Ҳафтаи сипаришуда мавзуи гузоришҳои барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо» ва «Сафина» ба сарфакунии қувваи барқ, таъмири заҳбурҳо ва китобхонӣ бахшида шуда буд. Дар бобати фарорасии Соли нави мелодӣ ва панҷгоникҳои қубодиёнӣ, ки руйдоди аввалин дар Тоҷикистон мебошад, касе гап назад.
«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»
Чун анъана блоки хабарҳои ҳафта аз итилооти расмӣ оғоз гардид. Хабар доданд, ки 30 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ нақшаи кории ҳукумат барои нимсолаи якуми соли 2021 баррасӣ карда шуд.
Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода дар бораи татбиқи барномаи чорсолаи рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон ҳисобот дод. Аз баромадаш маълум гардид, ки дар вилоят дар ин муддат 119 муассисаи таълимӣ ва 4 бинои шуъбаи маориф сохта шуда бошад ҳам, барнома ҳамагӣ 22,4% иҷро шудааст. Сарвари давлат ба иштирокдорони маҷлис муроҷиат намуда, супориш дод, ки барои сохтани мактабҳои нав ва азнавсозии биноҳои куҳна саҳм гиранд ё сармоядоронро ҷалб намоянд. Инчунин маълум шуд, ки дар вилоят омузгорон низ намерасанд.
Дастурҳои дигари сарвари давлат ба роҳбарияти сохторҳои марбута доир ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи байналмилалӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, таъмини нерӯи барқ ва гармӣ ба аҳолию дигар истеъмолкунандагон, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он дода шуд.
Дар робита бо ин иқдом, гузориши навбатӣ ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ бахшида шуда буд. Иттилоъ дода шуд, ки сард омадани зимистон ба кам шудани маҷрои дарё ва ҷамъоварии об сабаб шуд ва мо бояд сарфакории барқро дар хона ва муассисаҳо ёд гирем. Ба гуфтаи муаллифи гузориш, таҳлилҳо нишон доданд, ки сарфаи барқ ҳам барои буҷаи хонавода ва ҳам барои давлат манфиатовар аст. Аммо саволе ба миён меояд, ки бо зиёд шудани талабот ба барқ ва истеҳсоли барқи ватанӣ чаро мо боз ҳам аз набудани он танқисӣ мекашем.
Дар анҷоми гузориш корманди ШСШК “Барқи тоҷик” Аслиддин Назарзода иброз дошт, ки агар мо ҳисси миллӣ дошта бошем, бояд қувваи барқро сарфакорона истифода намоем. Агар ҳисси миллӣ дошта бошему аммо хунук хурем, чи кор кунем, нагуфта монд.
Дар бораи созандагӣ ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Тоҷикистон гузориши Равзалии Амон аз вилояти Суғд пахш гардид, ки ба сохтмони иншоотҳо ва ҷойҳои нави корӣ дар 18 шаҳру навоҳии он бахшида шуда буд.
Дар давоми ду шабонарузи гузашта дар миқёси ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторшавӣ бо бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Муаллифи гузориш Манучеҳри Сулаймон иброз дошт, ки ин хабарро аксарияти васоити ахбори омма, аз он ҷумла, шабакаи Евронюс иттилоъ доданд. Лекин бо вуҷуди ин бояд тадбирҳои зиддисироятиро риоя намоем, -чунин буд маънои асосии гузориши мазкур.
Дар бораи ҷойҳои осебпазири лаби дарёҳои вилояти Хатлон ва соҳилмустаҳкамкунӣ барои пешгирии офатҳои табиӣ гузориши Саидҷаъфари Маҳмадалӣ пешкаш шуд. Вай иброз дошт, ки дар ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ ва Балҷувон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дорад.
Гузориши Хуршедаи Наҷмиддин бошад, ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тақдими китоби “Тоҷикон” бахшида шуда, дар он олимон баромад намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки китобхонӣ, махсусан, мутолиаи китобҳои “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Тоҷикон дар ойинаи таърих”-и Эмомалӣ Раҳмон барои худро шинохтан ва аз унсурҳои бегона ҳифз намудани ҷомеа кумак менамоянд.
Гузориши охирин низ ба китобхонӣ ва ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба он бахшида шуда буд. Аҳамияти озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро таҳлил намуда, муаллиф Нуриддини Қурбон дар бораи муҳим ва саривақтӣ будани ин иқдом махсус таъкид намуд. Дар гузориш иштирокчиёни озмун низ баромад намуда, дигаронро барои хондани китоб даъват карданд.
«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»
Ҳамчун барномаи ҷамъбастии шабакаи “Тоҷикистон”, барномаи “Ҷамъбасти ҳафта” низ аз гузориши расмӣ оғоз гардид.
