ДомойНақди РасонаӣЛибоси мактабии истеҳсоли ватанӣ, аммо бехаридор. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии...

Либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ, аммо бехаридор. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 7 то 14 феврал

Ҳафтаи сипаришуда дар шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» сифати либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ ва дар “Сафина” – шахсӣ намудани боғи истироҳатӣ-фароғатии ноҳияи Қубодиён хуб масъалагузорӣ шуда, ҷиҳати танқидӣ ҳам доштанд. Маводи омоданамудаи «Ҷаҳоннамо» бошад, ба сохтмони манзил бахшида шуда буд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»

Дар гузориши аввали расмӣ, ки аз ҷониби худи шабака омода гардид, аз ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо иштироки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини раиси Ҳукумати ФР Алексей Оверчук иттилоъ доданд, ки 8-9 феврал дар шаҳри Москва баргузор шуд. Дар ҷаласа масъалаи мақоми ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёне Тоҷикистонӣ, ки дар Россия таҳсил мекунанд, инчунин масъалаи қонунигардонии мақоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Россия бинобар содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ҷузъӣ манъ аст, ба миён гузошта шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Ҷонибҳо ҳамчунин маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории кишварҳоро дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳо мавриди баррасӣ қарор дода, раванди татбиқшавии лоиҳаи иштироки омӯзгорони Россияро дар мактабҳои Тоҷикистон, инчунин оғози сохтмони панҷ мактаби таҳсилоташон бо забони русиро дар кишвар арзёбӣ намуданд.

Мавзуи гузориши дигари барнома ба фаъолияти неругоҳи барқӣ-обии “Роғун» бахшида шуда, муаллифон Абдуваҳоби Абдусаттор ва Аҳлиддини Карим бевосита аз он ҷо навор пахш карданд  «НБО “Роғун” яке аз дастовардҳои бузургтарини аҳамияти ҷаҳонӣ дошта дар асри XXI ва барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 соли истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад”, — гуфтанд муаллифони барнома ва рафти корҳои сохтмониро дар неругоҳ нишон доданд.

Зафар Буриев, муовини менељер оид ба назорати сифати НБО “Роғун” гуфт, ки имруз корҳои ободонӣ дар маҳаллаи ядрои сарбанди асосӣ дар сатҳи 10196 метр рафта истодааст.

Пас аз ин, гузориши Нуриддини Қурбон ва Беҳрузи Ҷумъа  аз рафти таҷдиди неругоҳи барқӣ-обии «Норак»  низ пахш шуд, ки муҳтавоаш ба гузориши аввал монанд буд.

Рустам Фозилов, сармуҳандиси ин неругоҳ иброз дошт, ки айни ҳол корҳои бехатар намудани обпартоҳои садамавӣ ва таъмири бинои неругоҳ, инчунин пули мошингузар ба роҳ монда шудааст.

Татбиқи лоиҳаи таъмиру таҳдиди НБО «Қайроққум» низ яке аз мавзуъҳое буд, ки пешкаши тамошобинон гардид. Тибқи иттилои пешниҳодшуда, неругоҳ 63 сол муқаддам ба фаъолият оғоз карда, барои таъмиру тармими таҷҳизоти куҳнаву фарсудаи он лоиҳаҳои байналмилалӣ аз августи соли гузашта ширкати хориҷии Cobra ACS Group ба кор шуруъ намудааст.

Сиёсатшинос Шуҳрат Саидзода гуфт, ки амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур аз як ҷониб барои баланд бардоштани иқтидори неругоҳ ва аз ҷониби дигар барои самаранокии кори худи неругоҳ ва амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои стратегии иқтисодии мамлакат — рушди босуръати саноатикунонии кишвар нақши назаррас дорад.

Ботур Олимови иқтисоддон низ тақрибан чунин гуфт ва илова намуд, ки Тоҷикистон ба қатори кишварҳои рушддиҳандаи иқтисодиёти сабз шомил гардидааст, чунки неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол менамояд.

Яке аз гузоришҳои назарраси ҳафта ба мавзуи муҳим – истеҳсоли либоси мактабӣ бахшида шуда, дар он мушкилот,  аз ҷониби аҳолӣ харидорӣ нашудани он баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки соли гузашта 926 ҳазор формаи мактабӣ истеҳсол шуда, танҳо 8 ҳазори онро фурухтаанду халос.  Анборҳои корхонаҳои дузандагӣ аз маҳсулот пур буда, соҳибони онҳо наметавонанд коргаронашонро сари вақт бо маош таъмин намоянд.

Муаллифи гузориш Нуралӣ Сафоиддин афзуд, ки танњо дар пойтахт 42 корхонаи дузандагӣ фаъолият карда, дар умум 10 ҳазор љои корӣ таъсис шудааст. Дар Тоҷикистон ҷамъоҷамъ 390 корхонаи хурду бузурги дузандагӣ фаъолият мебарад.

