ДомойНақди РасонаӣАз дарахтшинонӣ то китобхонӣ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз...

Аз дарахтшинонӣ то китобхонӣ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 14 то 21 феврал

Ҳафтаи сипаришуда шабакаҳои телевизионии кишвар ба ахбори расмӣ бештар аҳамият дода, дар бораи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар нақл намуданд. Дар муқоиса бо ҳафтаи пешин, барномаҳо қариб ки якранг буданд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»

Ровии доимии барнома Самандар Искандарзода дар оғози нашр сархати мавзуъҳои асосиро баррасӣ намуд.  Дар аввал гузориши хадамоти матбуотии президент пахш шуд, ки ба мавзӯи шиносоии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз  рафти корҳои сохтмонӣ дар майдони «Истиқлол» бахшида шудааст.

Дар ин руз дар як гӯшаи боғ 36 адад ниҳоли дарахти секвойяи калифорниягӣ шинонида шуд. Хабар доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон шахсан  ин дарахтонро 20 сол қабл аз хориҷи кишвар оварда, дар боғи Қасри миллат парвариш кардааст. Дар гузориш гуфта шуд, ки дарахти секвойя бисёр нодир буда,  3000 сол умр мебинад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузоришҳои дигар ба чанд мулоқоти Пешвои миллат, ки рузи 18 феврал сурат гирифта буданд, марбут мебошанд.

Дар ин рӯз президент аз 6 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Фаронса, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Италия, Маҷористон ва Ҷумҳурии Хорватия) эътимоднома қабул карда, бо сафирони навтаъйин дар атрофи оқибатҳои манфии ҳамагири COVID-19 сӯхбат намуд.

Давоми ин руз Эмомалӣ Раҳмон инчунин Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Засро ба ҳузур пазируфт. Дар гузориш гуфта шуд, ки мулоқот барои таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо тамоюлҳои паҳншавии ғояҳои радикалии харобиовар дар минтақа, инчунин мубориза бо киберҷиноятҳо ва дигар амалҳои ғайриқонунии истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ аҳамияти махсус дорад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

18 феврал Пешвои миллат бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов вохӯрда, дар бобати дурнамои маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои тавсеаи минбаъдаи онҳо суҳбат намуд.

19 феврал бошад, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони Сарвазири кишвар, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ машварати корӣ доир карда, вобаста ба маъракаи кишту кори баҳорӣ ва корҳои ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, инчунин бе хароҷоти зиёдатӣ ва бо риояи сарфаю сариштакорӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ суҳбат намуд.

Гузоришҳои дигари барнома ба таҷлили 28-солагии Артиши миллӣ (муаллиф Абдулҳамиди Назир),  рафти корҳои сохтмонӣ аз варзишгоҳи нави пойтахт (Фирдавси Ҳайдаралӣ), корҳои ободонӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишвар (Бобокалон Амонзода) ва моҳияти ҷашни Наврӯз (Хуршедаи Наҷмиддин)  бахшида шуда буданд. Зимнан, дар охири гузориш бори дигар таъкид бар он гардид, ки маҳз бо талошҳои президенти кишвар ҷашни Наврӯз дар СММ ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид.

Аз ҳама гузориши муҳим ба назари мо, ин масъалаи гарм омадани обу ҳаво ва барвақт гул кардани дарахтон буд. Дар ин матлаб олими соҳаи кишоварзӣ Сайидалӣ Гулов перомуни роҳҳои аз сармои ғайричашмдошт нигоҳ доштани дарахтон, маслиҳатҳои муфид дод.

Ва дар гузориши охир моҳияту арзиши  озмунҳои эълоннамудаи президенти кишвар – «Фуруғи субҳи доноӣ», «Илм – фуруғи маърифат» ва «Тоҷикистон ватани ман» баррасӣ гардида, коршиносон ба муҳим будани ин чорабиниҳо  ишора намуданд.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Ин шабака низ ахбори расмиро пешкаши тамошобинон гардонд, аммо бо ҷо намудани мусоҳибаи ашхоси мутасаддӣ дар гузоришҳояш, иттилооти бештареро ба бинандагон пешкаш намудааст. Масалан, дар гузориши сохтмони майдони Истиқлол муҳандиси раёсати сохтмони асосии ш. Душанбе Рустам Саидзода дар бораи рафти сохтмон, сифати маводи сохтмонӣ, шумора ва ҳайати коргарон  маълумот дода, сармутахассиси шӯъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии ш. Душанбе Зувайдулло Ғанизода бошад, дар бораи масоҳати умумии боғи назди майдони Истиқлол ва аз чанд дарахт иборат будани он нақл намуд.

