Тақрибан тамоми соли сипаришуда, нашрияи «Хабарнигори нав» фаъолияти рӯзноманигоронро дар Осиёи Марказ пайгирӣ мекард ва ҳатто беҳтарин матлабҳоро дар пайванди ҳаррӯзааш #апочитать дар телеграм канали New Reporter ҷамъоварӣ мекард,. Бо вуҷуди он ки васоити ахбори омма дар минтақаи мо на он қадар давараҳои хубро аз сар мегузаронанд, дар ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ журналистоне ҳастанд, ки ба принсипҳои касбии худ содиқ буда, матнҳои муҳим ва заруриро эҷод мекунанд. Мо дар бораи рӯзноманигороне сӯҳбат мекунем, ки моро дар соли 2019 ба ҳайрат оварданд.
Ёқуб Ҳалимов, Тоҷикистон
Дар моҳи март дар рӯзномаи «Фараж» бо забони тоҷикӣ тадқиқоти журналистии Ёқуб Ҳалимов оид ба Сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон- Бег Сабур нашр шуд, ки мазкур мустақиман дар дафтари худ ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул буд. Рӯзноманигор ба сифати харидори манзил ба назди ӯ меояд ва роҳбари Хадамоти алоқа бо як фараҳмандӣ бо ӯ савдо мекунад. Вақте Ёқуб ба ҳайси рӯзноманигор ба назди мансабдор баргашт, онҳо ҳамчунин дар бораи ширкате, ки ба писари Бег Сабур тааллуқ дорад сӯҳбат карданд ва ҳам ваъда уро шуниданд, ки то соли 2021 барои Хадамоти алоқа як дафтари нав месозад. Ин бинои 30-ошёнаи маъмурӣ дар маркази шаҳри Душанбе хоҳад буд.
Бег Сабур як шахсияти аҷибе дар Тоҷикистон аст: чандин сол пеш ӯ роҳбарии як бахши рушдёбандаи IT-ро ба зимма гирифт, ки ба зудӣ ба яке аз ақибмондатарин соҳаҳои ҷумҳурӣ табдил ёфт. Ҳоло Тоҷикистон бо сусттарин ва аз ҳама гаронарзиштарин интернеташ дар рейтингҳои ҷаҳонӣ дар қатори охирин ҷойгир аст, сомонаҳои номатлуб дар кишвар мунтазам баста мешаванд, аммо Бег Сабур бошад ба фурӯши хонаҳо машғул аст. Дар бораи ин машғулияти ӯ дар ҷумҳурӣ ҳама медонистанд, аммо касе ҷуръат намекард, ки дар ин бора ошкор сӯҳбат кунад, зеро Бег Сабур хеши наздики президент аст.
Мақолаи Ёқуб «Хонаҳое, ки Бег сохтааст» ном дошт ва аввал ба забони тоҷикӣ нашр шуд, аммо дере нагузашта ба забони русӣ тарҷума шуд ва якчанд нашрияҳои хориҷӣ онро чоп карданд; ба шабакаҳои иҷтимоӣ низ кашида шуд. Мубоҳисаҳо дар авҷ буданд, мардум гуноҳҳои гузаштаи Бег Сабурро хотиррасон мекарданд, ҳатто пешниҳодҳо барои имзо кардани мактуби дастаҷамъона бо мазмуни ба истеъфо равон кардани роҳбари Хадамоти алоқа низ буданд, то ки ӯ ба тиҷорати худаш машғул бошад. Аммо ҳамаи ин сару садоҳо танҳо дар фазои маҷозӣ давр мезаданд, дар асл ҳеҷ чиз рӯй надод, Ёқуб аз мақомоти салоҳиятдор аксуламал нагирифт, аммо ҳадди аққал вай кӯшиш кард.
Алӣ Токтокунов, Қирғизистон
Аммо дар Қирғизистон дар соли 2019 тамоман ҳодисаи дигар рӯй дод. Ба он маъно, ки пас аз таҳқиқи хабарнигори «Радиои Озодӣ» Алӣ Токтокунов, дар бораи 700 миллион доллар, ки дар муддати панҷ сол аз ҳудуди Қирғизистон берун бароварда шуд, на танҳо ҳамкасбонаш ба кори ӯ ҳамроҳ шуданд, ҳатто мардум ба тазоҳурот баромаданд.
Умуман, Алӣ Токтокунов ба як достони боварнакардание асос гузошт, ки ҳануз ҳам идома дорад ва то ҳол маълум нест, ки ба куҷо оварда мерасонад. Дар ин ҳодиса номҳои мансабдорони баландпоя ва садҳо мардуми оддии Қирғизистон гуфта шудааст; дар он ҳатто куштори воқеӣ ҷой дорад. Ба иловаи «Азаттик» акнун ҳодисаро ҳоло тамоми ҷомеаи расонаии Қирғизистон пайгирӣ карда истодаанд ва масалан, нашрияи «Кактус Медиа» дар тӯли чанд моҳ беш аз 120 матн дар ин бора нашр кардааст ва нияти қатъ карданро ҳам надорад.
