ДомойМедиалентаЧӣ гуна подкастҳои тоҷикӣ дар Афғонистон ва Эрон аудитория меҷӯянд

Чӣ гуна подкастҳои тоҷикӣ дар Афғонистон ва Эрон аудитория меҷӯянд

Подкастҳо дар бозори расонаҳои тоҷик  падидаи наванд, аммо онҳо метавонанд ояндаи дурахшон дошта бошанд: далел ин аст, ки  мухотабони эҳтимолии подкастсозони тоҷик сокинони худи ҷумҳурӣ ва ҳамчунин аҳолии Афғонистон ва Эрон мебошанд. Маҷмӯъан, дар ин се кишвар 125 миллион нафар зиндагӣ мекунанд ва ин як бозори бузург барои истеҳсолкунандагони ватанӣ мебошад.

Зеваршои Муҳаммад, котиби генералии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, ки  солҳои тӯлонӣ бо бахши форсии радиои БиБиСи ҳамкорӣ мекунад, мегӯяд: “Медонед, афғонҳо вақтҳои охир дар бораи коронавирус бисёр сурудҳо эҷод кардаанд, ҳатто рэп ҳам ҳаст.” Ӯ мусиқии шинохтаи афғониеро  пахш мекунад, ки дар он ҳақиқатан  дар бораи коронавирус ва дар бораи даъват  аз духтари пурасрор барои дар карантин хилват кардан ва  дунёро аз хотир баровардан  месароянд. Зеваршо ба таври мунтазам навигариҳои бозори шоу-бизнеси Афғонистонро пайгирӣ мекунад, аз ин рӯ сурудҳои тоза дар бораи коронавирус ҳам  аз тавваҷҷуҳи ӯ дар канор  намондаанд. Гап сари он аст, ки ӯ ҳар ҳафта шарҳи навгониҳои мусиқиро, ки дар се кишвар – Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон пайдо мешаванд, омода менамояд ва  дар подкасти муаллифии худ – ZewarshoW– интишор мекунад.

– Умуман, ман се подкаст дорам: шарҳи навигониҳои мусиқии тоҷикӣ, афғонӣ ва эронӣ , сипас мусоҳиба бо одамони ҷолиб ва дар моҳи март як рубрика дорам,  ки он доимӣ нест,  ва ба Наврӯз бахшида шудааст. Дар он шоирону ҳунармандони маъруфи мо дар бораи Наврӯзи замони кӯдакии худ ба ман нақл карданд. Хеле  нақлҳои ҷолиб, масалан, Гулрухсор (Гулрухсор Сафиева, шоири маъруфи тоҷик) ба ёд овард, ки дар замони кӯдакии ӯ  дар Наврӯз, кадуро, ҳамон тавре ки дар Ҳеллоуин мебуранд, омода мекарданд  Ман умуман дар бораи ин чизҳо намедонистам! Ва дар Исфара Наврӯзро “Иди гули лола” меномиданд ва ҳама   ба теппаҳо баромаданда уро пешвоз мегирифтанд, -мегӯяд Зеваршо.

Подкастҳояшро ӯ дар як ҳафта се маротиба нашр мекунад. Қаблан, ӯ танҳо шарҳи 10 дақиқагии мусиқӣ дошт, аммо дар аввали соли равон Зеваршо ғолиби озмуни грантҳои “Интернюс Тоҷикистон” барои истеҳсоли контенти ватанӣ шуд ва ба афзоиши контент шурӯъ кард. Подкастҳояшро  ӯ дар платформаи Anchor нашр мекунад, ки ин ба таври автоматӣ контентроро ба майдонҳои дигар паҳн мекунад, масалан, ба  Google Podcasts, Apple Podcasts ва Spotify. Зеваршо ҳар як нашрро дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ҳам пеш мебарад ва онро бо шарҳҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ  такмил медиҳад. Дар асл, ин як забон , аммо хаташ гуногун аст: тоҷикон алифбои кирилиро истифода мебаранду афғонҳо ва эрониҳо алифбои форсиро. Воқеан, барои он ки ин кишварҳо  фазои умумии расонаии дошта бошанд, ин як монеаи ҷиддӣ  аст, аммо подкаст дар ин замина формати беҳтаринест, ки мардумони ин се давлат метавонанд дар бораи якдигар бидонанд.