Матни дигар гузоришҳои расмӣ аз вохӯриҳои сарвари давлат бо сафирони навтаъиншуда, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, инчунин аз машварати кории президенти кишварро худи барандаи барнома Зубайдуллои Убайдулло хонда дод.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Сипас аз  рафти корҳои ободонӣ дар ш. Хуҷанд ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишвар гузориш пахш шуд, ки дар он роҳбари ширкати сохтмонии “Авитсенна” Парвиз Ҷураев ва раиси кумитаи  иҷрояи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ш. Гулистон Муслимахон Ҷамолиён дар бораи саҳми ташкилотҳои худ дар ин кор ҳисобот доданд.

Дар бобати мушкилоти китоб дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар рафти озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” гузориши хабарнигори махсуси минтақавӣ  Ширинҷон Сафарзода пахш гардид. Муаллиф афзуд, ки аз ин ноҳия ҳамагӣ 3 нафар ба озмуни ниҳоӣ роҳхат гирифта, як нафар аз байни эшон сазовори ҷои дуввум гардид. “Сокинон метавонистанд дар ин кор муваффақ бошанд, агар китобхонаҳо дар ҳолати хуб қарор медоштанд” – гуфт муаллифи гузориш ва тибқи нишондоди ӯ маълум гардид, ки соли 2019 барои китобхонаҳои деҳот ҳамагӣ 1600 сомонӣ ҷудо шуд. Бо ин маблағи хурд ҳамагӣ 500 китоб харидорӣ шудааст.

Масъулин дар суҳбаташон иброз доштанд, ки дар соли 2020 ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ китоб харидорӣ гардид ва акнун бе ягон мамониат хонандаҳо метавонанд адабиёти дилхоҳро дастрас намоянд.

Дар гузориш гуфта шуд, ки дар 19 китобхона 100 ҳазор китоб маҳфуз аст, аммо 65% он ба талабот ҷавобгӯ нест. Инчунин дар бораи таъмирталаб будани биноҳои китобхонаҳои деҳот гуфта шуд.

 “Ҳафт руз” , ТВ Ҷаҳоннамо”

Ин шабака низ ахбори расмиро аз  дафтари матбуоти президенти кишвар пахш намуд, аммо дар муқоиса бо ду шабакаи аввал, ҷояшонро иваз намуда, дар оғоз аз вохӯрии президент бо дабири кулли СААД  Станислав Зас, баъд дар бораи вохурии сарвари давлат бо вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон, сонӣ аз рафти шиносии Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ аз сохтмони майдони Истиқлол навор пахш карданд.

Дар барнома гузориш бахшида ба ҷашнгирии иди Наврӯз шуд, ки дар он муаллиф перомуни анъанаҳои наврӯзӣ муфассал нақл кард. Дар гузориш навор бо иштироки қаҳрамони он — бобои Назрулло ва хонаводаи ӯ оварда шудааст, вале ҳеҷ мусоҳибае бо вай анҷом дода нашудааст, гарчанд муаллиф иброз медорад, ки “бобо аз ҷашнгирии Наврӯз дар гузашта хотираҳои зиёде дорад”. Бояд зикр кард, ки аксари саҳнаҳои гузориш сохта буданд ва ин чиз аз назари тамошобин дур намонд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузориши охирини барнома низ чун дар шабакаи “Тоҷикистон” ба моҳияти озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” бахшида шуда, муаллиф иқдоми президенти кишварро барои идома додану баргузор намудани чунин озмунҳо  аҳсант хонд.

Дар навор хонандаи мактаби 16-и пойтахт Сайгуна Ҳақбердиева, ки дар озмуни гузашта иштирок намуда, аммо ягон ҷои намоёнро сазовор нашуд, баромад кард. Духтарак гуфт, ки мекӯшад дар озмуни имсола ба муносибати ҷашни 30-солагии кишвар иштирок намуда, ҳатман ҷои намоёнро соҳиб шавад.

Барномаҳои ҷамъбастии телевизионҳои асосии кишвар мутаасифона, танҳо чунин муҳтаво доштанд. Ба оянда умед мебандем, ки шояд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