Қисса чунин буд: дар охири моҳи май, дар сомонаи радиои «Азаттик» тадқиқот дар бораи як қатор амволи ғайриманқул нашр шуд, ки ба номи хешовандони собиқ ҷонишини раиси Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин мавод дар бораи интиқоли 700 миллион доллар аз ҳудуди Қирғизистон гуфта шудааст, рӯзноманигорон дар асоси ҳуҷҷат тавонистанд танҳо интиқоли 250 миллион долларро исбот кунанд . Худи Матраимов ва соҳибкори дигар бо номи Айеркен Саймаити он вақт бо рӯзноманигори «Азаттик» тамос нагирифтаанд ва дар охири тадқиқот нашрия саволҳои беҷавобро маттраҳ намуд. «Инҳо чи гуна пуланд? Бо кадом роҳ ба даст омадаанд? Аз пулҳои ба хориҷа баровардашуда чанд миллионаш ба фонди Матраимовҳо баргаштанд? Бо кадом мақсадҳо онҳоро ба ватан баргардонданд? «, -савол дод нашрия, гарчанде ки саволҳо оммавӣ дода шуданд, метавонистанд дар дигари кишвари минтақа бе ҷавоб монанд, вале на дар Қирғизистон. Бо вуҷуди ин, рӯзноманигорони Қирғизистон тавонистанд бо Айеркен Саймаити тамос гиранд ва ӯ ба суолҳои онҳо посух дод ва ба онҳо маълумот дар бораи схемаҳои пасипардагии интиқоли пул аз Қирғизистонро барои якчанд таҳқиқоти дигар пешкаш кард.
Рӯзи 10 ноябр Айеркен Саймаити дар Истамбул ҳангоми нӯшидани чой д меҳмонхона кушта шуд. 11 рӯз пас аз ин куштор, «Азаттик», OCCRP ва Kloop.kg як таҳқиқоти муштаракро нашр карданд, ки онҳо ҳама маълумоти аз манбаъ гирифташударо тафтиш карданд ва пас аз ин мардум ба митингҳо баромаданд. Гузашта аз ин, митингҳо аллакай ду маротиба баргузор шуданд.
10 декабр, Райим Матраимов, бародари ӯ Искандер- ҳамзамон вакили парлумон бо ҳамсаронашон — Улкан Тургунова ва Минавар Ҷумъаева ва фонди оилавии Матраимовҳо журналистонро ба суд доданд. Сабаби даъво ҳамин тадқиқоти журналистӣ буд. Дар маҷмӯъ, Матраимовҳо мехоҳанд аз нашрияҳои «Азаттик», «Клооп» ва 24.kg (ки тафтишотро бознашр карданд) ҷуброн ба маблағи 60 миллион сом, қариб 900 ҳазор доллари амрикоӣ бигиранд.
Хабарнигорони Hola News ва Vласт
Дар соли ҷорӣ дар Қазоқистон низ як тадқиқоти возеҳи журналистӣ дар бораи бо сабабҳои номуайян дар саросари Атирау ҳалоқ шудани моҳиҳо гуаронида шуд, ки иловатан ин маводи журналистӣ таваҷҷӯҳро ба худ на бо муҳтавояш, балки бо раванди сохтанаш ҷалб кард. Худ қазоват кунед: барои сохтани мавод худи корбарон пул ҷамъ карданд ва онҳо дар зарфи ним соат маблағи заруриро ҷамъ оварданд.
Ҳамааш дар охири соли 2018 оғоз ёфт. Он вақт гузориш дар бораи мириши саросарии моҳиҳо дар дарёи Урал дар Атирауи Қазоқистон пайдо шуд, мақомот аз сабабҳои он хабар надоданд, ҳатто ягон фарзия пешниҳод накарданд ва мардум ба ташвиш омаданд.
«Ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба постҳои мухталиф рӯ ба рӯ мешудам, ки дар онҳо одамон рӯзноманигоронро барои хомуш буданашон нисбат ба ин фалокат дар Атирау дашном медоданд, -гуфт Гулнар Бажкенова, роҳбари Hola News, дар мусоҳиба бо “Информбюро”.
— Ман тасмим гирифтам, ки ҳамчун адвокати рӯзноманигорон кор кунам, зеро мардум пас аз ворид кардани тағйиротҳои навбатӣ ба қонун дар бораи ВАО, бо мо ба митингҳо намебароян ку. Мо ВАО мустақил ҳастем, ки аз фармоишҳои давлатӣ вобастаги надорем ва даромад аз реклама на ҳамеша барои фонди музди меҳнат кофӣ аст. Ман ҳамаи онҳоеро, ки нигарон буданд, даъват кардам, ки саҳми худро гузоранд, то вазъро ба таври объективӣ таҳлил кунем.
Ба ин пешниҳод якчанд корбар вокуниш нишон доданд ва редаксияи Hola News тасмим гирифт, ки дар ҷамъоварии маблағ барои таҳқиқи сабабҳои марги моҳиҳо маъракаи краудфандигро оғоз кунад.
