ДомойМедиалентаТок-шоу бидуни тамошобин. Кори расонаҳо ҳангоми коронавирус

Ток-шоу бидуни тамошобин. Кори расонаҳо ҳангоми коронавирус

Акнун дар  расонаҳои ҷаҳонӣ дастурҳои кориро дар шароити ҳолатҳои фавқулодда бозбинӣ карда истодаанд, кормандонро ба реҷаи корҳои фосилавӣ мегузаронанд ва дар ду ҳафта як маротиба рӯзномаҳоро нашр мекунанд. «Новый Репортер» муайян кард, ки дар он  кишварҳои ҷаҳон, ки шумораи зиёди беморони коронавирус мавҷуд аст, чӣ гуна кор мекунанд.

Таҷрибаи Италия

Дар Италия, расонаҳои онлайнӣ 90%-и вазифаҳои ҳаррӯзаро ба формати фосилавӣ интиқол доданд. Ин ба он оварда расонд, ки шумораи  мақолаҳо  ва баъзе рубрикаҳо кам карда шавад, хусусан дар ҳолатҳое, ки гузоришҳои тасвирӣ  аз ҷои ҳодиса додан лозим аст. Ё  бо чунин вариант: рӯзноманигорон бо коршиносон, ки дар хонаҳояшон қарор доранд, тавассути телефон мусоҳиба мекунанд.

Дар радио ва телевизион, барои мухбирон, ровиён ва гурӯҳҳои техникӣ, ки бояд  ба таври физикӣдар ҷойҳои корӣ ҳузур дошта бошанд, минтақаҳои корӣ барои ба ҳадди аққал расонидани иртибот ҷудо карда шуданд.

Дар баъзе минтақаҳо рӯзноманигорон маҷбуранд танҳо нишастҳои матбуотӣ ва брифингҳоро инъикос кунанд, ки баъзеи онҳо онлайн баргузор мешаванд ва ин ҳам миқдор ва сифати контентро маҳдуд мекунад.

Аммо ин чораҳо кафолати бемор нашудани рузноманигоронро намедиҳанд . Никола Порро, рӯзноманигори итолиёвӣ ва ровии телевизиони Quarta Repubblica аз ҷумлаи онҳое аст, ки мубталои коронавирус шудааст ва ҳоло дар хонааш дар гушаи узлат аст. Дар мусоҳиба бо нашрияи маҳаллии Il Giornale, вай дар бораи таваҷҷӯҳи зиёди дӯстон ба беморияш нақл кард:

— Ҳамин ки шумо «коронавирус» мегӯед, сензураи иҷтимоӣ оғоз меёбад. Фикри асосӣ дар ин рӯзҳо он аст, ки шумо ба одамони атрофатон зараррасон мешавед. Ҳар касеро, ки ман вохӯрдаам бояд ба карантин гирифта шавад, ин маънои онро дорад, ки ман барои ӯ мушколоти калон сохтаам.

Тағйирот дар фаъолияти нашрияҳои бузурги байналмилалӣ

Дар посух ба ҷорӣ шудани вазъияти фавқулодда дар баъзе иёлотҳои Амрико, оҷонсиҳои иттилоотии миллӣ-The New York Times, The Wall Street Journal ва CNN сафари кормандонашонро, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар саросари ҷаҳон, маҳдуд кардаанд. Дар ҳамин ҳол, нашрияҳои хабарӣ ҳанӯз пурра ба формати кори фосилавӣ нагузаштаанд.

Дар айни замон, кор дар редаксияҳо босуръат идома дорад — бисёр гурӯҳҳо матлабҳои хабарии эксклюзивӣ ва мурамеро таҳия карданд, ки хеле зуд машҳур гаштанд. Масалан, CNN подкасти ройгони ҳаррӯзаи Coronavirus: Fact vs. Fiction-ро роҳандозӣ кард, ки онро мухбири махсуси мавзуъҳои тиббӣ -Санҷай Гупта мебарад. Quartz фиристаҳои хабарии Coronavirus: Need to Know бо гирдоварии хабарҳои муҳим роҳандозӣ кард. USA Today лоиҳаи Coronavirus Watch -ро шуруъ намуд, ки ба саволҳои хонандагон дар бораи коронавирус ҷавобҳои дуруст медиҳад. Нашрияҳои маҳаллӣ, аз қабили The Dallas Morning News , нақл мекунанд, ки чӣ гуна пандемия ба Техас ва техасиҳо таъсир мерасонад.

