ДомойНақди РасонаӣҲадафи чоруми миллӣ, моҳиҳои “пешониғафс” ва буққаҳои белгиягӣ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар...

Ҳадафи чоруми миллӣ, моҳиҳои “пешониғафс” ва буққаҳои белгиягӣ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон аз 31 январ то 7 феврал

Ҳафтаи гузашта вилояти Суғд дар сархати гузоришҳои барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои телевизионӣ қарор дошт, чунки аз 2 то 5 феврал ба он ҷо Пешвои миллат сафари корӣ анҷом дода, якчанд корхонаҳои навро ифтитоҳ бахшиду ҷашни Садаро ҳамроҳи кишоварзони вилоят қайд намуд. «Тоҷикистон»-и ТВ «Точикистон», «Ҷамъбасти ҳафта»-и ТВ «Сафина» ва «Ҳафт руз»-и ТВ «Ҷаҳоннамо» танҳо гузоришҳои расмиро аз ин сафари президент пайгирӣ намуданд.

Майдон аз “Далерон”
Ҳафтаи сипаришуда барномаҳои ҷамъбастии телевизионҳои асосии мамлакат ба гуфтае “дам гирифтанд”. Таҳлилҳо ва гузоришҳои худӣ дар ин шабакаҳо умуман набуд. Эфири барномаҳои иттилоотиро пурра бо гузоришҳои расмӣ пур намуданд. Дар мисоли барномаи «Тоҷикистон»-и ТВ «Тоҷикистон» онро таҳлил мекунем.
Дар гузориши аввал, ки онро хадамоти матбуотии президенти кишвар омода намуд, аз сафари кории сарвари давлат ба вилояти Суғд, ки аз 2 то 5 феврали соли равон баргузор гардид, муфассал маълумот доданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар иди Садаи ниёгон, таъсиси боғҳои нав, мулоқоту суҳбат бо сокинони вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ифтихори иди бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф овардааст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Нахуст Пешвои миллат дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маргарин ва равғани зарди ҷамъияти дорои масъулиятиаш маҳдуди “Субҳи заррин” ва коргоҳи замонавии истеҳсоли гӯшти парандаи “Назар”, ки ҳарду ҳам аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каромат Назарова бо харҷи зиёда аз 5 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст, оғози расмӣ бахшид.
Дар гузориш гуфта шуд, ки коргоҳи нав дар як сол дар маҷмӯъ 360 тонна маргарин ва равғани зард истеҳсол мекунад.
Иқдоми дигари соҳибкори ватанӣ, ки дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат амалӣ гардид, таъсиси фабрикаи мукаммалу меъёрии парвариши чӯҷа ва коргоҳи истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда бо номи “Назар” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Бино бар гуфтаи Каромат Назарова, муассиси корхонаи паррандапарварии «Назар» , онҳо маҳсулоти худро бо тамғаи молии «Далерон» пешниҳод мекунанд ва ба шарофати иқдоми пешгирифтаи сарвари кишвар он аз боҷи гумрукӣ озод карда шуда барои интиқоли васеи маҳсулот ба кишварҳои ҳамсоя шароит фароҳам меорад.
Инчунин сарвари давлат ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон оғоз бахшид, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷумъабой Абдулҳакимов бунёд гардидааст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар корхонаи нави саноатӣ 22 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону бонувони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Дар навор чанд бону изҳор доштанд, ки имруз хурсандии худро пинҳон карда наметавонанд, чунки бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, 6 намуд маҳсулоти бомаззаи ватанӣ, аз он ҷумла, нони хушки реза (сухарики) ва картошкаи бирёни қоқ (чипси) истеҳсол менамоянд.

