ДомойНақди РасонаӣЧӣ гуна телевизиони Тоҷикистон дар бораи Рӯзи Ғалаба хабар дод?

Чӣ гуна телевизиони Тоҷикистон дар бораи Рӯзи Ғалаба хабар дод?

9 май ҳамасола дар бархе давлатҳои собиқ шӯравӣ ҳамчун Иди Ғалаба бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Имсол аз ғалаби мардумони кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ бар фашизм 75 сол шуд. Аммо вазъи эпидемиологии хуруҷи COVID19, ба сиёсати барномасозии шабакаҳои телевизионии на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки хусусии кишвар таъсири худро расонд.

“Шабакаи аввал”

Табрикоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Иди Ғалаба, як рӯз қабл аз 9 май тариқи барномаи “Ахбор” нишон дода шуд. Президент дар мавриди саҳми тоҷикистониён дар фронту дар ақибгоҳ гуфту мардуми кишварро бо ин санаи муҳим табрик намуд. Ҳамчунин дар сухани худ, сарвари давлат, оид ба вируси COVID19 низ гуфту мардуми кишварро даъват кард, ки ба таҳлука наафтанд.

Барномаи “Ахбор”-и 9 май бо cужае дар бораи гузоштани гулчанбар аз ҷониби Президенти давлат Эмомалӣ Раҳмон ва якчанд мансабдор дар назди оташи абадии “Боғи ғалаба” шурӯъ шуд. Дар ин рӯз, саҳнае театрии “Ишқи ватан”, ки оид ба иштироки шоир Ҳабиб Юсуфӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), аз ҷониби ҳунармандони театри драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, пешкаши тамошобинон шуд. Баъд филми ҳунарии “Легенда тюрьмы Павиака” сар шуд. Қаҳрамонони ин филм халабонони тоҷик мебошад, ки аз зиндони сиёсии Варшава Павиак фирор кардаанд. Ҳамчунин дар ин рӯз, “Шабакаи аввал” филмеро бо иштироки “Мистер Бин” намоиш дод.

ТВ “Сафина”

Барномаи “Навид”-и ТВС ҳам санаи 8 май, бо табрикоти Президенти кишвар оғоз шуду, баъдан таври анъана сужаҳо оид ба корҳои профилактиву безараргардонии шаҳру навоҳии кишвар, духтани ниқобҳои муҳофизатӣ (тиббӣ) дар саросари кишвар намоиш додаву аз мардум даъват карданд, ки ба қоидаҳои гигиёнӣ риоя намоянд.

“Навид”-и 9 май бошад, мисли “Шабакаи аввал” аз гузоштани гулчанбар дар назди оташи абадии “Боғи ғалаба”аз ҷониби роҳабари давлат ва якчанд мансабдор шурӯъ шуд. Баъдан боз ҳам чанд сужаи дигар дар бораи безараргародонии ҷойҳои ҷамъиятии пойтахту дигар минтақаҳои кишвар намоиш дода шуд.

Бахшида ба ҶБВ дар ТВС аз ҷониби ҳунармандони театр шеъри “27 миллионов…” бо забони русӣ, бе ишора ба муаллифи шеър, хонда шуду як барномае бо истифода аз хроникаҳои филмҳои гуногун дар бораи нақши тоҷикистониён намоиш дода шуд. Дар барномаи зикршуда ба таври мухтасар оид ба саҳми Тоҷикистон дар фронту ақибгоҳ ва қаҳрамонони он замон Туйчи Эрджигитов, Сафар Амиршоев якчанд сухан ҳам гуфтаанд. Ҳамчунин дар барномаи “Як рӯзи тақвим”-и ин шабака оид ба Иди Ғалаба гуфтанду баъд филми ҳунарии “Сталинград”-и  Федор Бондарчукро дар бораи ҶБВ нишон доданд.

http://www.president.tj/

ТВ Ҷаҳоннамо

Ба фарқ аз “Шабакаи аввал” ва ТВ “Сафина”, шабакаи “Ҷаҳоннамо” тибқи шакли худ бештар ба пахши иттилоот ва барномаҳои таҳлилӣ машғул аст. Дар муддати ду рӯзе, ки барномаҳои онро тамошо кардем, оид ба шумораи беморони коронавирус дар тамоми ҷаҳон маълумот гирифтему барномаи дуюмеро бо иштироки доктор Ораш Алоӣ низ тамошо кардем.

Дар барномаҳои иттилоотии ин шабака низ, санаи 9 май, оид ба гузоштани гулчанбар аз ҷониби Президенти кишвар дар “Боғи Ғалаба” гуфтанду сухани табрикотии сарвари давлатро пешкаши тамошобинон карданд. Аммо дар бораи Иди Ғалаба ё умуман ҶБВ ягон барномаи вижае тариқи ин шабака нишон дода нашуд.

Шабакаҳои мусталиқили Суғд чӣ намоиш доданд?

Одатан, ҳамасола 9 май шабакаҳои маҳаллии мустақили вилояти Суғд тамоми рӯз барномаҳои худро ба Иди Ғалаба мебахшиданд ва дар баробари хабару гузоришҳо дар ин мавзӯъ, ҳамчунин лавҳаю очеркҳо аз ҳаёти иштироркчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ё қаҳрамонони ақибгоҳ, телевикторина ва дигар барномаҳои тафреҳӣ ва филмҳои  ҳуҷҷатию бадеиро намоиш медоданд.