Коршинос Абдуғаффор Набиев иброз намуд, ки корхонаҳои истеҳсолие, ки бо духтани либоси мактабӣ машѓул ҳастанд, бояд пеш аз ҳама ба сифати маҳсулот ва пеш аз ҳама, матои хушсифат аҳамият диҳанд. Дар акси ҳол ягон кас моли онҳоро харидорӣ намекунад.

Абдурауф Пулодов, намояндаи вазорати саноат ва технологияҳои нав сабаби кам харидани либоси мактабиро дар баста нашудани шартномаҳои байни корхона ва раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо мебинад. “Мувофиқи фармоиш маҳсулот истеҳсол мешаваду сонӣ харидорӣ намегардад”, — мегуяд ў.

Дар ин зимн, директори корхонаи дузандагӣ мегуяд, барои ҳалли мушкилот бояд матоъҳое, ки онҳо барои духтани либоси мактабӣ ба кишвар ворид мекунанд, аз боҳи гумрукӣ озод карда имтиёзи андозӣ низ дода шавад. Аз ир сабаб бо маҳсулоти хориҷӣ рақобат карда наметавонанд, чунки  дар умум маҷбуранд нархи маҳсулоташонро зиёд намоянд.

Тибқи маълумотҳои расмии пешниҳодшуда, дар ҶТ 67 корхона бо духти либоси мактабӣ, 6 корхона — либоси ҳарбӣ ва 20 корхона бо истеҳсоли либоси махсуси тиббӣ машғул аст.

Аз сабаби њамкорӣ накардан бо муасиссаҳои соҳаи маориф 383 ҳазор дона либоси мактабӣ ба миқдори 36 млн сомонӣ дар анборҳои корхонаҳо боқӣ монда, ба гуфтаи масъулини вазорати саноат хавфи баста шудани корхонаҳои дузандагӣ ба миён меояд.

Баҳриддин Музаффарзода, сардори раёсати пешбари иқтисод ва банақшагирии вазорати маориф ва илм гуфт, ки сабаби харидор пайдо накардани либоси мактабӣ дар паст будани сифати маҳсулот ва ба талабот ҷавобгў набудани он мебошад. Ба гуфтаи ў, волидон бештар аз маҳсулоти истеҳсоли хориҷӣ харидорӣ менамоянд ва мактабҳо ба онҳо ягон механизми таъсиррасон надоранд.  Инчунин корбар иттилоъ дод, ки волидайн бо аризаҳои дастаҷамъӣ аз ноҳияҳои гуногун ба вазорат муроҷиат намуда, аз сифати пасти либоси мактабӣ ва гаронии нархи он шикоят мекунанд.

Дар ин ҳол, Хушмуҳаммад Ҷонмуҳаммадов, директори генералии иттиҳодияи истеҳсолии “Нассоҷии тоҷик” иброз намуд, ки онҳо барои баланд бардоштани сифати маҳсулот омодаанд таҷҳизоти наву муосирро аз хориҷа харидорӣ намоянд, аммо харидор, ки нест, аз хатари муфлис шудан метарсанд. Дар ин кор кафолати давлатӣ зарур аст. Тибқи нишондоди расмӣ, агар соли 2018 дар ҷумҳурӣ 1 млн 128 ҳазор дона формаи мактабӣ истеҳсол шуда бошад, соли 2020 ҳамагӣ 926 ҳазор дона ба фуруш бароварда шуд.

Мавзуъҳои гузоришҳои дигар ба таъмини амнияти иттилоотӣ, тарбияи ватандустӣ дар байни ҷавонон ва дар бахши кишоварзӣ — парвариши лимупарварӣ бахшида шуда буд.

Гузориши охир оид ба аҳамияти озмуни нави сатҳи  ҷумҳуриявӣ “Илм — фурӯғи маърифат” буда, таваҷҷуҳи наврасону ҷавонони мамлакат ва омӯзгорону волидайнро ба омӯзишу омӯзонидан ва ҳарчи бештар фаро гирифтани илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб мекунад.

Дар гузориш бори дигар таъкид гардид, ки солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардида, падидаи дурахшони дигар, дар паёми нави президенти мамлакат эълон гардидани озмуни “Илм — фурӯғи маърифат” аст ва ин бояд  мояи сарбаландиву ифтихори ҳар яки мо бошад.

Чор нафар омузгорону коршиносон иброз доштанд, ки дар озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” наврасону ҷавонон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

«Сафина» низ барномаро аз гузориши ҷаласаи дар Москва баргузоргардида оғоз намуд ва зарурати овардани муҳтавои он нест.

Гузориши дигар аз  маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ  ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» ва фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз» доир гардид, ки дар он муовини сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода, роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат иштирок намуданд.

Ба раёсати тандурустии ш. Душанбе аз ҷониби фонди хайриявии «Ситораи Файзбахш» тақдим шудани 10 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ – яке аз мавзуъҳои ҷолиби ҳафтаи сипаришуда буд.

