ДомойХудомӯзЧӣ гуна илм дар ВАО сарлавҳа месозад, оламро ба атрофиён омӯзонида, шӯхӣ...

Чӣ гуна илм дар ВАО сарлавҳа месозад, оламро ба атрофиён омӯзонида, шӯхӣ мекунад

Меъёрҳои журналистӣ  дар олами илм ба кор намеоянд. Расонае, ки дар ин раванд фаъолият мекунад, дигар роҳҳоро истифода мебарад. Александра Борисова, номзади илмҳои кимиё, президенти Ассотсиатсияи коммуникаторон дар соҳаи маориф ва илм дар бораи он нақл мекунад, ки чӣ гуна рӯзноманигорон бо олимон кор кунанд. Александра  роҳбарии нашрияи илмии ТАСС ва хабаргузории Газете.Ru -ро ба уҳда дошт.

Мастер-класси мазкур дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ (АРГО), дар ҷараёни 2-юмин онлайн — ҷашнвораи #MediaCAMPFest баргузор шуд.

Қаблан дар бораи илм наменавиштанд вале ҳоло ҳама чиз иваз шудааст

Даҳ сол пеш дар ВАО-и Русия хабарҳои илмӣ пайдо шуданд ва онҳо дар байни аудитория талаботи зиёд пайдо карданд. Масалан, то 10%-и аудиторияи моҳонаи сайти Gazeta.Ru ва 15% -и ТАСС маводҳои илмиро мехонанд.

Мавзуъҳои машҳуртарини илмӣ дар сомонаи Gazeta.Ru

22 июни соли 1941. Ин рӯз чӣ гуна буд

Гирифтани супер-моҳ

Давраи яхбандӣ пас аз 15 сол фаро мерасад

Мавзӯъҳои машҳуртарини илмӣ дар сомонаи ТАСС

Олимони Фаронсаву Русия дар яхбандии абадии Сибир як вируси бузурги хуфтаро кашф карданд.

Олимон: мумиёи кӯдаке, ки дар Ямал ёфт шудааст, ба асри 13-и мелодӣ рост меояд.

Телескопи Келлер сайёраеро кашф кард, ки тақдири Заминро миллиардҳо сол аз ин пас нишон медиҳад.

Васоити ахбори илмӣ дар Русия ҳар моҳ аудиторияи зиёд ҷамъ меоранд:

«Газета.ru. Наука» — 2 664 782

«Популярная механика» — 1 190 298

«Элементы» — 473 161

Ҳамзамон ду сомонаи илмӣ дар Русия хеле маъмуланд:

nplus1.ru

nkj.ru

Хабарҳои илмӣ аз хабарҳои тиҷорӣ ва сиёсӣ бештар аҳамият доранд

Муҳимтарин хабарҳои илмии соли 2020 ин COVID-19 мебошад. Дар бораи коронавирус рӯзноманигорони гуногун навиштанд: онҳо хабар таҳия карданд, омори беморонро гуфтанд, дар бораи ҷорӣ шудани карантин қисса карданд, яъне онҳо маҷмӯи далелҳоро истифода бурданд. Аммо барои тафсири он маводҳо — далелҳои илмӣ лозим буданд. Арзиши ҳар як мавод дар сурати доштани далелҳои илмӣ ба таври назаррас меафзояд.

Илм бо барқарор кардани робитаҳои сабабу натиҷа сарукор дорад. Аз ин рӯ, саволҳои «чӣ гуна?» ва чаро? » — ро аз олимон пурсидан бамантиқ аст.

 Сатҳи эътимод ба олимон дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон баланд аст

Илм бояд аз сиёсат ҷудо бошад. Аммо дар амал ин кори осон нест. Олимон аз ҷониби ҳукумат маош мегиранд ва аксар вақт ба онҳо фишор оварда мешавад. — Оё мардум ба илм боварӣ доранд? Масалан, дар Осиёи Марказӣ 32% ва дар ИМА, Канада — 26%-и аҳолӣ ба олимон эътимод доранд.

Дар илм ҳама чиз монанди одамон аст

Ҷанҷолҳои ҷинсӣ рух медиҳанд:

Дар соли 2018, дар як семинари Созмони Аврупоии Пажӯҳишҳои Ҳастаӣ (САПҲ) дар Женева профессори итолиёвӣ Алессандро Струмия иброз дошт, ки «физикаро мардон ихтироъ кардаанд ва сохтаанд». Бо ин гуфтааш ӯ ба мавҷудияти афзалиятҳо барои занони олим ишора кард. Вай изҳор дошт, ки олимони мард бештар ба табъизи ҷинсӣ дучор меоянд ва ин ба далоили сиёсӣ марбут аст.