– Шавқу рағбат зиёд аст, масалан, тоҷикон телевизионҳои афғонӣ ва эрониро бо як завқ тамошо мекунанд, мардуми Эрон ва Афғонистон бошанд ба зиндагӣ дар кишвари мо хеле таваҷҷӯҳ доранд. Хат дигар аст, аммо забон як аст, мо ҳамдигарро хуб мефаҳмем,- шарҳ медиҳад Зеваршо.

Ҳоло аудитроияи асосии подкасти ZewarshoW дар Русия зиндагӣ мекунад (44%), ин муҳоҷирони меҳнатӣ ва  донишҷӯёне ҳастанд, ки дар он ҷо таҳсил мекунанд. Дар ҷои дуюм сокинони Тоҷикистон мебошанд (37%). Зеваршо шарҳ медиҳад, ки бо дарназардошти гаронӣ ва суръати номатлуби Интернет дар дохили кишвар, подкастҳо барои аудиторияи ватанӣ формати хеле мувофиқ мебошанд: онҳо трафики зиёдро талаб намекунанд ва онҳоро метавон аз офис ё  қаҳвахонае, ки ба Wi-Fi дастрасӣ дорад, боргирӣ намуда,баъдтар гӯш кард. Бисёр шунавандагони тоҷик аллакай кайфияти онро эҳсос карданд ва шумораи тамошобинон меафзояд. Гузашта аз ин, Зеваршо мекӯшад чунин қаҳрамонҳо ва мавзӯъҳоеро барои подкастҳояш интихоб кунанд, ки онҳоро дар расонаҳои дигар пайдо кардан мушкил аст.

– Дар подкасти “Набзи зиндагӣт” ман мусоҳиба дорам, ки на танҳо ҳунармандон ва шоирони маъруфро, балки мардуми оддиро низ даъват мекунам, аммо инсонҳои хеле ҷолибро. Масалан, ман аллакай сабти мусоҳибаҳоро бо ду қаҳрамон дорам, ки маро ба ҳайрат оварданд: якум – марди 81 сола, ки донишҷӯи соли 3-юми филологияи рус аст ва ба донишгоҳ бо наберагон ва аберагонаш меравад. Қаҳрамони дуюм,  ки  90-сола аст, дар тамоми деҳа ягона зардуштӣ буда, ба анъанаҳо ва расму оинҳои диниаш эҳтиромона муносибат мекунад. Ҳарду қаҳрамон аҷибанд, ана бо онҳо, масалан, ман  барнома хоҳам дошт,- ваъда медиҳад Зеваршо.

“Форсҳо радиоро хеле дӯст медоранд”

Зеваршо, ки бештари умри касбии худро дар радио гузарондааст, дар аввали соли гузашта бо подкастҳо кор карданро шурӯъ кард. Вай шарҳ медиҳад, ки чаҳор сол аст, ки ба подкастҳо бо забонҳои форсӣ, англисӣ ва русӣ диққат медод ва мунтазири пайдо шудани чизи худӣ дар бозори Тоҷикистон буд. Интизориаш тул кашид ва лоиҳаи худро оғоз кард, сипас  дигарон пайдо шудан гирифтанд.

– Дар аввали соли гузашта дар бозори подкастҳо ҳеҷ кас набуд, аммо баъд пайдо шуданд. Ҳамкасбон лоиҳаҳои хуб доранд, ягона камбудиашон ин аст, ки бисёриҳо ба сифати садо аҳамият намедиҳанд. Аммо вақте ки шумо подкастҳо месозед, чизи асосӣ садо аст. Ман мефаҳмам, ки бачаҳо на ҳама вақт медонанд, ки дар кадом бино подкастҳоро сабт кардан мумкин аст ва дар кадомаш не ; на ҳама таҷҳизот ва таҷрибаи корӣ дар радио доранд. Дар ин масъала барои ман осонтар аст, – мегӯяд ӯ.