Ширкати телевизионии “СМ-1” дар сомонаи худ таҳти унвони “Пас аз 2 рӯз ба Иди Ғалаба дар ҶБВ 75 сол пур мешавад. Оё ин ҷашн таҷлил мешавад?”  навиштааст, ки  “… аз ҳисоби ногувор будани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар мо натавонистем, бо онҳое, ки дар ҶБВ қаҳрамониҳо нишон доданд, мусоҳибае ташкил кунем. Корномаи иштирокчиёни ҶБВ дар дилу дидаҳои одамон ва саҳифаҳои таърих боқӣ мондааст. Шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст”  имрӯз ҳам рӯи кор аст.”

Дар рӯзи 9 май ин шабакаи телевизионӣ дар баробари табрики бинандагон бо Иди Ғалаба ҳамагӣ як гузориш аз ҳаёти иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қутбиддин Бузруков, ки ӯ ҳам ҳанӯз соли 1998 вафот кардааст, бо истифода аз маводҳои архиви хонаводагӣ, як лавҳа намоиш дод. Дар поёни лавҳа таъкид шуд, ки ҳоло дар вилояти Суғд 46 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд. Ва бо ҳамин,  дар ин шабака мавзӯи мазкур дигар пайгирӣ нашуд. Ҳатто маросими гулчамбаргузорӣ дар пояи Муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки ин дафъа бо ширкати роҳбарияти вилоят хеле хоксорона ва бидуни иштироки собиқадорони ҷанг ва меҳмонон сурат гирифт, инъикос нашуд.

http://www.president.tj/

Шабакаи телевизионии “Азия”, як расонаи хабарии хеле маъруфи дигар дар шаҳри Хуҷанд низ, аз намоиши барномаҳои махсус дар ин сана бинандагони худро маҳрум кард. Ҳарчанд дар барномаи субҳонаи  иттилоотӣ-фароғатии “Салом Хуҷанд”, муҷрии он бинандагонро бо Иди Ғалаба табрик гуфта, эълон дошт, ки имрӯз дар шабака барои бинандагон як қатор барномаҳои ҷолиби идонаро тақдим хоҳад кард, аммо минбаъд  дар ин шабака ҳамагӣ як шеър бо унвони “Жди меня…” дар иҷрои мактаббачагони маҳаллӣ ва омори интерактивии теъдоди собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд умр ба сар мебаранд, дигар чизи намоиш дода нашуд.

Ҳатто дар давоми рӯз ягон лавҳа ва ё очерке, ки ба ҳаёти имрӯзаи собиқадорони ҷанг марбут бошанд, пахш нагардид. Ягона коре, ки ин ширкат анҷом дод, сабти пурраи Паради ҳарбии бахшида ба Иди Ғалаба, ки соли 2019 дар шаҳри Москва сурат гирифта буд, ба намоиш гузошт.

Хулоса, муддате ду рӯзе, ки шабакаҳои телевизионии чумҳуриявӣ ва маҳаллии тоҷикро тамошо кардем, чунин суоле ба миён меояд, ки ба масъулини шабакаҳои ТВ чӣ намерасид, ки оид ба шумораи умумии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, васобиқадорони ақибгоҳ, ки то имрӯз дар қайди ҳаётанд, аз ҳолу аҳволи онҳо гузоришу барномаҳое омода кунанд?

Ҳамчунин аҷиб он аст, ки ҷаро ягон шабакаи телевизионӣ дар бораи саҳми тоҷикон дар ҶБВ аз забони худи ҷанговарон филме омода накарданд. Чун сол то сол шумораи собиқадорони ҶБВ кам шуда истодааст, агар имсол ҳам ягон барномаи кироие омода накарданд, солҳои баъдӣ дар ин рӯз шабакаҳои телевизионии тоҷик чиро намоиш хоҳанд дод?

Маврид ба ёдоварист, ки муддати 30 соли истиқлолият ягон филми ҳунарие аз ҷониби филмбардорони тоҷик дар асоси қаҳрамониҳои тоҷикон дар ҶБВ ба навор гирифта нашудаст, ки имрӯз шабакаҳои тоҷик онро намоиш диҳанд.

Пеш аз 10 рӯз то 9 май дар Тоҷикистон расман мавҷуд будани коронавирусро тасдиқ карданд ва тавре маълум шуд расонаҳои хабарӣ ба шарҳи ин мавзӯъ омода набуданд. Ва тавре маълум шуд, расонаҳо ҳамчунин ба шарҳу намоиши барномаҳо дар мавриди 9 май ҳам омодагӣ нагирифтаанд.

Тамошои шабакаҳо дар Суғд аз ҷониби Илҳоми Ҷамолиён анҷом дода шуд

Муҳайё Нозимова
Муҳайё Нозимова
Рӯзноманигор, коршиноси ВАО. Фаъолияти рӯзноманигории худро соли 2004 дар расонаҳои миллӣ ва байналмилалӣ оғоз кардааст. Аз соли 2012 то инҷониб бо таҳқиқоти журналистӣ машғул аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