Таҳқиқотҳои хандаовар анҷом дода мешавад:

Олимон: Пандаи азим нисфи калорияи одамонро истеъмол мекунад.

Биологҳо муайян карданд, ки маймунҳо ба майзадагӣ майл доранд.

Сӯйистифода мекунанд:

Воҳимаро пизишки маъруфи бритониёӣ бо номи Эндрю Вейкфилд ба вуҷуд овард. Дар соли 1998, ӯ ба тамоми кишвар эълон дошт, ки ваксинаи маъмулии сурхак ва паротит (дар Англия MMR номида мешавад) метавонад боиси ихтилоли ҷиддии кӯдакон — аутизм шавад. Мақолаи зидди ваксина аз ҷониби маҷаллаи бонуфузи тиббии Lancet нашр гардид. Баъдтар British Medical Journal (BMJ) натиҷаҳои тафтишоти мустақили парвандаи Вейкфилдро нашр кард. Маълум шуд, ки вай на танҳо дар ҳисобҳояш ба хатои дағал роҳ додааст, балки дидаву дониста натиҷаҳои корашро бофтааст.

Баъзан дар шуъбаҳои илмӣ, шӯхӣ мекунанд:

 

Чӣ гуна шарҳро аз олимон дуруст гирифтан мумкин аст?

Вазифаи асосии рӯзноманигорони илмӣ ёфтани шахси мувофиқ ва ба ӯ додани саволи дуруст мебошад. Журналистика инъикоси эпизодӣ аст, аммо дар соҳаи илм тадқиқот пайваста ҷараён мегирад ва мусоҳибаи олимонро фишурдан ба формати хабарӣ мушкилтар аст. Аммо олимон рӯзномаро пеш мебаранд, зеро илм тарзи пешниҳоди онро фаро мегирад.

Меъёрҳои тавозунии журналистӣ дар ҷаҳони илм шабоҳат надоранд. Бояд дар хотир дошт, ки назарияҳо ва равишҳои илмӣ дар натиҷаи муҳокимаву санҷишҳои дохилӣ дар муҳити илмӣ зинда монданд. Дар ҳоле, ки муҳаррирон дар нашрияҳо «андешаи дуюм» -ро талаб мекунанд.

Чизи асосӣ: ҳангоми сӯҳбат бо олимон ин пинҳон накунед, кии шумо дар бораи он мавзӯи илмӣ фаҳмиш надоред. Ваъда диҳед, ки пеш аз нашри мавод онро бо олим мувофиқа мекунед ва ваъдаатонро иҷро кунед. Дар журналистикаи илмӣ — ин вайрон кардани ахлоқ нест.

Бо сабаби ахбори илмӣ чӣ гуна муносибат кардан мумкин аст?

  • Дарк кардани мақола / хабар

Чӣ қадаре фаҳмидед, бихонед

  • Омӯхтани замина

Чаро таҳқиқот оғоз ёфт / саволе ба миён омад?

  • Дарёфти шаккок

Миёни олимон, касеро дарёфт кунед, ки мехоҳанд тафсири дигареро пешниҳод кунанд.

  • Фикр кунед, ки бо нашри ин мавод дар ВАО ки манфиат гирифта метавонад.

Кӣ сарпарастӣ кард?

Олимонро аз куҷо бояд ҷустуҷӯй кард?

  • Аз хадамоти матбуотӣ пурсед
  • Аз журналистони илм пурсед
  • Аз АКСОН пурсед
  • Ҷустуҷӯ дар сайтҳои ҷамъоварии ахбори илмӣ: «Илмҳои кушод» бо забони русӣ ва eurekalert.org бо забони англисӣ
  • Ҷустуҷӯ дар сомонаҳои ҷамъоварии ахбори илмӣ: «Илмҳои кушод» бо забони русӣ ва eurekalert.org бо забони англисӣ

Маълумоти бештар дар бораи ҷашнвора дар ин ҷо.

Ҷашнвораи #MediaCAMPFest аз ҷониби Интернюс дар доираи Барномаи #MediaCAMP, ки аз тарафи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (#USAID) маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.

Нурангез Рустамзода
Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