“Мо ба шумо барои ҳар тангаи сарф кардаамон дар ин сафар хабар медиҳем. Ин ҳарфии нав дар рушди журналистикаи Қазоқистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳад буд! Дар замоне, ки Интернет дар саросари кишвар масдуд карда мешавад ва дар ҳоле ки қонунҳо барои мушкил кардани кори рӯзноманигорон қабул карда мешаванд, мо ба мақомоти қудратӣ қувваи худро — қувваи ҷомеаи шаҳрвандиро нишон хоҳем дод. Агар ҳақиқат барои шумо муҳим бошад, агар барои шумо озодии сухан, журналистикаи содиқона ва объективӣ муҳим бошад, дар лоиҳаи мо ширкат варзед!», гуфта мешуд дар саҳифаи марбут ба ҷамъоварии маблағ.
380 000 танга (тақрибан ҳазор доллар) барои эҳтиёҷоти сафар дар давоми 30 дақиқа ҷамъ оварда шуд. Пас аз ҷамъоварии маблағ, рӯзноманигорон дарҳол ба Атирау рафтанд ва ба гирдоварии мавод шурӯъ карданд. Рӯзноманигор Анастасия Ятсун ва наворбардор Екатерина Волкова беш аз 350 километрро бо мошин ва тақрибан 20 километр аз минтақаи соҳили Урал ва каналҳои онро пиёда тай карданд, бо директорони заводҳо ва хоҷагиҳои моҳипарварӣ, сармуҳандисон ва технологҳои корхонаҳои шаҳрсозӣ, экологҳо ва волонтёрҳо, рӯзноманигорон ва собиқадорони моҳидорӣ, байторон ва эпидемиологҳо, моҳигирон ва ихтиологҳо, сӯҳбат карданд. Сипас онҳо тадқиқоти худро омода карда дар вебсайти Hola News гузоштанд ва дар ҳақиқат барои ҳар як тангаи сарфкардаашон гузориш доданд.
Тобистони соли 2019 рӯзноманигорони нашрияи Vласт низ чунин роҳро такрор карданд. Имсол, Қазоқистон 30-солагии лаҳзаи таркиши охирин дар майдони озмоишии Семипалатинскро ҷашн гирифт ва Vласт тасмим гирифт, ки лоиҳаи мустанадӣ «Полигон» — дар бораи таърих, мардум ва сарзаминашро оғоз кунад.
«Мо итминон дорем, ки ҳамаамон сазовори он ҳастем, ки дар бораин ин ҳодиса зиёдтар донем, дар бораи касоне, ки зарар диданд ва барои бастани полигон мубориза бурданд, дар бораи касоне, ки ёди онро дар хотир нигоҳ медоранд ва барои касоне, ки ҳоло ба кӯмак ниёз доарнд», — бо ҳамин мазмун журналистон ба аудиторияи худ муроҷиат карда, маъракаи краудфандингро оғоз намуданд. Дар нақша буд, ки маблағро дар тӯли ду моҳ ҷамъоварӣ шавад, аммо тавассути платформаи Start-time.kz маблағи заруриро дар зарфи яку ним рӯз ҷамъ оварданд. Дар маҷмӯъ, 2,340,104 танга — тақрибан 6 ҳазор доллар ҷамъ оварда шуд. Краудфандиги Vласт-ро 454 нафар дастгирӣ карданд, ки маблағҳояшони хеле гуногун- аз 200 то 100 ҳазор танга буд. Дар натиҷа, нашрия як лоиҳаи калон бо номи «Полигон» -ро нашр кард.
Албатта, имсол, ғайр аз тадқиқоти номбаршуда, дар ВАО-и Осиёи Марказӣ инчунин дигар матлабҳои назарраси журналистӣ мавҷуд буданд. Масалан, имсол аввалин озмуни журналистони Осиёи Марказӣ MediaCAMP Fest баргузор гардид ва аз 470 дархост доварон 39 нафар ғолибро интихоб карданд, ки дар миёни онҳо намунаҳои беҳтарин ҳам буданд.
Аммо аз тадқиқот оид ба миллионҳо, хонаҳои роҳбари алоқа ва маъракаҳои краудфандингӣ, дар фазои расонаии кишварҳои мо зиёд гуфтанд. Дар Қазоқистон ва Қирғизистон одамон на танҳо мегуфтанд, балки дар ин раванд ширкат варзиданд, дар Тоҷикистон ин масъала аз муҳокимаи маҷозӣ берун нарафт. Дар ин кишвар, аудитория ҳанӯз аз ВАО масофа мегиранд ва ҳама мекӯшанд, ки мушкилоти худро мустақилона ҳал кунанд. Мутаассифона, ҳоло ин кор ғайриимкон аст: ҳатто ВАО-и пурқудраттарини ҷаҳонӣ ба дастгирӣ ва садоқати аудиторияи худ ниёз дорад. Яке аз трендҳои расонаии соли 2019 — ҷалби аудитория, ки, мутахассисони соҳаи ВАО бо он соли гузашта сару кор доштанд, оҳиста оҳиста ба соли 2020 мегузарад. Яъне рӯзноманигорон минбаъд низ бо аудитория боз ҳам наздиктар мешаванд ва мушкилоти худро якҷоя ҳал мекунанд.