Аз номи муассисони фонди хайриявии «Ситораи Файзбахш», ки исмашон дар ягон гузориш ифшо нагардид,  гуфта шуд, ки онњо минбаъд низ дар пайравӣ ба иқдомҳои башардўстонаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тадбирҳои хайру эҳсонкориро идома дода, дар пешрафти соҳаи тандурустӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи кормандони соҳа саҳми муносиб мегузоранд.

Муовини директори муассисаи давлатии маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ дар ш. Душанбе Раҳим Раҳимов дар баромадаш аз сарвари кишвар ва раиси шаҳри Душанбе миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамаи ин ғамхорӣ бо ташаббусу дастгириҳои онҳо роҳандозӣ шудааст, ҳалли мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ дар минтақаи Кулоб – чунин буд мавзуи гузориши навбатии Ширинҷон Сафарзода аз ин минтақа. Ў иброз дошт, ки  13 феврал дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода,  бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон  дар Донишгохи давлатии Кӯлоб хатти оби нушокӣ тариқи кандани чоҳи амудӣ ба кор даромад.

Дар гузориш аз донишҷуён сар карда, то масъулин дар бораи аҳамияти оби тозаи ошомиданӣ дар ҳаёти донишомўзон сухан карда,  онро яке аз дастовардҳои донишгоҳ дар солҳои истиқлолияти кишвар ном бурданд.

Мавзуи шарҳи навбатӣ ба сохтмону таъмири роҳҳои автомобилгард дар минтақаи Кӯлоб ва гузориши пас аз он ба таъсиси ниҳолхона барои  парваришу тақсими он ба ҷангалҳои наву куҳнаи вилояти Хатлон бахшида шуда буд.

Агар мавзуи гузориши дигар, ки аз ноҳияи Мирсаид Алии ҳамадонӣ матраҳ шудааст ва ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар арафаи ҷашни Навруз ва ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти кишвар бахшида шуда бошад, муаллиф Низомиддин Исоев мушкилоти дигар – набудани шароит барои обод намудани боғи фарҳангӣ-истироҳатии ноҳияи Қубодиёнро мавзуи гузориши худ қарор дод. Мардум аз набудани ҷои истироҳату фароғат дар ноҳия шикоят намуда, аз наворҳо маълум гардид, ки боѓи истироҳатӣ-фароғатии дар шаҳрак буда, аз ҷониби нафаре шахсӣ кунонида шудааст ва дар он даҳсолаҳо ягон намуди корҳои ободонӣ гузаронида намешавад. Бемасъулиятии роҳбарияти ноҳия ба он оварда расонд, ки чорабиниҳои оммавӣ ва таҷлили ҷашну идҳо на дар ин ҷо, балки дар саҳни кохи фарҳангии ноҳия баргузор мегардад, ки номусоид аст.

Ҳафт руз” , ТВ Ҷаҳоннамо”

Гузоришҳои ин шабака низ ба ҷаласаи муштараки Тоҷикистону Федератсияи Россия дар Москва ва туҳфа намудани 10 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ ба раёсати тандурустии ш. Душанбе бахшида шуда буд.

Дар гузориши аз шаҳри Истаравшан ирсолшуда мавзуи бунёди иншоотҳои нави тиббӣ ва бо таҷҳизоти зарурии замонавӣ муҷаҳазгардонии беморхонаҳои маҳаллӣ баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки рентгени рақамии барои беморхонаи марказии шаҳр харидоришуда, ҳангоми шиддат ёфтани шумораи гирифторони коронавирус барои муаяйн намудани вазъи сиротёбии беморон кўмак намуд.

Гузоришҳои навбатӣ аз рафти сохтмони биноҳои баландошёна дар кучаи Турсунзодаи пойтахт,  мавзуи таъмини амнияти озуқаворӣ дар вилояти Суғд ва шарҳи телевизионӣ дар бораи аҳамияти артиши миллӣ бахшида шуда буданд.

Дар интиҳо дар мавзуи ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар шарҳи муфассал ироа гардида, иброз гардид, ки соли гузашта шумораи хориҷиён 69% кам гардид. Инчунин тибқи маълумоти ирсолгардида, дар ҶТ 188 меҳмонхона мавҷуд аст, ки 6-тои он соли гузашта сохта ба истифода дода шуд, 54 ширкати сайёҳии ватанӣ бо ширкатҳои хориҷӣ қарордод бастанд,  ба 28 ширкати сайёҳии нав иҷозатномаи фаъолияти соҳибкорӣ дода шудааст ва вобаста ба ин, зарур аст, ки љалби зиёдтари сайёҳонро ба ҷумҳурӣ таъмин намоем. Аммо бо кадом роҳ ва аз ҷониби кӣ ин кор ба субут расонда мешавад, то охир номуайян монд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