ДомойМедиалента«Журналист бояд камхоб бошад»: маслиҳатҳои доварони озмуни MediaCAMP Award

«Журналист бояд камхоб бошад»: маслиҳатҳои доварони озмуни MediaCAMP Award

Имсол дар Душанбе озмуни  MediaCAMP Award   барои рузноманигорон баргузор гардид. Аз руи матолибе,ки ба озмун   расидаанд, метавон дар мавриди тамоюли расонаҳои Осиёи Марказӣ қазоват кард ва хулоса баровард. «НР» бо аъзои доварон,  ки  сари ин матолиб кор карданд, мусоҳиб шуд ва аз бурду бохтҳояшон суол кард.

Марат Мамадшоев, муҳаррири  Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ IWPR)  ва сомонаи CABAR ASIA дар Тоҷикистон:

— Фановариҳои муосир ва визуализатсия бештар шудааст. Ва боз суннатгароӣ дар журналистика камтар  шудааст. Ҷавонон  аз навиштани  матолиби нисбатан нав барои минтақа намеҳаросанд, масалан, дар бораи аққаллиятҳо, одамони  мубтало  ба бемориҳо ва ғайраҳо.  Аммо  тавозуни андешаҳо риоя намешавад. Ҳамчунин бисёриҳо аз ҳаҷми матн суиистифода  мекунанд ,наворҳои дурур дароз мегиранд, вале дар айни замон пешравиҳо ба назар мерасанд. Бароям ин хурсандиовар аст.

 

Касим Аманжол, ТВ-продюсери «Азаттиқ»,  редаксияи қазоқии радиои «Аврупои озод» / Радиои «Озод»:

— Журналистикаи фарогир рушд мекунад. Журналистон қаҳрамонони нав меҷуянд, мавзуъҳои ҳассосро  мехоҳанд матраҳ кунанд. Масалан, дар бораи трансгендерҳо ё ҳайвонот. Аммо дар тадиқиқоти журналистӣ мувозинат “мелангад”. Ҳамчунин дар визулизатсия мушкил доранд. Матлабҳое буданд, ки матни хуб доштанд, вале  ороиши  видеоии хуб надоштанд.

Ибрагим Хасан-Ахунов, коршиноси расонаҳо (Қирғизистон):

— Мақолаҳо аз силсилаи “ одам бош” зиёданд, яъне лаҳзаҳои  иҷтимоӣ. Кишварҳое  ҳастанд,ки дар мавзуи сиёсӣ набояд гуфт, вале мавзуъҳои  иҷтимои вуҷуд доранд. Ва одамон қолабҳои нави пешниҳоди мазуъро меҷуянд. Фарзан, дар бораи ҳайвоноти бесоҳиб муаллиф  аз номи худи ҳайвони бесоҳиб нақл мекунад. Ин усул, албатта, нав нест, вале  андаке фаромушшуда  аст. Дар ин тарзи пешниҳод хеле тоза  менамуд.

 

Манана Асламазян,  раиси доварон:

Дар Осиёи Марказӣ равандҳои демографӣ тавре сурат мегиранд, ки шумораи  ҷавонон  хеле зиёданд. Шумораи онҳо нисбат ба,шартан, “пиронсолон” бештар аст. Ва ин тамоюли хеле муҳим аст. Дидани ин насли нав, кумак ба ӯ дар фаҳмидани мушкилиҳои ҷаҳон*ин ҳама вазифаи журналистон  аст.

Тамоюли на камтар муҳим  муносибатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат мебошад. Вазифаи муҳимтарини журналистон ҳамеша  ба қавли маъруф « саги посбон» будан аст, ки ҷомеаро ҳифз кунад ва нуқсонҳояшроо нишон диҳад, агар онҳо вуҷуд дошта бошанд, агар мақомот ба хато роҳ медиҳанд, ва агар мақомот ҷомеаро бидуни дарки он идора кунанд. Ва дар номинатсияи «Ҳокимият ва ҷомеа» ман намунаҳои ҷасорати  фавқулодаи журналистикаро кашф кардам. Вақте  шумо дар ҷаҳони озод зиндагӣ мекунед, ҷасур будан осон аст. Аммо вақте ки ҷомеа  гирифтори пешдоварӣ,бадгумонӣ ва мушкилоти динӣ  ва ба ном «хусусиятҳои фарҳангӣ» аст, инн гапи дигар аст Ин деворест, ки аз болои он гузаштан хеле душвор аст, алахусус барои ҷавононе, ки ояндаро мебинанд ва медонанд, ки он чӣ гуна метавонад буд.

