшонро кашида мегиранд ва бесарпаноҳ мемонанд. Оре барои онҳо ба маротиб сангинтар аст,- мегуяд Гулнора.

Ҳангоми таҳяи филм муаллифон бо ҳаҷми маводи нокифоя дар ин мавзуъ, интихоби маҳдуди коршиносон ва мушкилоти калони иҷтимоие, ки собиқ занони маҳбус дорад, дучор омаданд.

-Ташкилотҳои ғайридавлатӣ таваҷҷуҳи кам зоҳир мекунад.Ойниҳол Бобоназарова, ки бо чунин занон кор мекунад, мегуяд, ки созмонҳои ҷамъиятро зарур аст, ки ба онҳо бештар машғул шаванд. Ба хусус дар минтақаҳо, чунки собиқ маҳбусон аз ҳама чиз маҳрум  мешаванд. Мо иттилооти зиёде гирд овардем, бештарашро дар филм ҷо додем, қисмеро худи қаҳрамонон мегуянд ва умедворем, ки тавассути чунин лоиҳаҳо ба мушкилот таваҷҷуҳ  зоҳир менамоянд,- мегуяд Гулнора.

Намоиши пушидаи филми “Боварӣ. Ҳаёт. Ишқ” рузи 27-и август дар Душанбе,дар кинотетри “Кайҳон” баргузор мегардад. Сипас филм аз тариқи телеканали давлатии “Ҷаҳоннамо” ва баъдан барои дастрасии озод дар интернет гузошта  мешавад.

Филми мустанади “Бовар. Ҳаёт. Ишқ” ба дарёфти гранти Интернюс дар доираи барномаи  MediaCAMP  ноил шуд, ки он бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