Гусфанди зебо ва буққаҳои хориҷӣ
Худи ҳамон рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хати нави технологии коркарди пиёз дар ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Хуҷанд-агро”ва бо намунаи маҳсулоти истеҳсолии коргоҳи “Кабири Хуҷанд”шинос гардид, ки аввалӣ бо коркард ва банду басти меваю сабзавот ва хушконидани он ва дуввумӣ бо истеҳсоли 50 намуд маҳсулоти гуштӣ машғул аст.
Дар гузориши хадамоти матбуот зимни сафари корӣ дар вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи интенсивӣ дар масоҳати 7 гектар асос гузошт, ки дар он сиёҳолу ва зардолуи навъи “мирсанҷалӣ” парвариш карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ бо саҳми хоҷагиҳои кишоварзӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар минтақаи Султонобод дар майдони 300 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд мегарданд, ки меваҳои дарахтони боғҳои нав асосан ба содирот нигаронида шудааст. Аз рӯи маълумоти мутахассисон боғҳои интенсивӣ назар ба боғҳои анъанавӣ аз лиҳози иқтисодӣӣ бештар манфиатовар буда, дар кишвар аллакай солҳост, ки таҷриба шудааст ва дар зарфи се-чор сол ба ҳосил медарояд. Инчунин сарвари давлат барои минбаъд зиёд намудани майдони боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ супориш дод. Иттилоъ дода шуд, ки ин намуди боғҳо нисбат ба боғҳои маъмулӣ серҳосил буда, ҳамчунин дарахтони он тезтар ба ҳосил медароянд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров президенти кишвар аз намоиши кишоварзӣ боздид намуд, ки дар он ба ғайри дарахтони серҳосил, инчунин навъҳои хушзоти чорвои калони ширдеҳ, аз он ҷумла, зоти навъи тоҷикӣ, буққаҳо ва говҳои ширдеҳи намуди сементал ба маърази тамошо гузошта шуданд. Гуфта шуд, ки ҳар як модагови навъи мазкур метавонад аз 22 то 35 литр шир диҳад.
Бино бар гуфтаи чорвопарвар Ҷеффри Дилон, ки аз Австралия барои зисти доимӣ ба Тоҷикистон омада, айни замон дар вилоят бо парвариши бузҳои куҳии навъи алпин машғул аст, ин намуди ҳайвонот шири барои кӯдакон ва пиронсолон муфидро истеҳсол менамояд.
Тавре Маъруфҷон Шарифиён, сардори шуъбаи чорводории раёсати кишоварзии вилояти Суғд иттилоъ дод, «ба қарибӣ мо тухми белгиягї оварда, бо говҳои маҳаллии сиёҳаъло бордор кардем ва ду буққаи белгиягӣ ба даст овардем, ки дар яксолагӣ вазни ҳар яктояш то 500-600 килограмм мешудааст». Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом барои оянда таъмин намудани аҳоӣ бо гӯшт мусоидат намудаа, чорводорон тасмим гирифтаанд онро марҳила ба марҳила зиёд намоянд.
Аз ҳама аҷиб муаллифони гузориш гусфанди ҳисориро муаррифӣ карданд. «Ин навъи гусфанд аз лиҳози банду баст, ҷуссаву зебогӣ нотакрор буда, сирф зоти маҳаллӣ ва хоси Тоҷикистон аст», — гуфта шуд дар гузориш.
Рузи 3 феврал Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти корхонаҳои воҳиди давлатии «Дӯзандагӣ» ва «Пойафзолбарорӣ»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд.
Ҳадаф аз таъсиси коргоҳҳои мазкур- таъмини ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо сару либоси низомӣ ва бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинон, хусусан, бонувони маҳаллӣ мебошад. Бинои коргоҳҳои истеҳсоли либоси низомӣ ва пойафзол бо шароити зарурӣ таъмин карда шуда, дорои дастгоҳу таҷҳизоти муосир мебошад.
Дар гузориш нишон дода шуд, ки дар баробари бонувон барои духтани либоси низомӣ ва пойафзолбарорӣ сарбозон низ ҷалб гардидаанд.
Инчунин муаллифон иттилоъ доданд, ки дар коргоҳи пойафзолбарорӣ раванди кор аксаран дастӣ сурат мегирад ва мутахассисон бо истифода аз таҷрибаи баланд пойафзоли босифат барои сарбозону афсарон истеҳсол менамоянд.