Максвелл Тани аз Daily Beast гуфт, ки дигар нашрияҳо барои роҳоӣ ёфтан  аз вирус чораҳои нодири пешгирикунанда андешидаанд:

— Ҳафтаи гузашта, Генри Блодҷет, директори генералии Business Insider ба кормандонаш паёми электронӣ ирсол намуда, дастфишории  алтернативиро ҳангоми мулоқот бо ҳамкасбон пешниҳод кардааст, масалан, бо оринҷҳо ё бо пойкубӣ ба замин.

Панҷ тавсия ба нашрияҳо барои кор дар шороити бӯҳронӣ:

Дастури нави иттилоотӣ.Бӯҳрони коронавирус дастури нав барои расонаҳо ташкил дод: ҳоло диққати асосӣ ба инъикоси  ҳоалтҳои эпидемиявӣ равона шудааст. Инчунин, аз мавзӯъҳои ҳатмӣ барои инъикос баъзе чорабиниҳо ва вохӯриҳои иттилоотӣ ба ҳафтаҳои оянда гузаронда шуданд. Аз як тараф, ин аз расонаҳо ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии инъикоси чорабиниҳои банақшагирифтаро талаб мекунад; аз ҷониби дигар, ин халои иттилоотӣ метавонад барои пешниҳоди мавзӯъҳои нав истифода шавад, ки дар ҳолатҳои дигар хонанда пайдо карда наметавонистанд.

Ҷустуҷӯи дидгоҳҳои нави иттилоотӣ. Бисёре аз расонаҳо аллакай дар бораи оқибатҳои ин бӯҳрон фаротар аз маҳдудаи соҳаҳои тандурустӣ ва иқтисод сӯҳбат мекунанд. Ин эпидемия ба бисёр бахшҳои тиҷорат таъсир расонидааст ва баъзе ширкатҳо тасмимҳое доранд, ки метавонанд дар ҳалли ин вазъ кӯмак кунанд. Ин гардишҳо метавонанд барои эҷоди сужаҳои марбут ба бӯҳрон воситаи муфид бошанд.

Корҳо мустақилона . Ҷорӣ намудани кори фосилавӣбарои редаксияҳо навоварӣ нест, балки тағйирот дар муносибати журналист ва расона аст. Нашрия ба корандони ғайриштатиаш фаъолиятро бо роҳи бештар инфиродӣ оғоз мекунад. Акнун, шояд вақти беҳтарин барои кор дар мавзӯъҳои мураккаб, мусоҳибаҳо, гузоришҳое бошад, ки дар шароити дигар вақти кофӣ барои иҷрои чунин корҳо ёфтан мушкил аст. Донистани муҳаррирон аз маҳоратҳои рӯзноманигоронашон, рағбату эҳтиёҷоташон метавонад пешгирии беҳтарин барои коронавирус бошад, яъне мавриди он аст, ки мақолаҳои мураккабтар фармоиш  диҳед.

Бӯҳрони коммуникатсионӣ. Баъзе чораҳое, ки дар натиҷаи бӯҳрон аз ҷониби ҳукумат андешида шудаанд, хоҳу нохоҳ ба бисёр ширкатҳо таъсир расонданд: норасоии маҳсулот дар бозору мағозаҳо, бекор кардани чорабиниҳои калон, консертҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва бисёр чизҳои дигар. Ҳамаи ин созмонҳо бояд ба сенарияи бӯҳронӣ омода шаванд. Ҳалли дуруст баро ВАО тартиб додани нақшаи иртиботҳои бӯҳронӣ аст, ки вақти аксуламал ба дархост мутаносиб бо зарар аст ва метавонад боиси таъхир дар корҳо гардад . Ба ибораи дигар, акнун бояд ба суръати пешниҳоди иттилоот бартарӣ дода шавад.

 Иртибототи дохилӣ. Иртиботи доимӣ бо кормандон хеле муҳим аст. Ҳама аъзои ташкилот бояд аз он чизе, ки дар нашрия рух дода истодааст, огоҳ бошанд. Ба ҳамин монанд, бояд системаи алоқае ҷорӣ карда шавад, ки дар бораи ҳар гуна мушкилоти марбут ба саломатии кормандони ширкат хабар диҳад ва барои фавран қабул намудани протоколҳо дар мавриди амалҳои фавқулодда имкон диҳад.

Мавод дар асоси нашрияҳои DircomfidentialNiemanlab омода шудааст.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