Дар қисми хабарҳои иқтисодӣ гузориши муфассал аз ноҳияи Дустӣ нишон дода шуда аз рафти омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон иттилоъ дода шуд. Маълум гардид, ки дар ноҳияи мазкур 136 иншооти ҷашнӣ, аз он ҷумла, майдони Парчами миллӣ дар арафаи супоридан аст. Ҳоло дар ин мавзеъ гулу ниҳолшинонӣ идома дорад. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо раванди омодагиҳо дар ноҳия шинос гашта, ҳамзамон ба иштирокчиён ва ғолибони озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ…” туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Гузориши навбатии Низомиддин Исоев ва Мирзои Муҳаммад аз ноҳияи Кушониён матраҳ шуда, характери танқидӣ дошт. Он ба мавзуи аз кор баромадани заҳбурҳои обкашӣ бахшида шудааст. Дар оғози гузориш хоҷагидорон Азиз Сулаймонов ва Назаралӣ Беков аз он шикоят карданд, ки 20 сол шуд заҳбурҳо корношоям гашта, 15-20% заминҳои хоҷагиҳои онҳоро вайрон карданд. Дар натиҷа деҳқонон натавонистанд ҳосили дилхоҳро ба даст оранд. Аз масъулин муовини раиси ноҳияи Кушониён баромад намуда, иброз дошт, ки дар ноҳия чунин мушкилот ҷо надорад. Дар баробари ин, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва олими соҳаи кишоварзӣ низ баромад намуда, аввалӣ иброз дошт, ки барои таъмири ҳамаи заҳбурҳо имконияти мусоид надоранд ва дуюмӣ фаҳмонд, ки бо техника ва тасмачархҳо тоза кардани онҳо роҳи ҳал нест. Ба гуфтаи олим, барои тоза намудани роҳи обҳои зеризаминӣ техникаи пурқуввати замонавӣ лозим аст. Дар стендапаш муаллиф манзараи заҳбуру заҳкашҳои пури лойро нишон дода, аз номи қаҳрамононаш фаҳмонд, ки онҳо аз уҳдаи ҳалли мушкилоти ҷойдошта ба танҳоӣ баромада наметавонанд ва аз давлат кумак мепурсанд.
Гузориши дигари барнома чун дар шабакаи “Тоҷикистон” ба баргузории озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ…” бахшида шуда, қаҳрамони он духтараки 10-сола бо номи Муҳиба аз ноҳияи Ҳамадонӣ буд, ки яке аз ғолибони озмун дониста шуд. Директори мактабе, ки дар он духтарак мехонад, таъриф кард, ки беш аз 200 нафар дар мактабашон довталаби озмун буданд ва дар натиҷа 21 нафар ба озмуни вилоятӣ роҳ ёфта, 3-тоашон дар озмуни ниҳоӣ иштирок намуданд. Омузгори Муҳиба низ аз дастоварди шогирдаш нақл кард.
“Ҳафт руз” , ТВ “Ҷаҳоннамо”
Гузоришҳои барномаи ҷамъбастии ТВ “Ҷаҳоннамо” ба мавзуъҳои муҳим, аз он ҷумла, сохтмону таъмири роҳҳои автомобилгард бахшида шуда буд.
Муаллиф Мирзоалии Раҳмон аз рафти корҳои тармиму таъмири роҳҳои асосии байнишаҳриву байнисарҳадӣ дар вилояти Суғд нақл намуд. Мусоҳибон аз муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳрҳои Исфара ва Конибодом дар бораи омодагии худ дар мавсими зимистон ва таъмири роҳҳои асосие, ки бо маркази вилоят мепайвандад, нақл намуданд. Гуфта шуд, ки таъмири роҳҳо барои сари вақт интиқол намудани молу махсулот ва таъмини шоистаи зиндагии мардум зарур аст.
https://www.youtube.com/watch?v=EjChPkr21AM
Журналист Марҷонаи Сабзалӣ гузориши худро ба мавзуи тақсими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бахшида, бори дигар ёдрас намуд, ки он аз муқаддима ва 6 фасл иборат аст. Мусоҳибаш мудири шуъбаи таърихи Академияи илмҳои ҶТ Абдулло Ғафуров бошад, таъкид намуд, ки китоби мазкур дар дунё бисер машҳур аст ва касе ки онро мутолиа мекунад, аз таърихи бои халқи тоҷик бархурдор мешавад.
Дар барномаҳои иттилоотии шабакаҳо дар бораи фарорасии Соли нави 2021, инчунин ба таваллуди панҷгоникҳо дар оилаи сокинони ноҳияи Қубодиён, ки бори аввал дар таърихи Тоҷикистон рух дод, ягон таваҷҷуҳ нашуд.