Моҳиҳо дар об, фазанҳо дар ҳаво
3 феврал президенти ҷумҳури дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз гармхонаи замонавии ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “ММК Агро” дидан намуда, дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили помидор ширкат варзид.
Соҳибкор Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров дар сӯҳбат иброз дошт, ки гармхона инноватсионӣ буда, дар технологияи парвариш аз Кореяи Ҷанубӣ харидорӣ карда шудааст. Дар ин ҷо кӯчати булғорӣ, помидор ва ҳандалак парвариш карда шудааст.
Рузи дигар сарвари давлат дар деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бунёди боғи интенсивии ҶДММ “Боғпарвари Суғд”, ташкили гармхонаи замонавӣ ва оғози кишти картошка иштирок намуда, дар ин макони хушбоду ҳаво, ки дар соҳили дарёи Сир ҷойгир аст, ниҳол шинонид.
Дар наворҳо деҳқонон ғайриоддӣ ба назар мерасиданд, чунки ғайрчашмдошт дар тан ҷомаҳои навдухти беқасаб ва рӯмолбандро дар миён баста, сохтакорона бо белу кетманзанӣ машҳул буданд, ки кубҳи гузоришро ба маротиб коҳонд.
Сарвари хоҷагӣ Абдумубин Абдушукуров дар баромадаш афзуд, ки иқдоми навбатии роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон дар самти дастгирии кишоварзон дар бораи аз андози ягонаи замин озод кардани хоҷагидорон дар соли 2021 боиси дилгармии онҳо гардидааст ва акнун деҳқонон саъй доранд, ки ҳиссаи хешро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат бештар созанд.
Инчунин президенти кишвар бо фаъолияти муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бунёди боғи интенсивии сиёҳолуи навъҳои “Стенлей” ва “Венгерка” ошно шуд.
Дар гузориш инчунин гуфта шуд, ки дар “Боғи миллии Ваҳдат” аз соли 2018 инҷониб парвариши моҳӣ низ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар чор ҳавзи моҳипарварӣ дар масоҳати умумии 1,4 гектар қариб 13 ҳазор сар моҳиҳои навъи “амури сафед”, “пешониғафс” ва “сазан” парвариш карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар ҷараёни боздид, бо фармони президент ба хотири амалӣ намудани “Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба ин ҳавзҳо боз 15 ҳазор сар моҳии навъҳои “амури сафед”, “пешониғафс” ва “сазан” сар дода шуданд.
Ҳамчунин дар боғ ҷиҳати татбиқи “Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Пешвои миллат 200 сар парандаи фазанро ба боғ сар дод, ки хотирмон буд.
Ва дар анҷоми барнома гузориш аз иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Сада аз саҳни чойхонаи муассисаи давлатии «Қасри Арбоб»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намоиш дода шуд. Дар наворҳо духтарони зебо назди дарвозаҳои рамзӣ сарвари кишварро пешвоз гирифта, ҳунармандон аз ҳисоби мардон бо завқ бо лаъличаҳо сурудҳои анъанавии маҳаллиро замзама намуда, президентро “Хуш омадед” гуфтанд.
Дар тантанаҳои идона меҳнаткашони 18 шаҳру ноҳияхҳои вилояти Суғд иштирок карда, маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд. Муаллифони гузориш, аз ҷумла иттилоъ доданд, ки «иди Сада, ки дар аҳди қадим, махсусан замони Сомониён, бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол гирифта мешуд, дар даврони соҳибистиқлолӣ рукну оинҳои он аз нав эҳё гардид ва халқи тоҷик онро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд».

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар ҷашни Садаи имсола, ки бо шукӯҳу шаҳомати баланд таҷлил гардид, намоиши техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.
«Ин ҷашн барои хоҷагидорони ноҳияҳои Шаҳристон ва Деваштичи вилояти Суғд хотирмону фаромӯшнашаванда боқӣ мемонад, зеро даҳҳо адад техникаи наву замонавии кишоварзӣ аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо туҳфа карда шуд», — чунин хабар доданд дар гузориш.
Як чизи дигари хотирмон аз ҷашни Сада дар вилояти Суғд – дар дегҳои калонҳаҷм ба миқдори як тоннагӣ омода намудани оши палав ва ҳалво аз ҷониби кадбонувони суғдӣ мебошад.
Чунин буданд барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои телевизионӣ, ки қариб ду соат идома дошта, аз ҷониби хадамоти матбуотии президенти ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо телевизионҳои кишвар омода гардид.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