Зеваршо тавзеҳ медиҳад, ки як  ҷанбаи хуби дигари подкастҳо дар Тоҷикистон соддагӣ ва арзонии маҳсулот аст. Масалан, агар ноутбук ва барномаи Adobe Audition барои  танзим бошад, танҳо 200 доллар барои хариди таҷҳизоти оддӣ (петличка, диктофон)лозим аст ва метавон корро оғоз кард. Ба ҳисоби миёна барои омода кардани як подкасти давомнокиаш нимсоат барои Зеваршо тақрибан 3-4 соат вақт,  ҳамроҳ бо сабти мусоҳиба лозим аст; барои шарҳи мусиқӣ каме бештар лозим аст, зеро бояд навгониҳоро дар шабака ҷустуҷӯ кард.

– Ба роҳ мондани  истеҳсол на чандон  мушкил аст, чизи асосӣ  ёфтани мавзӯи подкаст аст, то ин ки ба аудитория ҷолиб бошад. Ва ин ҳам душвор нест:  якум,дар бозор рақобат вуҷуд надорад  ва дуввум, мардуми мо аллакай аз забони мураккаби тоҷикӣ, ки дар шабакаҳо ва радио истифода мешаванд, хаста шудаанд, талаботи зиёде ба забони оддии муошират ҳаст, ки ба ҳама фаҳмо бошад,- мегуяд ӯ.

Зеваршо ба ёд меорад, ки соли 2011 дар Кобул, замоне ки тамоюл ба журналистикаи чандрасонаӣ нав оғоз меёфт, яке аз рӯзноманигорони бахши форсии ББС, ки муддати тӯлонӣ дар Лондон кор карда буд,  ба он шубҳа дошт, ки дар чунин кишварҳое ба монанди Тоҷикистон ва Афғонистон оё талабот ба формати нав  сурат мегирифта бошад.

– Он гоҳ ӯ дуруст гуфт, ки форсҳо радиоро хеле дӯст медоранд  ва онҳо муддати дароз мухлисони ӯ хоҳанд буд,  воқеан журналистикаи  чандрасонаӣ  ба аудиторияи мо «ворид шуд», аммо муҳаббат ба радио дар ҳақиқат боқӣ монд. Бояд гуфт ки,  маҳз ҳоло подкастҳо имкониятҳои калон доранд, -мегӯяд Зеваршо.

Дар мавриди даромад ба даст овардан., ростӣ алҳол подкастсозон дар Тоҷикистон қариб ки пул кор намекунанд, дар ҳар сурат, Зеваршо ин гуна мисолҳоро намедонад. Дар ҳамин ҳол, панҷ сол пеш, ҳеҷ яке аз ютубчиёни маҳаллӣ тасаввур карда наметавонистанд, ки дар ин платформа пул кор мекунанд, аммо ҳоло блогнависон  аз  лоиҳаҳояшон  маблағ ба даст меоваранд.

– Ду ё се сол пас, умедворам, ки бо подкастҳо низ чунин ҳодиса рӯй хоҳанд дод, онҳо ҷои худро пайдо мекунанд ва одамон пул кор карда метавонанд, -мегӯяд Зеваршо.

Танҳо зарур аст, ки подкастсозон зиёдтар бошанд, то ҳар як шунаванда  мувофиқ ба завқи худ чизе ёбад. Ин мисли бозор аст, агар танҳо як фурӯшанда  бошад, харидорон дилгир мешаванд, аммо вақте савдогарон бо маҳсулоти хуб ва гуногунранг бештар мешаванд, мардум низ зиёд мешавад.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