Ман аз сифат ва рағбати рӯзноманигорон ба зиндагие, ки имрӯз моро иҳота мекунад, хеле хушҳолам. Аммо ман каме ноумед аз он ҳастам, ки онҳо баъзан стандартҳои муосирро намефаҳманд,  ки дар эҷодашон чи тавр  ин ҳаётро инъикос мекунанд. Дар журналистикаи муосир шаклҳои нави ҷолиб, жанрҳо ва имконият барои навиштани мақола мавҷуданд, то ки ҳар он чизе, ки рӯзноманигор мехоҳад бигӯяд,  на дар 30 саҳифа бо ҳарфҳои хурд ва забони расмӣ навишта  шавад. Бигзор он як матни кӯтоҳ бошад, ки ба ман-ба хонанда, тамоюлҳои муҳимро шарҳ диҳад. Ва аз ин нуқтаи назар, дар Осиёи Марказӣ касбият намерасад.

Лонгридҳо  аксар вақт хеле дароз  ва  аксҳои  онҳо бадсифатанд. Агар мо матн барои Интернет  менависем, мо мефаҳмем, ки хонандаи муосир дар сатри панҷум таваҷҷӯҳи худро гум мекунад. Дар сонияҳои сеюм, ҷавонони муосир аллакай барои худ қарор медиҳанд: видеои дудақиқаиро то охир тамошо мекунанд ё  на. Аммо бисёре аз ҷавонон чунин мепиндоранд, ки ҳар чизе, ки онҳо мегӯянд ва мекунанд, бояд барои ҳама ҷолиб бошад. Аз ин рӯ, шумораи беҳудуди каналҳои YouTube-и ин бачаҳои хеле ҷавон пайдо мешаванд, ки  номаълум аст дар бораи чи мегуянд ва ин дунёро намефаҳманд ва умедворанд, ки хонанда ва тамошобинро бо корашон ҷазб мекунад. Аммо, тамошобин фавран дарк мекунад, ки  дар куҷо шахс чизе сазовори гуфтан  дорад ва дар куҷо  надорад

«НР»  аъзои ҳакамонро бо диққат шунида, руйхати маслиҳатҳои онҳоро барои журналистони Осиёи Марказӣ мураттаб намуд:

-«Маслиҳатҳои журналистикаи кӯҳна» -ро сарфи назар накунед. Дучарха ихтироъ накунед. Стандартҳои сифат бетағйир мондаанд:  тавозун, бетарафӣ, холисӣ ва дақиқиро аз ёд набаред. Вақти ба пеш рафтан,  баъзан  ба қафо бояд нигоҳ кард.

Тарзи истифодаи афзорҳои муносибро  барои пешниҳоди матолиб биомузед. Фарзан,  агар дар маводатон рақамҳо бошад, шумо метавонед онро барои инфографика эҷод кунед. Агар ягон чизи визуалӣ бошад — галереяи аксҳо, видео ва баъзан харита. Вобаста бо ҳолат амал кунед.

-Ростқавл бошед, ба ҷаҳон таваҷҷӯҳ кунед ва қаҳрамонони худро дӯст доред. Фаҳмидани равандҳоеро ёд гиред, ки дар ҷаҳон ва дар кишварҳоятон рух медиҳанд

— Кӯшиш кунед, ки бренди расонаии худро эҷод кунед: аудиторияи худро пайдо кунед, сазовори  эътимоди он гардед ва бренди худро тозаву озода ва ҳадафнок нигоҳ доред,- ҳамон тавре ки шумо  оғоз карда будед.

-Қаҳрамонони хубро ҷустуҷӯ кунед. Қаҳрамони хуб барои ҳама гуна расона тӯҳфаи арзишманд аст. Агар шумо ӯро ёфтед, ӯро дуруст нишон диҳед, то мухотабон ба ӯ бовар кунанд, ӯро дӯст доранд ва  ӯ  барояшон намуна бошад.

Фаҳмидан қолабҳои муосир ва ба онҳо сарфаҳм рафтанро ёд гиред. Аз чизҳои нодаркор канораҷуйи кунед, оқилона сухан гӯед ва навиштаатонро таҳрир кунед. Пас аз навиштани матн, онро замоне канор бигузоред,сипас баргардед ва бо назари тоза, ба чашми хонанда онро бубинед . Натарсед, агар дар натиҷа  ба шумо  аз баҳри нисфи он гузаштан лозим ояд.

-Аммо пеш аз ҳама такрор ба такрор ба дидани матолиби дигар,одамон, тамоюлҳо ва ҳама чизи нав талош кунед. Номи он  “аз тамошо сер шудан” аст. Барои он вақт пайдо кунед. Журналист умуман бояд камхоб бошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